15-уми май аз ҷониби Ассотсиатсияи миллии соҳибкории хурду миёна дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар дар мавзӯи “E-commerce 2023: арзёбӣ ва раванди рушд” баргузор гардид, ки дар он коршиносони соҳаи қонунгузорӣ ва тиҷорати электронии кишвар, намояндагони корхонаҳои хурду миёна, ассотсиатсияҳои соҳибкорӣ ва ширкатҳои мобилӣ иштирок намуданд.

Мизи мудаввар ба арзёбии заминаи ҳуқуқии тиҷорати электронӣ дар партави қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тиҷорати электронӣ” ва баррасии равандҳои муосири рушди ширкатҳои кишвар нигаронида шуда, дар он масъалаҳои муҳимми соҳа баррасӣ ва ба муҳокима кашида шуданд. Иштирокдорони мизи мудаввар асосан ба пурсишҳои чаро бояд тиҷорати электронӣ танзим карда шавад, қонуни нави тиҷорати электронӣ чӣ гуна ба корхонаҳои хурду миёна кумак мерасонад, кадом равандҳо ва векторҳои рушди тиҷорати электрониро дар солҳои оянда мушоҳида кардан имконпазир аст, ҳуқуқҳои рақамӣ чист ва чаро ҳамаи иштирокчиёни бозори тиҷорати электронӣ бояд онҳоро риоя намоянд, тавозуни байни манфиатҳои ширкат, риояи ҳуқуқҳои рақамии шаҳрвандонро чӣ гуна бояд нигоҳ дошт ва ғайра тамаркуз намуда ва онро ба муҳокима кашиданд.

Мизи мудавварро директори Ассотсиатсияи соҳибкории хурду миёна дар Тоҷикистон Насибахон Аминова оғоз намуда, мавзӯҳои баррасишавандаи онро муҳим ва саривақтӣ донист: “Ман фикр мекунам, ки ба соҳаи мазкур, яъне тиҷорати электронӣ, хусусан ба қонунгузории он таваҷҷуҳ намудан зарур аст. Зеро ҳанӯз масъалаҳои зиёди норӯшане ва ё тафсирнашудае дар ин соҳа мавҷуд аст, ки бояд ба баҳс кашида шаванд, то тамоми ҷанбаҳои норӯшани он рӯшан ва тафсир гарданд. Ҳамчунин, мо бояд масъалаҳои марбут ба ҳимояи истеъмолкунандагони тиҷорати электронӣ ва муҳити боэътимоди тиҷорати электрониро баррасӣ намоем”.

Баъдан Субҳиддин Баҳриддинзода коршинос ва мушовири Ассотсиатсияи миллии соҳибкории хурду миёна дар мавзӯи «Навовариҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тиҷорати электронӣ” ибрози назар намуда, аз ҷумла оиди муаррифии қонуни мазкур чунин гуфт: “Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тиҷорати электронӣ” муносибатҳои ҷамъиятиро дар соҳаи тиҷорати рақамӣ танзим карда ва ба ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии иштирокчиёни савдои электронӣ, инчунин, таъмини фаъолияти онҳо нигаронида шудааст.

Самтҳои сиёсати давлатӣ дар соҳаи тиҷорати электронӣ чунинанд:

1) дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии тиҷорати электронӣ;

2) фароҳам овардани шароит барои ҷалби сармоягузорӣ, технологияҳои муосир ва таҷҳизот барои амалӣ намудани тиҷорати электронӣ;

3) ҳавасмандгардонии тадқиқоти илмӣ-техникӣ, омодагӣ, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кадрҳо;

4) мусоидат ба ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи тиҷорати электронӣ”.

Зимни он ҳамчунин, мутахассисон Севара Шукурова, Малика Ризоӣ ва Ситора Сатторова оиди раванд ва дурнамои рушди тиҷорати электронӣ ибрози назар намуданд.

Ҳамчунин, дар қисмати дуюми мизи мудаввар, ки “Ҳуқуқҳои рақамӣ ва тиҷорати электронӣ” унвон дошт, Ибодуллоев Муҳаммадӣ – директори Фонди ҷамъиятии Ташаббуси шаҳрвандӣ оиди сиёсати интернет дар мавзӯи “Раддабандии ҳуқуқҳои рақамӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ” маъруза намуда, ҷанбаҳои норӯшани мавзӯро ба баҳс кашид:  “Риояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони рақамӣ аксар вақт бидуни таваҷҷӯҳи дурусти тиҷорат ва фаҳмиши дурусти худи шаҳрвандон боқӣ мемонад.”

Аз рӯйи маълумот соли 2022 Бунёди ҷамъиятии GIPI «Рейтинги ҳуқуқҳои рақамӣ дар Осиёи Марказӣ»-ро дар байни 16 ширкати кишварҳои минтақа гузаронидааст, ки як қатор масъалаҳои марбут ба риояи ҳуқуқҳои рақамии шаҳрвандон аз ҷониби бахши тиҷоратро фаро мегирад. Дар ин тадқиқот ширкатҳои телекоммуникатсионӣ, тиҷорати электронӣ ва технологияҳои молиявӣ аз Осиёи Марказӣ интихоб шудаанд.

Дар фарҷоми мизи мудаввар аз ҷониби коршиносон барои дуруст ташаккул додани танзими ҳуқуқии соҳа ба лоиҳаи Қонун Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тиҷорати электронӣ”, ки бояд танзими муносибатҳои ҷамъиятиро дар соҳаи тиҷорати электронӣ инъикос намояд ва ба ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон нигаронида шудааст, тавсияҳо пешниҳод гардиданд.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тиҷорати электронӣ” 24-уми декабри соли 2022 қабул шуда ва аз 1-уми январи соли 2023 ҳукми амал пайдо кардааст.

Бояд гуфт, ки қонуни мазкур ба амалиётҳое, ки бо истифода аз шабакаҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ ва расмиёти электронӣ анҷом дода мешаванд, дахл дорад. Шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродии ба тиҷорати электронӣ машғулбуда бояд тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайди давлатӣ гирифта шаванд.

Мизи мудаввар дар асоси лоиҳаи USAID оид ба рушди соҳибкорӣ ва беҳтаргардонии фазои соҳибкорӣ баргузор карда шуд.

Ёдовар мешавем, ки тӯли солҳои 2021-2022 аз ҷониби Ассотсиатсияи миллии соҳибкории хурду миёнаи Ҷумҳурии Тоҷикистон  як силсила мизҳои мудаввар оид ба тиҷорати электронӣ баргузор гардиданд, ки иштирокчиёни он рушди соҳаи сайёҳӣ, хӯрокворӣ ва хизматрасониро дар доираи автоматикунонии давраи тиҷоратӣ тавассути истифодаи шабакаҳои компютерӣ ва ташаккули экосистемаи тиҷорати электронӣ дар Тоҷикистон баррасӣ намуданд.

М. Қосимӣ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь