Бо мақсади ошноӣ аз фаъолияти Раёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд хабарнигори Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон бо роҳбарият ва кормандони ниҳоди болозикр суҳбати ихтисосӣ анҷом дод ва фишурдаи онро пешкаши хонандагон менамояд.
Кормандони Сарраёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин қарору фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастуру супоришҳои Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба роҳбарӣ гирифта, дар семоҳаи якуми соли 2024-ум бо мақсади пешбурди сиёсати молияи давлатӣ дар миқёси вилоят ва таъмини иҷрои нишондиҳандаҳое, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024” муқаррар кардааст, корҳои муайянеро ба анҷом расониданд.
Иҷрои буҷет
Чунончӣ, итилло дода шуд, ки ҳарчанд дар вилоят нишондиҳандаҳои асосӣ ва вазъи соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ дар сатҳи зарурӣ нигоҳ дошта, иҷрои нишондиҳандаҳои муқарраркардаи қонунгузории буҷети давлатӣ таъмин гардиданд, давоми семоҳаи якуми соли 2024-ум ҳаҷми нишондиҳандаи кӯтоҳмуҳлати рушди минтақавии вилоят ба 6343,7 млн. сомонӣ баробар гардида, афзоиши воқеии он 108,2 фоиз ва ҳиссаи вилоят дар ҳаҷми умумӣ 27,5 фоизро ташкил намуд.
Дар ин давра, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилоят дар маҷмӯъ ба 6084,4 млн. сомонӣ расида, суръати афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 106,0 фоиз таъмин гардид.
Дар соҳаи саноат 1121 корхонаҳои саноати фаъолият доранд, ки аз он 38 корхонаҳо хусусияти хизматрасонии саноати доранд. Дар семоҳаи якуми соли 2024-ум 688 корхона ё 61,4 фоиз нисбати ҳамин давраи соли гузашта сатҳи истеҳсолро баланд бардоштанд. Айни замон миқдори корхонаҳои бо сифр ҳисобот пешниҳод намуда, 213 адад ё 19,0 фоизро ташкил медиҳад.
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидорӣ 1364,8 млн. сомонӣ ё 10,0 фоизи ҳамин давраи соли гузашта мебошад.
Ҳаҷми умумии гардиши савдо 4428,8 млн. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023-юм 6,6 фоиз, ҳаҷми хизматрасонии пулакӣ дар ҳамаи соҳаҳои хизматрасонӣ 1167,1 млн. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,6 фоиз ва маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ 3,1 фоиз зиёд шудааст.
Ҳамзамон, гардиши савдои хориҷии вилоят 724,3 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3,2 фоиз зиёд шудааст, аз ҷумла содироти маҳсулот аз вилоят 196,0 млн. доллари ИМА-ро ташкил намуд, ки нисбати ҳамин давраи соли сипарӣ 18,7 фоиз кам ва ҳаҷми воридот 528,3 млн. доллари ИМА-ро ташкил дода, нисбати ҳамин давраи соли 2023-юм 14,7 фоиз зиёд мебошад.
Дар семоҳаи якуми соли 2024-ум иҷрои нақшаи контингенти андозҳо (бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ) ба андозаи 101,9 фоиз таъмин гардида, ба буҷет 1332,6 млн. сомонӣ андозу пардохтҳои гуногун ворид шуданд, ки аз нақша 25,4 млн. сомонӣ ва нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 203,2 млн. сомонӣ (18,0 фоиз) зиёд мебошад.
Нақшаи даромадҳо ба буҷети маҳаллӣ дар давраи ҳисоботӣ ба андозаи 104,0 фоиз иҷро гардида, ба ҷойи 762,9 млн. сомонии нақшавӣ ба буҷетҳои маҳаллӣ 793,5 млн. сомонӣ ворид шуд, ки нисбат ба нақша 30,7 млн. сомонӣ ва нисбат ба ҳамин давраи соли сипарӣ 140,4 млн. сомонӣ ё 21,5 фоиз зиёд мебошад.
Фаъолияти пурсамар
Инчунин, оид ба ин масъала тазаккур дода шуд, ки тибқи маълумоти мақомоти андоз иҷрои нақшаи андози иҷтимоӣ дар семоҳаи якуми соли 2024-ум ба андозаи 104,2 фоиз ва ба маблағи 294,0 млн. сомонӣ, аз ҷумла аз ҳисоби ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ ба андозаи 97,7 фоиз ё ба маблағи 109,4 млн. сомонӣ ва аз ҳисоби корхонаҳои ғайрибуҷетӣ ба андозаи 108,6 фоиз ё ба маблағи 184,6 млн. сомонӣ таъмин гардидааст.
Ҳаҷми бақияпулиҳои андоз дар ҳолати 1 апрели соли 2024 (бо назардошти бақияи қарзи андозсупорандагони калон) 83,4 млн. сомониро ташкил дода, нисбат ба аввали соли ҷорӣ 1,5 млн. сомонӣ кам шудааст.
Ҳаҷми зиёди маблағи бақияпулиҳо ба шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд 18,0 млн. сомонӣ (21,6 фоизи маблағи умумии бақияпулиҳо), Исфара 16,6 млн. сомонӣ (20,0 фоиз), Истаравшан 7,6 млн. сомонӣ (9,2 фоиз), Зафаробод 7,4 млн. сомонӣ (8,9 фоиз), Бобоҷон Ғафуров 7,2 млн. сомонӣ (8,7 фоиз), Панҷакент 5,8 млн. сомонӣ (7,0 фоиз), Мастчоҳ 5,3 млн. сомонӣ (6,3 фоиз) ва боқимонда ба дигар шаҳру ноҳияҳо рост меояд.
Хароҷоти буҷети вилоят дар семоҳаи якуми соли 2024 тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024» ва қарорҳои Маҷлиси вакилони халқи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо ба роҳ монда, дар ин давра ба иҷтимоиёту иқтисодиёти вилоят 696,2 млн. сомонӣ равона гардид, ки 99,2 фоизи нақшаро ташкил дода, нисбати нақшаи аниқшуда 5,5 млн. сомонӣ кам ва ҳамин давраи соли сипарӣ 62,8 млн. сомонӣ ё 9,9 фоиз зиёд мебошад.
Қайд кардан бамаврид аст, ки дар маблағгузории буҷетҳои маҳаллӣ дар давраи ҳисоботӣ низ чун ҳарвақта афзалият ба хароҷоти соҳаҳои иҷтимоӣ – маориф, нигаҳдории тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва фарҳангу варзиш нигаронида, дар маҷмӯъ ба соҳаҳои зикршуда 601,4 млн. сомонӣ равона гардид, ки баробари 86,3 фоизи ҷамъи хароҷоти гузаронидаи буҷетҳои маҳаллӣ мебошад.
Дар семоҳаи якуми соли 2024 аз буҷети вилоятӣ ба шаҳру ноҳияҳое, ки даромадашон хароҷоташонро намепӯшонад, ба маблағи умумии 95,8 млн. сомонӣ субвенсия ҷудо гардид, ки 17,2 фоизи хароҷоти ҳақиқии буҷетҳои маҳаллии шаҳру ноҳияҳои вилоятро дар бар мегирад.
Беҳтаргардонии соҳа
Манбаъ дар идомаи суҳбат қайд кард, ки дар натиҷаи чораю тадбирҳои амалишуда дар ҳолати 1 апрели соли 2024 дар ташкилоту муассисаҳое, ки аз ҳисоби буҷетҳои вилоятӣ ва маҳаллии шаҳру ноҳияҳои вилоят маблағгузорӣ мешаванд, музди меҳнат ва маоши кормандон пурра пардохт гардида, аз ин ҳисоб қарздорӣ вуҷуд надорад.
Дар давраи ҳисоботӣ истифодаи маблағҳои махсус қатъиян дар дохили низоми хазинадорӣ ба роҳ монда, дар семоҳаи якуми соли 2024 ба суратҳисобҳои ягонаи хазинадорӣ оид ба маблағҳои махсуси ташкилоту муассисаҳои буҷети маҳаллӣ дар маҷмӯъ 54,6 млн сомонӣ ворид ва 42,9 млн. сомонӣ хароҷот гардид. Дар ин давра аз ҳисоби маблағҳои махсуси ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ аз рӯи меъёрҳое, ки қисми 1-уми моддаи 19 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024» муқаррар кардааст, ба даромади буҷетҳои маҳаллӣ ҷамъ 1,9 млн сомонӣ ворид карда шуд.
Дар марҳилаи ҳисоботӣ муносибатҳои байнибуҷетӣ тибқи тартиби дар қисми 2 моддаи 13 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024» пешбинишуда роҳандозӣ гардида, ба буҷети ҷумҳуриявӣ ҳиссаҷудокуниҳо аз андоз ва даромадҳои умумидавлатие, ки аз андозсупорандагони дар ҳудуди вилоят қарордошта ворид гардидааст, ба маблағи 356,2 млн. сомонӣ гузаронида шуд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 38,3 млн. сомонӣ ё 12,0 фоиз зиёд мебошад.
Яке аз вазифаҳои муҳиме, ки дар назди мақомоти молия гузошта шудааст, назорати пешакии мақсаднок ва босамар истифода бурдани маблағҳои буҷетӣ мебошад.
Дар семоҳаи якуми соли 2024-ум дар натиҷаи санҷишҳои аз ҷониби шуъбаи аудити дохилӣ ва назорати Сарраёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар 49 ташкилоту муассиса таҳлил гузаронида, зарари молиявӣ ба маблағи умумии 297,2 ҳазор сомонӣ ошкор гардидааст, аз ҷумла хароҷоти ғайриқонунии пулию молӣ-111,4 ҳазор сомонӣ, камомад ва тасарруфи воситаҳои пулию молӣ-102,5 ҳазор сомонӣ, изофанависӣ дар корҳои таъмиру сохтмонӣ-56,1 ҳазор сомонӣ ва маблағи кам ҳисобгардида ва рӯйпӯшнамудаи андозҳо-27,2 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ғайр аз ин, дар рафти санҷишҳои аудиторӣ камбудӣ ва норасоиҳое, ки ба зарари молиявӣ дохил намешаванд, ба маблағи умумии 63,9 ҳазор сомонӣ ошкор гардида, пурра барқарор шудааст.
Ҳамзамон, дар ин давра 8 маводи аудиторӣ ба маблағи умумии 210,8 ҳазор сомонӣ ошкор ва аз ин ҳисоб 153,3 ҳазор сомонӣ барқарор карда, ҷиҳати баррасии минбаъда ва қабули қарори дахлдор ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ирсол гардид.
Дар семоҳаи якуми соли 2024-ум ба Сарраёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ҳамагӣ 21 дархосту муроҷиати шаҳрвандон (бо назардошти муроҷиати шаҳрвандоне, ки дар рӯзҳои қабули раиси вилояти Суғд ворид шудаанд) ба қайд гирифта шуда, аз тарафи мутахассисони сарраёсат дар муҳлати муқарраркарда мавриди баррасӣ ва корбарӣ қарор дода шудаанд.
Инчунин, изҳор доштанд кормандони Раёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, ки дар якҷоягӣ бо кормандони мақомоти андоз дар самти банақшагирии буҷет, дарёфти сарчашмаҳои нави даромад ва иҷрои сифатноки намудҳои андоз чораҳои судманд андешида, ҳамаҷониба кӯшиш менамоянд, ки нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллии ноҳияро дар нимсолаи аввали соли 2024 таъмин намоянд. Инчунин, дар самти таъмини уҳдадориҳои давлатӣ, таъмини хароҷотҳои ҳимояшавандаи буҷети давлатӣ масъулияти ҷиддӣ зоҳир намуда, назорати доимиро дар самти мақсаднок ва самаранок хароҷот гардидани маблағҳои буҷетӣ тибқи талаботи имрӯза ба роҳ монда, нишондиҳандаҳои молиявиро дар оянда ҳам хуб ҷамъбаст менамоянд.
Мафтуна ВАҲҲОБОВА,
МТЖТ