Дар замони пандемияи коронавирус вазъи зиндагии мардум то ҷое коста гардид. Пас аз паст шудани сирояти коронавирус аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон чӣ гуна рӯзгори хешро пеш бурданд? То имрӯз (13.04.2021) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 13 308 нафар мубталои вируси COVID-19 шуда, 13 218 нафар шифо ёфтаанд ва 90 нафари дигар ҷон доданд. Дар замони пандемӣ, пас аз баста шудани марзҳои Русия ва Тоҷикистон, мардум ба чӣ кор машғул шуданд?
Баъди баста шудани роҳҳо ба далели пандемии коронавирус қисме аз мардуми ноҳияҳои Айнӣ, Мастчоҳ ва шаҳри Панҷакент ба заршӯӣ машғул шуданд. Дар ин манотиқ заршӯйҳо бо сохтани асбоби махсусе, ки хеле ҷодиб аст, ба ҷамъоварии тило машғуланд. Ағлаби аҳолии ноҳияи Айнӣ бештар бо чунин кор рӯзгори хешро пеш бурданӣ ҳатсанд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қароре, ки 27-уми ноябри соли 2019 таҳти рақами 600 “Дар бораи қоидаҳои додани иҷозат ба шахсонӣ воқеӣ истихроҷи канданиҳои фоиданоки пошхӯрда бо усули худфаъолӣ ё худбиёрӣ” ба заршӯӣ иҷозат дод. Мардуме, ки дар соҳилҳои дарёи Зарафшон зиндагӣ мекунанд, қабули чунин қарорро бамаврид ва саривақтӣ медонанд, ки баҳри муҳайё намудани шароити мусоид барои шуғли инфиродии шахсони воқеӣ, рушди соҳибкории хурд, зиёд кардани манбаи даромади шахсии ҳар шаҳрванд, инчунин ғанигардонии буҷети давлатӣ заминаи хуберо эҷод мекунад. Ин қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ”, “Дар бораи сарватҳои зеризаминӣ” ва “Дар бораи металҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо” таҳия гардида, фаъолияти шахсони воқеиро барои истихроҷи канданиҳои фоиданоки пошхӯрда бо истифода аз усули худфаъолӣ ба танзим даровард.
Сардори Раёсати молия дар ноҳияи Айнӣ Анвар Афзалиён дар хусуси чӣ тавр ба даст овардани иҷозаи чунин фаъолият гуфт:
– Барои гирифтани ҳуҷҷати иҷозат шахсони воқеӣ бо пешниҳоди ариза ва нусхаи шиноснома ба мақомоти молия дар маҳал муроҷиат мекунанд. Дар навбати худ мақомоти молия дар маҳал нусхаи ҳуҷҷатҳоро бо муросилоти почтаи электронӣ ба комиссияи вазорат оид ба баррасии ариза ва пешниҳоди ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ба шахсони воқеӣ барои истихроҷи канданиҳои фоиданоки пошхӯрда бо усули худфаъолӣ ирсол мекунад. Ба ҷуз аз ҳуҷҷати зикршуда, аз шахсони воқеӣ талаб кардани дигар ҳуҷҷатҳо манъ аст. Пас аз қабули қарор дар бораи иҷозат тавассути мақомоти молия дар маҳал ба шахсони воқеӣ (довталаб) расонида мешавад. Муҳлати баррасии ариза ва ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ба канданиҳои фоиданоки пошхӯрда бо усули худфаъолӣ 10 рӯзи кориро дар бар мегирад. Боиси зикр аст, ки аз ҷониби шахсони воқеӣ барои баррасии ариза як нишондиҳанда барои ҳисобҳо (тибқи қонуни ҶТ “Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ”) ва дар сурати қабул гардидани қарор дар хусуси додани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ду нишондиҳанда барои ҳисобҳо ба буҷети давлатӣ пардохт карда мешавад. Талаби дигар пардохтҳо ба довталабон низ манъ аст.
Дар кӯҳистони водии Зарафшон захираи конҳои канданиҳои фоиданокӣ пошхӯрда хеле зиёданд. Рӯди пурхурӯши Зарафшон дар таркибаш тилои зиёде дорад, ки ҳамарӯза онро то Самарқанду Бухоро мебарад. Агар ба гузашта назар афканем, дар водии Зарафшон аз соли 1937 артелҳои тиллошӯӣ вуҷуд доштаанд. Имрӯз ҷалби сокинон ба ин шуғл ҳам ба фоидаи ҳукумат ва ҳам барои пеш бурдани рӯзгори эшон дар замони пандемӣ мебошад. Барои ҳар нафар, ки мехоҳад ба заршӯӣ машғул шавад, ҳамагӣ 180 сомонӣ маблағ барои гирифтани оҷозаи фаъолият сарф мешавад.
Тибқи иттилоъ, ҳоло дар ноҳияи Айнӣ 1367 нафар барои гирифтани ҳуҷҷат ба мақомоти дахлдор дархост пешниҳод кардаанд, ки 1200 нафари онҳо ба заршӯӣ машғул мебошанд ва 167 дархости дигар тибқи қоидаи мавҷуда дар арафаи баррасӣ қарор дорад. Пас аз гирифтани ҳуҷҷат ҳар нафар метавонад ба шустушӯи тило машғул шавад, аммо бе истифодаи техника, аммо истифода аз таҷҳизоти махсуси заршӯӣ, ки худ сохтаанд, метавонанд ба соҳили Зарафшон шитобанд. Шитоби ҷавонон беҳуда нест, зеро меҳнати онҳо натиҷа ва самараи хуб додааст. Баъзе ҷавонону сокинони ноҳияи Айнӣ мегӯянд, ки дар як шабонарӯз наздики 2 грамм зар шустушӯ мекунанд, ки маблағаш барои пеш бурдани рӯзгарашон дар замони пандемӣ кофӣ аст. Яке дигар аз заршӯён гуфт:
– Пас аз бастани шудани марзҳо ба чунин кор машғул шудем. Қариб ҳамаи аҳолии деҳаамон ба шустушӯи тило дар соҳили дарёи Зарафшон машғуланд. Ҳукумати кишвар бо иҷозаи чунин кор, андаке бошад ҳам бори мардумро сабук кард, ки онҳо бо ин васила метавонанд, рӯзгорашонро пеш баранд.
Фаридун САФАРЗОДА