Бинои 30-ошёна, сохтмони баландтарин дар пойтахти шаҳри Душанбе, ки маҷмааи нави биноҳои маъмурии Хадамоти алоқа унвон мешавад, бо 630 миллион сомонӣ бунёд хоҳад гардид.

Раиси Хадамоти алоқа Бег Зуҳуров дар суҳбат ба «Фараж» иброз дошт, ки маҷмааи нави Хадамоти алоқа аз як бинои 30-ошёна ва ду бинои 25-ошёна иборат буда, барои Хадамоти алоқа, идораҳои марказии «Тоҷиктелеком» ва «Почтаи тоҷик» пешбинӣ шудааст.

Бинои мазкур дар маркази шаҳри Душанбе ҷойгир гардидааст. Аз оғози сохтмон беш аз 600 нафар сохтмончиён ба кор ҷалб карда шудаанд ва ҳоло низ теъдоди онҳо кам нест.

Бар асоси нақшаҳои пешакӣ идораҳои марказии тамоми сохторҳои давлатӣ ва ҳам хусусии соҳаи алоқа метавонанд дар ин бинои 30-ошёна ҷойгир шаванд ва ё намояндагиҳои худро боз кунанд.

Дар 5 ошёнаи аввали биноҳо ҷойгир намудани марказҳои тиҷоратию хизматрасонӣ пешбинӣ шудааст, ки дорои садҳо ҷойи корӣ хоҳанд шуд.

Мо барои ошно шудан бо рафти бунёдкорӣ ба ин сохтмони ҷашнӣ рафтем. Айни замон бинокорон дар ошёнаи 22 кор карда истодаанд. Миёни сохтмончиён шуруъ аз синни 21-сола то 75-соларо дидан мумкин аст. Ҳар нафаре, ки корашро бо сифати хуб анҷом медиҳад, музди маоши аз 3 то 7 ҳазор сомониро метавонад сари вақт бигирад.

Раиси Хадамоти алоқа Бег Зуҳуров низ дар ин бино бо сохтмончиён кор карда истодааст ва аз субҳи содиқ то соати 3-и шаб ҷараёни корро худаш шахсан назорат мекунад.

Мо рӯзноманигорон низ ба ошёнаи 22-юми нотамом баромадем ва албатта тарс моро фаро гирифт, вале мехостем ҷараёни корро бо чашми худ бубинем.

Эраҷ аз оғози сохтмон кор мекунад. Ӯ кафшергар аст ва кораш хеле масъулиятнок аст. Ӯ ҳаёту фаъолияташро ба соҳаи сохтмон бахшидааст. Эраҷ зинапояҳоро месозад.

Қобили ёдоварист, ки оғози сохтмон бо иштироки Президенти кишварамон Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифта буд ва ҳоло масъулин кӯшиш ба харҷ медиҳанд, то онро дар рӯзи таъиншуда бо сари баланд ва ба талаботи муосири шаҳрсозӣ мувофиқ супоранд.

Таҳияи Ҷ. МИРБОЗХОНОВА

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь