Хонандаи закитабъи ман -мухлиси нобиғаи савту навои порсизабонони ҷаҳон Аҳмад Зоҳир, акнун дар ин мақолаи худ қадре ҳам бошад дар бораи яке аз шоироне, ки Аҳмад Зоҳир аз шеърҳои ӯ зиёд хондааст қисса хоҳем кард. Бояд гуфт, ки номи ин шоир низ муттаасифона, дар доираи ҷомеъаи кишвари мо барои қисмати хело маҳдуди одамон маълум аст.

Аксари одамоне, ки бо садои овози Алмоси Шарқ калон шудаву аз айёми тифли то ҳанӯз ҳазорон маротиба шеърҳои эҷоднамудаи ин шоирро шунидаву ҳаловати рӯҳию равонӣ бурда, оромиш ёфтаанд боварӣ дорам, ки дар бораи номи ин шоир камтар шунидаанд ва ё маротибаи аввал номи вайро хоҳанд шунид. Аз ин рӯ, равшани андохтан оид ба муаллифони шеърҳои зери оҳангҳои мағруб хондаи ин шоирон аз ҷониби Аҳмад Зоҳир низ як амали хайр ва кори савобе хоҳад буд.Чун мо ҳамагӣ аз ашъори онҳо тариқи овозхонии хунёгари ҳамаи давру замонҳо Алмоси Шарқ шинос ҳастем. Тамоми ин ашъори сароидаи овозхон низ дар қалби мо солҳои тӯлонӣ ҷой гирифта, дар шакл гирифтани андешаи мо таъсиргузор аст, надонистани номи шоире, ки ҳар як мисраи худро агар шоирона карда гӯем, бо хуни дил навиштааст, меандешам, ки он қадар амали хуб ва ҷавонмардона низ нест.

Сухан ҳоло сари шоири ҳамзабони мо Муҳаммадҳасан Раҳии Муайярӣ меравад. Ин шоири маъруф, таронасаро санаи 30- юми апрел 1909 дар шаҳри Теҳрон ба дунё омадааст.

Пас аз таҳсилоти олӣ дар идораҳои давлатӣ хизмат намуда, солҳои зиёде бо радио ҳамкорӣ намудааст. Тибқи сарчашмаҳои интернетӣ ашъори ӯ дар маҷмӯаҳои «Сояи умр», «Озода», «Таронаҳо», ки шомили ғазалиёт, қитъаот, маснавиҳо, таронаҳо ва дигар сурудаҳо будаанд, дар як девон гирдоварӣ ва дар Ирон ба табъ расидаанд. Шоир дар навиштани шаклҳои гуногуни шеър, аз ҷумла ғазал дасти тамом доштааст.

Дар ҳамин маъни шӯҳрати Раҳӣ пеш аз ҳама ба хотири ғазалиёти ӯст, ки тибқи сарчашмаҳо омезае аз латофат ва фасоҳати забони Саъдӣ, нерӯи баёни Низомӣ, шӯру ҳарорати каломи Мавлавӣ ва нозукхаёлиҳои Соибро дар худ доштаанд ва ӯро Саъдии сонӣ низ мегӯянд.

Тибқи сарчашмаҳо Раҳии Муайярӣ, то охири умр муҷаррад зиста, санаи 15 ноябри соли 1968 пас аз ранҷи тӯлонӣ аз бемории саратони меъда даргузашта, дар мақбараи Заҳируддавлаи Шамирони шаҳри Теҳрон ба хок супорида шуда, мақбарааш имрӯз низ обод аст.

Маҳз таронаҳо ва ғазалҳои ҷолиби ин шоири шириринбаён ва ошиқи каломи бадеъ овозхону ҳунарманди асилеро мисли Аҳмад Зоҳир ба худ моил намуда, ҳунармандро водор намудааст, ки оҳангҳои дилнавозеро барои хондани ин шеърҳо офарад ва ё дар равиши ин шеърҳои ноб оҳангҳои мувофиқи ҳиндиро пайдо намудаву такмил додаву дурри мақсуд (мақсад инҷо оҳанг сохтану оҳанг интихоб кардану ба оҳанг даровардани шеъру ғазалони шоирон аз ҷониби овозхон аст) ба даст оварад. Овозхонро ин шакаршиканиҳои шоир Муҳаммадҳасан Раҳии Муайярӣ маъвои дил гаштаву онҳоро зери оҳангҳои зебо сароидааст, ки онҳо солҳо дар қалби мардуми мо ҷойгузин гаштаанд.

Ҳунарманд ба ашъори ин шоири хушбаён рӯ овардаву аз ӯ тибқи сарчашмаҳои то имрӯз муйянгашта 8 шеърро зери 9 оҳанги хушнавоз сароидааст. Дар ин асос ин шоир Раҳӣ баъди устодон Таронасоз, Лоҳутӣ, Абдулаҳмаи Адо ва Мавлоно Ҷаллолиддини Балхӣ, ҳамроҳ бо бонувон Фурӯғи Фаррухзод, Симини Беҳбаҳонӣ ва шоири ҷавонмарг Аҳмадшоҳи Азҳар зинаи 5-умии ифтихориро (бо назардошти оне ки як шеърро бо байтҳои гуногун дар 2 оҳанг хондааст) аз ҳисоби сароидани шеърҳои шоирон аз ҷониби Аҳмад Зоҳир ишғол менамояд. Номи шоир мисли бархе аз дигар шоирони ҳамзабононамон муттаасифона, ҳам дар замони шӯравӣ ва ҳоло низ дар ҷомеаи Тоҷикистони имрӯза маъруф нест.

Бисёре аз мухлисони овози Аҳмад Зоҳир аз ин ном баъди чопи асарҳо ва навиштаҳое аз ҷониби дӯсти шоирам Исфандиёр ва хосатан устоди зиндаёд Султони Ҳамад то андозае дарак ёфтанд, аз ин рӯ, аз он ашхосе, ки дар навиштаашон аз ин шоири дардкашида ёд намудаанд, бо муҳаббату эҳтироми беандае ёд меоварем.

Он чизе, ки аз навиштаҳои устодон Султони Ҳаммад ва Муҳаммад Сипос ва дигар сарчашмаҳо бармеояд, то айни замон аз ҷониби Аҳмад Зоҳир шеърҳои зерини устод Раҳии Муайярӣ зери оҳанг хонда шудаанд:

  1. Ай бехабар аз меҳнати рӯзафзунам…(оҳанги Аҳмад Зоҳир)
  2. Баски ҷафо зи хору гул дида дили рамидаам…(оҳанги ҳиндӣ)
  3. Бар хотири озода ғуборе зи касам нест…(оҳанги Аҳмад Зоҳир)
  4. Дур аз ту ҳар шаб то саҳар гирён чу шамъи мафҳилам…(оҳанги ҳиндӣ)
  5. Мурдам аз дарду намеоӣ ба болинам ҳанӯз…(оҳанги Аҳмад Зоҳир)
  6. На дил мафтуни дилбанде…(оҳанги Аҳмад Зоҳир)
  7. На дил мафтуни дилбанде…(оҳанги Фазлаҳмади Найнавоз)
  8. Надонад расми ёрӣ, бевафо ёре, ки ман дорам…(оҳанги Масҳур Ҷамол)
  9. Ҳамчу най менолам аз савдои дил…(оҳанги Фазлаҳмади Найнавоз)

Аз ин сутуни оварда маълум мешавад, ки Аҳмад Зоҳир аз 9 шеъри хондааш шахсан худаш ба 4 шеъри шоир оҳанг баставу сароидааст.

Ҳамчунин, 2 шеъри шоир (“Баски ҷафо зи хору гул дида дили рамидаам, “Дур аз ту ҳар шаб то саҳар гирён чу шамъи мафҳилам.”)-ро

овозхон зери садои мағруби оҳангҳои ҳиндие, ки то имрӯз муаллифонашон маълум нест, сароидааст.

Ба шеърҳои “Надонад расми ёрӣ, бевафо ёре, ки ман дорам” оҳангсоз Масҳур Ҷамол ва ба шеърҳои “На дил мафтуни дилбанде оҳанги Фазлаҳмади Найнавоз” ва “Ҳамчу най менолам аз савдои дил” оҳангсози маъруфи Афғонистон, шодравон устод Фазлаҳмади Найнавоз оҳангҳои хело зебо баставу аз тарафи овозхон сароида шудаанд.

Бояд гуфт, ки Аҳмад Зоҳир ба шеъри шоира Симини Беҳбаҳонӣ “Рафтам, маро бубахшу магӯ ӯ вафо надошт” оҳанг баста, рези ин шеъри хондаи овозхон аз Раҳии Муайярист, ки аз ӯ ду байт шаҳдрез хондааст.

Чунончӣ:

Ай бехабар аз меҳнати рӯзафзунам,

Донам, ки надонӣ аз ҷудоӣ чунам.

Боз ой, ки саргаштатар аз Фарҳодам,

Дарёб, ки девонатар аз Маҷнунам.

Бояд гуфт, ки ба як шеъри шоир бо номи “На дил мафтуни дилбанде, на ҷон мадҳуши дилхоҳе” ҳам Аҳмад Зоҳир ва ҳам устод Фазлаҳмади Найнавоз, ки аз 3 байт иборат аст, оҳанг баставу овозхон шеърро бо як маҳорати том дар ду оҳанг сароидааст. Дар ҳамин асос бояд гуфт, агар дар оҳанги офаридаи овозхон мисраи дуюм чунин хонда шавад:

Киям ман? Орзӯгумкардае, танҳову саргардон,

На ҳамдарде, на умеде, на ҳамрозе, на ҳамроҳе.

Пас дар мисраи дуюми ин шеъри аз тарафи оҳангсоз Найнавоз оҳангбаста, ин гуна аст:

Наёбад маҳфилам гармӣ, на аз шаъме, на аз ҷамъе,

Надорад хотирам улфат, на бо меҳре, на бо моҳе.

Байти охири ин шеъри аз тарафи Ахмад Зоҳир сароида чунин садо медиҳад:

Раҳӣ, то чанд сӯзам дар дили шабҳо чу кавкабҳо,

Ба иқболи шарар нозам, ки дорад умри кӯтоҳе.

Дар байти аз тарафи Найнавоз оҳангбаста бошад, ҳамон байти дуюми аз тарафи Аҳмад Зоҳир оҳангбаста, бо истиллоҳ “Киям ман?” корбаст шудааст. Аз ин рӯ, зарур дониста шуд, ки чун ин шеър бо тағйиротҳо ва ду оҳанг сароида мешавад, ҷамъи шеърҳои хондаи шоир Раҳиро 9 адад шуморида, эшонро дар қатори 5-ум бо Фурӯғу Симин ва Аҳмадшоҳи Азҳар дар як саф донем.

Ин шеърҳои шоир, ки аз тарафи Аҳмад Зоҳир хонда мешаванд барои муштоқони ҳунари овозхон даҳсолаҳо шиносанд ва ҳамчунин чанд насл низ аз ин шеърҳову оҳангҳои зебо баҳраи комил бардоштаанд.

Масалан, шеърҳоеро чун: “Бар хотири озода ғуборе зи касам нест”, “Дур аз ту ҳар шаб то саҳар гирён чу шамъи мафҳилам”, “На дил мафтуни дилбанде” , “Надонад расми ёрӣ, бевафо ёре, ки ман дорам”, “Ҳамчу най менолам аз савдои дил” зери оҳангҳои рӯҳнавоз ва овози худовандии Алмоси Шарқ ончунон садо медиҳанд, ки кас беихтиёр худро дар олами афсонаҳо, олами мӯъҷизаҳо эҳсос менамояд ва ба фикри шахсии ман ин сурудаҳо дар хуни ҳар як тоҷик ҷо шудаву ба қалбаш пайванданд. Меандешам, ки бо муҷарради огоҳ шудани ҳаводорони овози Аҳмад Зоҳир аз он ки Раҳии шоир муаллифи шеъри “Дур аз ту ҳар шаб то саҳар гирён чу шамъи мафҳилам” ҳаст, ҳамагӣ танҳо бо як шеър эҳтироми хоссаеро нисбати шоир барои тамоми умр дар қалб пайдо мекунанд. Беҳуда шоирону орифон асрҳо нагуфтаанд, ки “Гар сухан ҷон набувад мурда чаро хомӯш аст!” ё худ “Суханро вазну тамкини замин бояд, суханро қудрати ҷонофарин бояд!”

Дар ҳамин маъни шеъри баландпоя, сухани зебо дар омезиш бо оҳанги дилрабо ва овози хуши худовандӣ, як симфонияи “мавҷҳои ҷовидонӣ”, “мавҷҳои абадият”-ро ба вуҷуд меоваранд.

Ҳам муаллифи суруди рӯҳнавоз, ҳам муаллифи оҳанги ҷаззоб ва ҳам сароянда бо овози хуш барои як умр дар дилу дидаҳои инсоният абади боқӣ хоҳад монд (хусусан, ки вай боз овозхони ҳамаи давру замонҳои мардуми порситабор Аҳмад Зоҳир бошад).

Аҳмад Зоҳир бо хондани 9 шеъри шоири ҳамзабонамон Муҳаммадҳасан Раҳии Муайярӣ зиёда аз 50 сол номи шоирро ба дуриҳои дур бурда расонидааст ва аминам, ки ин кор боз садсолаҳо давом хоҳад кард. Ин хизмати беминнати овозхон дар назди рӯҳи поки шоири пурдард ва издивоҷнакардаву дар зиндагӣ сахтиҳо кашида аст, на чизи дигар. Гӯё худованди бузуруг махсус Аҳмад Зоҳирро ба ин кор даъват кардаасту овозхон кунун солҳо боз рози дили шоири дирсӯхтаро зери оҳанги мағруби устод Фазлаҳмади Найнавоз месарояд:

Ҳамчу най менолам аз савдои дил…

Рӯҳи ин бузургони миллати ориё шод бошад, шод!

Варқаи Зайниддин,

узви ИЖ ҶТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь