Кишвари Афғонистон макони миллатҳо ва қавму қабилаҳои зиёде мебошад. Дар ин ҷо ақвому миллатҳои тоҷикон, паштуҳо, ӯзбекон, ҳазораҳо, туркманҳо, қирғизҳо, балуҷҳо ва ғайра зиндагӣ менамоянд. Шояд ба ҳамин сабаб бошад, ки дар сохтори ҳукумати ин мамлакат вазорати ақвом ва қабоил фаъолияти хеле густурдае дорад. Дар ҳар шаҳр шуъбаи он ташкил гардида, паштуҳои бо гурӯҳҳои калон аз биёбони атрофи Покистон омадаро бо хӯрокворӣ, либос ва ҷойи хоб таъмин менамояд ва баъди таҳияи ҳуҷҷатҳояшон ба самтҳои шимолии мамлакат мефиристонад, то кор ва зиндагӣ кунанд. Фаъолияти чунин шуъбаҳои вазорати ақвом ва қабоилро дар шаҳрҳои Ҷалолобод, Қандаҳор, Ҳирот ва дигар манотиқ бисёр мушоҳида кардаам. Мудири шуъбаи ақвом ва қабоили шаҳри Ҷалолобод – дӯсти ман Гулпочо Гӯҷар буд, биноан кору амали ин дастгоҳро хеле хуб медонам.

Ман бо супориши ҳукумати Шӯравӣ ду маротиба дар кишвари Афғонистон маъмурият доштам: бори аввал солҳои 1969-1972 ба сифати тарҷумон дар Пуружаҳои шоҳроҳи Пули Хумрӣ-Мазори Шариф- Шибирғон (150 км) ва шоҳроҳи Мазори Шариф-Ҳайратон (74 км, рӯбарӯйи шаҳри Тирмиз) ва бори дуюм солҳои 1979-1982 ҳамчун афсари башардӯст дар вилояти Нангарҳор – марказаш Ҷалолобод ва бисёр дигар минтақаҳои он дар ҷанги Афғонистон ширкат варзидаам.

Маълумоти дақиқ он аст, ки дар ҳар улусволӣ (ноҳия), шаҳрҳо ва вилоёте, ки он ҷо ман будам ва мушоҳида кардаам, тоҷикон нисбат ба дигарон аксариятро ташкил доштанд. Дар давраи аввали маъмурияти худ дар Афғонистон ман сафаҳоти шимолии ин кишварро бештар дидаам, ки дар ин минтақаҳо тоҷикон зиёдтар аз ҳар миллату ақвому қабоил зиндагӣ мекунанд. Аз сарҳади шимолии Афғонистон то пойтахти он – шаҳри Кобул саропо макони тоҷикон аст. Шаҳрҳои Фархор, Қундуз, Файзобод, Бағлон, Пули Хумрӣ, Самангон, Тошқӯрғон, Мазори Шариф, Шибирғон, Давлатобод, Ҳирот, Панҷшер ва ғайра макони тоҷикон аст ва бо дастони ҳунарманди онон обод гардидаанд. Албатта, дар ин шаҳрҳо бештар тоҷикон сокин ҳастанд.

Вилояти Нангарҳорро манотиқи паштунишин мегуфтанд, вале ба ҳар улусволии он мерафтаму бо сокинон мулоқот доштам, сипас аён мешуд, ки ҷамоати тоҷикон хеле афзун будаанд. Масалан, дар улусволии Рӯдот, Сурхруд, Кома тоҷикон аксари кулро ташкил менамуданд. Дар ду вилояти атрофи Нангарҳор – вилояти Кунарҳо – марказаш Асадобод (ҳамсарҳади кишвари Покистон) ва вилояти дигаре, ки марказаш шаҳри Меҳтарлом аст (зодгоҳи сарояндаи беназир Аҳмад Зоҳир) бештар тоҷикон буду бош доштанд.

Чанд сухан дар бораи ҳуқуқи тоҷикон

Дар мамлакати Афғонистон тоҷикон ҳамчун табақаи камҳуқуқ ҳисоб меёбанд. Тоҷикон ҳамеша кӯшиш менамоянд, ки «тоҷик» будани худро фош насозанд. Биноан, худро «фархорӣ», «панҷшерӣ» гӯён маҳфуз медоранд. Соҳиби ягон вазифа шудани тоҷикон ҳам ниҳоят душвор аст ва ҳатто ғайриимкон аст. Тамоми вазифаҳои баланд ба паштуҳо дода мешаванд. Зеро паштуҳо гӯё барои соҳиби тоҷу тахт гардидани Муҳаммаднодиршоҳ, яъне падари Муҳаммадзоҳиршоҳ мубориза бурдаанд. Аз ин рӯ, кулли мансабҳои давлатӣ ба онҳо насб мегардиданд. Ва онҳо аз супурдани ҳама гуна андозҳои давлатӣ ва хизмати аскарӣ озод буданд.

Беҳуқуқӣ, бенавоӣ ва саргумии тоҷиконе, ки солҳои бистум, сиюм ва чилум гӯё аз таҳдидҳои инқилоб гурехта, дар кишвари Афғонистон паноҳгоҳи сиёсӣ ёфтаанд, ниҳоят даҳшатнок буданд. Онҳо аслан ягон ҳуқуқ надоштанд. Ҳамчунин, ин тоифаи тоҷикон соҳиби як порча замин ва дорои сарпаноҳе набуданд ва дар ягон муассиса ҳам кор намекарданд.

Солҳое, ки ман дар идораи раёсати сохтмони шоҳроҳ аввал дар шаҳри Пули Хумрӣ ва сипас дар шаҳри Мазори Шариф фаъолият доштам, ба назди ман чунин ҳамватанони собиқ омада, худро аз Ғарм, Ҳисор, Кӯлоб, Хуҷанд, Фарғона ва ғайра мегуфтанд ва хоҳиш менамуданд, ки барояшон ягон шуғлею коре биёбам. Азбаски онҳо аслан касбу маслаки техникӣ надоштанд, танҳо якчанд нафари чунин шахсонро ба корҳои рӯбучини атрофи раёсати сохтмон ва ба вазоифи пиёдаи дафтар шомил намудаам. (Пиёдаи дафтар шахсест, ки номаи хизматӣ ё ягон ҳуҷҷатро ба муассисаи дигар мебарад ва ё аз он ҷо меорад).

Ронандаи мошини боркаши ягон идора будан ҳам дар Афғонистон мансаби баланд ҳисоб мешавад ва ба ин вазифа ҳатман намояндагони бародарони пашту соҳиб мешаванд. Ва ин ронандагон барои анҷоми хизматҳои худ ва тоза кардани чангу лойи мошин аз қавми тоҷик, ҳазора, ӯзбек ҷавонеро ба кор қабул менамоянд. Ин хизматгор ва нӯкарро «клинар» мегӯянд. Ронанда ба клинар ба тӯли хизмати панҷсола бояд касби ронандагиро ёд диҳад.

Клинар ҳамеша ба савор шудани одамон ва бор кардани чизу чораи онҳо ёрӣ расонда, бояд пас аз ҳама «бирӯ, ба хайр» гӯён ба соғуи мошин савор шавад. Аксаран чунин муомилаҳои панҷсола бе натиҷаи мусбӣ ба охир мерасанд ва клинари бечора бекор мемонад…

Боре дар шаҳри Пули Хумрӣ бо марди наҳифпайкаре вохӯрдам, ки ӯ худро аз рустои Ҳалқаёри собиқ ноҳияи Совет муаррифӣ намуд. Тибқи ҳикояташ солҳои сиюм ҳамроҳи падар ва додараш ба ин ҷо муҳоҷират карда будаанд. Ҳамон солҳои сиюм дар Пули Хумрӣ теъдоди муҳоҷирин хеле зиёд будаанд. Вазири кишоварзии вақти Афғонистон муҳоҷиринро ба таври худ истифода бурдааст. Ӯ ваъда додааст, ки «кулли муҳоҷиринро бо замини обёришуда таъмин хоҳад кард, дар оғоз фақат канал кандан ва ҳамин даштро обшор мебоист кард» вазир бо даст ишора намудааст. Муҳоҷирин бо нону белу каланди худашон ба бунёди канал шурӯъ кардаанд. Ман ва додарам бо падари бузургворамон шабу рӯз канал мекандем. Аз заҳмати бисёр падарам ниҳоят хастаҳол гардид ва як рӯз аз болои пул афтиду миёнаш шикаст. Ӯ дигар аз бистари беморӣ нахест ва пас аз чанде фавтид. Мо ҷасади ӯро ба қабристоне, ки дар доманаи кӯҳи наздикии дашт воқеъ буд, дафн намудем. Дар ин қабристон гӯрҳои муҳоҷирин рӯз аз рӯз зиёд мешуданд.

Рӯзе фаро расиду сохтмони канал анҷом ёфт ва дашти лабташна обшор шуд, вале он вазири муқтадири дурӯғгӯ ба ягон муҳоҷири муҳтоҷ ва шикамгурусна як ваҷаб замин надода, он дашти бо қувваи ғарибон обшоргаштаро ба хешу табори худ тақсим кард.

Ман ҳанӯз дар хонаи иҷора ҳастам ва додарам то ҳол издивоҷ накардааст.

Қабристони муҳоҷирини доманаи кӯҳ, ки ӯ ба ман нишон дод, хеле васеъ шудааст.

– Мо сахт хато кардем ва ба чоҳи гумроҳӣ афтодем, ки хоки поки Ватани худамонро тарк намуда, ба ин мулки тираю торик омадем, – бо дарду алам гуфт он марди ҳалқаёрӣ дар хотима. – Лекин ҳамон солҳо ягон сарвари хирадманди кишварамон ҳам ба майдон наомад, ки соҳибдарак шуда, моро аз ин вартаи бало халос намояд.

Ин вохӯрию суҳбатҳои мо солҳои ҳафтодуми қарни гузашта ба амал омада буданд. Пас аз чанде маркази раёсати сохтмони шоҳроҳ ба шаҳри Мазори Шариф кӯч баст ва ман ҳам он ғариби шикастарӯҳро дигар надидам, вале дар шаҳри Мазори Шариф ва атрофу акнофи он ғарибону мусофирони беиқболу афтодаҳолро бисёр мушоҳида кардаам. Шарту зарур нест, ки ягон кас гӯяд: ин ғариб аст! Ғариби беватанро аз қадаммонии шикастаю хастааш дарҳол мешиносӣ. Ӯ бекор аст ё дар умри худ ниҳоят кам кор кардааст, зеро кор нест ва фақат аз он хаста аст, ки дар ҳаёташ Ватанро хеле ва хеле зиёд ёд овардааст, бале, хастагии ҳаётбахши вай дар ҳамин аст, дар ёд овардани Ватан аст ва ҳамин ёдоварӣ ба дилаш як зарра мадоре мебахшад…

Дар рӯбарӯйи бандари Панҷи Поёни Тоҷикистони азизи мо, яъне дар соҳили чапи рӯди Панҷ Шерхонбандари Афғонистон воқеъ аст. Сохтмони шоҳроҳи Пули Хумрӣ-Мазори Шариф-Шибирғон дар ҳамон Шерхонбандар анбори масолеҳ дошт. Давлати Шӯравӣ ба ҳамон сохтмон масолеҳ мефиристод ва ин масолеҳ дар ҳамон анбор ҷамъ мегардид. Ман аз рӯйи вазифа қариб ҳар моҳ ба ҳамон бандар меомадам ва амволи дар анбор ҷамъгаштаро санҷида, як қисмашро ба зарурати сохтмон интиқол медодам.

Ҳар дафъа дар Шерхонбандар болои баландии соҳили дарё марди афсурдаҳолеро медидам, ки ҳамеша ба самти ғарб – ба тарафи маҷрои рӯд дуру дароз менигарист. Аксаран дасти росташро болои чашмонаш соябон карда ба дуродур ва ба муддати тӯлонӣ назар мефиканд. Боре ӯро аз наздик дидаму шинос шудам ва фаҳмидам, ки ҳамшаҳрии ман будааст.

– Номам Насриддин, аз деҳаи Гузари Болои шаҳри Қубодиён ҳастам, – гуфт ӯ.

Дар ин ҷо ҳамшаҳрии худро дида, хеле мутаассир шудам. Қабл аз ҳама назарам ба пойафзолаш афтод. Ӯ ба пойҳояш чаплии тайрии худсохтеро пӯшида буд. «Чаплӣ» ба забони пашту буда, попӯшҳои сабукро гӯянд ва дар шеваи баъзе минтақаҳо онро «шиппак» меноманд.

Одатан ронандагон покришкаҳои сӯрохшудаи мошини худро мепартоянд. Мардуми қашшоқу бенаво чунин покришкаҳоро аз ҳар ҷо пайдо намуда, ҷойҳои ободи онро ба таври чоркунҷа мебуранд ва аз як гӯша ба гӯшаи дигараш ба шакли ҳарфи «Х» нӯгҳои тасмаро мезананд ва он «чаплии тайрии худсохт» мешавад. «Тайр» калимаи англисӣ ва маънояш «покришка» буда, дар гуфтугӯи мардуми кишвари Афғонистон хеле муравваҷ аст. Бисёр сокинони ин мамлакат ҳамин чаплии тайриро фаслҳои баҳору тобистону тирамоҳ бидуни ҷӯроб пӯшида, дар фасли зимистон барои ҳимоя аз сардӣ бо як ҷӯроби одӣ қаноат мекунанд.

Вазъи иқтисодии ҳамшаҳрии ман аз чаплии тайриаш маълум буд. Ба ӯ ёрӣ расонидам, ки аз баҳри ин чаплиаш гузарад. Ёрмандии дигарам вайро бисёр хурсанд намуд. Насриддин соҳиби кор гардид, ӯ дар сафи ду-се нафари дигар посбони анбори шоҳроҳ таъйин шуд, дар ҳақиқат ҳамшаҳриам аз ин ниҳоят мамнун буд.

Рӯзе аз ӯ пурсон шудам, ки аз болои баландии Шерхонбандар ба самти ғарб чиро ин қадар дуру дароз назар менамуд?

– Кӯҳи Хоҷа Ғозиёни Қубодиёнро, – ҷавоб дод Насриддин. – Агар осмон ва кӯҳу камар ғубор надошта бошад, Хоҷа Ғозиён ба чашм нағз намудор мешавад. Дар ғарибӣ кӯҳи зодгоҳро дидан ҳам давлати калон аст. «Ғарибӣ кӯҳи сахт аст, эй бародар» гуфтани одамони донишманди қадим маънои бузург доштааст. Вақте ки дар деҳаи Гузари Болои Қубодиён зиндагӣ мекардам, бо ҳамроҳии як рафиқам фасли навбаҳорон аспҳоро ба майсаи атрофи чашмаи Пушти Кӯҳ меовардем. Майсаҳои навбаҳорони чашмаи Пушти Кӯҳ аспонро мерасонданд. Сипас дар бузкашӣ ин аспон ҳамеша пештоз буданд. Ёди ҳамон давраҳо ҳеҷ фаромӯш намешавад. Чун ба теппаи Шерхонбандар бароям, он замонаҳои биҳиштӣ ҷилвакунон аз пеши назар мегузаранд. Фиреб хӯрдем, гумроҳ шудем, ки сар ба ғарибӣ ниҳодем…

Насриддин бо чанде аз ҳамдиёриён дар наздикии Шерхонбандар дар кулбаи хаспӯше сарпаноҳӣ ёфта буд. Одатан деҳқонони қубодиёнӣ дар дашту саҳро ва ё соҳилҳои рӯди Кофарниҳон харбузаю тарбуз кишт кунанд, барои нигоҳубини муваққатии полезашон чунин кулбаи хаспӯш месозанд ва онро «лочуғ» меноманд. Кулбаи хаспӯши Насриддин ва дигар ғарибони баргаштабахт ба ҳамон лочуғи муваққатии киштзори палаки харбуза шабоҳат дошт…

Оғози солҳои навадум дар осмони диёри ба ҷон баробари мо ахтари наҳс гардиш кард ва як гурӯҳи калони бародарону хоҳаронамон бо тифлон ва падарону модарони солхӯрдаю беморашон муҳоҷирони иҷборӣ шуданд. Онҳо пас аз сарсонию саргардониҳои ҷонкоҳ дар минтақаи чӯлистони тафсону беоб ва беному нишон мутамаккин гардиданд. Ва ин маконро ҳукуматдорон «Кампи сахӣ» номгузорӣ намуданд. Ва ин ҳамдиёриёни мо, ки дирӯз ҳамроҳамон буданд, хешу таборамон ҳисоб меёфтанд ва ба хонаҳои якдигар ба хабаргирию меҳмонӣ мерафтем, имрӯз ба чунин ҳолати ногувор афтодаанд. Онон маҷбур буданд, ки дар сарпаноҳҳои хаспӯш, яъне лочуғ ва заминканҳо зиндагӣ кунанд, агар инро «зиндагӣ» гуфтан мумкин бошад. Дере нагузашта дар паҳлуи «Кампи сахӣ» қабристони ғарибон пайдо шуд. Айнан чунин қабристони ғарибони солҳои бистум, сиюм, чилумро марди ҳалқаёрӣ бо дасташ ишора намуда, дар доманаи кӯҳи Пули Хумрӣ ба ман нишон дода буд. Ин қадар солҳо турнасон гузаштаанд, вале одамон аз ҳаёт ҳеҷ сабақ наомӯхтаанд, ин гардишҳоро бинед, ки чӣ сон гиребонгир шудаанд…

Вақте ки мардуми мо дар чунин ҳолат афтода буд, хабари дар шаҳри Хуҷанди бостонӣ дар Қасри Арбоб баргузор гардидани Иҷлосияи таърихии Шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеан ҳам наҷотбахш буд. Вакилон марди хирадманд, далеру шуҷоатманд ва оқилу дурандеш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро якдилона ба вазифаи Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сардори давлат интихоб карданд. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди ба ин вазифаи масъулиятнок интихоб шуданашон бидуни ҳеҷ дастуру маслиҳати пешакӣ аз минбари баланди Иҷлосия чунин изҳор намуданд: «Оташи ҷанги хонумонсӯзи бародаркушро хомӯш мекунам! Муҳоҷирини иҷбории сарсону саргардони Ватанро ба ҷойҳои муқимиашон бармегардонам! Берун аз хоки Ватан то як нафар мондани муҳоҷирин ором намегирам». Ин суханон ба таври муъҷизавӣ садо доданд ва ба кулли вакилон писанд омаданд.

Роҳбари ҷавон ва донишманду боғайрати тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои амалӣ намудани гуфтаҳояшон мулоқоти зиёдеро анҷом доданд, ба минтақаҳои хатарнок далерона рафтанд, бо Президенти кишвари Афғонистон, профессор Бурҳониддин Раббонӣ ва лашкаркаши машҳур Аҳмадшоҳ Масъуд вохӯриҳо ва гуфтушунидҳои муфид ба ҷо оварданд, ба ҳамватанони муҳоҷир муроҷиатҳо карда, ҳамчун фарзанди як падару модар арзи дил доштанд ва оқибат кӯргиреҳ кушода шуд, дар диёри азизамон оташи ҷанг хомӯш гардид.

Барои ба Ватан баргардондани муҳоҷирини иҷборӣ Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳибдарак шуданд ва онҳоро ба ҷойҳои аслиашон оварданд ва аввалин муҳоҷирини баргаштаро дар истгоҳи қатораи Лӯбиёкори ноҳияи Шаҳритус худашон пешвоз гирифтанд…

Бахтиёр МУРТАЗО

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь