Маркази маъмурии вилояти Хатлоншаҳри Бохтар солҳои охир дар натиҷаи сиёсати хирадмандонаи Пешвои муазами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва заҳмату талолшҳои шабонарӯзии ҳукумати шаҳр ва соҳибкорони бо нангу ори кишвар бо бунёди коргоҳу корхонаҳои саноатӣ, биноҳои баланошиёнаи замонавӣ ва дигар иншотӣ ҳаётан муҳим симои худро ба кули тағйир дода ба як шаҳри пешрафтаи кишвари азизамон Тоҷикстон тадбил ёфтааст.

Хабарнигори МТЖТ барои ошнои пайдо кардани фаъолияти Шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимяти маҳалии шаҳри Бохтар бо роҳбари он Вали Ятимзода суҳбати ихтисосӣ анҷом дод. Мавсуф дар оғози суҳбат зикр кард, ки Шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии ҳукумати шаҳри Бохтар фаъолияти худро дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмоалӣ Раҳмон, Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба роҳ монда, кушиш ба харҷ додаистодаанд, ки иншоотҳое, ки дар шаҳр бунёд мешаванд бо сифати баланди меъморӣ ва стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгу бошанд. Мақсади мо ободии маркази вилоят аст. Номбурда қайд, кард, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи сохтмонро яке аз соҳаҳои муҳими иҷтимоиву иқтисодӣ, инъикоскунандаи рушди кишвар ва сатҳу сифати зиндагии мардум арзёбӣ кардаанд. Аз ин лиҳоз мақомти маҳаллӣ шаҳр ва мо сохтмончиён ҳама талошҳои худро баҳри ободу зебо гардонидани маркази маъмурии вилояти Хатлон-шаҳри Бохтар, ки ҳамарӯза ба ин ҷо меҳмонони зиёди дохиливу хориҷӣ сафар мекунанд равона кардем, то иншооти бунёдшавандаро бо сифати аъло ба анҷом расонем. Азми бунёди 270 иншоот то ҷашни 35-солаги Истиқлолият Валиҷон Ятимзода, ҳамчун афзуд, ки то ҷашни 35- солагии Истиқлолияти давалтии кишвар дар шаҳри Бохтар аз ҳисоби ҳама сарчашмаҳои даромад бунёду таъмири беш аз 270 иншоот пешбини шудааст, ки то имрӯз зиёда аз беш аз 20 адади онҳо бо таъсиси 300 ҷойи нави корӣ бунёд гаштаанд. Дар идома суҳбат ӯ қайд кард, ки аз иншоотҳои сохташаванда 16 адад дар соҳаи мариф, 5 адад соҳаи тандрустӣ, 5 адад соҳаи фарҳанг, 4 иншоот дар соҳаи кишоварзӣ, 4 иншооти сайёҳӣ ва ҳунарҳои марумӣ, таъмири асосии беш аз 10 километр роҳҳои мошингард, кашидани хати оби нушокӣ, 60 адад марказҳои хизматрасонӣ ва савдо 10 адад иншоот дар соҳаи варзиш ва беш аз 150 иншооти дигар мебошад. Номбурда илова кард, ки аз ин теъдод иншооти бунёдшаванда ба истиқболи ин санаи муҳими таърихи 46 адади он дар соли 2022 ба нақша гирфита шуда буд, ки он пурра иҷро гардида, айни замон сохтмони даҳо иншооти ҷашнӣ дар шаҳр бо маром идома дорад. Иншоотҳои ҷашнӣ бо харҷи 9000000,0 сомонӣ аз ҳисоби буҷети ҷумҳурӣ, вилоят, шаҳр, сармояи хориҷӣ, соҳибкорон ва маблағҳои худӣ буёнд карда мешаванд. -Баъди ба истифода додани иншооти мазкур 2780 нафар сокинон бо ҷойи кор таъмин хоҳанд шуд, ки ин дар боло бурадни сатҳи зиндагии сокинон ва некуаҳволии онҳо мусоидат хоҳад кард, -гуфт мавсуф.

Бунёди 17 корхонаи саноатӣ дар шаҳри Бохтар

То соли 2026 дар шаҳри Бохтар 17 корхонаи саноатӣ бунёд хоҳад шуд, ки ҳоло дар чанде аз онҳо корҳои сохтмонӣ бо маром идома дорад. Бунёди ин корхонаҳо дар маркази вилояти Хатлон-шаҳри Бохтар дар доираи эълон шудани солҳои 2022-2026 “Солҳои рушди саноат” аз ҷониби сарвари давлат ба нақша гирфита шудаст, ки то ҷашни 35-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи онҳо бунёд хоҳанд шуд.

Корхонаву коргоҳи саноатии бунёдшаванда дар шаҳр инҳо мебошанд. Корхонаи коркарди шир, се адад корхонаи коркарди маваю сабзавот, нушокиҳои ташнашикан, сехи истеҳсоли нону қанодӣ, дӯзандагӣ, духти либосҳои мактабӣ, хӯрокворӣ, атласбофӣ, адрасбофӣ, хиштбарорӣ, сангрезакунӣ, маҳсулоти битонӣ, корхонаи коркарди гугирд ва 9 адад корхонаву коргоҳи дигар мебошанд. Ӯ илова кард, ки воқеанҳам дар ободиву бунёдкории шаҳри Бохтар саҳми соҳибкорон барҳъало мушоҳида гардида, ҳамкории бахши хусуси бо мақомотҳои маҳалли то рафт вусъати тоза касб мекунад. Раванди бо суръати чунин ҳамкориҳо масири рушдро барои оянда бозҳам ҳамвортар карда, боиси ғанӣ гардонидани иқтисодиёти кишвар ва соҳибкорон хоҳад буд. Ин ҳама талошҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар ва сокинони он бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35- солагии Истиқлолияти давлатии кишвар мебошад. Сифат ва назорати иншооти бунёшаванда мароми мост.

Валиҷон Ятимзода мудири Шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимяти маҳалии шаҳри Бохтар дар фарҷоми суҳбат қайд кард, ки дар оянда мо ҳама талошҳои худро баҳри саривақт иҷро намдуани дастуру супоришҳои ҳукумтаи кишвар, Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар равона карда, бунёди иншооти сохташавандаро дар маркази маъмуирии вилояти Хатлон-шаҳри Бохтар бо сифтаи аъло ва ҷавогу ба ҳама стандартҳои меъморӣ ба аноҷом хоҳем расонид, ҷашни 35-солагии Истиқлолияти далватии кишварро бо дастовардҳои хуб истиқбол мегирем.

Раҳмоналӣ Додархӯҷаев «Фараж»

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь