Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ва Нозироти андоз, ҷиҳати татбиқ намудани сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри иҷрои дастуру супоришҳояшон, ки аз Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намуда, дар давраи ҳисоботӣ таъмини рушди устувори иқтисодиёт, баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум, ҳамаҷониба таъмин намудани дастгирии давлатии соҳибкорӣ, бахусус дар самти истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот ва афзунгардонии потенсиалӣ содиротии ноҳия, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандонро ҳамчун самтҳои афзалиятноки фаъолияти худ қарор додаанд. Оид ба натиҷаҳо ва фаъолияти Нозироти андоз дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, хабарнигори МТЖТ бо сардори ин ниҳод Раҳматшоев Салим Раҳмоналиевич суҳбат анҷом дод.

Дар оғози суҳбат сардори Нозироти андоз Раҳматшоев Салим  изҳор дошт: «Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади коҳиш додани хароҷотҳои субъектони хоҷагидор ва аз байн бурдани таъсири омилҳои инсонӣ аз соли 2018 оғоз намуда, аз ҷониби Кумитаи андоз шакли нави хизматрасонии электронӣ – Тартиби бо реҷаи электронӣ пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳо барои бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ мавриди истифода қарор дода шудааст. Ҷорӣ намудани тартиби мазкур шароит фароҳам овардааст, ки шаҳрвандон ва андозсупорандагон бо истифода аз “Утоқи шахсии андозсупоранда” ҳуҷҷатҳои заруриро барои бақайдгирии давлатӣ ба барнома дохил карда, ҳуҷҷати тасдиқкунандаи фаъолияти соҳибкории худро дастрас намоянд».

Раҳматшоев Салим иброз намуд, ки Нозироти андоз дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Қарору фармоишҳои Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати андоз дар вилояти Хатлонро роҳнамои кори худ қарор дода, баҳри таъмини иҷроиши қисми даромади буҷети ноҳия, пурра ва барзиёд иҷро намудани нишондиҳандаҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023”, инчунин барои вусъат бахшидан ба рушди соҳибкории хурду миёна тадбирҳои мушаххас андешида истодааст.

Ҳамчунин  сардори нозироти андози ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ иброз намуд, ки ба ҳолати 01.06.2022  дар  маҷмӯъ 5297 адад андозсупорандагони шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ тибқи шаҳодатномаи соҳибкорӣ, (хоҷагиҳои деҳқонӣ) ва патент  ба қайд гирифта шудааст, аз ин ҳисоб 824 адад андозсупорандагони  шахсони ҳуқуқӣ ва шумораи соҳибкорони инфиродӣ бошад, 4470 ададро ташкил медиҳад, ки аз ин ҳисоб  соҳибкорони инфиродӣ тибқи шаҳодатнома 241 адад, соҳибкорони инфиродӣ тибқи патент 438 адад, тибқи шаҳодатномаи бо шартҳои махсус фаъолияткунанда 924 адад ва соҳибкорони инфиродӣ тибқи шаҳодатнома фаъолияткунанда, ки  ба истеҳсол ва фуруши масулотҳои  кишоварзӣ (хоҷагиҳои дехқонӣ)  машғуланд  2867  ададро    ташкил медиҳад.

Иҷроиши нақша

Дар  5- моҳи  соли 2023  нақшаи қисми даромади буҷет  ва дигар пардохтҳои ҳатми  пешбинигардида ба  андозаи  103  фоиз  таъмин  гардид.

Нақшаи андозҳо бо назардошти андози иҷтимоӣ буҷетӣ ва ғайрибуҷетӣ  дар 5- моҳи  соли 2023, дар маҷмӯъ ба маблағӣ 47899226 сомонӣ пешбинишуда буд, дар асл иҷроиши он ба маблағӣ  48450978 сомони таъмин гардид, ки  ба андозаи  101,0 фоиз ва нисбати нақшаи пешбиншуда  ба  маблағӣ 551753 сомони андозҳо зиёд ба буҷет  ворид  карда  шудааст аз он ҷумла:                                               

– нақшаи андозҳо   ба  маблағӣ   31812398  сомонӣ

– иҷроиши андозҳо  ба  маблағӣ 32803788 сомонӣ

–  фисад 103,0

–  фарқият +991390  сомонӣ

Андози  иҷтимоӣ 

–  нақшаи иҷтимои буҷетӣ  ба  маблағӣ  16086828  сомонӣ

– иҷроиши иҷтимои  буҷетӣ  ба  маблағӣ  15647191 сомонӣ

–  фисад  97,0

–  фарқият –  439637  сомонӣ

Буҷетӣ

– нақшаи  а/ иҷтимои   буҷетӣ   ба  маблағӣ  9397856 сомонӣ

– иҷроиши а/  иҷтимои  буҷетӣ   ба  маблағӣ  9053642 сомонӣ

–  фисад  96,0

– фарқият -344214  сомонӣ

Ғайрибуҷетӣ

–  нақшаи  а/ иҷтимои  ғайрибуҷетӣ   ба  маблағӣ 6688972  сомонӣ

– иҷроиши а/  иҷтимои ғайрибуҷетӣ   ба  маблағӣ 6702975 сомонӣ100-  фисад

–  фарқият 14003 сомонӣ

Корҳои  назоратӣ

Аз тарафи шуъбаи  хизматрасонӣ  ба андозсупорандагони шахсони ҳуқуқӣ дар давраи 5- моҳи соли 2023, нисбати 68 адад андозсупорандагон назорати камералӣ ба маблағи 414931 сомонӣ гузаронида шудааст, ки аз ин ҳисоб ба маблағи 414931 сомонӣ аз ҳисоби (ҳақдори-26009  сомонӣ ва   аз ҳисоби эъломияҳои  пешниҳодшуда  ба буҷет пардохт шуда-388922  сомонӣ)  пушонида  шудааст.

Дар Нозироти андози ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, бақияпулиҳои қарзи андозҳо ба ҳолати 01.06.2023 сол маблағӣ 8000276 сомониро ташкил медиҳад. Бақияпулиҳо нисбат ба аввали сол ба ҳолати 01.01.2023 ба маблағӣ  166485 сомонӣ кам гардидааст.   Бақияпулиҳои зиёди қарзи андозҳо асосан аз ҳисоби соҳаи кишоварзӣ ва дигар ташкилот ба вуҷуд  омада истодааст, ки дар натиҷаи шароитҳои молиявию иқтисодӣ ва дигар омилҳои таъсиррасон  бакияпулиҳои қарзи андозҳоро  бо пуррагӣ пардохт карда  натавониста истодаанд, ки дар натиҷа   ба иҷроиши нақшаи қисми даромади буҷет таъсири манфи худро  расонида  истодаанд.

Дар ин давра  нисбати 80 адад андозсупорандагони қарздори ноҳия  огоҳинома ба маблағи 773454 сомони ирсол карда шудааст, ки  аз   ин  ҳисоб  ба  маблағи  420026  сомони  андозҳо  ба  буҷет ворид карда  шуда, дар  самти кам намудани бақияпулиҳои андоз корҳои назоратӣ  идома  дошта  давра  ба  давра  бақияпулиҳоро   кам   менамоем.

Ба ҳисобгирӣ

Масъулони баҳисобгирии даромадҳо ва коркарди эъломияҳо айни замон баҳисобгирии маблағҳои ҳисобшуда ва пардохташударо хуб ба роҳ монда, дар самти тартиб додани санади муқоисавӣ ҷиҳати аз байн бурдани изофапулиҳо ва кам кардани бақияи қарзи андозҳо ва шумораи андозсупорандагони қарздор корҳои фаҳмондадиҳӣ бурда истодаанд.

Раҳматшоев Салим дар охир изҳор дошт, ки кормандони Нозироти андоз дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ӯҳдадоранд, ки минбаъд фаъолияти худро дар сатҳи зарурӣ оид ба корҳои назоратию фаҳмондадиҳӣ дар байни андозсупорандагон пурзӯр намуда, баҳри иҷрои нақшаи андозҳои давраҳои ояндаи соли 2023 саҳми арзандаи худро гузоранд. Бояд зикр намоям, ки дар воқеъ кормандони Нозироти андоз дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, масъулиятшинос буда, дар кори худ содиқона хидмат менамоянд ва албатта, баҳри пешрафти соҳа тамоми донишу малакаи худро истифода мебаранд.

МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь