Сокинони маҳаллӣ Исфараро ба «биҳишт» шабоҳат медиҳанд. Дар фасли баҳор зардолузорҳо бо тобишҳои дурахшони сафеду гулобӣ пур шуда, меҳмононро мафтун мекунанд ва вақте меваҳои зардолуи тиллоӣ мепазанд, агар раҳгузарон аз меваҳои шохсори дар канори роҳҳо овезон шикамсерӣ хӯранд, касе чизе намегӯяд.

Ҳар баҳор дарахтони зардолуи шукуфон ноҳияи Исфараро бо рангҳои сафеду гулобӣ оро медиҳанд. Барои сокинони деҳа дар ин давра ояндаи ҳосил муайян карда мешавад.

Барои соҳибкорони Исфара, ки зардолу ё маҳсулоти аз он бадастомадаро мефурӯшанд, номи шаҳр ба як “бренд” табдил шудааст. Дар Исфара на танҳо асрори хушк кардан ва коркарди ин маҳсулоти гаронбаҳоро хуб медонанд, балки тақрибан тамоми ҳаҷми ҳосили ҷамъовардаи вилояти Суғд ба бозорҳои ин маҳал равон ва сипас ба кишварҳои дигар содир мешавад.

То ба наздикӣ сокинони деҳаҳои Қирғизистон низ ба бозорҳои як қатор минтақаҳои наздимарзӣ, аз қабили Чоркӯҳ, Сурх ва Лаккон зардолу меоварданд. Аммо дар замони пандемияи коронавирус марзи миёни Қирғизистону Тоҷикистон қисман баста шуда, баъди даргирии мусаллаҳона дар моҳҳои апрел-майи соли 2021 комилан ва расман баста шуд. Дар натиҷа, тамоми равобити тиҷории ду кишвар маҳдуд шуд, ки ба соҳибкорон, аз ҷумла, ба тавлидкунандагон ва содиркунандагони зардолу хисороти зиёде ворид шуд. Дар пайи баста шудани марзи ду кишвар як қисми зардолуи хушки содиротшаванда ба бозорҳои маҳаллӣ ворид карда мешаванд, ки боиси поин рафтани нархи ин мева мегардад.

Зардолу на танҳо мояи ифтихори исфарагиҳо, балки манбаи даромади аксари хонаводаҳост. Зардолу дар ҳар бозори наздимарзӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон моли аслӣ маҳсуб мешавад. Некуаҳволии бисёр хонаводаҳо аз даромади фурӯши он вобаста аст. Хоҷагиҳои деҳқонии вилояти Суғди Тоҷикистон имсол ҳосили фаровони зардолу ба даст оварданд. Дар чанд сол бори аввал обу ҳаво барои зардолу мусоид омад. Дар давраи гул-гулшукуфии он на сармо ва на раъду барқ, ки як қисми ҳосили ояндаро нобуд мекард, ба амал омад. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Раёсати омори назди Президенти Тоҷикистон дар вилояти Суғд, дар минтақаи шимоли кишвар 157 ҳазору 186 тонна зардолу тавлид шудааст. Ин назар ба соли гузашта қариб се баробар зиёд аст.

Коҳиши нархи зардолу боиси кам шудани даромад

Поён рафтани нархи меваи асосии баҳори имсол орзуи бисёре аз зардолупарваронро дар бораи ба даст овардани фоидаи зиёд аз ҳосили нав барбод дод. Хоҷагиҳо зарари зиёд дида, барои ҳосили барвақт харидор пайдо карда натавонистанд. Онҳое, ки хушк кардану фурӯши зардолу даромади аслии онҳост, низ ноумед шудаанд, ҳарчанд умед доранд, ки вазъият беҳбуд меёбад.

Ҳотамбой Тулаков конкан буд ва музди хуб мегирифт. Барои зиндагӣ даромади кофӣ дошт. Пас аз бознишаста шудан, ӯ мушкилоти молиро эҳсос кард. Ба хушконидани зардолу шуруъ кард. Тулаков мисли аксари сокинони дехаи Чоркӯҳ ба харидани зардолу аз хоҷагиҳои деҳқонӣ шуруъ карда, онро хушк мекарду ба фурӯш мебаровард. Даромади иловагӣ пайдо шуд ва ҳаёт ба ҳолати муқаррарӣ баргашт. Ҳосили фаровони зардолуи баҳори имсоларо дида, орзу мекард, ки назар ба соли гузашта бештар даромад мегирад. Ин маънои онро дошт, ки ҳаёт боз ҳам беҳтар мешавад, аммо поён рафтани нархи зардолу орзуҳои ӯро барбод дод.

«Ману ҳамсарам ва ду духтарам зиёда аз 10 тонна зардолу ҷамъоварӣ карда, 3 тонна зардолуи хушк ва ғӯлинг гирифтем. Аммо нархҳо имсол бештар аз ду баробар боло рафтаанд. Мо ба даромади калон умед баста будем. Мутаассифона, мо бояд бо камаш қаноат кунем», – накл кард Ҳотамбой. Муйсафед шитоб намекунад, ки тамоми хосилашро бо нархи бебаҳо фурӯшад. Ҳар рӯзи сешанбеву панҷшанбе ба бозор меорад ва бо умеди боло рафтани нархҳо, маҳз ҳамон қадаре, ки барои эҳтиёҷаш лозим аст, мефурӯшад.

Бозор пур аст, нархҳо арзонтар

Бозори ҷамоати Сурх бузургтарин бозор дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон аст. Мардуми маҳаллӣ онро бозори зардолу меноманд. Ин маънои онро надорад, ки дар ин ҷо дигар молҳоро савдо намекунанд, аммо зардолу дар ин ҷо маҳсулоти асосӣ аст. Ҳангоми ворид шудан ба бозор чашмандози сурху қаҳваранг ва норанҷии зардолуҳои кушодашуда ба чашм мехӯрад. Нархҳо вобаста ба навъ аз 5 то 40 сомонианд. Ин назар ба тирамоҳи соли 2022 қариб ду маротиба камтар аст. Ин дар ҳолест, ки як кило зардолуи аълосифатро дар соли гузашта 100 сомонӣ ва бештар аз он фурӯхтан мумкин буд.

Мо аз тоҷирон мепурсем, ки сабаби паст шудани нарх чист? Бештари ҷавоб одӣ аст: “Зардолу зиёд, аммо харидор кам.”

Мудири бозор Ҳакимбой Каримов низ ба ин ақидаи тоҷирон мувофиқ аст. «Савдо идома дорад, аммо суръат як хел нест. Ҳар рӯзи сешанбе ба бозор то 100 тонна меваи хушк оварда мешавад, ки тақрибан 70 дарсади онро зардолу ташкил медиҳад, вале аксарият наметавонанд фурӯшанд, ё намехоҳанд бо нархи арзон бидиҳанд, молашонро ба хона бармегардонанд. Инҳо хароҷоти иловагӣ мебошанд. Ҳама медонанд, ки чаро ин тавр шудааст, зеро талабот кам асту мол зиёд», – гуфт Каримов.

Мо аз раиси кумитаи бозор мепурсем, ки оё ҳамсояҳои қирғизи мо ба бозор меоянд, ё не?

“Не” ҷавоб медиҳад Каримов. “Аз замони баста шудани сарҳад пас аз даргириҳои мусаллаҳона мо ба бозорҳои ҳамдигар нарафтем. Тамос комилан қатъ шудааст. Қирғизҳо ҳамеша як ҷузъи бозорҳои мо буданд. Сокинони деҳаҳои ҳамсоя озодона аз бозори мо дидан мекарданд. Касе барои фурӯш, касе барои харид меомад. Тиҷорат бо қирғизҳо фоиданок буд: аҳолии мо имкон доштанд, ки маҳсулоти арзонтар аз қабили орд, гӯшт, сабзавот, қанд ва қирғизҳо бошанд харбуза, тарбуз, ангуру анор, лимӯ ва молҳои саноатӣ харанд, зеро вилояти Бодканд аз марказҳои бузурги саноатии Қирғизистон дуртар воқеъ аст».

Ҳакимбой Каримов бар ин назар аст, ки роҳҳо бояд кушода бошанд, зеро ин аз ҷиҳати иқтисодӣ фоидаовар аст. «Ҳаракати озод дар шоҳроҳи наздимарзӣ ба тоҷикон имкон дод, ки ба мошинҳои худ бо нархи арзон сӯзишворӣ резанд, нуриҳои минералӣ, ҳезум харидорӣ кунанд ва аз роҳҳои Қирғизистон барои транзити мол, аз ҷумла, зардолу истифода баранд”, – афзуд ӯ.

 Чаро нархи зардолу поин рафт?

Кишоварзон ва соҳибкорон мегӯянд, ки нархи зардолу дар аввали баҳор бо поин рафтани қурби рубли русӣ, замоне, ки ҳанӯз маълум набуд дар Тоҷикистон чӣ қадар ҳосил гирифта мешавад, поин рафтан гирифт. Коршиносон ин фикри онҳоро тасдиқ мекунанд.

Иқтисоддони маъруф ва вакили чанд даъвати порлумони Тоҷикистон Мирзошариф Исломиддинов сабаби аслии поин рафтани нархи зардолуро ба поин рафтани қурби рубли русӣ медонад, ки иқтисоди Тоҷикистон то ҳол ба он вобастагӣ дорад.

«Имрӯз то 90%-и ҳосили зардолуи Тоҷикистон ба бозорҳои Русия фиристода мешавад. Пули Русия аз аввали моҳи март сеяки арзиши худро аз даст дод. Ин ба қобилияти харидории русҳо ва даромади муҳоҷирони корӣ, ки хонаводаҳояшон маъмулан дар тобистон ба иҷораи боғҳои зардолу шуруъ мекунанд, таъсир гузоштааст. Сармояи гардишии бисёре аз соҳибкорон низ коҳиш ёфтааст”-, гуфт Мирзошариф Исломиддинов ба Sugdnews.

Исломиддинов мегӯяд, бозор ба эҳтимоли афзоиши тавлиди зардолу низ омода набуд.

«Истеҳсоли зиёдатӣ ҳамеша боиси кам шудани талабот ва нархҳо мегардад», – шарҳ дод иқтисоддон.

Фиристодани меваи хушк бо роҳи автомобилгард роҳи муносибтарин барои содиркунандагон мебошад. То ба наздикӣ бисёриҳо тавассути роҳҳои Қирғизистон ба Қазоқистону Русия зардолу фиристоданро афзал медонистанд.

Исломиддинов бар ин назар аст, ки сабабҳои муҳим метавонад, мушкилоти таъмини логистика бошад ва инро ба коҳиши фаъолияти соҳибкорони тоҷик дар Украина, ки коркарди меваи хушк, аз ҷумла, зардолуро роҳандозӣ намуда, баъдан ба кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо содир мекардаанд, рабт дод.

“Онҳо (соҳибкорон) маҷбуранд, ки фаъолияти корхонаҳои худро боздоранд. Ба далели ташаннуҷ дар равобити Иттиҳодияи Аврупо ва Русия, соҳибкорони ватании мо, ки зардолуро дар Русия коркард карда, маҳсулоти ҳосилшудаи худро ба Аврупо содир мекунанд, дар интиколи маҳсулот ба кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо низ мушкил доранд. Аз ин рӯ, коҳиши талабот боиси поин рафтани нархҳо мешавад”, – мегӯяд коршинос.

Исломиддинов мегӯяд, ки мушкил дар таъмини логистика ба далели номаълум ва дар марз бо Қазоқистон дар робита ба борҳои Тоҷикистон ба вуҷуд омадааст. Вақте ин монеаҳо бартараф карда мешаванд, ҳаҷми содирот афзоиш меёбад, ки боиси болоравии нархҳо мегардад.

 Мо бояд чӣ кор кунем?

Ташкилоти ҷамъиятии «Маркази идоракунии сифат» дар вилояти Суғд чанд сол боз бо тавлидкунандагон ва содиркунандагони зардолу ҳамкорӣ дорад. Мудири он Мирзоравшан Қобилов муътақид аст, ки солҳои охир шароити бозор дар кишварҳое тағйир ёфтааст, ки аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, бахусус аз Тоҷикистону Қирғизистон, зардолу содир мешуд. Бинобар ин, мутахассисон чунин мешуморанд, ки чӣ дар тавлиду коркард ва чӣ дар бобати беҳтар кардани сифат роҳҳои навро ҷустуҷӯ кардан лозим аст.

Қобилов чунин мешуморад, ки барои коркарди зардолу ҳар чӣ бештар иқтидорҳои хурди истеҳсолии тағйирёбанда таъсис дода, як қатор маҳсулоте истеҳсол карда шавад, ки дар байни категорияҳои гуногуни истеъмолкунандагон талабот доранд.

«Зардолуи хушкро дар шакли зардолуқоқ ва ғӯлинг, ки тоҷирони мо онро дар бозорҳои Русия, Белорус ва Қазоқистон мефурӯшанд, асосан намояндагони эҳтиёткори насли калонсол истеъмол мекунанд. Талабот ба он кам мешавад. Ҷавонон ғизоҳои гуногуни меваҷот, шоколад ва конфетҳоро афзалтар медонанд. Аз ин рӯ, мо бояд навъҳои нави маҳсулотро ба вуҷуд орем», – мегӯяд Қобилов.

Мирзоравшан Қобилов мегӯяд, ки маҳсулоти коркардшуда боз ҳам гаронтар аст.

Ба наздикӣ дар ширкати коркарди «Меваи тиллоӣ»-и Исфара газакҳои мевагӣ ба истеҳсолот ворид карда шуданд, ки дар бозорҳои Аврупо ва ИМА истеъмолкунандагон пайдо карданд.

«Агар як кило зардолуи хушкро ба даҳ халтачаи 100 грамма ҷудо карда фурушед, аз хар як килои дар бозор буда, зиёдтар фоида ба даст овардан мумкин аст. Маълум мешавад, ки мо бояд ба шароити нав мутобиқ шавем».

Ба ақидаи Қобилов, бо истифода аз логистика бозорҳои навро дар дигар самтҳо ҷустуҷӯ кардан лозим аст.

«Як қатор корхонаҳои коркарди шаҳри Исфара солҳо боз дар ҷустуҷӯи бозорҳои ояндадор машғуланд, ки муваффақанд. Аммо ҳаҷми меваҳои коркардшуда ҳанӯз имкон намедиҳад, ки содиротро ба таври қобили мулоҳиза афзоиш диҳанд».

«Тавдидкунандагони зардолу метавонистанд барои эҷоди иқтидори бештари бастабандӣ ва коркарди меваҳо муттаҳид шуда, истеҳсолотро ба содироти кишварҳое равона созанд, ки дар он ҷо маҳсулоти худро бо нархи гаронтар мефурӯшанд», – мегӯяд Мирзоравшан.

Истифода аз фурсат

Мувофики маълумоти Пажуҳишгоҳи боғу токпарварӣ дар Тоҷикистон зиёда аз сад навъи зардолу парвариш карда мешавад. Аммо дар кишвар асосан наздик ба 20 навъ парвариш карда мешавад. Тақрибан 10 навъ ба миқдори зиёд содирот мешавад, зеро ин навъҳо ба меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошанд.

Тоҷибой Бойматов, номзади илмҳои кишоварзӣ мегӯяд, ки зардолуи тоҷикро бо хусусиятҳои экологиаш қадр мекунанд, зеро дар кишвари мо боғбонҳо аз истифодаи заҳркимиёҳо худдорӣ карда, нуриҳои органикиро афзалтар медонанд.

«Имрӯз масъалаҳои бехатарӣ дар бозорҳои ҷаҳонӣ ба талаботи асосии маҳсулоти ғизоӣ табдил ёфтааст. Аз ин рӯ, таваҷҷуҳ ба меваҳое, ки дар Осиёи Марказӣ истеҳсол мешаванд, дар Аврупо, Амрико ва Австралия аз сабаби хосиятҳои экологии онҳо зиёд мешавад. Хислатҳои баланди экологӣ ва таъми зардолуи мо барои содиркунандагони ватанӣ бартариҳои бузург медиҳад, ки бояд истифода шавад”, – мегӯяд олим.

Неъматулло МИРСАИДОВ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь