Ҳанӯз вақте ки повести нахусти Шераки Ориён (Абдурофеъ Рабизода) «Аспи охирин» дар Масква бо теъдоди 100 000 нусха чоп гардида ва якбора ба ҳашт забонҳои асосии олам тарҷума шуда буд, таваҷҷуҳи мутахассисони зиёдро ба худ кашид ва яке аз адибони аввалтози Русия, яъне Анатолий Ким онро қиссаи синамоӣ номид, яъне қиссае, ки ҳама рӯйдодҳояш дидашаванда ва қаҳрамононаш барҷаста. Аз рӯи ҳамин повести Шераки Ориён (Абдурофеъ Рабизода) филми «Дӯстонро намефурӯшанд» ба миён омад, ки онро 28 кишвари олам харидорӣ карду дар кинофестивали Рига ва кинофестивали халқии Иттиҳоди Шӯравӣ ду ҷоизаро мушарраф гардид.

Баъд кинороману кинодрамаҳои дигари Шераки Ориён ба миён омаданд ва аз рӯяшон филмҳо наворгирӣ мешуданд, ба мисли «Марди мутааллиқи ду зан», «Вақте болои шаҳр борон мерехт», «Насл» ва ғайра. Филми «Марди мутааллиқи ду зан» чор ҷоизаи байналхалқиро соҳиб шуд.

Чизи муҳими дигарро бояд таъкид кард: баъди «Қисмати шоир»-и драматург Сотим Улуғзода ва таҳиягар Бенсион Кимёгаров қариб сӣ сол дар «Тоҷикфилм» бо забони тоҷикӣ кино наворгирӣ намешуд ва ҳама бо забони русӣ буд. «Марди мутааллиқи ду зан» ин қонуни нонавиштаро шикаст ва бо забони тоҷикӣ рӯи навор омад ва он ба қалами драматурги кино Шераки Ориён вобаста буд ва ӯ кӯшишҳои зиёд ба харҷ бидод, то наворгирии филмҳо минбаъд бо тоҷикӣ сурат гиранд.

Филми «Афсонаи зиндагӣ», ки аз рӯи кинодрамаи Шераки Ориён офарида шуда буд, дар кинофестивали ЕврАзия академикҳои Академияи кинодраматургии Голливуд «як назари нави фалсафӣ ва тамсилсозӣ дар кинои Осиёи Миёна ва Қазоқистон» номиданд. Дар кинофестивали байналхалқии Шветсария «Vertikal» аз миёни 47 филми кишварҳои ҷаҳон ин филм соҳиби ҷоизаи асосӣ гардид ва кинофестивали «Золотой феникс» онро дар қатори панҷ филми беҳтарин дар намоиши ҷаҳонӣ гузошт.

Филмномаи «Духтари Бухорхудот ва писарони Амири Самарқандӣ ва Қараи бидавӣ» аз хурдсолӣ то салтанатсозии Исмоили Сомониро ва саргузашти пурпеч, вале пурифтихори ӯро ва авлодонашро ва миллати тоҷикро фаро гирифтааст.

Дар драмаи синамоии «Чӯбак» доири чӯбҷанги қадими тоҷик ва дар муборизаҳои шадид ҳам истифода шудани чӯбакҳои набардгарӣ омадааст. Ҳамон чӯбҷанге, ки дар замони Баҳроми Чӯбина машҳур буд ва зумрае бар онанд, ки тахаллуси «Чӯбина»-и ӯ аз ҳамин чӯбҷангҳо бархестаанд. Ва дар драмаи Сотим Улуғзода «Калтакдорони сурх» низ тимсоли ҳамин чӯбакҳои ҷангӣ, яъне калтакҳо омадаанд.

Шераки Ориён дар кинодрамаи худ «Вақте шаҳрситонҳо кушта мешаванд» шоирабонуҳоро офарида чорагар ва ботадбир ва ҳидоятгар ва наҷотгар ва созмондеҳи муқобилият алайҳи рақибони миллат муаррифӣ кард.

Дар драмаҳои таърихии Шераки Ориён қаҳрамонони навиштаҳо ҷузъи ҷудонашавандаи воқеаҳо ҳастанд ва воқеаҳо бошанд як ҷузъи ҷудонашавандаи қаҳрамонҳои тасвиршуда гаштаанд. Муколамаҳо созу пухта ва барои гуфтори ҳунармандони нақшофар созгору мувофиқ…

Дар драмаҳои синамоии дар чанд соли охир офаридаи Шераки Ориён низ, хоса филмҳои «Вазъият» ва «Саргузашти гандум» ҳамин чиз эҳсос мешаванд. Масалан «Вазъият» барои мазмуну муҳтаво ва сохти сюжасозӣ ва ҳунари касбӣ дар кинофестивали байналхалқӣ якбора се ҷоизаро соҳиб шуд.

Шераки Ориён (А. Рабизода) ҳамчунин дар назди «Тоҷикфилм» «Курси драматургӣ»-ро ташкил дод, ки бо тарзи билкул ройгон амал мекард. Ва худаш аз мактабу донишкадаҳо нафарони баистеъдодро ҷамъ оварда драматургияи театру киноро меомӯзонид. Ва ин натиҷаи назаррас ба миён овард. Масалан яке аз шогирди ин курс Музаффари Муҳиддин драмнавис ва таҳиягари театри Конибодом гардид ва ин театрро дар озмуни ҷумҳуриявӣ соҳиби Шоҳҷоиза гардонид, аз Лондон низ бо Шоҳҷоиза баргашт. Баъд Музаффари Муҳиддин «Суғдсинамо»-ро ташкил дод, ки худаш драматурги филмҳо ва ҳам таҳиягари асосиаш шуда ва дар чанд соли охир 12 ҷоизаи байналхалқиро соҳиб гардид. Шогирди дигари курси драмнависони Рабизода, Файзуллои Файзалӣ фақат бо филми «Бачаи обӣ»-аш чор ҷоизаи байналхалқиро ба ҷумҳурӣ овард. Шогирди дигари курси драматургон Рустам Орифӣ бо синамои «Мурча» дар кинофестивали байналхалқии «Филмҳои нахустин» ҷоиза гирифт. Ва ҳамчунин шогирди дигари ин курс Ҳусейни Камолиддин драмаҳои синамоӣ ба миён оварда, аз рӯяш киноҳо офарид ва муваффақ гардид ва дар театри ба номи Лоҳутӣ фаъолият дорад ва ин ҷо драмаҳои театрӣ меофарад.

Ҳамчунин дар курси драматургони худ ба Рабизода муяссар гадид «Аввалин китоби филмномаҳои тоҷик»-ро омодаву чоп кунад, ки 23 драмаҳои синамоии ва театрии ҷавононро дар бар гирифта буд.

Акнун дар муддати навад соли кинои тоҷик аввалин бор аст, маҷмӯи драмаҳои синамоии як муаллиф дар шакли китоби алоҳида ба табъ мерасад. Ва ин дуҷилдаи «Филмномаҳои Шераки Ориён» мебошад. Ва дар онҳо ба ҳам омада драмаҳои арзандаи синамоӣ, бо ғояҳои аҷибу сюжаҳои қавӣ ва банду басти нотакрор.

Вобастаи инҳо дорандаи ҷоизаҳои Русия ва байналхалқӣ Нина Веселова навиштааст, ки драмаҳои синамоии Шераки Ориён «фарогирии азим ва хислатҳои нотакрор доранд. Ва мардум бошанд асари хубро ҳамчу як ҷузъи худ ва моли худ қабул мекунанд…»

Хуллас Шераки Ориён драматурги моҳиру комил ва баистеъдод бошад, ки аз рӯи навиштаҳояш филмҳои диданӣ рӯи навор омадаанд ва боз меоянд. Ва ҳамчунин драмаҳои театрӣ офаридааст бо номи «Оғози умри ҷовид» (доири Абуалӣ Сино, ки онро онро «Телевизиони Тоҷикистон» ба навор гирифта буд) ва боз «Ишқнома» (доири Фирдавсӣ ва ҳамсари ӯ), ки он дар озмуни драмаҳои тетрӣ соҳибҷоиза шуда ва рӯи саҳна низ гузошта шудааст.

Академики Академияи тасвиргарии Русия, кашшофи ду равия дар тасвиргарии ҷаҳон, яъне наворизм (параллелизм) ва танворизм (материализм) ва соҳиби ду мукофоти байналхалқии «Уқоби тилло» Зокир Собир таъкид кардааст:

«Бо ҳарфу сухан ва саҳнаву амалиётҳо офаридаҳои Абдурофеъ Рабизода (Шераки Ориён) амсоли зиндагӣ саршоранд аз муҳаббат, саршоранд аз одамият, саршоранд аз имону ихлос; дар онҳо илҳоме эҳсос мешавад, ки Худованд мефиристад аз осмони баландаш. Мефиристад барои инсонҳои боистеъдод…»

Ва академик Абдуҷаббор Раҳмонзода таъкид кардааст, “драмаҳои синамоии Шераки Ориён басо самимӣ, пур аз одамгарӣ ва бо сюжаи қавӣ, бо хисолҳои аёну барҷаста ва ибратбахшу хотирмон офарида шудаанд. Ва Шераки Ориён насри тоҷик ва ҳамчунин филмномаҳои тоҷикро пур аз меҳру умеду назокату самимият карда тавонистааст, ки ин ҳама аз ботини покиза ва истеъдоди арзанда ва фардияти шоистаи ин эҷодкор гувоҳӣ медиҳад”.

Таҳиягар ва дорандаи панҷ ҷоизаҳои байналхалқӣ Гуландом Муҳаббатова ҳамчунин мутмаин аст «Абдурофеъ кинодраматурги соҳибзавқест, ки асарҳояш ба парвозҳои баланду дур ноил гардидаанд ва дили тамошобини зиёдро тасхир кардаанд. Умедворем, минбаъд ҳам синамогарони тоҷик бо ҳамкории Абдурофеъ Рабизода (Шераки Ориён) филмҳои тозаи дилнишин ба миён меоваранд ва шӯҳрати синамои тоҷикро машҳури олам мегардонанд…»

АТО ҲАМДАМ, Нависандаи халқии Тоҷикистон

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь