«Футбол яке аз намудҳои оммавитарини варзиш ба ҳисоб рафта, он на танҳо ҳамчун падидаи варзишӣ, балки ҳамчун падидаи сиёсӣ эътироф шуда, дастовардҳо дар мусобиқаҳои байналмилалӣ, аз ҷумла чемпионатҳои ҷаҳон ва Осиё, бешубҳа аз неруву иқтидор, самтҳои солимӣ ва маънавии ҳар миллат шаҳодат медиҳад» (Иқтибос аз «Барномаи рушди футбол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026»).

Боре шоҳиди бевоситаи суҳбати сарироҳии ду тан аз мухлисони ашадии футбол гардидам. Чун ба онҳо наздик омадам, баъди лаҳзае аз асли гуфтугузори доманадорашон воқиф гаштам. Ҳамсуҳбатон бо ҳамдигар доир ба натиҷаҳои бозиҳои футболбозони тоҷик, ки соли 2017 дар шаҳри Риё-де-Жаней-рои кишвари Бразилия баргузор гардида буд, баҳсу мунозираҳои зиёде мекарданд. Албатта, мо ҳамагон хеле нағз медонем, ки худи ҳамин сол (2017), тими ҷавонони мо бозии нахустини бо дастаи Камерун бо ҳисоби 1:0 ғалаба ба даст оварда, дар ду бозии баъдина бо тимҳои ҷавонони Аргентина ва Испания рӯ ба рӯ гардиданд.

Муколамакунандагони баҳси онрӯза аз шикасту нокомиҳои футболбозони ҷавони тоҷик аз дастаҳои пурқуввати Аргентина ва Испания сахт изҳори нигаронӣ намуда, дар интиҳои сӯҳбат бо таассуф раванди ба музаффарият ноил нагардидани дастаи ҷавонони моро чунин шарҳ доданд:

– Ба ростӣ, тими футболбозони ҷавони мо дар ҳамон сол, ба он чорабинии байналмилалии сатҳи ҷаҳонӣ омодагии ҳамаҷониба дида буданд, – ибрози назар намуд яке аз онҳо. Вале аз чӣ сабаб бошад, ки футболбозони ҷавони мо дар бозиҳои дуюм ва сеюм ба муқобили рақибони худ истодагарӣ карда натавониста, ба нокомӣ дучор гардиданд.

– Сабаби нобарории кор ва ё омад накардани бахти футболбозонамонро мо бояд пеш аз ҳама ҷой доштани як қатор паёмадҳои номатлубе, ки ба рушди футбол монеаҳои сунъӣ эҷод намудаву алъон низ эҷод менамояд, мушфиқона бояд пайгирӣ ва таҳлил намоем, – изҳор кард нафарӣ дуюмӣ.

– Шумо агар ҳамаи бозиҳоро тамошо карда бошед, – баробар ба сухан оғоз намуданд ҳар ду ҷавон, пас шояд дар хотир дошта бошед, ки футболбозони ҷавони мо чӣ аз лиҳози ҷисмониву чӣ аз лиҳози техникаи тубронӣ ва дигар нозукиҳои риштаи футбол аз ҳамсолону рақибони хориҷии худ ба куллӣ фарқ мекарданд.

Аниқтараш мавқеъгирии дурусти бозингарони ҳариф дар майдон ва ташкил намудани бозии дастаҷамъона дар давоми навад дақиқаи муқарраргардида ба онҳо замина гузошт, то ба осонӣ пирӯзиҳои навбатиро истиқбол намоянд.

Гузашта аз ин, як чизро бояд ёдрас намоям, ки аксарияти тимҳои футболи дигар кишварҳои пешрафтаи олам, пеш аз оғози марҳилаҳои тайёрии машқу тамринҳо навбатӣ, ҳини ба майдони футбол баромадан, танҳо бо як мақсад, яъне ба хотири ғалаба ба даст овардан, вориди майдон мегарданд. Зеро онҳо (яъне футболбозон) хеле хуб медонанд, ки аз ҷиҳати молиявӣ ҳамаҷониба таъмин буда, бар замми он аз ҳамагуна имтиёзҳои иловагии барои онҳо муқаррар гардида, мудом бархурдор мешаванд.

Албатта, чунини тарзи корбарию коргузорӣ ба он боис мегардад, ки футболбозон тамоми мушкилоту проблемаҳои дар давоми фаъолияти футболбозиашон рӯи кор омадаро берун аз майдони футбол, ба гӯшаи фаромӯшӣ ҳавола намуда, ба майдон танҳо ба хотири комёб гардидан ворид шаванд.

Футболбозони мо бошанд дар қиёс ба футболбозони дигар кишварҳо, пас аз гузаронидани тайёриҳои навбатии машқу тамринҳои дастаҷамъона пеш аз ба майдон баромадан, ҳар яке дар алоҳидагӣ бо ҷой доштани мушкилотҳои молиявӣ ва дигар проблемаҳои рӯзмарраи зиндагӣ гирифтор мешаванд, ки чунин ранг гирифтани кор ба рафти бозӣ, бевосита таъсирии манфии худро мерасонад.

Аниқтараш, вақте ки футболбозони ҳамаи зинаҳои футболи кишвари мо, ба майдон мебароянд дар аксарият ҳолатҳо, онҳоро мутаносибан мушкилотҳои зиёди ҷойдоштаи зиндагӣ, аз қабили кам ва ё хеле ночиз будани маоши муқарраргардида, нарасидан ва ё таъмин набудани маводи аввалияи хӯрока дар оила ва боз чандин проблемаҳои фосилавӣ дунболагир мешаванд, ки дар умум, пайёмадҳои нохуберо рӯи кор меоранд.

Аз ин хотир, такя ба навиштаҳои болоӣ намуда, бо истифода аз фурсати муносиб, тавассути ҳамин рӯзнома мехоҳам чанд пешниҳодеро оиди «дигаргунсозӣ» ва ё «азнавсозӣ» дар ҷодаи футболи кишвар ба муттасаддиён ва дастандаркорони ин бахш расонида бошем.

Якум: Эълон намудани озмуни сатҳи ҷумҳуриявӣ, ба хотири пайдо намудани чеҳраҳои нав дар оянда дар соҳаи варзиш, алалхусус дар риштаи футбол, дар сартосари кишвар ва вобаста намудани варзиши назди мақомотҳои Иҷроияи Ҳокимияти давлатии ҳар як шаҳру ноҳия ва вилоятҳои ҷумҳурӣ.

Зеро, бо ин васила, мо метавонем аз тамоми манотиқҳои кишварамон беҳтарини беҳтаринҳоро пайдо намуда, баҳри рушди футболи тоҷик заминаи мусбатеро фароҳам намоем.

Дуюм: Дар ҳар як тими футболи кишварамон ба ҳадди ақал ба ғайр аз духтури табобатӣ, боз равонпизишкон (психологҳо) ва ғизошиносон (дистологҳо)-и касбиро вазифа намоянд.

Зеро, агар равонпизишкон дар кадом вазъу ҳолат қарор доштани футболбозро баъд аз анҷоми ташхиси ҳамаҷониба муайян карда тавонанд, пас ғизошинос аз кадом намуди хӯрока ва меваҷоту сабзавот истифода намудани футболбозро тавсия медиҳад, ки ин ба инкишоф ва обутоби бадану солимгардонии варзишгар заминаи боэътимодеро побарҷо нигоҳ медорад.

Сеюм: Пӯшида нест, ки гузаронидани бозиҳои футболро ҳаками менамоянд. Агар дар рафти бозӣ ягон футболбозе ба хатогие роҳ диҳад, бе муҳобот аз ҷониби сардовар ҷазо дода мешавад. Ҳатто кор ба ҷое мерасад, ки футболбозро ба нишон додани корти сурх аз майдон меронанд.

Пас ин ҷо саволе ба миён меояд, ки билфарз сардовар футболбозро ҷазои сазовор таъин намуд, вале агар худи сардовар ва доварҳои канорӣ ба хатогии ҷиддӣ ва ҳатто нобахшидани роҳ диҳанд, дар ин сурат онҳоро кӣ муҷозот мекунад?

Чунки дар аксарияти ҳолатҳо мо мушоҳида намудаем, ки доварон бештар ҳукми ноадолатона бароварда, бо ин васила «ҳаромкориашон ба идома додани марҳилаи навбатии ин ва ё он тим нуқтаи таммат ва ё саддӣ чинӣ мегузоранд».

Барои мисол, бозии гурӯҳи футболбозони «Равшан»-и Кӯлоб бо «Тарв»-и Туркменистон, ки дар варзишгоҳи шаҳри Ҳисор баргузор гардид ва чӣ тавр сардовар аз таъин намудани зарбаи ҷаримавии ёздаҳметра ба дарвозаи меҳмон, худдорӣ намуданашро мо ба чашми сар дидем. Вале, сад афсӯс, ки довар эътирози футболбозони моро (боз дар Ватани худамон!) ба инобат нагирифта, бар ақидаи «ботил»-и худаш устувор монд.

Аз ин хотир, роҳбарони тимҳои футболи кишвар ва Федератияи Футболи Тоҷикистонро лозим аст, ки аз коргузории чунин доварони ба истилоҳ «эркатулфор» беэътиноию канораҷӯӣ накарда, баръакс аз болои фаъолияти кориашон назоратро пурзӯр намуда, дар сурати ба камбудиҳо роҳ доданашон аз вазифаи доварӣ ба пуррагӣ хориҷ карда шаванд.

Чорум: Агар мо барои санҷиш, якчанд тимҳои беҳтарини кишварамонро аз ҷумла, тими «Истиқлол», «Равшан» -и Кулоб, «Эсхата», Тими ҷавонони аз 17 то 23 сола, Тими Олимпӣ ва Тими мунтахаби Тоҷикистонро дар давоми ҳар мавсими футбол бо пайдо намудани маблағҳои пулии ба қавле ҳангуфт ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, маоши ҳадди ақал ва пардохти мунтазаму саривақтии футболбозонро ба пуррагӣ таъмин намоем, мо боварӣ гуфта метавонем, ки ба дилхоҳ натиҷаҳои қаноатманкунанда ноил мешавем.

Агар мабодое маблағгузорӣ (яъне, маблағгузории иловагие, ки ҳавасмандкунии футболистон масраф мешавад) намудани ҳамаи ин тимҳои дар боло зикр карда шуда аз имкон берун ва ё бо истилоҳи русӣ «не по карману» бошад, пас мо метавонем дар якҷоягӣ танҳо (!) он тимҳоеро маблағгузорӣ намоем, ки дар бозиҳои байналмилалӣ иштирок ва бозӣ менамоянд.

Ман мутмаинам, ки агар Федератсияи Футболи кишвар ва ё соҳибкорони муваффақи ватанамон дар ҳамбастагӣ якҷоя бо тим ва ба футболбозоне, ки дар бозиҳои байналмилалӣ иштирок ва бозӣ мекунанд, ба ғайр аз маоши муқарраршудаашон, боз иловатан каме  маблағ зам намуда, ҳамчун мукофотпулӣ қадрдонӣ намоянд, бовар кунед, футболбозонӣ кишвар мо ба ҳамаи рақибони пурқуввати худ, новобаста аз доштани ситораҳои дурахшони футбол, дастболо мешаванд. Зеро, мо бо қудрату тавоноии онҳо боварӣ дорем ва мо метавонем.

– Чанд рӯз пештар, аниқтараш 2-юми октябри соли равон, тими «Истиқлол»-и Душанбе дар шаҳри Ал – Риёзӣ Арабистони Саудӣ бозии гурӯҳии худро бо тими «Ал – Наср» баргузор намуд, ки онро бештар аз 200 миллион нафар одамони сайёра тамошо карданд. Тими «Истиқлол» аз оғози бозӣ то анҷоми он, муқобили дастаи «Ал – Наср» муқовимати қаҳрамонона нишон дода, бори дигар собит намуд, ки мо алайҳи тимҳои қораи Осиё метавонем қувваозмоӣ, истодагарӣ намуда, ҳатто дар баъзе ҳолатҳо ба пирӯзӣ шарафёб гардем. Дар ҳақиқат ҳам, он рӯз тими «Истиқлол» -и Душанбе дар варзишгоҳи шаҳри Ал-Риёзи Арабистони Саудӣ, дар ҳузури беш аз 25000 нафар ҳаводорони футбол, як бозии арзандаеро ба ҳамагон нишон дод. Алалхусус, ҳунарнамоии дарвозабони тими «Истиқлол» -и Душанбе Рустам Ятимову дигар ҳамдастагонаш Роналдои шуҳратёру ҳамтоёнашро ба шок овард. Он рӯз, дар ҳақиқат ҳам Рустам Ятимов дар майдони футбол аз худ дарак дода, ба рақибон ҳушдор дод, ки ман меросбари ҳамон Рустами достоне ҳастам, ки ҳаким Фирдавсии бузург дар «Шоҳнома» -и безаволи хеш бо қаҳрамониҳои нотакрораш васф намуда буд.

Акнун ҳайати роҳбарият ва футболбозони тими «Истиқлол» -и кишварро мебояд, ки ҳамаи он камбудию хатогиҳое, ки дар рафти ин бозӣ (алалхусус дар хатти дифоъ) ҷой дошта буданд, ҳар чӣ зудтар бартараф намуда, омодагию тайёриҳои ҳамаҷонибаро ба бозиҳои дар пеш истода, аз ҳар ҷиҳат дар сатҳи баландӣ касбӣ тарҳрезӣ ва таъмин намоянд.

Ба ҳамагон маълум аст, ки аз рӯи тақвими бозиҳои гуруҳӣ, тими «Истиқол» -ро боз чаҳор бозии дигар, «Персиполис» -у «Ал – Дуҳайл» ва «Ал- Наср» дар нақша мебошанд. Аз ин хотир, маъмурият ва зердастони тими «Истиқлол» -ро зарур ва лозим аст, ки аз худи ҳозир сар карда, ҳар як дақиқаи вақти сипаришударо танҳо бо машқу тамринҳои дастаҷамъона сарфа намоянд. Зеро, аз чӣ тавр гузаронидани тайёриҳои пешакӣ, тақдирӣ бозиҳои баъдина ҳал хоҳад шуд. Бояд қайд кард, ки, дар бозиҳои минбаъда, хотири мухлисону ҳаводорони сершумори футболро шод намуда, аз майдони футбол танҳо (!) бо ғалаба берун шавем, пас илоҷи воқеаро аз ин лаҳзаву аз ин соат бояд ҷуст, то бад-он бошад, ки дар ниҳояти кор натиҷаи дилхоҳеро ба даст оварем.

Зеро, мо ба ояндаи неки футболи тоҷик боварӣ дорем. Ҳилолии бузург фармуда:

Қавидил шав, ки дар майдони мардӣ,

Гар аз куштан битарсӣ, кушта гардӣ.

Орифҷон Тоҷиев,

сокини деҳаи Вешаби ноҳияи Айнӣ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь