Бо фаро расидани соли нав одатан аз соли  гузашта  натиҷабардорӣ карда,  дар назди худ мақсадҳои нав мегузоранд. Ҳамин тариқ, Агентии омори Тоҷикистон дар бораи дастовардҳои иқтисодии кишвар дар соли 2023 гузориш дод, ки тибқи он рушди воқеии иқтисодиёти кишвар дар се семоҳаи соли ҷорӣ (2023) 8,3 фоизро ташкил дод ва ин ба шарофати ҷараёни (динамикаи) мусбии соҳаҳои асосии саноат ба амал омад. Дар соли 2024  барои рушди бахшҳои иқтисодиёти кишвар  аз буҷети давлат ихтисос додани  15,3 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст.

«Барои рақамикунонии устувори иқтисодиёти миллӣ ва ташаккули заминаи технологии он бояд ба ислоҳоти соҳаи алоқа суръат бахшем, гузариши марҳилавӣ ба иқтисодиёти рақамӣ ва хизматрасонии рақамиро дар ҳама соҳаҳо таъмин намоем, паркҳои технологӣ таъсис диҳем ва технологияҳои зеҳни сунъӣ ҷорӣ кунем Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.

Роҳҳои рақамӣ

Умуман, ҳангоми таҳлили нишондиҳандаҳои иқтисодӣ солҳои охир дар Тоҷикистон тамоюли хушбинонаи рушди иқтисодиёт ба назар мерасад, ки аз стратегия ва шарикони иқтисодии дуруст интихобшуда  шаҳодат медиҳад. Дар ин матлаб мо кӯшиш кардем, ки ояндаи наздиктарини тараққиёти минбаъдаи иқтисодиёти миллиро таҳлил намоем. Ва он дар муттаҳид кардани ду омили асосии  пешрафти иқтисодиёти Тоҷикистон дида  мешавад: пеш рафтан бо роҳи рақамикунонӣ ва рушди ҳамкорӣ бо шарики асосии иқтисодии кишварамон – Русия.

Солҳои охир дар Тоҷикистон барои рақамикунонии иқтисодиёт кӯшишҳои зиёд ба харҷ дода мешаванд, ки он  ҳамчун вазифаи асосӣ дар Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон то соли 2030 зикр гардидааст. Табдилдиҳии рақамии тамоми бахшҳои иқтисодиёт як раванди ногузир дар рушди ҳар як давлат гардидааст, зеро он ба тезонидани тамоми равандҳои тиҷорат ва кам кардани хароҷоти онҳо, баланд бардоштани ҳосилнокии меҳнат ва дақиқии амалиёт мусоидат карда,  ба шаҳрвандон имкон медиҳад, ки ба хизматрасониҳо ва молҳо  тезтар ва осонтар дастрасӣ пайдо кунанд. Таҷрибаи дигар давлатҳо нишон медиҳад, ки рақамикунонӣ ба афзоиши ММД мусоидат мекунад, яъне афзоиш метавонад дар як сол  10-15%-ро ташкил диҳад.

«Барои фароҳам овардани рушди устувори иқтисодӣ ва баланд бардоштани рақобатпазирии Ҷумҳурии Тоҷикистон  татбиқи васеъи истифодаи технологияҳои рақамӣ, бахусус технологияҳои «рахнакунанда» зарур аст. Рақамикунонии иқтисодиёт барои таҳия ва татбиқи амсилаи муосири рушди иқтисодӣ, инчунин, барои ҷалби сармояҳои хориҷӣ, тағйири истеҳсолоти  мавҷуда ва ба роҳ  мондани истеҳсолоти инноватсионии муосир, таъмини бозори дохилӣ ва афзоиши содирот имконият фароҳам меоварад,” – мегӯяд муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии  назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Саодат Ҷӯрахонзода.

Дар бораи натиҷаҳои асосии раванди табдилдиҳии рақамии Тоҷикистон аз Фаридун Усмонов, коршиноси масоили Осиёи Марказӣ, сармуҳаррири маҷаллаи “Иқтисодчӣ” пурсон шудем: «Раванди рақамикунонӣ дар Тоҷикистон  то ҳол  дар марҳилаи пайдоиш қарор дорад ва ҳанӯз бояд корҳои зиёдеро анҷом диҳем, то бо итминони комил гуфта тавонем, ки Тоҷикистон пурра бо роҳи рақамикунонӣ меравад. Вале  муҳимтарин чизе, ки дар тӯли соли гузашта дар самти рақамикунонӣ рух дод, ин шояд қабули қарор дар бораи истифодаи  ҳатмии  системаҳои пардохти электронӣ барои пардохти хизматрасониҳои давлатӣ бошад. Бо ин васила барои хизматрасонии электронӣ ба аҳолӣ замина эҷод карда мешавад, ки ин хеле муҳим аст, зеро пештар мардуми мо барои пардохти баъзе хизматрасониҳо, ки ҳоло метавонем аз хона набаромада анҷом диҳем, вақти зиёд сарф мекарданд. Маълум аст, ки дар ин самт ҳанӯз бисёр корҳоро бояд анҷом дод, яъне на ҳама шаҳрвандони мо корти бонкӣ доранд, на ҳама имкони пардохт тавассути интернетро доранд, вале муҳим он аст, ки ин иқдом пеш  гирифта шудааст ва он барои бунёди минбаъдаи низоми рақамикунонии хизматрасониҳо дар кишвари мо хеле муҳим аст»

Ҳамкорӣ дар самти  технологияҳои  баланд (иттилоотӣ)

Аз 1-уми августи соли 2023 пардохти хизматрасониҳои коммуналӣ, андозҳо, боҷи давлатӣ барои гирифтани иҷозатномаҳо, ҷаримаҳо ва дигар намудҳои хизматрасониҳои давлатӣ танҳо бо истифода аз кортҳои бонкӣ ё ҳамёнҳои мобилӣ сурат мегирад.

Маълум аст, ки барои дар Тоҷикистон ба таври самаранок ҷорӣ кардани табдилдиҳии  рақамӣ дастгирии  дигар кишварҳои  ботаҷриба  зарур аст. Бахши технологияҳои баланди иқтисодиёт яке аз самтҳои афзалиятноки ҳамкориҳои Тоҷикистону Русия маҳсуб меёбад. Дар ҷумҳурии мо лоиҳаҳои муштарак бо Русия дар бахши технологияҳои иттилоотӣ ва рақамӣ амалӣ карда мешаванд, инчунин, табодули таҷриба дар самтҳои “Ҳукумати электронӣ” ва “Хонаи боҳуш” сурат мегирад.  Байни кишварҳои мо созишномаи сармоягузорӣ  ба маблағи қариб 60 миллион доллар  барои насби дурбинҳои (камераҳои) назоратӣ  дар саросари Душанбе бо мақсади танзими ҳаракати нақлиёт ба имзо расидааст. Илова бар ин, масъалаи иштироки минбаъдаи  IT-ширкатҳои Русия дар рақамикунонии хизматрасониҳо дар шаҳри Душанбе баррасӣ гардида истодааст. Сухан дар бораи агрегаторҳои таксӣ, хизматрасонии самараноки хаткашонӣ ва дигар хидматгузориҳои электронӣ меравад.

Дар охири сол Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати русии «Piter ix» як санади ҳамкорӣ ба имзо расониданд, ки дар он рушди ҳамкориҳо дар самти татбиқи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, инкишофи низоми электронии тиҷорат, таъмини дастрасӣ ба Интернети фарохмаҷро, идоракунии интернет ва таҳкими наслҳои чорум (4G LTE) ва панҷум (5G)-и шабакаҳои компютерӣ пешбинӣ шудааст. Инчунин, моҳи декабр  бо ширкати русии “Цифра”, ки бо ҷумҳурии мо  дар бахшҳои шабеҳ ҳамкорӣ хоҳад кард, санади ҳамкорӣ  ба тасвиб расид.

Ба шарофати кори Платформаи рақамии Соҳибкории хурду миёнаи ФР, соҳибкорони хурду миёнаи рус метавонанд  қисмҳои таҷҳизотро  ба корхонаҳои калони Тоҷикистон таҳвил кунанд. “Платформаи рақамии русии  Соҳибкории хурду миёнаи ФР  барои интихоби суроғавӣ ва пешниҳоди фосилавии чораҳо оид ба дастгирии соҳибкорон ва шахсоне, ки соҳибкор шудан мехоҳанд, таъсис дода шудааст. Ин платформа барои сарфаи вақти соҳибкорон, муошират бо сохторҳои давлатӣ ва пешниҳоди хизматрасониҳои талаботноки  давлатӣ ва тиҷоратӣ  пешбинӣ шудааст. Албатта, пайдо шудани имконият  барои муоширати соҳибкорон бисёр муҳим аст, вале ҳанӯз барои тарғибу машҳур гардонидани ин платформа бояд корҳои  зиёдеро  анҷом дод. Мавҷуд будани имконияти дар муддати кӯтоҳтарин дастрас кардани иттилооти зарурӣ тавассути  платформаи ягонаи рақамӣ ҳам барои истеҳсолкунандагон ва ҳам барои истеъмолкунандагони молу хизматрасониҳо муҳим аст, вале аз гирифтани иттилоот то амалигардонии раванди тиҷорат вақти зиёд  мегузарад.

Платформаи рақамии Соҳибкории хурду миёнаи ФР барои баланд бардоштани сатҳи дастрасии хизматрасониҳо ва чораҳои дастгирии соҳибкории хурду миёна дар Русия таҳия шудааст. Дар ҳоли ҳозир хизматрасонӣ беш аз 1,4 ҳазор ҷойҳои дархостиро пешниҳод мекунад, ки аз ҷониби беш аз 60 ширкатҳои хориҷӣ, аз ҷумла ширкатҳои тоҷикӣ низ  ҷойгир карда шудаанд.

Худи платформаи рақамӣ хизматрасониест, ки пеш аз ҳама ба дастгирии соҳибкорони рус равона карда шудааст ва ҳамзамон барои ташаккули эътимод байни ҷомеаҳои тиҷоратии Русия ва дигар кишварҳо, аз ҷумла Тоҷикистон, муҳим мебошад. Бо назардошти он, ки платформаи  рақамии Соҳибкории хурду миёнаи ФР аз ҷониби Вазорати рушди иқтисоди Федератсияи Русия дастгирӣ ёфта, таҳти назорати давлат қарор дорад, ин як омили иловагӣ  ва  кафолати он аст, ки соҳибкорони тоҷик  метавонанд дилпурона  бо  ширкатҳои русие, ки  ҷузъи ин платформа  мебошанд, робита ва кор барқарор кунанд” – шарҳ медиҳад коршинос Фаридун Усмонов.

Манфиати ҷиддӣ

Соҳибкорони рус ба лоиҳаҳои Тоҷикистон таваҷҷуҳи зиёд зоҳир мекунанд. Ҳоло байни ширкатҳои калони Русия, Шӯрои тиҷоратии Русияву Тоҷикистон ва минтақаҳои озоди иқтисодии  Тоҷикистон – “Кӯлоб” ва “Суғд” се санади ҳамкорӣ амал мекунанд. Моҳи ноябри соли 2023 муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Нуриддинзод Аҳлиддин ба Вазорати рушди иқтисоди Русия  мактуб  ирсол намуд, ки дар он соҳибкорони русро барои иштирок дар 100 лоиҳаи ояндадор дар Тоҷикистон даъват кардааст. Дар ин ҳуҷҷат  дар бораи ҷустуҷӯи сармоягузорон барои корхонаҳои саноати кӯҳӣ, хӯрокворӣ ва сабук, соҳаи хизматрасонӣ, кишоварзӣ ва истеҳсолот бо технологияҳои баланд  сухан меравад.

Коршинос Фаридун Усмонов мегӯяд: «Албатта, вазифаи асосии сохторҳои давлатии Тоҷикистон, бахусус бахши иқтисодӣ – ин ҷалби сармоягузорони хориҷӣ ба иқтисодиёти мо мебошад. Дар баробари ин, яке аз вазифаҳои асосии дигар – ин дар Тоҷикистон фароҳам овардани шароит ва инфрасохтори зарурӣ  барои ҷалби соҳибкорони хориҷӣ ба кишвари мо  аст. Дар кишвари мо 5 минтақаи озоди иқтисодӣ  таъсис дода шудаанд, вале онҳо аз лиҳози  инфрасохтор имкониятҳои хеле маҳдуд доранд – танҳо бо ҷудо кардани қитъаи замин ё додани имтиёзҳои муайян дар доираи иштирок дар МОИ (минтақаи озоди иқтисодӣ)  ҷалб кардани сармоягузорон имконнопазир аст.

Ҳаҷми умумии арзиши лоиҳаҳои байни Русия ва Тоҷикистон  ҳудуди 100 миллиард рублро ташкил медиҳад. Дар маҷмӯъ, дар солҳои охир соҳибкорони Русия ба Тоҷикистон беш аз 130 миллиард рубл сармоягузорӣ кардаанд. Дар маҷмӯъ, ҳиссаи сармоягузориҳои Русия  дар ҳаҷми умумии  сармоягузориҳо ба Тоҷикистон беш аз 16% -ро ташкил медиҳад.

Набояд фаромӯш кард, ки имрӯз дар ҷаҳон барои ҷалби сармоягузорони хориҷӣ рақобат рафта истодааст,  дар баробари Тоҷикистон ҳар як кишвар ба ҷалби сармоягузорон манфиатдор аст ва кӯшиш мекунад, ки шароитҳои беҳтаринро пешниҳод  кунад.  Барои мисол, имрӯз Туркия, ки бо мушкилоти иқтисодӣ рӯ ба рӯ аст ва талош дорад  ноустувории иқтисодии худро  бо ҷалби ҳаҷми калони сармояи хориҷӣ рӯйпӯш кунад, корҳои зиёдеро  дар ин самт анҷом медиҳад. Инчунин, дар ин масъала Ӯзбекистон низ хеле  фаъолона  корбарӣ мекунад  ва тавре мушоҳида мекунем,  лоиҳаҳои хеле ҷолиби инфрасохторӣ эҷод  карда истодааст. Қирғизистон, Қазоқистон ва дигар кишварҳои пасошӯравӣ низ барои ҷалби сармоягузорони Русия фаъолона мубориза бурда истодаанд. Тавре дар мисоли Қирғизистон ё Арманистон мебинем, ин кишварҳо ба ғайр аз он, ки  дар қаламрави худ  имкониятҳои хуби инфрасохторӣ фароҳам месозанд, инчунин, узви Иттиҳоди Гумрукӣ ва Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё  мебошанд, ки ин онҳоро дар муқоиса бо  кишварҳои берун аз Иттиҳод барои сармоягузорон ҷолибтар мегардонад.

«Барои дастгирии лоиҳаҳои тиҷоратӣ ва ҷалби таваҷҷуҳи сармоягузорони хориҷӣ ба Тоҷикистон хеле муҳим аст, ки дар инфрасохтор тағйиротҳои ҷиддӣ ворид карда шаванд» – коршиноси масоили Осиёи Марказӣ Фаридун Усмонов.

Аз ин рӯ, барои он ки соҳибкорони рус ба кишвари мо майли бештар пайдо кунанд ва  ба иқтисодиёти мо сармоягузорӣ намоянд, бояд нисбат ба дигар кишварҳо  кӯшиши бештар ба харҷ диҳем ва шароитҳои беҳтарро пешниҳод кунем. Танҳо бо пешниҳод кор пеш намеравад, барои ин тамаркузи бештари кӯшишҳо, ҳамкории сохторҳои давлатӣ ва соҳибкорони тоҷик зарур аст. Дар ин сурат метавонем соҳибкорони русро ба иқтисодиёти худ ҷалб намоем. Мо бояд дарк кунем, ки имрӯз соҳибкорони рус  майдонҳои нав ва имкониятҳоро барои тавсеъа додани доираи фаъолияти худ ҷустуҷӯ  доранд, вале ин давра беохир нест, аз ин рӯ, мо бояд ҳарчи зудтар имкониятҳои худро  муттаҳид  ва барои ҷалби соҳибкорони рус якҷоя амал кунем”.

Матлубаи Қ.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь