Дар шароити муҳити зуд тағирёбанда, ҷаҳонишавӣ ва рушди технологияҳои рақамӣ, бо мақсади қонеъ гардонидани интизориҳои баланди мизоҷон, ҶСК “Бонки Эсхата” дар бораи тағирёбии рақамӣ ва ҷорӣ намудани муносибати ба мизоҷон нигаронидашуда дар самти пешниҳоди хизматрасониҳо, ки аз бонк дигаргунии равандҳои фаъолият ва равишҳои корро талаб мекунад, қарор қабул кардааст.

Имрӯз, мизоҷон суръат ва сифати хизматрасониҳоро интизор ҳастанд ва ин гуна талабот бо суръат афзоиш меёбад. Сатҳи баланди хизматрасонӣ он чизест, ки мо дар якҷоягӣ таҳти рисолати нави бонк дар амал татбиқ менамоем. “Фароҳам овардани имкониятҳо баҳри рушд!” – ин аст рисолати нави бонк.

Бале, Бонки Эсхата рисолат, арзишҳо ва консепсияи нави мавқеъ гузориро қабул кард. Ин маънои онро дорад, ки бонк доираи фаъолияташро васеъ карда истодааст ва дар ин робита, рисолати бонк маънои нави муҳимро пайдо намуд.

Агар ба таърихи пайдоиши бонк назар кунем, саволе ба миён меояд, ки бо чи мақсад бонк таъсис ёфта буд?

Зиёда аз 26 сол пеш, Бонки Эсхата таҳти рисолати қаблан эҷодкардаи худ амал мекард: “Кумак расонидан ба рушди иқтисодии давлат тавассути дастгирии тиҷорати хурду миёна бо мақсади баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон”. Дар тӯли ин солҳо, даҳҳо ҳазор соҳибкорон бо Бонки Эсхата рушди тиҷоратро ба роҳ мондаанд.  Аммо, вақти он расидааст, ки тағиротҳоро ҷорӣ намуда, фаъолияти Бонки Эсхатаро ба самти рақамисозӣ нигаронем, ки маънояш мусоидат ба марҳилаи нави рушди мизоҷони мо ва саҳмгузорӣ дар шукуфоии кишвар аст.

Пас чаро ба мо тағирот лозим аст?

Мо бо мақсади фароҳам овардани тамоми шароити зарурӣ ва имкониятҳои бештар барои рушду шукуфоии минбаъдаи мизоҷони худ, бо истифода аз доираи васеи хизматрасониҳои молиявии анъанавӣ ва инноватсионие, ки дар соҳаи бонкӣ мавҷуданд, тағир меёбем.

Мо ба мизоҷони худ ҳамкории муфидро дар оғоз ва пешрафти фаъолият пешкаш мекунем ва барои фароҳам овардани имкониятҳои иловагии тиҷоратӣ омодаем. Барои ин, ба назар гирифтани эҳтиёҷоти мавҷуда барои мо кофӣ нест, мо ният дорем, ки ниёзҳои навро баррасӣ кунем.

Стратегияи корпоративии бонк дар асоси Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  асос ёфтааст.

Барои ин, яке аз самтҳои муҳими бонк ин баланд бардоштани сифати хизматрасонии мизоҷон тавассути истифодаи стандартҳо ва усулҳои нави хизматрасонӣ мебошад. Бо назардошти ин, Бонк ба нақша гирифтааст, ки бо истифода аз се шабакаи асосии фурӯш: филиалҳо, бонки мобилӣ ва маркази тамос бо истифода аз  равзанаи ягона хизматрасониро барои шахсони воқеӣ ҷорӣ намояд.

Дар алоҳидагӣ сегменти тиҷоратро қайд карданием. Бонк нақша дорад, ки дар самтипешниҳоди нави хизматрасонӣ ба мизоҷони бахшҳои тиҷоратӣ, аз ҷумла тиҷорати хурду миёна ва тиҷорати корпоративӣ, ки ба рушд ва таҳкими муносибатҳои мутақобилан судманд такон мебахшанд ва инчунин ба афзоиши иқтисоди миллӣ мусоидат хоҳад кард, фаъолиятро пурзӯр намояд.

Дар оянда мизоҷоне, ки ба бонк муроҷиат мекунанд, новобаста аз намуди хизматрасонии бонкӣ аз ҷониби як мутахассис хизмат расонида мешавад, ё ин ки мизоҷ метавонад бо истифода аз имкониятҳои мобилӣ усули худхизматрасониро интихоб мекунад. Ҳамаи ин ба таври назаррас вақти мизоҷро сарфа намуда, суръат ва сифати хизматрасониро баланд мебардорад. Бозомӯзии мутахассисони бонк барои табдил додани мутахассиси бонкӣ ба мутаахассиси гуногун самти бонкӣ ва ҷорӣ намудани технологияҳои пешрафта ба мо имконият медиҳад, ки гузаришро аз хизматрасонии ба маҳсулот нигаронидашуда ба хизматрасонии ба мизоҷ нигаронидашударо ҷорӣ кунем.

Барои мо чӣ муҳим аст?

Рисолат ҳадафи асосии бонкро дар бар мегирад ва дар идоракунии стратегӣ нақши назаррас дорад. Ҳангоми таҳияи рисолат, мо пеш аз ҳама арзишҳоямонро тавсиф мекунем, ки бо ёрии онҳо ба ҳадафи асосии худ ноил мешавем, яъне:

  1. Ғамхорӣ ва таваҷҷӯҳ
  2. Бовиҷдонӣ ва касбият
  3. Эҳтиром
  4. Навоварӣ
  5. Эътимоднокӣ

Дар баробари рисолат, арзишҳои бонк низ омили муҳимтарини рушди минбаъда мебошанд, ки ба шарофати он мо диққати худро барои ноил шудан ба ҳадафҳои стратегии худ равона мекунем.

«Мо дар замони тағирёбӣ зиндагӣ мекунем, ки тағирот қисми ҷудонашавандаи ҳаёти мост. Бо қабули рисолат ва арзишҳои нав, мо онро ҳамчун дастури нави амал, баҳри беҳтар шудан қабул мекунем.

Бо риояи ин дигаргуниҳо, мо раванди рушди бонкро, ки ба амалҳо ва технологияҳои инноватсионӣ нигаронида шудааст, дар амал татбиқ мегардонем. Инчунин беҳтарин пешниҳодҳои ҳавасмандгардонии мизоҷонро тариқи хизматрасониҳо ва маҳсулотҳои бонкӣ ба роҳ мемонем.

Мо баҳри беҳбудӣ кӯшиш намуда, ба мизоҷону шарикони худ ғамхориву таваҷҷуҳ зоҳир менамоем. Иззату эҳтироми ҳамдигар байни ҳамкорон ва кормандон новобаста аз вазифа барои мо бениҳоят муҳим аст.  Мо барои рушди касбии кормандони худ шароити мусоид фароҳам меорем. Мо барои мувофиқа намудани фаъолияти худ бо таҷрибаи пешқадами бонкӣ ва меъёрҳою талаботҳои милливу танзимкунанда вазифадор мебошем. Ростқавлӣ, шаффофият, касбият ва эътимоднокӣ дар кори мо ёрон содиқи мо боқӣ хоҳанд монд” – иброз дошт Райнер Мюллер-Ҳанке, Раиси Раёсати Бонки Эсхата.

Таҳти кадом шиор мо минбаъд брендро пешбарӣ мекунем?

Акнун Бонки Эсхата мавқеъи худро дар бозори молиявии кишвар таҳти шиори “Бо ҳам ба сӯи комёбиҳо!” пешбарӣ менамояд, ки ба ҷои шиори “Мо наздиктар мешавем!” қабул шудааст ва мо гуфта метавонем, ки шиори нави бонк имрӯз аҳамияти худро пайдо карда истодааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь