Дӯстонам, ҳуқуқшиносони варзида Зубайдулло Ибодов ва Саломиддин Нодиров, ки солҳои тӯлонӣ мухлиси овози Алмоси Шарқ ҳастанд, аз ман хоҳиш намуданд, ки дар бораи шоир Аҳмадшоҳи Азҳар, ки аз тарафи овозхон шеърҳояш ба оҳанг дароварда ва хонда мешаванд, лекин барои бисёре аз ҳаводорони ҳунари Аҳмад Зоҳир чеҳраи ноошносанд каме ҳам бошад, равшанӣ андозам. Ман сухани дӯстонамро, ки солҳои тӯлонӣ якҷоя кор намудаем ва аз давраи ҷавонию ҳамкорӣ хотираҳое хубе низ дорем, ба замин нагузоштам.
Инак, дар ин рӯзи истироҳатии моҳи апрели баҳори файзбахш мехоҳам чанд сатре дар бораи Аҳмадшоҳ Азҳар иншо намоям. Дар ҳақиқат сухани дӯстонам Зубайдулло ва Саломиддин оид ба чеҳраи ноошно будани шоир Аҳмадшоҳи Азҳар дар Тоҷикистон дуруст низ ҳаст, агарчанде хуб медонам, ки ин ном ба қишри адабиётшиносону ховаршиносону як қисми аҳли зиёи ҷомеъаи мо бешак чеҳраи шинос ҳаст. Қатъи назар аз ин, номи ин шоир барои қишри бузурги ҷомеъа ва ҳаводорони ҳунарманд тамоман ношинос аст, гарчанде солҳои тӯлонӣ ашъори зебои ин шоирро зери оҳангҳои Аҳмад Зоҳир ва дигар оҳангсозон шунидаву роҳате низ доштаанд. Сабаб дар он аст, ки дар бораи ин шоир ва бояд гуфт, ки дигар шоирони ҳамзабонамон замони шӯравӣ камтар матолиб дар нашрияҳои даврии кишвар чоп мегаштанд.
Фарз кардем, то ҷое огоҳӣ дорам дар бораи Парвини Эҳтисомӣ, Фурӯғи Фаррухзод, Малик-уш-шуаро Баҳор, Нодири Нодирпур, Халиллулоҳи Халилӣ, Сулаймон Лоиқ, Сиёвуши Касроӣ хонандаи тоҷик замони шӯравӣ зиёдтар хабар дошт, чун дар бораи ин шахсиятҳо ва бархе аз дигар шоирону нависандагони ҳамзабонамон аз кишварҳои Ирону Афғонистон китобҳои алоҳида ва ё мақолаҳо чоп гашта буданд, лекин дар бораи қисмати бузурги шоирони ҳамзабонамон мардуми тоҷикзабони ин сӯи Омӯ қариб чизеро намедонист ва мутаассифона, вазъ то имрӯз низ тағйироти ҷиддӣ надидааст (гарчанде корҳои хубе низ дар ин ҷода дар давраи баъди шӯравӣ анҷом дода шудаанд).
Барои мисол, каминаи камтарин дар бораи шоири навовар ва маъруфи Афғонистон Зиёи Қоризода, ки овозхон Аҳмад Зоҳир чанд шеърашро мехонад, ҳангоми мактаббача буданам, миёнаи солҳои 70-уми асри пор, тасодуфан ҳангоми варақгардон кардани маҷаллаҳои «Шарқи Сурх»-и бобои зиндаёдам Махдуми Алимардон, ки баъдан «Садои Шарқ» ном гирифт, дар болои бом (чердак)-и хонаамон шинос шудам.
Онҷо дар яке аз шумораҳои ин маҷалла, ки охири солҳои 50-ум ва ё аввали солҳои 60-ум интишор ёфта буд, ёд дорам зери рубрикаи «Адабиёти ҳамзабонон» чанд шеъри шоири Афғонистон бо номи Зиё Қоризода чоп гашта буд. Як шеъраш ин буд «Эй Зӯҳра», агар аз лавҳи хотираам зудуда нагашта бошад, як шеъри дигараш дар мавзӯи зуғоласанг (ангиштсанг) чоп шуда буд. Шеъри «Эй Зӯҳра»-и шоир бо ҷаззобияти амиқи худ мани мактаббачаро ба зудӣ ба худ кашида буд, он замон баъдан аз барномаи «Кокоҷон»-и радиои Покистон ин шеърро дар иҷрои овозхонони номвари Афғонистон шунидам ва он маро ба худ мисли оҳанрабо кашид. Ёд дорам, баъдан ба чердак баромада, саҳифаи маҷаллаи «Шарқи Сурх»-и ин шеър чопшударо аз маҷалла даронида (кӯдакӣ ва беақлӣ буд, набошад ба ҷои дарронидани маҷалла мешуд онро навишта гирам) дар мактаб, байни ҳамсинфонам хонда мегаштам. Дар бораи номи шоир Аҳмадшоҳ Азҳар ва навиштаҳои ӯ баъдан баъди чопи мақола ва интишори китобҳои пеш аз ҳама устоди равоншод Султони Ҳамад, дӯсти шоирам Исфандиёр, навиштаҳои устод Сипос ва дигарон хонандагон ва ҳаводорони садои худовандии Аҳмад Зоҳир каму беш дарак ёфтанд. Дар бораи ин шоир баъди ҷустуҷӯ аз торномаҳои интернетӣ ва навиштаҳои адибони номашон дар боло зикргашта андаке маълумот пайдо намудем.
Шоир ва оҳангсоз Аҳмадшоҳ Азҳари Файзёр санаи 27 – уми декабри 1947 дар қарияи Амирмуҳаммадхони вилояти Ғазнӣ чашм ба ҷаҳон кушодааст. Таҳсили ибтидоиро дар мактаби Сайидҷамолуддини Афғонӣ гирифта, баъдан дар Леитсейи Нодирияи Кобул хондааст.
Аҳмадшоҳ Азҳари соли 1968 ба факултаи адабиёти Донишгоҳи Кобул шуда, соли 1973 онро бомуваффақият ба итмом мерасонад. Аз овони наврасӣ ва навҷавонӣ ба навиштани шеър ва ба санъати мусиқӣ иштиёқи тамоме доштааст. Аз он замон ва баъдан давраи дар донишгоҳ таҳсил карданаш ашъораш дар ҷаридаҳои даврии он замонаи кишвари ҳамҷавори мо Афғонистон ба нашр расидаву мақбули мардуми шеърхону шеърдӯст мегардидаанд. Дар торномаҳо омадааст, ки “Азҳар ашъори бисёр дар қолабҳои гуногун суруда ва дар таронасароӣ ва сурудани ашъори ҳазломез шоире тавоно буд. Ашъораш дарунмояи иҷтимоъӣ дорад ва аз андешаҳои тараққихоҳона моя мегирад ва борҳо барандаи ҷавоизи олии матбуотӣ шудааст. Ӯ афзун бар таснифи ғазал, рубоӣ, дубайтӣ ва шеъри озод чандин намоишномаи манзум навишта буд, бисёрии онҳо дар бойгонии родию мавҷуд аст”.
Ин шоири ҷавону соҳибистеъдод мутаассифона, умри бениҳоят кам дида, бо ҳунармандони маъруфе, мисли Аҳмад Зоҳир ва Устод Маҳваш ва дигарон ҳамкориҳои судманде доштааст. Дар ҳақиқат ин шоири ҷавонмарг бо Аҳмад Зоҳир ҳамкории васеъе доштааст ва инро аз ашъори оҳангбаставу хондаи овозхон метавон дарк кард.
Маълум мегардад, ки Аҳмадшоҳи Азҳар дар авҷи камолоту кори эҷодӣ дар соли 1975 ба сардарди ногаҳоние дучор мешавад. Бемории ӯ саратони мағз пешбинӣ шуд, барои муолиҷа ба Ҳиндустон рафтааст. Баъди бозгашт аз кишвари Ҳиндустон дар яке аз беморхонаҳои шаҳри Кобул чанде бистарӣ гашта, санаи 11 – уми июли 1976 дар сини 28-солагӣ дар Қалъаи Ҷаводи шаҳри Кобул вафот мекунад. Хонавода ва дӯстонаш нашъи ӯро ба Ғазнӣ бурданд ва дар зодгоҳаш ба хок супурдаанд ва мадфани ин шоири ҷавонмарг то имрӯз дар зодгоҳаш пойбарҷост.
Тибқи бархе аз сарчашмаҳо замони барҳаёт буданаш, ҳатто маҷмӯъаи шеърҳояш низ чоп нагаштааст. Фикр мекунам, ки умри кӯтоҳ ба ин шоири ҷавону дар айни замон хело пуровозаи осмони адабиёту фарҳанги Афғонистони он рӯза фурсат надод, ки чопи осорашро бубинад. Дар сарчашмаҳо омадааст, ки аз осораш дар маҷмӯъаи шеърии «Фарёди замони хуфта» дар Кобул мунташир шудааст.
Дар бораи ашъори хондааш дар навиштаҳои шоир Исфандиёр, устодон Сипос ва Султони Ҳамад ва дигарон оварда шуда, сарчашмаи охирини эътимодбахши дар дасти мо мавҷуд буда, боз ҳамон китоби охирини устоди зиндаёд Султони Ҳамад, бо номи “Таронаҳои ҷовидонаи Аҳмад Зоҳир”, ки соли 2022 интишор ёфтааст, маҳсуб меёбад. Тибқи маълумоти дар ин китоб омада, Аҳмад Зоҳир аз ин шоири мисли худаш ҷавонмарггашта, тибқи маъхазҳои то айни замон дастрасгашта, 9 шеър хондааст, ки онҳоро дар зер меоварем:
- Агар баҳор биёяд, таронаҳо хоҳам хонд… (оҳанги А.Зоҳир)
- Ай ба дидаам торик, моҳи осмон бе ту… (оҳанги Ф.Найнавоз)
- Ба ҷуз ту муниси дигар, дар ин диёр надорам… (оҳанги А.Зоҳир)
- Бевафо ёрам, карда ғамборам… (оҳанги А.Зоҳир)
- Зи санг нест қалби ман, биё ки об мешавад… (оҳанги А.Зоҳир)
- Дилакам, ай дилакам, ай дилакам… (оҳанги А.Зоҳир)
- Гар кунӣ як назорра, мезебад… (оҳанги А.Зоҳир)
- Меравӣ аз ману лабрези фиғонам, чӣ кунам?… (оҳанги С.Субот)
- Ёраки ман, чаро хушбоварастӣ, гулам… (муаалифи оҳанг номаълум)
Дар ин росто, ин шоири мутаассифона, дар айёми сарсабзиҳои умр сари сабз ба хоки сард ниҳода, аз лиҳози хондани ашъори шоирон, аз тарафи Алмоси Шарқ баъд аз шоирон Абулқосим Лоҳутӣ, Валии Тавронасози Дарвозӣ ва Абдулаҳмади Ато (Шероғо), ки ҷойҳои якум ва дуюму сеюмро дар радабании шеърҳои хондаи овозхони зиндаёд аз ашъори шоирон мегиранд, баъд аз Мавлонои Балх, ки аз 11 шеърашро овозхон хондааст, дар қатори Фурӯғи Фаррухзод, Симини Беҳбаҳонӣ, Раҳии Муайярӣ зинаи ифтихории панҷумро то имрӯз ишғол карда меояд.
Ҳис мешавад, ки Аҳмад Зоҳир ба ин шоири ҷавону ҳамноми худ дилбастагие хосе низ доштааст, зеро аз 9 шеъри то имрӯз муайянгаштаи ин шоир (шояд овозхон аз ашъори ин шоир дар маҳфилҳои дӯстона зиёд низ хонда бошад, вақту кашфи фиттаҳои нав пайдогашта инро нишон хоҳанд дод) аз тарафи ҳунарманд ба 6 адади он, шахсан оҳангҳои дилфиребе офаридаву сароида шудааст. Инак, беш аз 50 сол боз дар кошонаи ҳар як порисзабон, аз ҷумла, хонаи ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ садои Алмоси Ховар бо сароидани шеърҳои Аҳмадшоҳи Азҳар садо медиҳад.
Боварӣ дорам, ки он мухлисоне, ки дар бораи муаллифи шеърҳои машҳуре, ки савтиёти баланди мусиқӣ доранд мисли “Агар баҳор биёяд, таронаҳо хоҳам хонд”, “Бевафо ёрам, карда ғамборам”, “Зи санг нест қалби ман, биё ки об мешавад”, “Ай ба дидаам торик моҳи осмон бе ту”…., ки муаллифи онҳоро намедонистанд, баъди фаҳмидани муаллифи ин таронаҳои мағруб будани шоири ҷавонмарг Аҳмадшоҳи Азҳар ба зудӣ нисбати ин шоири сарнавишти хело вазнину фоҷиавӣ доштаву баъди бемории тӯлонӣ дар синни 28 солагӣ вафтида, як меҳру муҳаббати беандозаеро дар ботини худ эҳсос хоҳанд кард.
Танҳо овардани таронаи зебои шоир,“Бевафо ёрам, карда ғамборам”, ки Аҳмад Зоҳир оҳанг баставу бо овози осмонии худ сароидааст инҷо басандааст:
Бевафо ёрам,
Карда ғамборам.
Бишнав, ай ошно,
Аз дили зорам.
Фикр мекунам, ки дилбохтагони ҳунари овозхон, ки даҳсолаҳо ин таронаро шунидаву зиёд дӯст медоранд, кофист бо ин тарона ба истеъдоди бузурги шоирии Аҳмадшоҳи Азҳар тан диҳанд ва номи шоир дар қалби онҳо ҷойгоҳи волоеро пайдо намояд. Ин таронаро солҳои 1973-1975 овозхонони маъруф Додихудои Зикрихудо (маъруф ба Додии Дарвозӣ) ва Раҳматҷони Давлатҷон (маъруф ба Раҳматҷони Дарвозӣ) бо акордеон ба таври устодона бо овози ҷаззоби худ месароиданд.
Чун чандин наслҳо аз солҳои ҳафтодуми асри пор то инҷониб зери садои овози Аҳмад Зоҳир ва оҳанги мағруби бар ашъори Аҳмадшоҳи Азҳар баста, тарбия ёфтаву калон гаштаанд, ин эҳтирому ин сипоси мухлисони Аҳмад Зоҳир ба муаллифи ин таронаҳои зебо буда, мантиқан таҷассумгари ҳунари волоии Аҳмад Зоҳир ва гавҳаршинос будани ӯро дар интихоби шеърҳои савтиёти баланди мусиқӣ дошта, нишон низ медиҳанд. Аз тарафи дигар шеърҳои тару тоза ва чун гулҳои баҳорӣ дар он давра дар нашрияҳои даврии кишвари ҳамҷавори Афғонистон пайдогашта, ба дили дӯстдорони шеър фараҳи тоза мебахшиданд. Аҳмад Зоҳир низ аз уқёнуси адабиёти порсӣ ба зуди гавҳари навпайдоеро дар мисоли Аҳмадшоҳи Азҳар пайдо кардаву бо ин шоири ҷавону пуровозаи вақт, ҳамкорӣ кардаву ба ашъори ӯ оҳангҳои мағрубе баста, онҳоро сароид. Миллионҳо порсизабонону намояндагони дигар миллатҳо даҳсолаҳо боз ин оҳангҳову ин шеърҳоро гаштаву баргашта мешунаванд.
Фикр мекунам, ки худованди бузург ва меҳрубон агарчанде ба ин шоири соҳибистеъдод умри кам ва пурдард ва пурфоҷиаеро насиб гардонида бошад ҳам, лекин бо пеш овардани Аҳмад Зоҳир ва ба ҳам овардани ин шоири соҳибистеъдод бо овозхони овози худовандӣ доштаи ҳамаи давру замонҳо, номи шоири ҷавонмарг Аҳмадшоҳи Азҳарро барои асрҳои аср ҷовидона гардонид. Ана инҷост меҳрубонии худованд нисбати бандагони худ. Ба ин андеша бошад хонандаи закитабъи ман шаке нест.
Мегӯянд шоир Аҳмадшоҳи Азҳар фасли баҳору шукуфтанҳои гулу себаргаҳоро хело накӯ медоштааст ва беҳуда нест, ки дар ашъораш ба мавзӯъи баҳор низ дахли зиёде дорад.
Дар ин маънӣ шоири ҷавонмарг чи хуш гуфтааст:
Агар баҳор биёяд, таронаҳо хоҳам хонд,
Таронаҳои хуши ошиқона хоҳам хонд.
Ин шеър, зери оҳанги басо дилфиреби Аҳмад Зоҳир, бо ханҷари довудии гулӯи овозхон, ки худ низ ошиқи ҳаёту баҳор буд, аҷаб садое дорад басо мағруб, ба гунае, ки овоз аз фариштагони осмон, аз ғайб буда бошад.
Дар ин росто, дар ин баҳори ғарқи гул, ки аз вафти пуразоби шоири бемор қариб 48 сол ва куштори фоҷиавии овозхони ҳамаи давру замонҳо, наздики 45 сол сипарӣ мегардад.
Ба гуфтаи шоир:
Гардад кӯҳан замонаву хомӯш намешавад,
Он шӯълаҳои ҷаста бурун аз даҳони ман!
Варқаи ЗАЙНИДДИН,
узви ИЖ ҶТ