Рӯзҳои 25-29 октябр дар шаҳри Намангони Ҷумҳурии Ӯзбекистон сеюмин мусобиқаи байналмилалӣ оид ба таэквондо – “Namangan Open” баргузор шуд. Варзишгарони тоҷик аз ин мусобиқа соҳиби 13 медал – 6 тилло, 4 нуқра ва 3 биринҷӣ шуданд. Дар ин бора Федератсияи таэквондо (WT)-и Тоҷикистон дод.

Ба иттилоъи манбаъ, дар ин муобиқа кишвари моро 37 варзишгар, 10 мураббӣ ва 4 довар намояндагӣ карданд. Миёни калонсолон, Бахтовар Шарипов дар равияи пумсэ ва Мунира Абдусаломова дар вазни +73 кг медали тилло, Акбарҷон Бобоназаров (+73 кг) дар равияи пумсэ медали нуқра, Лоиқ Давлатзода (-57 кг) медали биринҷӣ ба даст оварданд. Муҳаммадризо Шукуров (-55 кг) зинаи дуюм ва медали нуқраро соҳиб шуд. Абдуҷаъфар Баҳодурзода дар вазни -49 кг иштирок намуд ва ба гирифтани медали тилло даст ёфт.

Ҳамчунин, Муҳаммад Шарипов (-24 кг), Акрамҷон Насриев (-26 кг), Мубориз Ёрасенов (-32 кг) миёни кӯдакон мақоми аввал ва медали тилло ба даст оварданд. Аҳмадзода Анвар (-24 кг), Олия Муродова (-27 кг) зинаи дуюм, Абубакр Каримов (-23 кг), Муҳаммад Давлатов (-28 кг) ҷойи сеюм ва медали биринҷиро моли худ сохтанд.

Маврид ба зикр аст, ки дар мусобиқаи “Namangan Open” варзишгарон аз кишварҳои Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Эрон ва Покистон ширкат намуданд. Тибқи низомномаи мусобиқаи мазкур варзишгарон дар се равия – миёни кӯдакон, наврасон, ҷавонон ва калонсолон майдондорӣ намуданд.

Рақибони футболбозони Тоҷик дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Баъди қуръакашии марҳилаи финалии Ҷоми Осиё оид ба футбол, рақибони тими миллии Тоҷикистон (U-20) маълум шуданд. Мунтахаби то 20-солаи кишвар ба гурӯҳи “C” дохил шуда, бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Урдун ва Уммон бозӣ мекунад. 

Қуръакашии марҳилаи финалии Чемпионати Осиё миёни ҷавонони то 20 сола 26 октябр дар шаҳри Тошканди Ӯзбекистон доир шуд. 16 дастаи иштирокчии мусобиқа ба 4 гурӯҳ ҷудо шуданд. Марҳилаи финалии мусобиқа аз 1 то 18 марти соли оянда дар Ӯзбекисон доир мегардад. Баъди баргузории ин мусобиқаи қоравӣ чаҳор дастаи беҳтарин ба Чемпионати ҷаҳон мераванд. Чемпионати ҷаҳон соли оянда дар кишвари Индонезия баргузор мегардад.

Натиҷаи қуръакашии марҳилаи финалии Ҷоми Осиё-2023 (U-20) ба таври зайл аст:

Гурӯҳи “А” – Ӯзбекистон, Индонезия, Ироқ, Сурия.

Гурӯҳи “В” – Қатар, Австралия, Ветнам, Эрон.

Гурӯҳи “С” – Кореяи Ҷанубӣ, Тоҷикистон, Урдун, Уммон.

Гурӯҳи “D” – Арабистони Саудӣ, Ҷопон, Чин, Қирғизистон.

“Истиқлол” соҳиби Ҷоми Тоҷикистон-2022 шуд

Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе маротибаи нуҳӯм барандаи Ҷоми Тоҷикистон оид ба футбол шуд. “Истиқлол” дар бозии финалии Ҷоми Тоҷикистон бар дастаи “Кӯктош”-и Рӯдакӣ зафар ёфта, ҷоми мусобиқаро ба даст овард.

Бозии финалии Ҷоми Тоҷикистон-2022 рӯзи 29 октябр дар Варзишгоҳи “Пахтакор”-и шаҳри Бохтар баргузор гардид. Қисми асосии бозӣ бо натиҷаи 2-2 ба анҷом расида, дар зарбаҳои пеналти бозингарони пойтахт бо натиҷаи 5-4 пирӯз шуданд.

Дастаи “Истиқлол” дар баробари соҳиби ҷом ва медалҳои ин мусобиқа, ҳамчунин, соҳиби 30 ҳазор сомонӣ шуд. Мақомдори зинаи дуюм, дастаи “Кӯктош” 20 ҳазор сомонӣ ба даст овард. Алишер Шукуров, аз дастаи “Кӯктош”, беҳтарин бозингари финалӣ эътироф шуда, соҳиби 5000 сомонӣ гардид.

Дастаи “Истиқлол” барои 9-умин бор соҳиби ҷоми ин мусобиқа гардид. Ин даста солҳои 2009, 2010, 2013, 2014, 2ғ15, 2016, 2018 ва 2019 дар ин мусобиқа зафар ёфтааст.

Ҷудоварзони тоҷик ба боку мераванд

4-6 ноябри дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон мусобиқаи байналмилалии “Baku Grand Slam 2022” баргузор мешавад. Дар ин мусоиқа 12 ҷудочии тоҷик ширкат хоҳанд кард. Дар ин бора сомонаи “Varzishtv.tj” бо такя ба сомонаи Федератсияи байналмилалии ҷудо хабар дод.

Ба навиштаи ин манбаъ, ҷудочиёни зерин Тоҷикистонро дар ин мусобиқа намояндагӣ хоҳанд кард: Муслимбек Каримов (-60 кг), Муҳаммад Маҳмадизода (-60 кг), Каюмарс Норов (-66 кг), Муллораҷаб Халифаев (-66 кг), Беҳрӯз Хоҷазода (-73 кг), Абубакр Шеров (-73 кг), Сомон Маҳмадбеков (-81 кг), Комроншоҳи Устопирён (-90 кг), Ҷаҳонгир Маҷидов (-90 кг), Эмомризо Анварзода (-100 кг), Раҳматулло Мирзоев (-100 кг), Темур Раҳимов (+100 кг).

Дар мусобиқаи байналмилалии “Baku Grand Slam 2022” ширкати 391 ҷудоварз (227 мард ва 164 бону) аз 63 кишвари олам дар назар аст. Ба ғолиби ҳар вазн ба ҷуз аз медал, инчунин, мукофотпулӣ тақдим мегардад. Ҷоизадорони зинаи аввал – 5 ҳазор евро, мақоми дуюм – 3 ҳазор евро ва зинаи сеюм 1500 евро ба даст меоранд.

Ҳамчунин, мақомдорони ҳар вазн соҳиби холҳои олимпӣ хоҳанд шуд: Зинаи аввал – 1000, ҷойи дуюм – 700 ва мақоми сеюм – 500 имтиёзро соҳиб мешаванд.

Тими миллии Тоҷикистон оид ба футбол бо Русия бозии дӯстона доир мекунад

Тими миллии Тоҷикистон бо мунтахаби Русия бозии дӯстона ва санҷишӣ доир менамояд. Бозии мазкур 17 ноябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор мегардад. Дар ин бора Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар дод.

Ба навиштаи манбаъ, Федератсия футболи Тоҷикистон ва Иттиҳодияи футболи Русия барои баргузории ин бозии рафиқона ба мувофиқа расиданд. Ин нахустин бозии мунтахабҳои Тоҷикистон ва Русия мебошад. Дастаҳо то ҳол миёни ҳам майдондорӣ накардаанд.

Бозии мазкур дар ҳолест, ки тими миллии Тоҷикистон ба Ҷоми Осиё-2023 омодагӣ мебинад. Бори аввал дар таърих мунтахаби кишвар ба Чемпионати Осиё роҳ ёфт. Дастпарварони мутахассиси хорватӣ – Петр Сергт аз марҳилаи гурӯҳии мусобиқа бо ишғоли зинаи аввал ба марҳилаи ниҳоӣ роҳхат гирифтанд.

Тоҷикистон дар марҳилаи интихобӣ дар гурӯҳи “F” иштирок дошт. Футболбозони кишвар мунтахабҳои Мянмар (4-0) ва Сингапурро (1-0) шикаст дода, бо Қирғизистон мусовӣ (0-0) бозӣ намуд ва бо ишғоли зинаи аввали гурӯҳи “F” ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 роҳхат гирифт.

Ҳамчунин, мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалии “King,s cup-2022” ё “Ҷоми подшоҳӣ”, ки дар кишвари Тайланд баргузор шуд, ғолиби мусобиқа гардид. Дар мусобиқи мазкур чаҳор даста иштирок дошт. Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бар мунтахаби Тринидад ва Тобаго бо натиҷаи 2-1 зафар ёфт ва дар финал мунтахаби Малайзияро (0-0, 3-0) шикаст дода, қаҳрамони ин мусобиқа гардид. Айни ҳол, мунтахаби Тоҷикистон дар зинаи 108-уми ФИФА қарор дорад.

Мунтахаби Русия дар зинаи 33-юми ФИФА-ро мавқеъ дорад. Вале бо сабаби таҳримҳо муқобили ин кишвар, футболбозони ин даста аз иштирок дар Ҷоми ҷаҳон, Қатар-2022 маҳрум монданд.

Дар ҳамин барорбар, гуфтан зарур аст, ки дастаҳои футзали Тоҷикистон ва Русия низ бозиҳои рафиқона доир мекунанд. Баргузории ин рақобатҳо рӯзҳои 7 ва 8 ноябр дар шаҳри Душанбе, “Қасри теннис ва маҷмааи варзишии обӣ” баргузор мешаванд. Оғози ин вохӯриҳо соати 20:00 дар назар аст.

Давлатҷон АБДУЛЛОЗОДА

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь