Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии хеш (аз 21.12.2021) ба намояндагони Маҷлиси олӣ ва мардуми шарифи Тоҷикистон муроҷиат карда, аз ҷумла чунинишора намуданд: «… модоме,  ки мо ҳама якҷо як кишвари дар дами ҳалокат қарордоштаро ба қаламрави сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва шукуфоиву ободӣ табдил додем, қодир ҳастем, ки ҳамаи мушкилоти дигарро низ бартараф карда, дар ояндаи наздик Тоҷикистони маҳбубамонро бо заҳмати сарҷамъонаву ватандӯстона боз ҳам ободу пешрафта гардонем ва обрӯи онро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардорем».

Мақсаду маром ва ҳадафи олии давлат ва Ҳукумати мамлакат беҳтар гардонидани шароити зист ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми азизи кишварамон мебошад. Барои амалӣ намудани мақсаду мароми мазкур корҳои зеринро, ба монанди саводнок ва соҳибмаълумот гардонидани ҳар як шаҳрванд, таъмин намудан бо ҷойи кор, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагонии ҳар як шаҳрванд аз ҷиҳати моддӣ ва маънавӣ корҳои зиёдро бояд ба анҷом расонем.

Аз ин лиҳоз, дар Паём оварда шудааст, Ҳукумати мамлакат ҳадафҳои стратегии миллӣ, яъне расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва табдил додани мамлакат ба кишвари транзитӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат, саноатикунонии босуръати мамлакат ва васеъ намудани шуғли пурмаҳсулро тадриҷан амалӣ карда истодааст.

Дар бист соли охир рушди миёнасолонаи иқтисодиёт дар сатҳи 7,5 фоиз таъмин гардида, Маҷмӯи маҳсулоти дохилии мамлакат аз 1,8 миллиард сомонии соли 2000-ум то 95 миллиард сомонӣ дар соли 2021 ва даромади буҷети давлатӣ аз 252 миллион сомонӣ ба 28 миллиард сомонӣ расонида шуд. Яъне, Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ қариб 53 баробар ва буҷети давлатӣ 111 баробар зиёд гардида, ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар нафар аҳолӣ беш аз 30 баробар афзоиш ёфт.

Дар Паёми имсола оварда шудааст, ки мо соли 2017 ба яке аз ҳадафҳои стратегии худ ноил шуда, Тоҷикистони сепорчаро ба қаламрави воҳид табдил додем ва тавассути долонҳои нақлиётӣ бо кишварҳои ҳамсоя ва дигар мамолики дуру наздики хориҷӣ пайвастани онро таъмин намудем.

Ҳамин тавр, барои таъмин намудани рафтуомади бемамониати мусофирон ва ҳамлу нақли молу маҳсулот дар тамоми фаслҳои сол байни минтақаҳои кишвар, инчунин, раҳоӣ бахшидани мамлакат аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ба кишвари транзитӣ табдил додани он 59 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 24 миллиард сомонӣ амалӣ гардида, 2400 километр роҳ, 326 пул, 6 нақби мошингузар ва 219 километр роҳи оҳан сохта, ба истифода дода шуд.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оиди  расидан ба ҳадафи сеюми стратегии мамлакат ва истифодаи самарабахши неруи барқ дар даврони соҳибистиқлолӣ, яъне истиқлолияти энергетикӣ чунит ироа намуданд  дар даврони соҳибистиқлоли 287 неругоҳи барқи обии хурду бузург, 1,5 ҳазор километр хатҳои интиқоли барқи баландшиддат, 50 зеристгоҳи баландшиддати барқӣ бунёду таҷдид ва дар маҷмӯъ, 75 фоизи инфрасохтори энергетикии кишвар азнавсозӣ гардид. Дар ин давра мо беш аз 2000 мегаватт иқтидорҳои энергетикии иловагӣ бунёд кардем. Дар натиҷа, соли 2011 дар таърихи навини Тоҷикистон системаи ягонаи энергетикӣ ба вуҷуд оварда шуд ва устувории фаъолияти соҳа таъмин гардид.

Оид ба ҳалли саривақтии масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ ва фароҳам овардани шароит ҷиҳати зиндагии арзандаи мардум, аз ҷумла бо роҳи мунтазам таъсис додани ҷойҳои нави корӣ, зиёд намудани ҳаҷми даромади аҳолӣ, баланд бардоштани музди меҳнати кормандон, нафақа ва стипендияҳо аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин дар ин давра мебошанд. Бо дарназардошти ин ва бо мақсади тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ пешниҳод менамоям:

– аз 1-уми январи соли 2022 музди меҳнати амалкунандаи хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 25 фоиз ва дигар кормандони ин мақомот 20 фоиз зиёд карда шавад;

– аз 1-уми июли соли 2022 музди меҳнати кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои маориф, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ, инчунин, стипендияи донишҷӯён ва дигар намудҳои стипендия 20 фоиз зиёд карда шавад.

– аз 1-уми июли соли 2022 андозаи нафақаи амалкунандаи нафақагирони ятими кулл ва нимятимон бинобар маҳрум шудан аз саробон ба андозаи 25 фоиз аз андозаи ҳадди ақали нафақаи аз рӯи синну сол муқарраргардида зиёд карда шавад.

Ҳадди ақали музди меҳнат аз 1-уми июли соли 2022-юм 50 фоиз зиёд карда, андозаи он дар ҳаҷми 600 сомонӣ муқаррар карда шавад. Ҳукумати мамлакат вазифадор аст, ки ҷиҳати амалӣ намудани иқдоми мазкур тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намояд.

Дар Паём ишора шудааст, ки ҳанӯз дар солҳои оғози истиқлолият, яъне дар солҳои бисёр вазнини 1992-1998, Ҳукумати мамлакат бо мақсади таъмин намудани аҳолӣ бо маҳсулоти озуқа ва пешгирӣ кардани гуруснагӣ 75 ҳазор гектар заминро ҳамчун заминҳои Президентӣ тақсим намуд. Илова бар ин, дар бист соли охир 138 ҳазор гектар замин, аз ҷумла 52 ҳазор гектар аз ҳисоби заминҳои обӣ ба 1 миллиону 400 ҳазор оила, барои бунёди манзили истиқоматӣ ҷудо карда дода шуд. Яъне 8 миллиону 800 ҳазор нафар аҳолии кишвар имконият пайдо карданд, ки шароити истиқоматии худро беҳтар намоянд. Вобаста ба ин Президенти кишвар ёдрас шуданд, ки дар 70 соли то замони Истиқлолият барои бунёди манзили истиқоматӣ ҳамагӣ ба 530 ҳазор оила 77 ҳазор гектар замин дода шуда буд.

Дар ин давра дар кишвар 54 ҳазор гектар заминҳои нав обёрӣ гардида, ҳамзамон бо ин, ҳар сол дар майдони қариб 200 ҳазор гектар замини обӣ кишти такрории зироатҳо амалӣ шуда истодааст, ки дар натиҷа имрӯзҳо зиёда аз 90 фоизи истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба бахши хусусӣ рост меояд. Нишондиҳандаи мазкур аз саҳми бузурги кишоварзони мамлакат дар раванди расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегӣ — таъмини амнияти озуқавории кишвар, махсусан, дар шароити ду соли охир пайи ҳам омадани хушксоливу камобӣ гувоҳӣ медиҳад.

Бояд қайд намуд, ки баҳри беҳтар намудани таъмини амнияти озуқавории аҳолии кишвар дар истеҳсолот ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ, кишти навъҳои серҳосили зироатҳо, тақвият бахшидани тухмипарварии зироатҳо, беҳ гардонидани қабати ҳосилхези замин ва дигар дастовардҳои илмӣ аҳамияти хоса доранд.

Дар ба даст овардани навъҳои ояндадори зироатҳои кишоварзӣ нақши асосиро чунин усулҳои скрининги (интихоби) генетикӣ, ба монанди дурагакунонӣ, истифодаи омилҳои мутагенӣ дар корҳои селексионӣ, мутобиқкунонии (интродуксияи) генотипҳо дар шароитҳои гуногуни агроэкологии парвариш, яке аз самтҳои марказии корҳои таҳқиқотии олимони Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (ИБФГР АМИТ) ба шумор мераванд. Ҳоло дар асоси корҳои таҳқиқотии солҳои пешин дар ИБФГР АМИТ коллексияҳои намунаҳои нодири зироатҳо, аз қабили гандум (бештар аз 150 намунаҳо), картошка (100), лубиёгиҳо (50), пахта (40), ноки заминӣ (25), батат (15), сабзавотиҳо (10) ва ғайраҳо гирд оварда шудаанд. Ин намунаҳо тезпаз, ба об камталаб, ба касалиҳо нисбатан устувор ва серҳосил мебошанд. Аз тарафи дигар, зарур аст, ки корҳои селексионӣ ва тухмипарварии зироатҳои кишоварзӣ дар минтақаҳои баландкӯҳи мамлакат минбаъд ба роҳ монда шаванд ва дар ин мавзеъҳо навъҳои нави растаниҳо бояд ба даст оварда шаванд. Чунки, дар оянда бояд дар минтақаи кӯҳии мамлакат истеҳсолотро тақвият бахшида, баҳри таъмини амнияти озуқавории ҷумҳурӣ  заминаи боэътимоди истеҳсолӣ бояд ба нақша гирифта шавад. Ёдовар мешавем, ки олимони ИБФГР АМИТ тайи солҳои охир навъҳои нави картошка, ба монанди «Тоҷикистон», «Файзобод», «Рашт», «Академияи илмҳо-1», навъҳои нави пахта-«Шавкат-80», «Истиқлол», намунаҳои ояндадори гандуму лӯбиёгиҳо, топинамбуру батат ва хӯроки чорворо ба даст овардаанд, ки онҳо нисбат ба дигар навъҳо ба об нисбатан камталаб буда, ба касалиҳо устувор ва серҳосил мебошанд.  Махсусан, навъҳои нави картошка, ки дар Институт таи солҳои охир ба даст оварда шудаанд, ҳоло дар майдони беш аз 10 ҳазор га кишт мегарданд ва деҳқонон аз кишти ин навъҳо ҳосили баланд ва даромади соф ба даст меоранд.

Бояд қайд намуд, ки барои мутобиқ гаштан ба тағйирёбии глобалии иқлим ва паст намудани таъсири манфии он ба соҳаи кишоварзӣ, ба олимони тоҷик зарур аст, ки дурнамои таҳқиқотҳои илмиро дар муддати солҳои 2020-2030 тақвият бахшида, баҳри ба даст овардани навъу тухмиҳои нави ояндадори зироати кишоварзӣ, ки аломатҳои ирсии тезпазӣ, устуворӣ ба касаливу шӯрии хок, камталабӣ ба об  ва серҳосилиро доро бошанд ва  дар корҳои илмӣ бояд ба роҳ монда шаванд.

Ҳамин тавр аз факту рақамҳои дар боло овардашуда аён мегардад, ки мақсаду мароми Асосгузори сулуҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Чумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оянда танҳо баҳри беҳбуди сатҳи зиндагии мардуми кишвари азизамон нигаронида шудааст.

Ҷумъаев Б.Б., узви вобастаи АМИТ, сарходими илмии ИБФГР,

Партоев Қ., мудири озмоишгоҳи генетика ва селексияи растании ИБФГР,

Гулов М.Қ., дотсенти ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь