Аз рӯи натиҷаҳои соли 2024 содироти сабзавоту меваҷот аз Тоҷикистон ба Русия нисбат ба соли 2023 47% афзоиш ёфтааст. Ва сарфи назар аз он, ки тайи даҳ соли охир муомилоти дуҷонибаи маҳсулоти кишоварзӣ устуворона афзоиш меёбад, чунин суръати афзоиши назаррас дар муомилоти сабзавоту меваҷот байни Тоҷикистону Русия то ҳол мушоҳида нашуда буд – оё ин аз он шаҳодат медиҳад, ки соҳаи кишоварзӣ ба як самти муайяни ҳамкории Тоҷикистону Русия табдил ёфтааст?

“Харитаи роҳ”-и ҳамкориҳои вазоратҳои кишоварзии Русия ва Тоҷикистон масоили омодасозии кадрҳо барои бахши кишоварзӣ, табодули таҷриба байни донишгоҳҳои кишоварзии ду кишвар ва аз Русия таҳвил додани техникаи кишоварзӣ, таҷҳизот ва нуриҳои минералиро дар бар мегирад.

Бояд гуфт, ки Русия ҳамеша шарики  асосии Тоҷикистон дар бахши кишоварзӣ буд – ҳудуди 70%-и ҳаҷми умумии муомилоти мутақобилаи Русия ва Тоҷикистонро маҳсулоти кишоварзӣ ташкил медиҳад. Илова бар ин, ҳамкориҳои кишварҳои мо дар ин бахш фаротар аз равобити тиҷоратӣ аст: “Дар ин самт самаранокии ҳамкориҳои байни истеҳсолкунандагони техникаи кишоварзии Русия ва деҳқонони тоҷикро дар раванди азнавсозии кишоварзии ҷумҳурӣ, ҳамкориҳо дар соҳаи чорводорӣ, тухмипарварӣ, инноватсия ва технологияҳои нав қайд кардан ҷоиз аст. Тибқи ҳисобҳои ниҳодҳои соҳавӣ, гардиши маҳсулоти кишоварзӣ байни Русия ва Тоҷикистон афзоиш хоҳад ёфт. Дар соли 2023 вазоратҳои кишоварзии Русия ва Тоҷикистон харитаи роҳро оид ба фаъолгардонии ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ барои солҳои 2024-2026 ба имзо расониданд, ки ин ҳавасмандии ҷониби Русияро ба афзоиш ва гуногунсозии таҳвили мутақобилаи маҳсулоти кишоварзӣ нишон дода, нияти Тоҷикистонро барои густариш додани ҳамкорӣ дар бахши кишоварзӣ собит мекунад” – мегӯяд роҳбари намояндагии тиҷоратии Федератсияи Русия дар Тоҷикистон Евгений Коренков.

Харитаи роҳи ҳамкориҳои вазоратҳои кишоварзии Русия ва Тоҷикистон масоили омода кардани кадрҳо барои бахши кишоварзӣ, табодули таҷриба байни донишгоҳҳои кишоварзии ду кишвар ва аз Русия интиқол додани техникаи кишоварзӣ, таҷҳизот ва нуриҳои минералиро дар бар мегирад.

Ба андешаи коршиноси масоили Осиёи Марказӣ Фаридун Усмонов, дар соли 2024 афзоиш ёфтани содироти маҳсулоти кишоварзӣ аз Тоҷикистон ба Русия бо омилҳои муайян вобастагӣ дорад: “Дар миёнаи соли 2022 Тоҷикистон ба далели камҳосилӣ ва норасоӣ дар содироти пиёз маҳдудиятҳои муайян ҷорӣ кард, ҳарчанд ҳиссаи пиёз дар содироти маҳсулоти кишоварзӣ аз Тоҷикистон хеле калон аст. Соли 2024 чунин маҳдудиятҳо вуҷуд надоштанд, бинобар ин, аз ҳисоби содироти пиёз ва афзоиши содироти зардолую меваи хушк тавонистем, ки нисбат ба соли 2023 нишондиҳандаҳоро ба таври назаррас беҳтар созем”.

Ҳамзамон бояд қайд кард, ки дар соли 2024 таҳвили сабзавот ба Русия 47%, меваи хушк 60% ва зардолуи хушк 100% афзоиш ёфтааст. Ин маҳсулотҳо, ва инчунин, зардолую ангури тару тоза аз ҷиҳати содирот маҳсулоти пешсаф ба шумор мераванд, зеро арзиши иловагии ин маҳсулотҳо баланд буда, талабот ба онҳо дар бозори Русия зиёд аст.

Ба соҳаи кишоварзӣ 25%-и ММД-и Тоҷикистон, 70%-и ҷойҳои корӣ, 25%-и содирот, 35%-и даромадҳои андоз, 30%-и заминҳои Тоҷикистон рост меояд.

Тавре коршинос Фаридун Усмонов қайд мекунад, боғдорӣ ва токпарварӣ бахшҳои асосии соҳаи кишоварзӣ мебошанд ва Президенти кишварамон Эмомалӣ Раҳмон ба онҳо таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд. Коршинос таъкид мекунад, ки барои афзоиши ҳосилнокӣ дар ин соҳаҳо рушд додани инфрасохтор зарур аст ва дар ин масъала густариш додани ҳамкориҳо бо Русия дурнамои хуб дорад.

Аз ҳисоби соҳаи кишоварзӣ 25% ММД, 70% ҷойҳои корӣ, 25% содирот, 35% даромадҳои андоз, 30% заминҳои Тоҷикистон таъмин карда мешавад.

“Барои бунёди боғи зардолую анору себ солҳои зиёд лозим аст – яъне  барои ҳосил додани ниҳолҳо камаш 4-5 сол лозим аст. Аз ин рӯ, дар Тоҷикистон барои афзоиш додани имкониятҳои содиротии кишвар бештар ба инфрасохтор сармоягузорӣ кардан, барои обёрии заминҳое, ки дар кишоварзӣ истифода мешаванд, инчунин, бунёди боғҳои нав шароит фароҳам овардан лозим аст. Яке аз маҳсулотҳои асосии содиротии Тоҷикистон зардолу мебошад, ки ҳиссаи асосии тамоми содироти сабзавоту меваҷотро ташкил медиҳад. Қисми бештари зардолу ба намуди меваи хушк содир карда мешавад ва дар ин самт корҳо идома доранд: дар Тоҷикистон, бахусус дар вилояти Суғд, корхонаҳое, ки бо коркарди зардолу ва содироти он ба Федератсияи Русия машғул ҳастанд,  хеле фаъолона рушд мекунанд. Дар баробари ин, дар содироти Тоҷикистон ҳиссаи гелос, анор ва ангур низ хеле калон аст.

Маҳз дар ҳамин самт – яъне фароҳам овардани имкониятҳо барои васеъ кардани заминҳои корам ва боғҳо, инчунин, беҳтар кардани системаҳои обёрӣ – ҳамкории мутақобила ва дастгирии техникии кишварҳои шарике, ки ба ҳамкорӣ бо Тоҷикистон дар ин самт манфиатдоранд, имконпазир (зарур) аст. Пеш аз ҳама, ин самт барои Русия ҷолиб буда метавонад – таъсис додани инфрасохтори зарурӣ барои беҳбудии имкониятҳои кишоварзии Тоҷикистон.

Тибқи гузориши СММ, маҳсулоти Тоҷикистон – пахта, юнучқа, зардолу, чормағз, ҷуворимакка, гандум ва помидор – аз ҳама тозатарин дар ИДМ маҳсуб меёбанд. Ин маҳсулот бе истифодаи нуриҳои минералӣ ва химикатҳо истеҳсол карда мешаванд. Дар кишвари мо, нисбат ба дигар кишварҳо, барои кишоварзии органикӣ замини бештар ҷудо карда шудааст.

Ҳоло иқтидори Тоҷикистон дар содироти меваю сабзавот ба пуррагӣ истифода намешавад – ҳар сол дар саҳрову боғҳо ҳаҷми хеле зиёди меваҷот дар натиҷаи ночинда мондан ва ба бозор набаровардан вайрон мешаванд” – мегӯяд Фаридун Усмонов.

Тибқи гузориши СММ, маҳсулоти Тоҷикистон – пахта, юнучқа, зардолу, чормағз, ҷуворимакка, гандум ва помидор – аз ҳама маҳсулоти тозатарин дар ИДМ маҳсуб меёбад, зеро маҳсулоти мо бе истифодаи нуриҳои минералӣ ва химикатҳо истеҳсол карда мешавад, зиёда аз ин, дар кишвари мо, нисбат ба дигар кишварҳо, барои кишоварзии органикӣ замини бештар ҷудо карда шудааст.

“Рушди инфрасохтори кишоварзӣ ҳамчун яке аз вазифаҳои афзалиятнок дар ҳамкориҳои байни Русия ва Тоҷикистон муайян карда шудааст. Дар ин росто, вақтҳои охир ба бунёди марказҳои логистикӣ ва анборҳои нигоҳдории маҳсулоти зудвайроншаванда таваҷҷуҳи зиёд зоҳир карда мешавад. Ба туфайли ин мо аллакай тавонистем, ки талафи маҳсулотро бо сабаби вайроншавӣ то 15 фоиз коҳиш диҳем. Дар ояндаи наздик бунёди чунин марказҳои нигоҳдорӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ  дар вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳри Душанбе ба нақша гирифта шудааст, ин лоиҳа бо дастгирӣ ва ташаббуси се минтақаи Русия – Маскав, Санкт-Петербург ва Олтой амалӣ гардонида мешавад.

Бунёди марказҳои тақсимотии яклухт барои нигоҳдорӣ, коркард, бастабандӣ ва фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ дар Тоҷикистон ҳамчун яке аз вазифаҳои афзалиятноки ҳукумати кишвар муайян карда шудааст. Аз ҷониби намояндагии тиҷоратии Русия дар Тоҷикистон мунтазам чорабиниҳо оид ба муаррифии бартариҳои иштироки ширкатҳои русӣ дар таъсиси чунин марказҳо баргузор карда мешуд. Айни ҳол мо натиҷаи корамонро интизор ҳастем ва умедворам, ки ба зудӣ иштироки соҳибкорони рус дар бунёди марказҳои агрологистикӣ дар Тоҷикистон тасдиқ хоҳад гардид”, – қайд мекунад Евгений Коренков..

Коршинос Фаридун Усмонов мегӯяд, ки яке аз мушкилотҳои асосӣ дар рушди кишоварзӣ – кам будани шумораи яхдонҳо ва анборҳо барои нигоҳ доштани сабзавоту меваҳои тару тоза дар шароити муносиб мебошад. “Дар ин самт пешравиҳои назаррас дида мешавад – яъне барои ин имкониятҳои калон фароҳам оварда мешаванд, вале минбаъд низ ин самти тиҷоратро маҳз тавассути ҳамкорӣ бо шарикон аз кишварҳое, ки барои харидани маҳсулоти Тоҷикистон омодаанд, бояд  густариш дод.

Аз Барномаи рушди системаҳои кишоварзию озуқаворӣ ва устувории кишоварзӣ то соли 2030: “Афзоиши истеҳсолнокии кишоварзӣ ва таъсиси ҷойҳои нави кориро, ки арзиши баланди иловагиро ба вуҷуд меоранд, ҳамчун кафили амнияти озуқаворӣ метавон арзёбӣ кард”.

Аз Барномаи рушди системаҳои кишоварзию озуқаворӣ ва устувории кишоварзӣ то соли 2030: “Афзоиши истеҳсолнокии кишоварзӣ ва таъсиси ҷойҳои нави кориро, ки арзиши баланди иловагиро ба вуҷуд меоранд, ҳамчун кафили амнияти озуқаворӣ арзёбӣ кардан мумкин аст.”

Яке аз самтҳое, ки барои Тоҷикистон мушкилӣ дорад, фурӯши маҳсулот дар худи бозорҳои Русия мебошад – яъне роҳ ёфтани маҳсулоти Тоҷикистон ба бозори Русия бисёр мушкил аст, аз ин рӯ, ҳамкорӣ бо харидорони  рус, ки манфиатҳои ширкатҳои бузурги Русияро намояндагӣ мекунанд, бисёр муҳим аст. Мувофиқан, аз ҳисоби таъмин намудани чунин фармоишҳои калон истеҳсоли навъҳои алоҳидаи маҳсулотро дар Тоҷикистон минбаъд низ пеш бурдан мумкин аст.

Албатта, истеҳсол ва содироти сабзавоту меваҷот мавсимӣ аст, вале дар Тоҷикистон 7-8 моҳ дар як сол мавсими ҳосил мебошад. Ин имкон медиҳад, ки маҳсулоти мо рақобатпазир бошад ва барои содироти ҳаҷми бештари маҳсулот ба бозорҳои кишварҳои дӯст, пеш аз ҳама Қазоқистон ва Русия, ҳавасманд мегардонад”.

Ба ғайр аз иқтидори содиротии амалинашуда, дар назди Тоҷикистон боз як вазифаи дигар истодааст: худро бо озуқаворие, ки дар кишвар маҳдуд аст, таъмин намудан. Ҳамкорӣ бо Русия дар ин самт низ рушд ёфта истодааст: дар доираи “Харитаи роҳ”-и дар боло зикршуда аз Русия ба Тоҷикистон зироатҳои равғанин, лаблабӯи қанд ва лаблабӯи хӯрокӣ таҳвил карда мешавад.

Ба туфайли чунин дастгирӣ Тоҷикистон имкон пайдо мекунад, ки тавассути рушди як бахши муҳимми иқтисодиёт: афзоиши имкониятҳои содиротӣ, баланд бардоштани иқтидори илмӣ, табодули таҷриба ва технологияҳои зарурӣ амнияти озуқавориро ҳамаҷониба таъмин намояд.

Матлубаи Қ.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь