Мақомоти Тоҷикистон бо яке аз муаммоҳои асосии иҷтимоию иқтисодии кишвар – бекорӣ фаъолона мубориза мебаранд ва нишондиҳандаҳои оморӣ аз самаранокии чунин сиёсат шаҳодат медиҳанд: дар соли 2023 шумораи бекорони расман ба қайд гирифташуда дар ҷумҳурӣ нисбат ба соли гузашта қариб 10 фоиз коҳиш ёфтааст. Ба чунин тағйироти мусбӣ ҳузури фаъолонаи ширкатҳои нави Русия дар бозори Тоҷикистон мусоидат мекунад.

Имрӯз дар Тоҷикистон 330 корхона бо сармояи Русия фаъолият мебаранд. Аксари онҳо солҳои тӯлонӣ бомуваффақият фаъолият карда, як ҷузъи ҷудонашавандаи бозори Тоҷикистон гардидаанд: масалан, ширкати телекоммуникатсионии «МегаФон Тоҷикистон» – яке аз бузургтарин операторони мобилии рушдёбанда дар кишвар, ё ширкати «Газпромнефт Тоҷикистон», ки дар ҷумҳурӣ шабакаи калони истгоҳҳои сӯзишвориро ташкил кардааст. Таваҷҷӯҳи махсуси соҳибкорони рус ба Тоҷикистон дар пасманзари таҳримҳо ба вуҷуд омад ва соли 2022 дар бозори Тоҷикистон теъдоди зиёди ширкатҳои нави Русия пайдо шуданд, аз ҷумла ширкатҳои логистикии «ПЕК» ва «Грузовичкоф, тарабхонаи зудхӯроки «Додо Питса», филиалҳои нави озмоишгоҳҳои тиббии “Гомотест” ва ғайраҳо.

Маскав ба сохтмони НБО  “Сангтӯда” 16 миллиард рубл сармоягузорӣ кардааст,  инчунин лоиҳаи Фонди субот ва рушди Авруосиёро оид ба барқарорсозии НБО Норак ба маблағи 40 миллион доллар (таҳвили автотрансформаторҳо) амалӣ мегардонад. Тоҷикистон масъалаи ҷалби Русия ба бунёди нерӯгоҳҳои хурди барқи обиро баррасӣ менамояд, ки ин махсусан барои ноҳияҳои кӯҳистони Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳим аст (дар Русия аллакай 1330 адад чунин нерӯгоҳҳо амал мекунанд). Илова бар ин, Бонки рушди Авруосиё дар айни замон масъалаи маблағгузории бузургтарин нерӯгоҳи барқи обии кишвар – Роғунро баррасӣ мекунад.

Ин ба Тоҷикистон чӣ медиҳад?

«Бо кушода шудани шумораи зиёди корхонаҳои хурду миёнаи Русия дар Тоҷикистон метавон вазифаи муҳим – таъсис додани ҷойҳои нави корӣ ва мушкилоти бекориро ҳал кард, дар натиҷа сатҳи зиндагии мардуми кишвар боло рафта, амнияти озуқаворӣ таъмин карда мешавад”, – қайд мекунад коршиноси масоили Осиёи Марказӣ, сармуҳаррири маҷаллаи тиҷоратии тоҷикии “Иқтисодчӣ” Фаридун Усмонов. – “Бешубҳа, бо фаъолона ворид шудани ширкатҳои русӣ ба бозори Тоҷикистон кишвари мо имкон пайдо мекунад, ки як қатор вазифаҳои дигари стратегии худро ҳал кунад, пеш аз ҳама, таъмини амнияти энергетикӣ тавассути иштироки ширкатҳои русӣ дар сохтмони нерӯгоҳҳои нави барқи обӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ».

Дар оғози соли 2023 дар рӯзномаи равобити тиҷоративу иқтисодии Русияву Тоҷикистон вазифаи табдили ин робитаҳо ба сармоягузорӣ ва роҳандозии лоиҳаҳои ҳамкориҳои саноатӣ ба миён омад. Дар ин бора раиси Вазорати рушди иқтисоди Федератсияи Русия Максим Решетников ва мақомоти Тоҷикистон мулоқот карданд. Сафири Русия дар Душанбе Семён Григорьев қайд кард, ки сохтори иқтисодиёти Русия солҳои охир тағйир ёфта, миқдори зиёди маблағе, ки бояд ба ҷое сармоягузорӣ карда шавад, ба вуҷуд омадааст. «Мо бори дигар итминон ҳосил кардем, ки дар шароити нооромиҳои геополитикӣ ва ташаккули воқеиятҳои нави таърихӣ робитаҳои чандинасраи Русия ва Тоҷикистон ба «бӯҳронҳои» сиёсӣ тобеъ нестанд”, – таъкид намуд дипломат.

Тоҷикистон ва Русия харитаи роҳ доир ба барқарорсозии ҳамкориҳои саноатӣ ва бунёди паркҳои технологиро имзо карданд. Паркҳои технологӣ дар заминаи собиқ корхонаҳои шӯравии дар қаламрави Тоҷикистон амалкунанда таъсис дода мешаванд.

Дар охири соли гузашта муовини вазири иқтисоди Тоҷикистон Нуриддинзод Аҳлиддин ширкатҳои русиро барои иштирок дар 100 лоиҳаҳои ояндадор дар Тоҷикистон даъват карда буд, то ин ки ба корхонаҳои саноати маъдани кӯҳӣ, хӯрокворӣ ва сабук, соҳаи хизматрасонӣ, хоҷагии қишлоқ ва истеҳсолоти  баландтехнологӣ маблағгузорӣ кунанд. Ва ин таклиф ҷавоби хуб гирифт. Масалан, дар соли 2023–2024 дар Тоҷикистон бо маблағгузории Русия 3 лоиҳаи ояндадори сармоягузорӣ амалӣ карда мешавад: маркази суръатбахшии электронҳо барои коркарди фитосанитарӣ, коркарди мева бо мақсади истеҳсоли пектин (иловакунанда ба маҳсулоти қаннодӣ) ва бунёди иқтидори истеҳсолӣ барои истеҳсоли пойафзол дар Хуҷанд. Русия ҳамчунин ба корхонаи нави «Текстилимпекс», ки аз ҷониби соҳибкорони Хуҷанд Замира ва Юсуфбек Раҷабовҳо таъсис дода шудааст, таҷҳизоти замонавӣ дастрас намуд. Масоҳати умумии корхона тақрибан 1 гектарро ташкил медиҳад. «Текстилимпекс» дар истеҳсоли матоъҳои махмалӣ тахассус дорад, иқтидори он  400–600 метри квадратиро дар як шабонарӯзро ташкил медиҳад.

Илова бар ин, Русия ва Тоҷикистон масъалаи дар қаламрави Минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ» таъсис додани истеҳсоли муштараки коргоҳҳои сайёри таъмири мошинҳои тамғаи русии «Промавто»-ро (Нижний Новгород) дар заминаи мошинҳои маъруфи русии ГАЗ, КАМАЗ ва «Урал» баррасӣ мекунанд. Инчунин байни ширкатҳои бузурги Русия, Шӯрои тиҷоратии Русияву Тоҷикистон ва минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон «Кӯлоб» ва «Суғд» боз 3 ёддошти ҳусни тафоҳум ва ҳамкорӣ ба имзо расидааст.

Имрӯз дар Тоҷикистон 30 лоиҳаҳои бузурги Русия ба маблағи 640 миллиард рубл амалӣ гардонида шуда, ҳаҷми сармоягузории Русия беш аз 130 миллиард рублро ташкил медиҳад, ин беш аз 16 фоизи ҳаҷми умумии сармоягузорӣ ба Тоҷикистонро ташкил медиҳад.

Ба андешаи коршинос Фаридун Усмонов: – «Барои Тоҷикистон бозори Русия аз нигоҳи фурӯши маҳсулоти дар кишвари мо истеҳсолшуда хеле муҳим аст, Бешубҳа, ширкатҳои русӣ метавонанд дар ин кор нақши бузурге бозанд: онҳо метавонанд дар Тоҷикистон истеҳсоли маҳсулоти барои бозори Русия заруриро ба роҳ монда, сипас онро ба Русия содир кунанд. Инчунин бояд қайд кард, ки аҳамияти технологияҳои нав ва истифодаи нармафзорҳои гуногун сол аз сол  ба таври назаррас меафзояд. Маълум аст, ки ширкатҳои русӣ дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ хеле фаъоланд ва доираи васеи хидматрасониҳоро пешниҳод мекунанд. Бешубҳа, таҷрибае, ки IT-ширкатҳои Русия доранд, метавонад дар рушди ин соҳа ва бунёди инфрасохтори зарурӣ барои таъмини минбаъдаи амнияти рақамӣ дар кишвари мо кӯмак расонад».

Дурнамо ва мушкилоти соҳибкорони Русия дар Тоҷикистон чӣ гуна аст?

«Имрӯз дар Тоҷикистон қариб ҳама соҳаҳо озоданд ва барои ба роҳ мондани тиҷорат, кушодани корхонаҳои нав, роҳандозии истеҳсолот дар бахшҳои гуногуни иқтисодиёт заминаҳои калон мавҷуданд”, – мегӯяд коршинос Фаридун Усмонов. – “Саволи дигар ин аст, ки дар шароити имрӯза барои ширкатҳои русӣ, ки ният доранд дар Тоҷикистон фаъолияти худро ба роҳ монанд, чӣ лозим ва зарур аст. Зеро ҳавасмандкунии онҳо аз ҳавасмандкунии сармоягузорони дигар, бахусус сармоягузорони тоҷик, ки мехоҳанд тиҷорати нав оғоз кунанд, ба таври назаррас фарқ мекунад. Барои соҳибкорони рус нишонаи асосии ҳавасмандкунӣ – оғози зуд ва гузариш ба раванди истеҳсолот, дастрасии озод ба таҷҳизоти истеҳсолӣ ва қисмҳои он мебошад, то ин ки имкони бароҳат пеш бурдани тиҷорати худро дошта бошанд.

Дар баробари ин, барои он ки соҳибкорони рус дар Тоҷикистон имкони гузаштан ба раванди истеҳсолот ва марҳилаи гирифтани маҳсулоти ниҳоиро дошта бошанд, бояд чанд монеаҳои ҷиддии ҳанӯзам дар кишвар мавҷудбуда аз байн бурда шаванд, эҳтимолан барои сармоягузорони рус низ. Сухан, пеш аз ҳама, дар бораи дастрасӣ ба маблағҳо  меравад – муҳим аст, ки дар Тоҷикистон  як ниҳоди молиявии Русия амал кунад, яъне филиали яке аз сохторҳои бонкии Русия кушода шавад, ки шумораи онҳо дар Русия имрӯз беш аз 1 ҳазор ададро ташкил медиҳанд. Набудани дастгирӣ ва абзорҳо барои интиқоли пул байни Тоҷикистону Русия, набудани хати қарзӣ барои ширкатҳои русие, ки дар қаламрави Тоҷикистон фаъолият мекунанд, имрӯз вуруди фаъоли соҳибкорони русро ба кишвари мо ба таври ҷиддӣ суст мекунад (бозмедорад). Ва ин дар ҳолест, ки ширкатҳои русӣ имрӯз барои ворид шудан ба бозорҳои кишварҳои ҳамсоя, пеш аз ҳама кишварҳои Осиёи Марказӣ, ҳавасмандии калон доранд.

Мо шоҳиди он ҳастем, ки чӣ тавр Намояндагии тиҷоратии Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шӯрои тиҷоратии Русияву Тоҷикистон ва намояндагии Маркази содиротии Русия соҳибкорони русро барои ворид шудан ба бозори Тоҷикистон фаъолона дастгирӣ мекунанд. Ва тавре мебинем, сарфи назар аз ҳама мушкилотҳо ва мавҷуд будани монеаҳои бузург барои оғози тиҷорат дар кишвари мо, пас аз пандемия дар 2 соли охир дар Тоҷикистон даҳҳо корхонаҳои нав бо иштирок ва сармоягузории Русия ба кор даромаданд».

Ҳамасола ба намояндагии тиҷоратии Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 600 дархост барои ҳамкорӣ аз соҳибкорони Русия ворид мегардад

Ҳамгироӣ барои рушди иқтисодиёт

Илова бар ин, шомилшавӣ ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё низ ба робитаҳои тиҷоратии ду кишвар такони нав бахшида, барои Тоҷикистон ба яке аз калонтарин бозорҳои ҷаҳон роҳ мекушояд ва имкон медиҳад, ки дар долонҳои нақлиётию логистикӣ аз мавқеи муфид истифода барад.

«Тағйироти ҷиддие, ки имрӯз дар низоми ҷаҳонӣ ва муносибатҳои иқтисодии ҷаҳонӣ ба назар мерасад, бешубҳа, дар ояндаи наздик ба вазъи сиёсиву иқтисодии кишвари мо таъсир хоҳад гузошт”, – қайд мекунад коршинос Фаридун Усмонов. – “Вақтҳои охир  аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо ва ИМА кӯшишҳои дубора поён кардани  пардаи оҳанин ва оғоз кардани ҷанги сард бо Русияро  мушоҳида мекунем. Иттиҳоди Аврупо ва ИМА дар пайи амали сохтани нақшаи худ дар асл нисбат ба амнияти низоми глобалии иқтисодӣ беэътиноӣ мекунанд ва саъй доранд, ки ба таври якҷониба қоидаҳои худро ба тамоми ҷаҳон таҳмил диҳанд. Тавре мебинем, кишварҳои ғарбӣ бо роҳи ҷорӣ кардани таҳримҳои дуюмдараҷа кӯшиш мекунанд, ки пеши роҳи ҳар гуна робитаҳои кишварҳои сеюм бо Федератсияи Русияро гирифта, иродаи худро бар сари кишварҳои сеюм таҳмил кунанд. Ин сиёсати солим нест ва пояҳои умумиҷаҳониро вайрон мекунад, зеро ин сиёсати фишор ва диктатураи яктарафа мебошад.

«Нақши Тоҷикистон ҳамчун маркази транзитӣ барои интиқоли борҳо ба бозорҳои Осиёи Ҷанубӣ, Покистон ва Ҳиндустон нигоҳ дошта мешавад. Бешубҳа, рушд додани иқтидори транзитӣ барои на танҳо ҳамлу нақли ҳавоии мусофирон, балки ҳамлу нақли бор тавассути фурудгоҳҳои Тоҷикистон ба кишварҳои сеюм низ муҳим аст. Дар ин масъала ширкатҳои русӣ низ метавонанд иштирок кунанд”. Фаридун Усмонов, коршиноси масоили Осиёи Марказӣ

Дар ин ҳолат барои Тоҷикистон хеле муҳим аст, ки бо кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла бо Русия равобити наздик дошта бошад, то ин ки таъсири манфии тағйиротҳои дар иқтисоди ҷаҳонӣ ба амал омадаро ба таври назаррас кам кунад. Дар мавриди пайвастани Тоҷикистон ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё бояд гуфт, ки тавре дар 2 соли охир мушоҳида кардем, ин созмон ба фишори ҷаҳонӣ ва тағйиротҳои ҷорӣ муқовимат нишон медиҳад. Ва бо дарназардошти он, ки шарикони асосии иқтисодии Тоҷикистон кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё мебошанд, бояд интизор бошем, ки шомилшавӣ ба ин иттиҳод метавонад ба рушди иқтисодии кишвари мо такони ҷиддӣ бахшад».

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь