Дар Ӯзбекистон тасмим гирифтанд, ки иштироки давлатро дар соҳибкорӣ ва тиҷорат кам карда, ҷой ба бахши хусусӣ диҳанд. Таҷрибаи мамлакатҳои пешрафта нишон медиҳад, ки монополияҳои давлатӣ дар ниҳояти кор сабабгори сустшавии иқтисодиёт мегарданд.
Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба ваъдаҳои худ, ки моҳи декабри соли 2016, дарҳол баъди ба қудрат расиданаш дода буд: наздикшавӣ бо ҳамсояҳо, таҳкими муносибатҳо бо кишварҳои минтақаҳои дигари ҷаҳон, либерализатсияи иқтисод ва ислоҳот дар идораи давлатӣ содиқ мемонад.
Агар дар иҷрои ду вазифаи аввал ягон мушкилии хос вуҷуд надошта бошад, пас барои ноил шудан ба авлавияти сеюм кӯшиши зиёд ба харҷ дода, ислоҳоти қадам ба қадами тамоми системаро гузарондан лозим буд, ки дар замони президенти пешина ғайриимкон ба назар мерасид.
Ташаббуси навбатии раисиҷумҳур дар самти идомаи роҳи пешгирифта лоиҳаи фармон «Дар бораи Стратегияи рушди Ӯзбекистон барои солҳои 2022-2026» буд, ки ҳоло мавриди баррасӣ қарор дорад.
Дар лоиҳаи ҳуҷҷат, дар баробари дигар тағйиру иловаҳои ҳаёти иҷтимоию иктисодии кишвар, тадбирҳои мушаххас оид ба озод кардани иқтисод аз монополияҳо пешбинӣ шудаанд.
Президенти зиддимонополӣ
Тӯли ҳукмронии Ислом Каримов Ӯзбекистон дар фазои пасошӯравӣ яке аз давлатҳое аз ҳама монополиявӣ боқӣ мемонд. Қариб тамоми бозорҳои асосии молу хизматрасониҳо зери монополияи истисноии давлатӣ қарор доштанд.
Айни замон, тибқи маълумоти Кумитаи зиддиинҳисории Ҷумҳурии Ӯзбекистон, дар Феҳристи давлатии субъектҳои монополияҳои табиӣ 129 субъекти соҳибкорӣ мавҷуд аст.
Монополияи табиӣ ҳолати бозор аст, ки ҳангоми он, бинобар хусусиятҳои технологии истеҳсолот, қонеъ гардонидани талабот дар шароити берақобатӣ самаровартар аст. Манфиати монополияи табиӣ дар зиёд кардани пешкаши молу хизматрасониҳояш аст. Ба фарқ аз монополияи сунъӣ, ки метавонад истеҳсоли молашро кам карда, нархашро бардорад.
Дар лоиҳаи фармон “Дар бораи Стратегияи рушди Ӯзбекистон барои солҳои 2022-2026” тадриҷан аз байн бурдани монополияҳо бо иштироки давлат дар 25 навъи фаъолиятҳои соҳибкорӣ супориш дода шудааст.
Ин дар санад бо “кам кардани дахолати давлат ба иқтисод ва фароҳам овардани имконоти васеъ барои бахши хусусӣ” шарҳ дода мешавад.
Аллакай имсол дар 14 намуди фаъолият, аз ҷумла хизматрасонии таъмини аҳолӣ ва объектҳои иҷтимоӣ бо гази моеъ, инчунин хадамоти сертификатсия бо иштироки корхонаҳои давлатӣ, монополия бекор карда мешавад.
Дар солҳои 2023-2025 барҳам додани монополияҳои давлатӣ дар 11 намуди фаъолият дар назар аст. Ба чунин фаъолиятҳо дар лоиҳаи қарор нигоҳдории маҳсулоти нафтӣ, хизматрасониҳои иловагӣ дар соҳаи ҳамлу нақл тариқи роҳи оҳан, истифодаи фурудгоҳҳо ва вокзалҳои роҳи оҳан, ҷамъоварӣ, ҳамлу нақл ва коркарди партовҳои дурушти маишӣ ва хизматрасонии экспедиторӣ дар роҳи оҳан нисбат дода мешаванд.
Дар лоиҳаи фармон ҳамчунин ба дигар тадбирҳо ишора шудааст, ки ба коҳиши иштироки давлат дар иқтисоди кишвар ва васеъ кардани ҳузури соҳибкорони хусусӣ равона шудаанд.
Масалан, супориш шудааст, ки дар панҷ соли наздик ҳиссаи назоратӣ дар ҳамаи бонкҳои тиҷоратии мамлакат ба дасти бахши хусусӣ гузаронда шавад. Саҳми давлат дар бонкҳо набояд аз 40% зиёд бошад.
Монополияи давлатӣ дар Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои монополияи табиӣ нисбат ба Ӯзбекистон 4 маротиба камтар аст, вале бояд ба назар гирифт, ки иқтисоди Ӯзбекистон нисбат ба Тоҷикистон 8 маротиба калонтар аст (ММД-и Тоҷикистон дар соли 2020 – 7,3 млрд. Ӯзбекистон – 57,6 млрд доллар).
Феҳристи субъектҳои монополияи табиии Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон айни замон 30 корхонаро дар бар мегирад, ки дар бахшу бозорҳои зери монополияи давлатӣ фаъолият мекунанд (барқ, обтаъминкунӣ, хизматрасонии ҳавопаймоӣ ва роҳи оҳан, почта ва ғайра).
Аз қонун «Дар бораи монополияҳои табиӣ»:
-монополияи табиӣ – ҳолати бозори мол (кор, хизматрасонӣ), ки ҳангоми он ташкил кардани шароити рақобатнок барои қонеъ гардонидани талабот ба намудҳои муайяни молҳо (корҳо, хизматрасониҳо) ғайриимкон аст ё ин амал бо назардошти хусусиятҳои хоси технологии истеҳсолот (бинобар хеле кам шудани хароҷот ба воҳиди мол вобаста ба афзоиши ҳаҷми истеҳсолот) аз нигоҳи иқтисодӣ матлуб намебошад;
Дар номгӯи монополистҳои табиӣ панҷ корхонаи воҳиди давлатӣ ҳузур доранд: КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон», КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ», КВД «Обу корези Душанбе», КВД «Почтаи Тоҷикистон» ва КВД «Обу корези Хуҷанд».
Аксарияти мутлақи монополияҳои табииро ҷамъиятҳои гуногуни саҳҳомӣ бо саҳми давлатӣ, аз қабили ҶСК «Барқи тоҷик» ва воҳидҳои собиқи он ҶСК «Шабакаҳои интиқоли барқ» ва ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқ», ҷамъиятҳои сершумори саҳҳомии кушода, ки дар бозори нақлиёти ҳавоӣ фаъолият доранд, ҶСК «Тоҷиктрансгаз» ва воҳидҳои минтақавии он, ҶСК «Нафту газ» ва ғайра ташкил медиҳанд.
Дар охири соли гузашта ба Қонун «Дар бораи монополияҳои табиӣ» тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд, ки ба нашри саривақтии маълумот дар бораи тарифҳои нави молҳо (кору хизматрасониҳо) дар сомонаҳои интернетии муассисаҳои монополияҳои табиӣ равона шудаанд.
Ин тағйиру иловаҳо талаботи қонун дар бораи пахши маълумот дар расонаҳои чопиро на дертар аз се рӯз пеш, дар мавриди гузарондани муҳокимаҳои оммавӣ пурра хоҳад кард.
«Муҳокимаи оммавӣ дар мӯҳлати на дертар аз даҳ рӯзи пеш аз санаи қабули қарори ниҳоӣ оид ба тасдиқи тарифҳо барои молҳои (корҳои, хизматрасониҳои) субъекти монополияи табиӣ гузаронида мешавад», – гуфта мешавад дар қонун.
Аммо бисёриҳо бар ин назаранд, ки ин талабот танҳо як расмият аст, зеро аксари монополистҳо ҳатто тарофаҳои ҷориро дар сомонаҳои худ ҷой намедиҳанд ва лентаҳои хабарӣ дар сомонаҳои ин ниҳодҳо моҳҳо боз нав карда намешаванд.
Дар Тоҷикистон ҳамчунин “Феҳристи субъектҳои хоҷагидоре, ки дар бозори мол мавқеи ҳукумфармо ва инҳисорӣ доранд”, ки 96 корхонаро фаро мегирад, вуҷуд дорад. Мутобиқи қонунгузории зиддиинҳисории кишвар, субъекти хоҷагидор дар он сурат бартаридошта эътироф мешавад, ки дар бозори маҳсулоти муайян на камтар аз 35 фоизро ишғол намояд. Инчунин, се субъект, ки ҳиссаи умумии онҳо дар бозор на камтар аз 50% ё панҷ субъект, ки ҳиссаи муштаракашон на камтар аз 70% аст, ҳукмфармо дониста мешаванд.
Ҳама гуна афзоиш ё поинравии тарофаҳои хидматрасонии ширкатҳо, ки дар бозори мушаххас ҳукмронӣ мекунанд, бояд нахуст бо Хадамоти зиддиинҳисорӣ мувофиқат карда шавад. Қонунгузорӣ ба тарифу нархҳои монополии баланд ва ҳам монополии паст иҷозати вуҷуд намедиҳад.
Монополияи давлатӣ – тормози рушд?
Аз ғайриимкон будани сохтмони иқтисоди бозаргонӣ бе усулҳои танзими зиддиинҳисорӣ ҷиҳате низ шаҳодат медиҳад, ки дар мамлакатҳои тараққикардаи капиталистӣ ҳанӯз дар охири асри 19 аввалин қонунҳои зиддиинҳисорӣ қабул шуда буданд. Нахустин қонунҳое, ки ба ҳифзи рақобати озод (бар зидди рақобати ноодилона) дар савдо равона буданд, соли 1890 дар ИМА (қонуни Шерман), дар Британияи Кабир солҳои 1883, 1887 (қонунҳо дар бораи тамғаҳои корхона ва молӣ), дар Олмон соли 1896 (қонун бар зидди рақобати ноодилона) қабул шудаанд. Масалан, тибқи қонуни Шерман, ҳама гуна иттиҳодияҳо ва созишҳое, ки ба маҳдуд кардани истеҳсолот ва тиҷорат нигаронида шудаанд, ғайриқонунӣ эътироф мешуданд.
Қонунгузории зиддиинҳисорӣ дар ҳама кишварҳое, ки иқтисоди бозаргонӣ амал мекунад, яке аз фишангҳои асосии таъсир ба равандҳои монополиякунонӣ ва рақобат мебошад. Давлат бо истифода аз ин қонунҳо танзими ҳуқуқӣ ва маъмурии монополияҳоро амалӣ менамояд, барои рушди рақобат шароит фароҳам меорад.
– Таҳқиқотҳои назариявӣ ва таҷрибаи чандинсола нишон доданд, ки роҳбарияте, ки ихтиёри тасмимгирӣ дорад, бояд ҳам барои муваффақияти корхонаҳо ва ҳам барои нокомии онҳо пурра ҷавобгар бошанд, – мегӯяд иқтисодшинос Беҳзод Ҳошимов. – Дар ширкатҳои хусусӣ саҳмдорон ва соҳибмулкон ба гирифтани фоида хеле манфиатдоранд ва мувофиқан онҳо ҳама корро мекунанд, ки тавассути ҳавасмандкунии роҳбарият ва кормандон ба ин ноил шаванд. Дар аксари ширкатҳои тиҷоратӣ, подоши моддии роҳбарон мустақиман аз нархи корхона дар бозор вобаста аст – ба ин васила роҳбарият водор карда мешавад, ки танҳо дар ин хусус ғамхорӣ кунад. Аммо дар корхонаҳои давлатй, ки соҳибашон ҳукумат мебошад, набудани шароити дуруст ба роҳ мондани ҳавасмандгардонӣ имкон намедиҳад, ки ба дараҷаи бозаргонии самара ноил гардем.
Ба гуфтаи коршинос, молики хусусӣ нисбат ба як мансабдори давлатӣ ангезаҳои қавитар барои сармоягузорӣ бо мақсади афзоиши ҳосилнокии ширкат ва такмили хароҷот дорад. Агар муваффақ шавад, молик тамоми самараи меҳнаташро мегирад, вале агар хароҷотро кам накунад ва ё ҳосилнокии меҳнатро баланд набарад, зарари ноуҳдабароияш ба ҷайбаш мерасад.
-Роҳбари корхонаи давлатӣ ҳавасмандии камтар дорад, зеро ӯро пеш аз истифода аз манфиатҳои сармоягузории муваффақона аз кор озод кардан метавонанд. Баробари ин, агар ӯ бесалоҳият бошад, кам ва ё қариб ҳеҷ гоҳ масъулиятро ба дӯш намегирад: вай пули худашро дар хатар намегузорад-ку! Гузашта аз ин, бо назардошти бартариҳои нисбии ширкатҳои давлатӣ дар ҳимояи манфиатҳо дар сатҳи давлат (лоббикунӣ), аз бесамарии идоракунии корхонаҳои давлатӣ ҳамаи шаҳрвандони кишвар зарар мебинанд. Дар ин ҳолат, корпоратсияҳои давлатӣ барои пешгирии муфлисшавӣ пайваста аз давлат кӯмак талаб мекунанд ва давлат бо дастгирии корхонаҳои бесамар рушди иқтисодиро бозмедорад ва бесамариро дастгирӣ мекунад.
Корхонаи хусусии бесамар метавонад муфлис шавад ва аз бозор берун равад, дар ҳоле ки корхонаи бесамари давлатӣ шаҳрвандонро аз ҳисоби нархи баланд (ва маҳсулоти пастсифат) “андозбандӣ” мекунад.
Ба ин тариқ, қисми зиёди корхонаҳои давлатӣ ба танзимшавии сахт ва нодурусти бозорҳо оварда мерасонад. Бад ин аст, ки ин монеаҳои танзимӣ ба хотири нигоҳ доштани рақобатпазирии корхонаҳои мавҷудаи корхонаҳо гузошта мешаванд.
Танзим бадии холис нест, аммо моҳияти ҳама гуна танзим бояд афзоиши рақобат ва кам кардани монеаҳо барои воридшавии бозигарони нав бошад. Вакте дар бозор корхонаи давлатӣ вуҷуд дорад, маънову мароми танзим гузоштани монеаҳои баландтарин барои воридшавандагони нав мегардад, ки дар умум ба бозор зарар мерасонад. Чунин танзим барои некуаҳволии аҳолӣ оқибатҳои бад надошта наметавонад. Корхонаҳои давлатӣ наметавонанд ба таври муассир ба навоварӣ ва баланд бардоштани ҳосилнокӣ машғул бошанд, зеро онҳо имкони интихоби самтҳои дурусти рушд ва сармоягузориро надоранд. Агар моликияти корхонаҳо хусусӣ бошад, молик барои ба даст овардани фоида маҷбур аст, ки усулҳои нави рушд ва технологияҳои навро ҷустуҷӯ кунад, то нисбат ба рақибон самараноктар бошад. Вале роҳбарони ширкатҳои давлатӣ ба ин чандон манфиатдор нестанд, зеро соҳиби онҳо (давлат) наметавонад дуруст ҳавасманд кунад ва илова бар ин, аз болои татбиқи онҳо назорат барад. Гузашта аз ин, агар як ширкати давлатӣ дар самти баланд бардоштани самаранокӣ кор набарад, бо назардошти он ки ширкатҳои давлатӣ дар муҳити рақобат хеле кам фаъолият мекунанд, ин ба назари молик чандон наменамояд. Агар ягон рақобат бошаду чунин корхона шикаст хӯрад, давлат боз ба ёриаш меояд.
Дилшод Шараф, nuqta.info