Соҳибкории иҷтимоӣ як самти ҳоло ҷавони тиҷорат аст, ки айни замон дар Тоҷикистон дар ҳоли рушд қарор дорад. Ин навъи фаъолияти соҳибкорӣ пеш аз ҳама бо фаъолияти иҷтимоӣ алоқаманд буда, қисме аз амалҳо дар доираи ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ сурат мегиранд.

Агар дар бисёре аз кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла ҳамсояҳои наздики мо дар минтақаи Осиёи Марказӣ қонуни махсуси соҳибкории иҷтимоӣ қабул шуда бошад, дар Тоҷикистон то ҳол чунин қонун вуҷуд надорад.

Бо сабаби мавҷуд набудани чунин қонун ва таърифи истилоҳ дар санадҳои ҳуқуқӣ, соҳибкорони тоҷик бо мушкилоти муқаррар намудани мақоми ҳуқуқӣ, дастгирӣ, маблағгузории нокофӣ, инчунин низоми мураккаби андоз барои чунин соҳибкорон дучор мешаванд.

Ҳамаи ин дар ниҳояти кор ба имконияти рушди соҳибкории иҷтимоӣ дар кишвар ҳамчун воситаи шуғли мустақил ва мубориза бо сатҳи пасти даромад ва ҳадди ақалли иҷтимоӣ, фароҳам овардани ҷойҳои нави кории фарогир (инклюзивӣ) таъсир мерасонад.

Ба ақидаи намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, шарикони рушд, коршиносони маҳаллии ҳуқуқ ва намояндагони бахши хусусӣ, ки дар чор соли охир борҳо эълон шудаанд, Тоҷикистон ба қабули чунин қонун манфиатдор аст.

Қонун дар бораи соҳибкории иҷтимоӣ пеш аз ҳама барои ташаккули насли нави соҳибкорон, ки ба ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ тавассути фаъолияти соҳибкорӣ таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд, фазои ҳуқуқӣ фароҳам оварда метавонад.

Барои фаҳмидани падидаи дар ҳоли рушд қарордоштаи соҳибкории иҷтимоӣ, маънояшро мебояд аз ифодаи асосии он ҷуст, ки дар он чунин омадааст:

“соҳибкори иҷтимоӣ  – ҳамчун субъекти тиҷорати хурд ё миёна шуморида мешавад, ки фаъолияташ модели махсуси тиҷоратро ташкил карда, он натанҳо барои муваффақ шудан дар тиҷорат ҳамчун ҳадафи аслии тиҷорат, балки барои кумак ба гурӯҳҳои бештар осебпазири шаҳрвандон, инчунин ҳалли ҳалли вазифаҳои бештар муҳими иҷтимоӣ ва муфид нигаронида шудааст”.

Бо вуҷуди ин, аксари қонунгузорони минтақа, ки аллакай қонун ё дигар санадҳои меъёрии танзимкунандаи соҳибкории иҷтимоиро қабул кардаанд, нуқтаи назари ягона надоранд, ки дар ниҳоят соҳибкори иҷтимоиро ба кӣ бояд нисбат дод: ба субъекти тиҷорат ё намояндаи бахши ғайритиҷоратӣ.

Тибқи қонунгузории Тоҷикистон, қариб ҳамаи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои машғул шудан ба фаъолияти соҳибкорӣ ҳуқуқ доранд, ба истиснои корхонаҳои давлатӣ (буҷетӣ ва воҳид  ё худ унитарӣ).

Фаъолият он вақт иҷтимоӣ шуморида мешавад, ки агар ташаббусҳои мавриди таҳия ё маблағгузорӣ қарордошта на барои даромад ба даст овардани молики тиҷорат, балки бевосита ба ҳалли мушкилоти мавҷудаи иҷтимоӣ равона шуда бошанд.

Имрӯз Тоҷикистон ҳоло дар остонаи қабули қонуни махсус оид ба дастгирии соҳибкории иҷтимоӣ қарор дорад ва аз ин рӯ, дарки дақиқ ва таърифи чунин фаъолият вуҷуд надорад.

Сарфи назар аз ин, барои фаъолияти соҳибкорӣ, ки вазифаҳои иҷтимоиро ҳал мекунад, манъкунӣ ва монеаҳо ҳам нест.

Дар ҳамин ҳол, дар доираи қонунгузории амалкунандаи андоз, барои соҳибкори ояндаи иҷтимоӣ муҳим аст, ки ба 3 намуди андоз таваҷҷуҳи хосса зоҳир кунад.

Андоз аз даромад

Андоз аз даромад аз рӯи низоми соддашуда барои ташкилотҳои тиҷоратӣ, ҷамъиятӣ ва соҳибкорони инфиродӣ дар асоси шаҳодатнома 6% (бо усули хазинавӣ) ва 18% (бо усули даромад ва хароҷот)-ро ташкил медиҳад. Соҳибкороне, ки дар асоси патент амал мекунанд, вобаста ба навъи фаъолият меъёри муқарраршуда доранд.

Дар хотир доштан муҳим аст, ки навъҳои зерини шахсони ҳуқуқӣ аз даромад андозбандӣ намешаванд: муассисаҳо, иттиҳодияҳои динӣ, ташкилотҳои хайриявӣ, байниҳукуматӣ ва байнидавлатӣ (байналмилалӣ)-и ғайритиҷоратӣ.

Чунин муассисаҳо ва ташкилотҳо уҳдадоранд, ки баҳисобгирии ҷудогонаи фаъолияти асосӣ ва соҳибкориро ба роҳ монанд.

Андоз аз даромад инчунин аз пардохтҳои бебозгашт (ройгон)-и ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ, амволи бебозгашт ва грантҳо барои фаъолияти ғайритиҷоратӣ, аъзоҳаққӣ ва хайрияҳо ситонида намешавад.

Андози иҷтимоӣ

Меъёри андози иҷтимоӣ барои ташкилотҳои тиҷоратӣ ва ғайритиҷоратӣ (ба ғайр аз ташкилотҳои буҷетӣ) 20%-ро ташкил медиҳад.

Пардохти ҳадди ниҳоӣ барои соҳибкорони инфиродӣ, ки бар асоси патент амал мекунанд, 150 сомонӣ ва 180 сомонӣ мебошад. Маблағ вобаста ба минтақа аз рӯи коэффисиент фарқ мекунад.

Андоз аз арзиши иловашуда (ААИ)

Аз 1 январи соли 2024 меъёри ААИ барои ҳама намудҳои таҳвили молҳо (корҳо ва хидматҳо) бо ҳисоббаробариҳои нақд ва ғайринақдӣ 14%-ро ташкил медиҳад.

Барои корҳои сохтмон, хидматрасонӣ дар меҳмонхонаҳо ва хӯроки умумӣ ААИ ба 7% ва барои фурӯши маҳсулоти кишоварзии истеҳсоли ватанӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, хидматрасониҳои таълимӣ ва фаъолияти марбут ба хидматрасонии тиббӣ дар осоишгоҳҳо – ба 5% баробар аст.

Имтиёз ва имкониятҳо

Дар асоси принсипҳои ягонагӣ ва бетарафии низоми андоз, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва соҳибкорони ояндаи иҷтимоӣ метавонанд аз механизмҳои умумии ҳавасмандкунии андоз истифода баранд.

Шумо бояд ба реҷаҳои махсуси соддашудаи андоз диққат диҳед:

Низоми андозбандии фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ, ки имрӯз панҷ минтақаро дар бар мегирад: Данғара, Ишкошим, Панҷ, Суғд, Кӯлоб;

Низоми андозбандии шахсони воқеӣ, ки ба фаъолияти соҳибкорӣ бар асоси патент ё шаҳодатнома машғуланд;

Низоми соддашудаи андозбандӣ барои субъектҳои соҳибкории хурд;

Низоми соддашудаи андозбандӣ барои истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ (андози ягона);

Низоми соддашудаи андозбандии фаъолияти инноватсионӣ-технологӣ то 31.12.2026.

Мушкилот ва монеаҳо

Дар муқоиса бо ташкилотҳои тиҷоратӣ, бо як қатор сабабҳо айни замон тартиби бақайдгирии ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ, яъне ташкилотҳои ҷамъиятӣ хеле душвортар аст.

Маҳз созмонҳои ҷамъиятӣ тибқи оиннома ва ваколати худ аксаран бо ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ машғуланд. Ин фаъолият бештар лоиҳавӣ буда, аз маблағгузории мададрасонон (донорҳо) вобаста аст.

Маблағгузорӣ аз ҷониби мададрасонон дар Тоҷикистон сол то сол коҳиш меёбад. Сафи ташкилотҳои ҷамъиятӣ торафт кам шуда, байни зинда мондан (қатъ нашудани фаъолият) ва кӯмак ба табақаҳои осебпазири аҳолӣ боқӣ мемонанд.

Аз ин рӯ, муҳим аст, ки ба гузариши бахши ғайритиҷоратӣ ба устувории молиявӣ тавассути дастгирии соҳибкории иҷтимоӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир шавад.

Аммо иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ фаъолияти соҳибкориро танҳо тавассути таъсиси ташкилоти тиҷоратӣ ва равона кардани маблағҳои бадастомада барои ноил шудан ба ҳадафҳо ва вазифаҳои оинномавӣ пеш бурда метавонанд:

Иттиҳодияҳои шахсони ҳуқуқӣ бояд ҷамъияти хоҷагидорӣ таъсис диҳанд;

Фондҳо метавонанд танҳо фаъолиятеро пеш баранд, ки “барои ноил шудан ба ҳадафҳои аз ҷиҳати иҷтимоӣ муфид заруранд”;

Муассисаҳо ҳангоми бақайдгирӣ бояд имконияти пешбурди фаъолияти соҳибкориро нишон диҳанд ва даромади бадастомадаро аз соҳибкории иҷтимоӣ (СИ) дар тавозуни алоҳида ба ҳисоб гиранд;

Кооперативҳои ғайритиҷоратӣ (КҒТ) бояд пеш аз ҳама ба аъзои худ хидмат расонанд.

Намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва давлатии машғул ба соҳибкории иҷтимоӣ зикр мекунанд, ки дар муқоиса бо бақайдгирӣ, масъалаи андозбандӣ душвортар аст.

“Мо бо намояндагони мақомоти андоз бештар мушкилот дорем. Онҳо намефаҳманд, ки одамони ниёзманд ба кумак ва дастгирии итҷтимоӣ ҳастанд, ҳарчанд дастгирии чунин гурӯҳи аҳолӣ вазифаи асосии давлат мебошад.

Масалан, мо кӯдакистоне дорем, ки кӯдакони оилаҳои осебпазир ба он бепул мераванд. Мо инчунин мекӯшем, ки ба волидони онҳо тавассути пешниҳоди кор ёрӣ расонем.

Чанде пеш корманди мақомоти андоз мехост андозҳои кӯдакро аз маоши модараш ситонад. Ин зан ҳамроҳи мо кор мекунад. Мо гуфтем, ки ӯ имтиёзҳо дошта, ба пардохт имкон надорад. Аммо ӯ парвое надорад”,- мегӯяд Мавҷуда Ҳакимова, муассиси ТҶ “Мӯниси дил”.

Тибқи маълумоти муҳокимаи 26 феврали соли 2024 дар вохӯрии иттилоотии ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ дар мавзӯи “Рушди соҳибкории иҷтимоӣ дар ҶТ” мушкилоти зерин зикр шудаанд: нигоҳдории андозҳо аз пули лоиҳа ва баҳисобгирии грантҳо ҳамчун фоида, душвории пешбурди тавозуни ҷудогона, андозҳои баланд, таъсиси маҷбурии корхонаи фаръӣ, саводнокии пасти касбии нозирони Кумитаи андоз дар маҳалҳо ва ғайра.

“Мо аз лоиҳаи қонун умеди калон дорем ва натанҳо мақоми дар сатҳи қонунгузорӣ тасдиқшудаи худ, балки низоми бештар соддашудаи бақайдгирӣ, андозбандӣ ва ҳисоботдиҳиро интизорем, то ки дар дастгирии ҷомеаи худ саҳми боз ҳам бештар гузорем”, – мегӯяд Мавҷуда Ҳакимова.

Тоҷикистон ба қонуни нав ниёз дорад

Аввалин музокираҳои ҷамъиятӣ атрофи лоиҳаи Қонун “Дар бораи соҳибкории иҷтимоӣ” бо иштироки намояндагони мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва байналмилалӣ 7 март баргузор шуд.

Лоиҳаи қонунро Раиси Кумитаи тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амнияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Шоҳмурод муаррифӣ намуд.

Зимни баррасӣ ба масъалаҳои марбут ба соҳибкории иҷтимоии ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ, дарёфти мақоми соҳибкори иҷтимоӣ ё корхонаи иҷтимоӣ, тартиб додани феҳрист, имтиёзҳо, навъҳои дастгирӣ аз ҷониби давлат, мақомоти ваколатдор ва ғайра таваҷҷуҳи хосса зоҳир шуд.

Бо назардошти аҳаммияти соҳибкории иҷтимоӣ барои ташкилотҳои ҷамъиятӣ, Рустам Шоҳмурод изҳор дошт, ки: “Гурӯҳи корӣ пешниҳод мекунад, ки дар лоиҳаи қонун иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва давлатӣ ба субъектҳои соҳибкории иҷтимоӣ дохил карда шаванд. Дар таҷрибаи ҷаҳонӣ ин навоварӣ аст, ки ҳоло дар ягон кишвар вуҷуд надорад. Мо пешбинӣ кардем, ки барои ташкилотҳои ҷамъиятӣ ҳеҷ чизи иловагӣ лозим нест, кофист, ки онҳо онро дар оинномаҳои худ муқаррар кунанд ва ба меъёрҳо ҷавобгӯ бошанд. Лоиҳаи қонун метавонад ба ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар пешбурди соҳибкории иҷтимоӣ ба таври қонунӣ кумак кунад. Аммо рӯйи масъалаи андозбандӣ ҳоло ҳам  корҳо дар пешанд”.

Ёдрас мекунем, ки 2 октябри соли 2023 бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи лоиҳаи Қонуни ҶТ “Дар бораи соҳибкории иҷтимоӣ”таъсис дода шуд.

Роҳбари гурӯҳи корӣ раиси Комиссияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба назорати дастур ва ташкили кор Муртазозода Ҷамшед Саидалӣ таъин шуда, ҳамоҳангсозӣ аз ҷониби ҷомеаи шаҳрвандӣ ба уҳдаи ТҶ “Бюрои ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният” вогузор шуд. Кор тақрибан 5 моҳ идома ёфт.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь