Дар аввали моҳи январи соли ҷорӣ дар суди шаҳри Душанбе баррасии парвандаи ҷиноятӣ нисбати собиқ директори генералии ҶСК «Тоҷик Эйр» Халиков Р.И. оғоз шудааст. Ин парвандаи ҷиноятӣ бо айбдории Халиков Рустам Исуфович дар моҳи майи соли 2023 аз ҷониби Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда буд. Маълумот оид ба оғози ин парванда аз ҷониби Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба ҳабс гирифтани Халиков Р.И. дар санаи 10 июни соли 2023 дар «Азия плюс» ба чоп расида буд. Илова ба ин маълумот бояд қайд намуд, ки тибқи талаботи Оинномаи ҶСК «Тоҷик Эйр» бастани ҳамагуна шартнома/созишномаҳо оид ба иҷора додан ё ба иҷора гирифтани ҳавопаймо, инчунин, бастани шартномаҳои калон бо розигӣ ва бо мувофиқа бо Шӯрои нозирони Ҷамъият бояд амалӣ карда шаванд, вале Холиков Р.И. ин талаботро иҷро накарда, аз ҳадди ваколатҳои худ баромадааст.

Дар давраи фаъолияти худ Халиков Р.И. вазифаи директори генералии Ҷамъиятро иҷро карда, бе розигӣ ва бе мувофиқа бо Шӯрои нозирони Ҷамъият якчанд созишнома/шартномаҳо баста, ба ҶСК «Тоҷик Эйр» зарар расонидааст. Чунончи, Халиков Р.И. дар солҳои 2014-2015 бо ҶДММ «Мутриба» созишномаҳо бастааст, вале маблағҳои аз иҷрои парвозҳои чартерӣ бадастомада ба хазинаи ҶСК «Тоҷик Эйр» ворид нашудаанд ва ба Ҷамъият зарар ба миқдори махсусан калон (зиёда аз 17,5 млн сомонӣ) расонидааст. Ҷолиби диққат аст, ки дар давраи пешбурди тафтишоти пешакӣ Халиков Рустам Исуфович 17,5 млн сомониро барқарор кард ва ба суратҳисоби махсуси Прокуратураи генералӣ гузаронд. Инчунин, дар соли 2015 Халиков Р.И. бе розигӣ ва бе мувофиқа бо Шӯрои нозирони Ҷамъият бо ширкати «WWTAI AIRОРСО 2 ВЕRМUDА Ltd» аз ИМА Созишнома бастааст. Мувофиқи ин Созишнома 1 адад ҳавопаймои калонро ба иҷора гирифтааст, вале иҷрои парвозҳоро бо зарар амалӣ кардааст.

Тибқи ҷадвали ҷамъбастӣ оид ба самаранокии парвозҳо бо ин 2 ҳавопаймо дар хатсайрҳои мунтазам аз моҳи октябри соли 2015 то декабри соли 2016 парвозҳо бо зарари калон ба ҶСК «Тоҷик Эйр» ба миқдори калон расонидааст, ки он аз миллионҳо доллари ИМА иборат аст. Тибқи ҷадвали ҷамъбастӣ оид ба самаранокии парвозҳо бо ин ҳавопаймо дар хатсайрҳои мунтазам аз 20-уми октябри соли 2015 то 15-уми декабри соли 2016 даромади ҶСК «Тоҷик Эйр» баробар ба 39 212 670 доллари ИМА ва хароҷот бо назардошти 5 фоизи даромаднокии Ҷамъият баробар ба 43 361 425 доллари ШМА мебошад. Аз ин ҷо, фарқияти даромаду хароҷоти ҶСК «Тоҷик Эйр» дар ин давра ба нишондоди манфӣ – 4 148 755 доллари ШМА баробар аст.

Дар асоси Созишномаи иҷораи молиявӣ (лизинг) ҳавопаймои Боинг 757-200 аз ширкати «WWTAI AIRОРСО 2 ВЕRМUDА Ltd» маблағи ҳармоҳаи пардохти лизингӣ 175 ҳазор доллари ШМА пешбинӣ шудааст. Таҳлили ҷараёни ба иҷора гирифтани ҳавопаймоҳои ин навъ дар ҳамон давра нишон медиҳад, ки дар ҳамон давра маблағи пардохтии ҳармоҳа тахминан 120-130 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медод. Дар натиҷа фарқияти пардохти маблағи лизингӣ дар 1 моҳ баробар ба 45 ҳазор доллари ИМА буда, дар давраи 15 моҳи истифодаи ин ҳавопаймо 675 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Бо дарназардошти ин нишондодҳо аз иҷрои парвоз бо ин ҳавопаймо ба ҶСК «Тоҷик Эйр» зарар дар ҳаҷми 675 ҳазор доллари ИМА ҳамчун фоидаи бадастнаоварда расонида шудааст.

Тибқи маълумотҳои муҳосиботӣ ба ҳолати 1 январи соли 2023 ҶСК «Тоҷик Эйр» 1 176 252,60 доллари ИМА-ро ба ширкати «WWTAI AIRОРСО 2 ВЕRМUDА Ltd» (ШМА) пардохт накардааст. Ин маблағҳо аз фарқияти байни нишондодҳои ҳисобшуда ва пардохткардашуда дар байни тарафҳо ба вуҷуд омадаанд ва қарздорӣ то ба ҳол боқӣ мондааст. Иҷрои ҳамаи парвозҳо бо ин ҳавопаймо дар хатсайрҳои мунтазам дар давраи моҳҳои октябри соли 2015 – декабри соли 2016 бар зарари ҶСК «Тоҷик Эйр» бо назардошти 5 фоизи даромаднокии Ҷамъият 5 325 007,60 доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Оқибати бастани Созишномаи иҷораи молиявӣ (лизинг) ҳавопаймои Боинг 757-200 аз ширкати «WWTAI AIRОРСО 2 ВЕRМUDА Ltd» бо назардошти фоидаи ба даст наомадаи Ҷамъият аз фарқияти пардохти лизингӣ (ба ҷои 175 000 истифодаи 130 000 доллари ИМА) ва зам кардани зарари расонидашуда ба он дар умум ба Ҷамъият зарари молиявӣ ба миқдори махсусан калон – 6 000 007,60 доллари ШМА расонида шудааст. Ҷолиби диққат аст, ки дар давраи пешбурди тафтишоти пешакӣ Халиков Рустам Исуфович аз ин зарари расонидашуда танҳо 13 млн сомониро барқарор кардааст.

Дар давраи роҳбарии Халиков Р.И. ду шартномаи дигари лизинги молиявӣ оид ба 2 ҳавопаймои ширкати UAB «Skyroad Leasing» (Ҷумҳурии Литва) низ амал мекард. Аз созишномаҳои иҷораи ҳавопаймоҳои Боинг 737-500 LYAWF/ LY-AWG аз ширкати UAB «Skyroad Leasing» (Ҷумҳурии Литва) ба ҳолати моҳи ноябри соли 2014 ҶСК «Тоҷик Эйр» дар назди ин ширкати литвагӣ дар асоси ҳалномаи суди тиҷоратии шаҳри Вилнюс 2 824 000 доллари ШМА, қарздор шудааст. Дар моҳи ноябри соли 2014 ин ҳалномаи судӣ дар суди иқтисодии шаҳри Душанбе эътироф карда шудааст. Тасдиқи ин санади судӣ оид баҳси мазкур бо ширкати UAB «Skyroad Leasing» дар Душанбе дар давраи роҳбарии Халиков Р.И. амалӣ шудааст.

Мавриди зикри хос аст, ки тибқи талаботи Созишномаҳо Халиков Р.И. бояд дар охири моҳи сентябр ва моҳи октябри соли 2014 ҳавопаймоҳоро ба соҳибмулк бармегардонд ва ё маблағи боқимондаи қарзро пардохт мекард ва ин 2 ҳавопаймо моликияти ҶСК «Тоҷик Эйр» мешуданд, вале ин корро ӯ иҷро накард. Дар натиҷа, ба қарзи пешина боз қарз аз пардохт накардани маблағи лизингии семоҳа ва арзиши ниҳоии 2 ҳавопаймо, тибқи талаботи Созишномаҳо зиёд гардидааст. Аз ин ҷо, бинобар бозпас нагардонидани ин 2 ҳавопаймо боз маблағи 4 894 000 (4000000 ин арзиши ниҳоии ду ҳавопаймо тибқи Созишномаҳо ва маблағи пардохти лизингии семоҳа 894 000 (3х298 000) доллари ШМА зиёд шуд. Ҷолиби қайд аст, ки дар оянда ин маблағҳо низ дар ҳалномаи ниҳоии 4 суди тиҷоратии шаҳри Вилнюс аз соли 2018 дарҷ гардидаанд.

Бояд қайд намуд, ки дар моҳи ноябри соли 2014, то эътироф кардани 2 824 000 доллари ШМА ҳамчун қарзи ҶСК «Тоҷик Эйр» дар назди ширкати UAB «Skyroad Leasing» тибқи ҳалномаи суди тиҷоратии шаҳри Вилнюс, дар суратҳисоби ҶСК «Тоҷик Эйр» маблағ вуҷуд дошт ва Халиков Р.И. имконияти пардохт намудани онро дошт. Дар ҳолати пардохт намудани ин қарз дар ҳамон давра ин 2 ҳавопаймо тибқи Созишномаҳо моликияти ҶСК «Тоҷик Эйр» мешуданд ва қарзи Ҷамъият дар соли 2018 ба зиёда аз 23 млн. доллари ШМА намерасид! Аз ин ҷо, оқибати бемасъулиятии Халиков Р.И. ба фаъолияти ояндаи Ҷамъият таъсир расонд ва он дар зиёд шудани қарзи Ҷамъият дар умум ба 23 040 425,54 доллари ШМА дар соли 2018 оварда расонид, зеро ба қарзи пешина (2 824 000 доллари ШМА), баъдан боз қарзи нав (20 216 425,54 доллари ИМА) зам шуд. Ин кор дар асоси санади ниҳоии судӣ вобаста ба аризаи даъвоии ширкати UAB «Skyroad Leasing» ва ба иҷро расонидани ҳалномаи дуюми суди арбитражию тиҷоратии шаҳри Вилнюс аз 25 апрели соли 2018, №373 нисбати ҶСК «Тоҷик Эйр» оид ба ситонидани маблағи 20,2 млн доллари ИМА ва дигар хароҷотҳо қабул ва амалӣ шудааст.

Ин маблағи талабкардашуда иборат аз: – 4 306 100 доллари ИМА – маблағи ҷуброннашудаи лизингӣ; – 1 576 852,43 доллари ИМА – маблағи фоизҳо то қабули қарори ниҳоӣ; – 10 335 473,11 доллари ИМА – барои вайрон кардани уҳдадориҳо оид ба пардохти лизингӣ; – 4 000 000 доллари ИМА ҳамчун арзиши ду ҳавопаймо;

– 8 фоизи солона аз маблағҳои таъингардидаи ҳисобшуда (4 306 100 + 1 576 852,43 + 10 335 473,11 + 4 000 000 = 20 216 425,54 доллари ИМА) аз 5 сентябри соли 2017 то пардохти ниҳоӣ; – 78 700, 58 евро ва 6 773, 60 доллари ИМА ҳамчун ҷуброни хароҷоти судии даъвогар мебошад.

Ҷолиби диққат аст, ки дар давраи баррасии ин масъала дар суд роҳбарияти вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҶСК «Тоҷик Эйр» ба ҷойи ҳуқуқшиносони ҶСК «Тоҷик Эйр» ҳуқуқшиноси вазорати нақлиёт – Ҳафизов Зафарро барои иштирок равон кардааст. Ҳуқуқшиноси ҶСК «Тоҷик Эйр» метавонист, ки дар ин давра дар баррасии парванда дар суди шаҳри Вилнюс иштирок намояд. Вале бо гуфти кормандони Ҷамъият ва собиқ кормандони Ҷамъият Халиков Р.И. шогирди худ – Ҳафизов Зафарро дар назди собиқ директори генералии ҶСК «Тоҷик Эйр» таъриф намуда, ӯро бовар мекунонанд, ки бояд маҳз Ҳафизов Зафар барои баррасии парванда дар суд ба Ҷумҳурии Литва сафарбар карда шавад. ҶСК «Тоҷик Эйр» ҳамаи хароҷоти ин сафар ва маблағи боҷи давлатӣ барои гузаронидани судро (182 000 сомонӣ) пардохт намуд. Ҳафизов Зафар ин маблағро гирифта, боҷи давлатиро пардохт накарда, ба суд ҳозир нашудааст ва дар ниҳоят парванда ба фоидаи тарафи ширкати литвагӣ ҳал гардидааст. Нисбати Ҳафизов Зафар дар солҳои пешина маводи санҷишӣ тартиб дода шуда буд, вале бе натиҷа монд. Дар айни ҳол Ҳафизов Зафар дар ҷустуҷӯ қарор дошта, ба гуфти кормандони Ҷамъият ва собиқ кормандони Ҷамъият бо дастгирии Халиков Р.И. дар яке аз фурудгоҳҳои шаҳри Москва кор ва фаъолият дорад.

Таъсири оқибатҳои кирдори Халиков Р.И. ба фаъолияти ҶСК «Тоҷик Эйр» дар солҳои минбаъда низ дида мешаванд. Чунончи, иҷрои ҳалномаи суди тиҷоратии шаҳри Вилнюс дар ҳудуди Федератсияи Россия дар макони ҷойгиршавии қарздор – ҶСК «Тоҷик Эйр» дар шаҳри Москва низ амалӣ шудааст. Даъвогар – ширкати UAB «Skyroad Leasing» аз ҳолати дар Москва дар суратҳисоби ҶСК «Тоҷик Эйр» аз ҳисоби чиптаҳои фурӯхташуда дар ТКП («Транспортная клиринговая палата», шаҳри Москваи Федератсияи Россия) маблағ ҷамъ шудан ва дар фурудгоҳи «Внуково»-и шаҳри Москваи Федератсияи Россия қарор доштани моликияти ҶСК «Тоҷик Эйр» – ҳавопаймои Боинг 737-300, хабардор шуда, чораҷӯӣ кардааст. Аз ин ҷо, бо мақсади иҷро намудани санади суди арбитражию тиҷоратии шаҳри Вилнюс ҳавопаймои Боинг 737-300 (моликияти ҶСК «Тоҷик Эйр») дар фурудгоҳи «Внуково»-и шаҳри Москваи Федератсияи Россия ба ҳабс гирифта шуда, минбаъд он корношям гардидааст. Мавриди зикр аст, ки арзиши ин ҳавопаймо дар бозори ҷаҳонӣ то давраи ба ҳабс гирифтан тахминан 5 млн доллари ИМА буда, маблағи нигаҳдории он дар фурудгоҳи байналмилалии «Внуково» ба ҳолати 28 декабри соли 2022 дар умум зиёда аз 27 млн. рублро ташкил медод. Дар айни замон барои барқарор кардани ин ҳавопаймо ва 2 адад муҳаррики он – тахминан 3,5 – 4 млн доллари ШМА зарур аст.

Дар баробари ин, таъсири кирдорҳои Халиков Р.И. ба фаъолияти иқтисодии ҶСК «Тоҷик Эйр» дар солҳои 2018-2019 низ дида мешавад. Дар ин солҳо бо мақсади иҷро намудани санади суди арбитражию тиҷоратии шаҳри Вилнюс аз ҳисоби чиптаҳои фурӯхташудаи ҶСК «Тоҷик Эйр» дар ТКП («Транспортная клиринговая палата», шаҳри Москваи Федератсияи Россия) 35 302 602,23 рубл, ҳамчун қарзи Ҷамъият дар назди ширкати «Skyroad Leasing» гирифта шудааст. Мавриди зикр аст, ки барои ба ҳолати коршоямӣ баргардонидани 1 адад ҳавопаймои Боинг 737-500 ва муҳаррикҳои он тақрибан 3 135 000 доллари ИМА маблағ хароҷот мешавад. Дар маҷмӯъ барои барқарорсозии 2 ҳавопаймои Боинг 737-500 (LY-AWF/ LY-AWG) ва 4 адад муҳаррикҳои онҳо тахминан 6,3 млн доллари ИМА маблағ зарур мебошад.

Ҳамин тавр, баромадани Халиков Р.И. аз ҳадди ваколатҳои мансабии худ ба оқибатҳои вазнин нисбат ба Ҷамъият дар шакли расонидани зарари молиявӣ ба миқдори махсусан калон овардааст. Натиҷаи дар муҳлати муқарраркардашуда барнагардонидани ҳавопаймоҳои Боинг 737-500 LY-AWF/ LY-AWG ба ширкати UAB «Skyroad Leasing» (тибқи талаботи Созишномаҳо) ба ҶСК «Тоҷик Эйр» зарари молиявӣ ба миқдори махсусан калон, зиёда аз 29,9 млн доллари ИМА ва 62,3 млн рубли Россия расонида шудааст.

Таҳлили фаъолияти давраи роҳбарии Халиков Р.И. нишон медиҳад, ки агар қарзи аввалаи ҶСК «Тоҷик Эйр» дар назди ширкати UAB «Skyroad Leasing» аз ҷониби Халиков Р.И. дар моҳи ноябри соли 2014 пардохт карда мешуд, ин 2 ҳавопаймо моликияти ҶСК «Тоҷик Эйр» мешуданд. Дар ин ҳолат зарурияти ба иҷора гирифтани дигар ҳавопаймоҳо, аз ҷумла ҳавопаймои ширкати «WWTAI AIRОРСО 2 ВЕRМUDА Ltd», ҷой надошт (зеро дар умум ба иҷора гирифтани ин ҳавопаймо боз ба Ҷамъият зарари ба миқдори махсусан калон – 6 млн доллари ИМА расонида шудааст).

Қайд кардан ба маврид аст, ки кирдорҳои Халиков Р.И. ба муфлисшавӣ расонидани ҶСК «Тоҷик Эйр», тақсимоти нави бозори авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба манфиати ширкатҳои ҳавопаймоии Федератсияи Россия равона карда шудаанд. Аз рӯи маълумотҳои собиқ роҳбарони соҳаи авиатсияи граждании вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз ҷумла раёсати авиатсияи граждании ин вазорат) ва собиқ кормандони ҶСК «Тоҷик Эйр», ки дар самти тиҷорат ва муҳосибот фаъолият мекарданд, ҳолати тақсимоти бозори авиатсияи граждании кишвар ва ба манфиати ширкатҳои ҳавопаймоии Федератсияи Россия фаъолият доштани Халиков Р.И. ба чашм мерасид. Чунончи, Халиков Р.И. бо мақсади ба роҳ мондани ҳамкорӣ ба манфиати ширкатҳои россиягӣ ва манфиатҳои шахсии худ собиқ кормандони вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раёсати авиатсияи граждании ин вазоратро ба шаҳри Москва ба назди дӯстони худ – роҳбарони авиатсияи граждании Федератсияи Россия бурда, шинос мекардааст. Бо дарназардошти он ки ин нафарон бо тавсия ва дастгирии худи Халиков Рустам Исуфович ба вазифа таъин шуда буданд, аз онҳо талаб мекард, ки супоришҳо ва дастурҳои ӯ ҳатман амалӣ карда шаванд. Аз ин ҷо, «дастурҳои» додаи Халиков Р.И. ба ин шахсони масъули вазорати нақлиёт (оид ба зиёд намудани шумораи иҷрои парвозҳои ширкатҳои ҳавопаймоии Федератсияи Россия) ва кормандони Ҷамъият (оид ба баланд кардани нархи чиптаҳои ҳавопаймои Ҷамъият ва рақобатнопазир гардонидани ҶСК «Тоҷик Эйр» дар ин бозор нисбат ба ширкатҳои ҳавопаймоии Федератсияи Россия), бо мақсади тарафдории манфиатҳои ширкатҳои ҳавопаймоии Федератсияи Россия ва ба муфлисшавӣ расонидани ҶСК «Тоҷик Эйр» равона карда шуда, дар ниҳоят аз манфиатҳои шахсии худи Халиков Р.И. шаҳодат медиҳанд.

Дар айни замон шумораи иҷрои парвозҳои дутарафа аз Тоҷикистон ба Россия дар 1 моҳ зиёда аз 800 парвоз аз ҷониби ширкатҳои ҳавопаймоии Федератсияи Россия (ширкатҳои ҳавопаймоии «Уралские авиалинии», «ЮтЭйр» ва «Сибирь») ва зиёда аз 100 парвоз аз ҷониби ширкатҳои ҳавопаймоии кишвар амалӣ мешаванд (85 фоизи парвозҳоро ширкатҳои россиягӣ ва танҳо 15 фоизро ширкатҳои тоҷикистонӣ иҷро мекунанд). Аз ин ҷо бармеояд, ки мақсади асосии дастгирии ширкатҳои ҳавопаймоии Федератсияи Россия ба манфиатҳои шахсии худи Халиков Р.И. равона карда шуда, то айни ҳол аз ин сарчашма ӯ даромад мегирад.

Халиков Р.И. дар давраи фаъолияти худ ба сифати директори генералии ҶСК «Тоҷик Эйр» дар санаи 04 январи соли 2016 шартномаи қарзиро бо Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» баста, дар 2 марҳила дар умум 50 млн сомонӣ бо 15 фоизи солона қарз гирифтааст. Аз ҳисоби ин маблағҳо ӯ қарзҳои пешинаи Ҷамъиятро пардохт намудааст. Дар оқибат Халиков Р.И. як қарзро пардохт ва қарзи навро дар ҳаҷми зиёда аз 79 млн сомонӣ пайдо намудааст. Мавриди зикр аст, ки дар солҳои 2016-2022 роҳбарияти ҶСК «Тоҷик Эйр» қарзи асосиро аз ин шартнома дар ҳаҷми зиёда аз 5 млн сомонӣ пардохт кардааст, вале аз ин шартнома боз фоизи қарзи ҳисобшуда баробар ба 29 356 807 сомонӣ зиёд шудааст. Аз маблағҳои ҳисобшудаи фоизӣ роҳбарияти Ҷамъият 13 712 497 сомонӣ пардохт кардааст. Ба ҳолати 31 декабри соли 2023 ҶСК «Тоҷик Эйр» дар назди Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» 60 484 310 сомонӣ қарздор аст. Ҳамин тавр, аз кирдорҳои Халиков Р.И. (баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ) ва аз оқибатҳои бемасъулиятии ӯ, ба ҶСК «Тоҷик Эйр» дар умум зарари молиявӣ ба миқдори махсусан калон ба миқдори зерин расонда шудааст:

 – 17 559 046 сомонӣ – аз созишномаҳо бо ҶДММ «Мутриба»;

 – 6 000 007,60 доллари ИМА – аз Созишнома бо ширкати «WWTAI AIRОРСО 2 ВЕRМUDА Ltd» (ШМА);

– 20 216 425,54 доллари ИМА – аз Созишномаҳо бо ширкати UAB «Skyroad Leasing»;

– 3 500 000 доллари ИМА – барои барқарор кардани ҳавопаймои Боинг 737-300;

– 6 270 000 доллари ИМА – маблағ барои барқарор кардани ду ҳавопаймои Боинг 737-500 (LY-AWF/LY-AWG);

– 35 302 602,23 рубл – маблағи аз ҳисоби чиптаҳои фурӯхташудаи ҶСК «Тоҷик Эйр» дар ТКП («Транспортная клиринговая палата», шаҳри Москваи Федератсияи Россия) ситонидашуда, ҳамчун қарзи Ҷамъият дар назди ширкати «Skyroad Leasing»;

– 27 000 000 рубл – маблағи нигаҳдории ҳавопаймои Боинг 737- 300 дар фурудгоҳи байналмилалии «Внуково» ба ҳолати 28 декабри соли 2022;

 – 60 484 310 сомонӣ аз шартномаи қарз бо Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк».

Ҷолиби диққат аст, ки ҳамаи ин қарзҳо аз солҳои 2014-2016 – аз давраи роҳбарии Халиков Р.И. пайдо шуда буданд. Дар солҳои минбаъда дар давраи роҳбарии дигар директорони генералии ҶСК «Тоҷик Эйр» дар солҳои 2017 – 2023 ва то айни ҳол ин гуна муаммоҳо ҷой надоштанд. Дар давраи солҳои 2017 то замони ҳозира монеаи асосии пешбурди фаъолияти молиявӣ-хоҷагии ҶСК «Тоҷик Эйр» ин муаммоҳои давраи роҳбарии Халиков Р.И. дар солҳои 2014-2016, аз ҷумла дар муҳлати муқарраркардашуда барнагардонидани ду ҳавопаймои ширкати UAB «Skyroad Leasing» (Ҷумҳурии Литва); эътирофи ҳалномаи суди арбитражию тиҷоратии шаҳри Вилнюс ва ба иҷро расонидани ин санади судӣ; пайдоиши қарзи калон аз Созишнома бо ширкати «WWTAI AIRОРСО 2 ВЕRМUDА Ltd»; пардохт накардани қарзи бонкӣ (аз шартномаи қарз бо Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк») ба миқдори махсусан калон (50 млн сомонӣ таҳти 15 фоизи солона, дар умум баробар ба 79 млн сомонӣ) гаштаанд.

Таъкид намудан ба маврид аст, ки ин ҳолатҳо аз тасдиқи санади судии суди арбитражию тиҷоратии шаҳри Вилнюс дар соли 2014 ва иҷроиши он дар солҳои минбаъда алоқаманд аст. Пайдоиши қарзҳои ба миқдори махсусан калони Ҷамъият аз давраи роҳбарии Халиков Р.И. – аз соли 2014 оғоз шуда, дар оянда барои пешравии фаъолияти ҶСК «Тоҷик Эйр» монеа шуданд. Аз соли 2017 то айни ҳол дигар роҳбарони ҶСК «Тоҷик Эйр» натавонистанд, ки ин қарзҳоро пардохт намоянд. Минбаъда, дар солҳои 2017-2023, роҳбарони Ҷамъият аз иҷрои ин санади судӣ ва пардохт кардани ин қарзи калон баромада натавонистанд.

Аз ин ҷо, баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ, таъсири оқибатҳои ин амал ва исрофкории собиқ директори генералии ҶСК «Тоҷик Эйр» Халиков Рустам Исуфович ба ҶСК «Тоҷик Эйр» дар маҷмуъ зарар ба миқдори махсусан калон баробар ба 78 043 356 сомонӣ, 62 302 602,23 рубл ва 35 986 433,14 доллари ИМА расонида шудааст. Аз ин маблағ дар давраи пешбурди парванда Халиков Рустам Исуфович танҳо 30,5 миллион сомониро барқарор намудаасту халос. Дар ҳолати барқарор намудани ҳамаи ин зарар фаъолияти мунтазами молиявии ширкати миллӣ – ҶСК «Тоҷик Эйр» ва парвозҳои ҳавопаймоҳои он аз нав оғоз хоҳад шуд.

Абдуллоев ЗЕБДУЛЛО Фатҳуллоевич, намояндаи ваколатдори ҶСК «Тоҷик Эйр»

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь