Ҳамасола гардиши мол байни Тоҷикистону Русия сарфи назар аз бӯҳронҳо афзоиш меёбад. Танҳо аз рӯйи натиҷаҳои 7 моҳи аввали соли 2023 тиҷорати мутақобила байни кишварҳои мо нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариб 10 фоиз афзоиш ёфтааст.

Сол аз сол

Коршиноси масоили Осиёи Марказӣ, сармуҳаррири маҷаллаи “Иқтисодчӣ” Фаридун Усмонов бар ин назар аст: “Ҳаҷми тиҷорати мутақобила байни Тоҷикистону  Русия сол аз сол афзоиш меёбад. Суръати афзоиши солона 10 фоизро ташкил медиҳад, ки ин нишондиҳандаи хеле баланд аст. Муомилоти мол аз воридот ва содироти мол иборат аст, ки он ба фоидаи Тоҷикистон нест, зеро маъмулан дар савдои хориҷии кишвар номутаносибӣ ба фоидаи воридоти мол  ба назар мерасад. Соли 2021 дар муомилоти мол аз 6,3 миллиард доллар 4,2 миллиард доллар ба воридот ва  2,1 миллиард доллар ба содирот рост меояд, яъне камчинии содирот тақрибан 2 миллиард долларро ташкил медиҳад.

Федератсияи Русия бузургтарин шарики тиҷоратии Тоҷикистон аст,  25 дарсади ҳаҷми умумии гардиши моли кишвар ба Федератсияи Русия рост меояд. Вале ҳаҷми воридот аз Тоҷикистон ба Русия ночиз мебошад, ҳатто 100 миллион долларро ҳам ташкил намедиҳад.    Бояд гуфт, ки дар доираи сафарҳои ахири сиёсатмадорон, намояндагони сохторҳои тиҷоратӣ ва раҳбарони минтақаҳои Русия ба Тоҷикистон, нишондиҳандаҳои тиҷорат тадриҷан афзоиш ёфта, ба самти мусбат рушд мекунанд.

Аз Тоҷикистон  ба Русия матоъ, пойафзол, озуқаворӣ ва ашёи хоми хоҷагии қишлоқ таҳвил карда мешавад. Аз Русия ба Тоҷикистон нӯриҳои маъданӣ, озуқаворӣ, чӯбу металл ва маводи сӯзишворӣ дастрас карда мешавад.

Аз байни кишварҳое, ки маҳсулоти Тоҷикистон ба он ҷо содир карда мешавад, Русия дар ҷойи аввал нест. Соли 2021 ба Қазоқистон ба маблағи 360 миллион доллар, ба Чин ба маблағи 160 миллион доллар, ба Туркия ба маблағи 232 миллион доллар ва ба Швейтсария ба маблағи 900 миллион доллар (асосан тилло) маҳсулот содир карда шудааст. Ширкатҳои Тоҷикистон бояд таваҷҷӯҳи худро бештар ба бозори Русия, ки дар он ҷо ҷойҳои холии нав пайдо шудаанд, равона  кунанд. Ва  барои ворид шудан ба бозори Русия мо бояд лоиҳаҳо ва барномаҳои махсус таҳия кунем».

Гардиши мол байни Русия ва Тоҷикистон дар гузашта 18,3 фоиз афзоиш ёфта, 1,4 миллиард долларро ташкил дод. Муовини раиси Палатаи савдо ва саноати Федератсияи Русия Владимир Падалко таъкид карда буд, ки ҳиссаи назарраси содироти Русияро (ҳудуди 23%)  маҳсулоти ғайриэнергетикӣ ташкил медиҳад. Илова бар ин, ба андешаи Падалко, ҳамкориҳои ду кишвар дар сатҳи минтақаҳо иқтидори бузургро ба вуҷуд меоранд. Дар ҳоли ҳозир зиёда аз 100 палатаҳои минтақавии Русия бо Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ва бахшҳои минтақавии он шартномаҳои шарикӣ доранд.

Ҳамкории зич бо Русия гарави амнияти иқтисодии Тоҷикистон мебошад.

Тоҷикистон на танҳо гардиши мол, балки ҳамкориҳои саноатиро бо Русия густариш дода, ба муҳимтарин занҷирҳои (равандҳои) воридотивазкунӣ  шомил мегардад. Соҳибкорони тоҷик аз ҳамкорӣ бо Русия, ки ба онҳо  имтиёзҳои зиёдеро фароҳам меоварад, даромади иловагӣ ба даст меоранд.

Ҷомеаи тиҷоратӣ

Ширкатҳои Русия дар бахшҳои  муҳимми иқтисодиёти Тоҷикистон, аз қабили сохтмон, энергетика, саноат, иртибот, хизматрасонии молиявӣ ва ғайра фаъолона кор мекунанд. Дар Конфронси ҳамкориҳои байниминтақавии Русия ва Тоҷикистон (моҳи марти соли 2023) зиёда аз 50 санади ҳамкорӣ ба тасвиб расид. Дар қатори онҳо  созишномаи ҳамкорӣ оид ба таъсиси кластери нассоҷӣ байни ҶСК «БТК Групп» ва минтақаи озоди иқтисодии “Кӯлоб”-ро  ном бурдан мумкин аст.

Охири моҳи сентябр муовини Раиси Ҳукумати Русия Марат Хуснуллин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард. Ӯ ҳамчунин, дар ифтитоҳи форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе-2023» ширкат варзид. Дар ҳоли ҳозир дар ҷумҳурӣ зиёда аз 30 лоиҳаи муштарак ба маблағи зиёда аз 100 миллиард рубл амалӣ карда мешавад.

«Мо ба Тоҷикистон сармоягузорӣ мекунем: то имрӯз дар ҷумҳурӣ ба маблағи зиёда аз 130 миллиард рубл сармояҳо ҷамъоварӣ карда шудаанд.

Кишварҳо ба сатҳи рекордии гардиши мол ва сармоягузорӣ баромадаанд, ки боиси болоравии некӯаҳволии шаҳрвандони Тоҷикистон мегардад.

Тавассути Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ байни Русия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон мо ба пешравиҳои назаррас ноил гардидем. Мо аллакай дар мавриди як қатор қарорҳои муҳим ба созиш расидем. Дар соли ҷорӣ кишвари мо ҳамчун шарики пешсафи тиҷоратии Тоҷикистон боқӣ мемонад. Мо шоҳиди пешравии назаррас (муваффақиятҳои калон) дар бахши гардиши бор ва ҳамлу нақл  ҳастем. Ҳамчунин, соҳаи саноатро тараққӣ дода истодаем. Мехостам афзоиши назаррасро  дар соҳаи сайёҳӣ низ қайд намоям. Дар нимсолаи аввал ҳудуди 134 ҳазор нафар сайёҳон ба Тоҷикистон сафар карданд, ки нисбат ба соли гузашта 30 фоиз зиёдтар аст. Ба Русия ду баробар зиёд – тақрибан 354 ҳазор нафар сайёҳон ташриф оварданд.  Яъне гуфтан мумкин аст, ки сайёҳӣ соҳаи  ояндадор мебошад. Умедворам, ки чунин ҳамкориҳои дуҷониба дар оянда низ идома хоҳанд ёфт”, – таъкид намуд, Марат Хуснуллин.

Муомилоти савдои берунии Тоҷикистон ва Русия дар соли 2022 аз 1,67 миллиард доллар гузаштааст.

Ба ҳайате, ки  бо ҳамроҳии муовини раиси Ҳукумати Федератсияи Русия ба пойтахти Тоҷикистон ташриф овард, 150 нафар  намояндагони соҳаи тиҷорат ва мақомотҳои иҷроия шомил гардида буданд. Дар рафти форум як қатор созишномаҳои дуҷониба ба тасвиб расонида шуданд.

Фаридун Усмонов мавзӯи бизнес-ҳамгироиро  чунин ибрози назар намуд: «Бизнес-форумҳо зуд-зуд баргузор мешаванд ва ин  барои ба роҳ мондани ҳамдигарфаҳмӣ ва робитаҳои шарикӣ байни доираҳои тиҷоратии ду кишвар омили муҳим мебошад. Ташрифи доираҳои тиҷоратии Русия ба кишвари мо ва аз наздик шиносоӣ пайдо кардани онҳо  бо имкониятҳои истеҳсолкунандагони Тоҷикистон хеле муҳим аст. Ҳамзамон ташкили сафари ҳайатҳои тоҷирони тоҷик ба минтақаҳои гуногуни Русия низ муҳим аст. Аксар вақт тоҷирони тоҷик аз нуқтаҳои эҳтимолии воридшавӣ ба Русия  огоҳ нестанд.

Агар воридшавӣ ба бозори Русияро бо призмаи воридшавӣ ба бозори Маскав муқоиса кунем, пас мебинем, ки ин барои соҳибкорони мо вазифаи хеле душвор аст. Бозори Маскав хеле мураккаб аст ва дар марҳилаи аввал сармоягузориҳои калонро талаб менамояд. Ба соҳибкорони мо минтақаҳои Русия, ки хароҷотҳои камтарро талаб мекунанд ва дар он ҷо мақомотҳои минтақавӣ барои ширкатҳои хориҷӣ шароити  беҳтар фароҳам овардаанд, қобили таваҷҷӯҳанд.

“Барои Тоҷикистон муҳим аст, дар баробари маҳсулоте, ки ба бозори Русия ба намуди сабзавот, меваҷот, меваи хушк, матоъ фиристода мешавад, номгӯи молҳои Тоҷикистон боз зиёд  карда шавад ва мо ба бозори Русия бештар маҳсулот содир кунем”.  – Фаридун Усмонов, коршиноси масоили Осиёи Марказӣ.

Ташкили ҳайатҳои тиҷоратӣ ва вохӯриҳои байни доираҳои тиҷоратии ду мамлакат барои густариши муносибатҳои тиҷоратӣ аҳамияти калон дорад. Бояд шумораи ин гуна ҳайатҳо зиёд карда шавад. Бисёре аз минтақаҳои Русия ба воридоти мол аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла аз Тоҷикистон манфиатдоранд. Зиёда аз 35 вилоятҳои Федератсияи Русия бо вилоятҳои Тоҷикистон робитаҳои тиҷоратӣ доранд. Барои тиҷорати мо доираи васеи самтҳои роҳандозии робитаҳои мустақим вуҷуд дорад. Махсусан ба ин бояд сохторҳои давлатӣ,  Палатаи савдо ва саноат, инчунин, агентии содирот аҳамият диҳанд. Барои онҳо ташкил кардани сафари ҳайатҳои тиҷоратӣ ба минтақаҳои Федератсияи Русия, бо мақсади боз кардани равзанаи имкониятҳо барои тиҷорати мо  муфид хоҳад буд.

Марат Хуснуллин дар раванди гуфтушунид бо сарвазири Точикистон Қоҳир  Расулзода  қайд намуд, ки ҳамкориҳои Русияву Тоҷикистон таҳким ёфта, теъдоди робитаҳо ва манфиатҳои иқтисодӣ  афзоиш меёбанд.

Умуман, сафари ҳайатҳои тиҷоратӣ дар ҳарду самт муҳиманд. Соҳибкорони Русия метавонанд дар ин ҷо корхонаҳои истеҳсолӣ ташкил карда, робитаҳо пайдо кунанд ва бо имкониятҳои Тоҷикистон шинос шаванд. Натиҷаҳои амалии ин гуна вохӯриҳоро дар сатҳи минтақаҳои Федератсияи Русия ва Тоҷикистон мушоҳида карда метавонем. Тайи як соли охир теъдоди корхонаҳои Русия дар қаламрави Тоҷикистон, махсусан дар бахшҳои хидматрасонӣ, хӯрок ва савдо афзоиш ёфтааст, ки ин низ натиҷаи сафарҳо ва мулоқотҳои ҳайатҳои тиҷоратӣ мебошад. Бар асоси ин сафарҳо лоиҳаҳои воқеӣ таҳия карда мешаванд».

Нигоҳе ба оянда

Бино ба маълумотҳои Агентии омори назди Президенти Тоҷикистон, гардиши мол бо Русия дар моҳҳои январ-июли соли 2023 997,4 миллион долларро (+9,8%) ташкил дода, нисбат ба нишондиҳандаҳое, ки бо дигар шарикони тиҷоратӣ ба даст оварда шудааст,  бештар мебошад. Дар ин давра тиҷорат бо Чин 824,7 миллион долларро (+7,6%) ташкил дода, вале бо Қазоқистон 17,1 фоиз коҳиш ёфта,  648,3 миллион долларро ташкил додааст.

Ҳамин тариқ, гардиши молии Тоҷикистон бо Русия дар моҳҳои январ-июли соли 2023 нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 9,8 фоиз афзоиш ёфтааст. Тибқи гузориши агентии омор воридот аз Федератсияи Русия ба Тоҷикистон дар ин давра 907,6 миллион доллар ва содироти мол ба Русия 89,7 миллион долларро ташкил додааст. Аз рӯйи нишондодҳои моҳҳои январ-июл Русия шарики асосии тиҷорати хориҷии Тоҷикистон ҳам дар байни кишварҳои ИДМ ва ҳам дар байни кишварҳои хориҷи дур, ба ҳисоб меравад.

Ба шарофати ҳамкорӣ бо Русия тайи 5 соли охир даромади аҳолии Тоҷикистон 2,1 баробар афзуда, сатҳи камбизоатӣ аз 31 фоиз дар соли 2015 ба 22,5 фоиз коҳиш ёфтааст, афзоиши миёнаи солонаи иқтисодӣ ба 7,3 фоиз расидааст.  Ворид шудани Тоҷикистон ба шабакаи тақсимоти молҳои Авруосиё, ки бунёди марказҳои бузурги яклухт ва чаканаро барои нигаҳдории маҳсулоти кишоварзӣ ва суръат бахшидан ба гардиши мол байни кишварҳои минтақаро пешбинӣ мекунад, ба тиҷорати мутақобилаи кишварҳо такони иловагӣ мебахшад.

Ба гуфтаи таҳлилгарони бозор аллакай дар соли ҷорӣ гардиши мол байни Тоҷикистону Русия метавонад 2 миллиард долларро ташкил диҳад. Дар соли 2022 тибқи маълумотҳои Хадамоти федералии гумруки Русия гардиши мол 1,4 миллиард доллар ва аз рӯйи ҳисобҳои ҷониби Тоҷикистон 1,7 миллиард долларро ташкил додааст.

Матлубаи Қ.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь