Бо мақсади ошноӣ аз фаъолияти Раёсати молияи ноҳияи Фархор хабарнигори МТЖТ бо сардори он Ҳусайнзода Нуралӣ суҳбати ихтисоси анҷом дод.

Номбурда дар оғози суҳбат изҳор дошт, ки соҳаи молия асоси пешрафти кишвар маҳсуб ёфта, барои пешрафти тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии ҷомеа заминагузор аст. Чи тавре, ки Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфтаанд: “Пешбурди сиёсати оқилона ва устувории молиявӣ дар тамоми давру замон омили асосии суботи давлат мебошад”.

Қайд карда шуд, ки бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар бахши молияи иқтисодиёти миллӣ дар асоси талаботи ислоҳоти бозорӣ ва бо назардошти таҷрибаи давлатҳои мутараққӣ ташаккул ва инкишоф ёфт. Имрӯз соҳаи молия ба бахши муҳими иқтисодиёти миллӣ табдил ёфта, дар рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакат нақши муҳим мебозад.

 Ба кормандони Раёсати молияи ноҳия бинои наву замонавӣ тӯҳфа карда шуд

Мусоҳиби мо изҳори хушнудӣ аз он кард, ки дар доираи ҷашни 30-солагии истиқлолияти давлатии кишвар бо дастгирии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фархор барои кормандони Раёсати молияи ноҳия, ки дар як бинои иҷора менишастанд, бинои хуштарзу замонавӣ, ки дорои  ҳама шароитҳои корӣ аст, бунёд гардида, мавриди истифода қарор дода шуд. Кормандони Раёсати молияи ноҳияи мазкур аз дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат, Вазорати молия, МИҲД-и ноҳия ва Сарраёсати Вазорати молияи вилояти Хатлон  хушнуд гардида, фаъолияти кории худро дар асоси дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин қарору фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,  дастуру супоришҳои Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда,  дар 8 моҳи  соли 2023 бо мақсади пешбурди сиёсати молияи давлатӣ дар миқёси вилоят ва таъмини иҷрои нишондиҳандаҳое, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023” муқаррар кардааст, корҳои муайянеро ба анҷом расонидаанд.

 Иҷрои барзиёди қисми даромади  буҷет дар 8 моҳ

Қайд гардид, ки заҳматҳои шабонарӯзии роҳбарият ва кормандони Раёсати молия дар ноҳияи Фархор ва МИҲД-и ноҳия аст, ки   дар ҳашт моҳи соли 2023 нақшаи қисми даромади худии буҷети маҳаллии ноҳия ба ҷойи 32 514 801 сомонӣ ба маблағи 35 011 816 сомонӣ иҷро гардид ё ин, ки 107,7%-ро ташкил намуда, маблағҳои мақсаднок (мусоидати молиявӣ)  43674 590 сомонӣ иҷро гардид. Маблағи зиёдшавии музди меҳнат аз буҷети ҷумҳурӣ 2689422 сомонӣ ворид шуд. Бо назардошти маблағҳои мақсаднок ба ҷойи 81820625 сомонии пешбинишуда 81820 625 сомонӣ ворид гардид, ки 100%-ро ташкил медиҳад.  “Ҳамаи 7 намуди андозҳои дар ноҳия амалкунанда пурра ва сифатнок иҷро гардиданд,” илова кард Ҳусайнзода Нуралӣ.

Гуфта шуд, ки қисми хароҷоти буҷети маҳаллии ноҳия ба ҳолати 1-уми сентябр соли 2023 ба ҷойи 79 481 527 сомонӣ ба маблағи 80073 914 сомонӣ аз худ карда шудааст, ки 100,7%-ро ташкил медиҳад.

Соҳаи маориф ва тандурустӣ ба зимистон пурра омодаанд.

Иттилоъ дода шуд, ки ҷиҳати иҷрои дустуру супоришҳои Ҳукумати кишвар, МИҲД-и вилоят ва ноҳия  барои бе мушкили гузаронидани зимистони солҳои 2023-2024 дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ ва дигар соҳаҳо  ҳамаҷониба омодагӣ дида шуда, маблағҳои пешбинигардида аз ҳисоби буҷети ноҳия барои ин соҳаҳо сад дарсад ҷудо гашта,  аллакай соҳаҳои мазкур пурра ба  давраи тирамоҳу зимистони имсола омода  шудаанд. Ҳамчунин, барои таъмиру нигоҳдории  роҳҳои аҳамияти маҳаллидошта аз ҳисоби буҷети ноҳия дар ин давра 525 ҳазор сомонӣ маблағгузорӣ  карда шудааст.

Кормандони ташкилоту идораҳои буҷетӣ саривақт бо музди меҳнат  таъмин мегарданд.

Натиҷаи заҳматҳои блоки иқтисодии ноҳияи Фархор  аст, ки ба ҳолати 1-уми сентябри соли ҷорӣ дар ноҳия моддаҳои ҳимояшаванда, музди меҳнати ташкилоту идораҳои буҷетӣ пурра пардохт карда шуда,  дар оянда низ роҳбарияти Раёсат ва кормандони он ҳама донишу малакаи худро баҳри таъмини саривақтии музди меҳнати ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ равона хоҳанд кард, то қарздорӣ ва қафомонии музди меҳнат ба миён наояд.

 Омодагӣ ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии кишвар

Дар фарҷоми суҳбат сардори Раёсати молияи ноҳияи Фархор Ҳусайнзода Нуралӣ қайд кард, ки дар оянда низ  фаъолияти худро боз ҳам пурзур намуда, баҳри давлату миллати худ содиқона хизмат хоҳанд кард.

Пешвои муаззами миллат аз кормандони давлатӣ тақозо менамоянд, ки бо дилу нияти пок ба давлату миллат хизмат намоянд ва ин гуфтаи Пешвои миллат шиори онҳост ва тамоми донишу малакаи худро баҳри пешрафти давлату миллат сарф хоҳанд кард.

Дар ин баробар аҳли кормандони Раёсати молияи ноҳияи Фархор барои сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми талошҳои худро равона месозанд ва кӯшиш доранд, ки ин санаи фархундаро бо дастовардҳои арзанда истиқбол гиранд.

Раҳмоналӣ ДОДАРХУҶАЕВ,

МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь