Аҳамияти рейтингҳои шаффофияти буҷа

Шаффофияти буҷа барои ҳар як кишвар, алалхусус кишварҳои ҷаҳони сеюм, ба монанди Тоҷикистон, хеле муҳим аст, зеро ин масъала хислати на танҳо иқтисодӣ, балки сиёсӣ ҳам дорад.

Бархе коршиносони соҳа бар ин назаранд, ки буҷа як навъ созишномаи иқтисодӣ миёни ҳокимият ва ҷомеа аст, аз ин рӯ, бояд дар ҳарду ҷониб бошуурона ва фаъолона дар таҳия ва мувофиқакунонии он ширкат кунанд. Аммо дар ҷомеаҳои пӯшида буҷа василаи ҳукумат мегардад ва ҷониби дигар, яъне аҳолӣ на танҳо дар таҳияи он иштирок намекунад, балки баъди қабули он хабар меёбад ва аз назорату иҷрои он хориҷ мегардад.

Ҳамакнун қариб наздики якуним даҳа аст, ки созмони байналмилалии «Шарикони тавзеҳи шаффофияти буҷет» (International Budget Partnership) 2 сол баъд таҳқиқот гузаронида, рейтинги кишварҳоро дар ин масъала муайян мекунад. Дар ин таҳқиқот омилҳои дар сатҳи байналмилалӣ пазируфташудаи баҳогузории шаффофият, ки аз ҷониби Хазинаи байналмилалии асъор, Ташкилоти ҳамкории иқтисодӣ ва рушд ва Ташкилоти байналмилалии мақомоти олии назорати молиявӣ таҳия гардидаанд, истифода мешаванд. Шарикони тавзеҳи шаффофияти буҷет зимни тартиб додани шаффофияти буҷа якчанд омилро ба назар мегиранд, аз ҷумла, дастрасӣ ва пуррагии маълумотҳо доир ба харҷи маблағҳои андозсупорандагон аз ҷониби ҳукумат, имконияти ширкати ҷомеа дар раванди буҷетӣ, инчунин таъсири мақомоти қуонунгузор ва назоратӣ ба ташаккули буҷет.

Дар Тоҷикистон таҳқиқоти мазкурро «Шарикони тавзеҳи шаффофияти буҷет» ва Институти “Ҷомеаи кушод” – Фонди мусоидат ба Тоҷикистон баргузор мекунад. То кунун дар кишвари мо якчанд бор чунин таҳқиқот сурат гирифтааст, аз ҷумла дар солҳои 2012, 2014, 2016 ва 2018.

Ӯктам Ҷумъаев, номзади илмҳои иқтисод, ки масъули баргузории таҳқиқоти мазкур аст, мегӯяд, дар дар доираи методологияи «Шарикони тавзеҳи шаффофияти буҷет», ки дар сатҳи байналмилалӣ пазируфта шудааст, зери мафҳуми шаффофияти буҷа нуктаҳои зерин фаҳмида мешавад:

  1. Интишори саривақтӣ ва пурраи ҳуҷҷатҳои буҷа (дар тамоми марҳилаҳои раванди қабули буҷа, банақшагирӣ, тасдиқ, иҷро, назорат) дар сайтҳои расмии вазоратҳо ва муассисаҳо, ширкаткунандагони ҳамкорӣ дар бахши буҷа, ки барои тайёр кардану нашр намудани он масъул мебошанд.
  2. Мавҷудияти механизмҳои амалӣ-ҳуқуқии ҷалби ҷомеа ба раванди буҷа;
  3. Сатҳи назорати раванди буҷа аз ҷониби Парламент ва Институти олии аудит.

Бо методологияи таҳқиқоти мазкур дар инҷо шинос шудан мумкин аст: www.internationalbudget.org.

Бархе коршиносон дар мавриди истилоҳи “муносиботи шаффофи буҷавӣ” сухан ронда, ба чор нукта ишора мекунанд, аз ҷумла:

  1. Расонидани иттилоот ба аҳолӣ дар бораи ҳамаи нишондодҳои буҷавӣ дар тамоми марҳилаҳои ин раванд – аз муҳокимаи лоиҳа, қабули он то иҷрои буҷа.
  2. Таъмини возеҳияти иттилоот ба хотири он, ки маълумотҳо формалӣ набошанд.
  3. Ширкати бевоситаи аҳолӣ дар ташаккули буҷа.
  4. Назорати иҷрои буҷа аз ҷониби ҷомеа, аҳолӣ (мақолаи “Прозрачность бюджетного процесса как проблема власти, СМИ и общественности, https://zdamsam.ru/a59693.html).

Иштирокчиёни раванди таҳияи буҷа асосан мақомоти давлатӣ, бизнес, сектори сеюм (бизнес ва сектори сеюм манфиатҳои аҳолиро ҳимояву намояндагӣ мекунанд) мебошанд.

Мавзуна Каримова ва Баҳодур Маҳкамов, олимони иқтисодшиноси тоҷик, ки зимни рейтинги шаффофияти буҷа дар 20 ноҳияи пилотӣ дар соли 2015 ширкат кардаанд, ба ин назаранд, ки шаффофияти буҷа уҳдадории давлат дар кушодани иттилоот буда, ҳуқуқи шаҳрвандон дар донистан ва гирифтани ин иттилоот мебошад. Дар ин иртибот онҳо мегӯянд, ки шаффофияти буҷа якчанд нуктаи мусбат дорад:

  1. Он бо коҳиши фасод дар мақомоти давлатӣ асотсиатсия мешавад.
  2. Дар шароити шаффоф будани буҷа давлат имкони бештари манёвр кардан бо қарзи дохилӣ ва хориҷиро пайдо мекунад.
  3. Буҷаи шаффоф воситаест, ки имкон медиҳад захираҳо бо авлавиятҳои стратегӣ пайваст шаванд.
  4. Буҷаи шаффоф ба гуфтугӯи байни ҳокимият ва шаҳрвандон мусоидат мекунад.

Натиҷаҳои рейтинги нахустин

Чунон ки дар боло зикр кардем, бори нахуст дар Тоҷикистон соли 2012 таҳқиқоти Индекси Шаффофияти буҷа баргузор гардид ва кишвари мо аз 100 холи имконпазир 17 холро соҳиб гардид. Ин чунин маъно дошт, ки шаҳрвандони Тоҷикистон аз дахлу харҷи буҷа қариб ки огоҳӣ надоранд.

Ӯктам Ҷумъаев дар иртибот ба рейтинги мазкур изҳор медорад, ки ҳуҷҷатҳои асосии буҷавӣ, аз ҷумла, лоиҳаи қонун дар бораи буҷа, нишондодҳои макроиқтисодии даромад ва хароҷот, натиҷаи фаъолияти нимсола ва аудит аз ҷомеа пинҳон нигоҳ дошта шуданд.

Ба қавли мавсуф, соли 2012 дар сайти Вазорати молия танҳо буҷаи давлатии тасдиқшудаи соли 2012, ҳисоботи солона нашр гардида буданд. Аммо сатҳи назорати буҷа аз ҷониби ҳокимияти қонунгузор дар сатҳи миёна буду иштироки ҷомеа дар сатҳи хеле паст қарор дошт.

Дар рейтинги соли 2012 иллати аслӣ дар он дида мешавад, ки Ҳукумати Тоҷикистон ба шаҳрвандони кишвар дар мавриди буҷа маълумоти кофӣ пешниҳод намекунад, аз ин рӯ, «Шарикони тавзеҳи шаффофияти буҷет» тавсия медиҳад, ки барои беҳтар кардани вазъи шаффофияти буҷаи кишвар лоиҳаи буҷа қабл аз қабул шуданаш расонаӣ гардад.

Дар ин таҳқиқот ҳамчунин гуфта мешавад, ки лоиҳаи буҷаи Тоҷикистон ва натиҷаҳои иҷрои он барои мансабдорони дахлдор имконпазир буда, дар расонаҳои кишвар нашр намешавад.

Дар гузориши ин созмон ҳамчунин омадааст, ки ҳамсоякишварҳои Тоҷикистон натиҷаи аудити буҷа ва дигар маълумоти зарурии марбут ба қабули онро дар торнамоҳои байналмилалии молиявӣ нашр мекунанд ва ин иттилоъ барои ҳар нафар дастрас аст.

Дар таҳқиқот тазаккур дода мешавад, ки кишварҳои ҳамсояи Тоҷикистон натиҷаи аудити буҷа ва маълумотҳои дигари вобаста ба онро дар сайтҳои байналмилалии молиявӣ нашр мекунанд, аз ин рӯ, ин иттилоъ дар дастрасии умум қарор дорад.

Маҳз ба ҳамин сабаб, Қирғизистон дар ин таҳқиқот 20 хол ба даст оварда, чандин зина болотар аз Тоҷикистон ҷой гирифт.

Ба дунболи интишори таҳқиқоти мазкур, Исмоил Талбаков, вакили Маҷлиси намояндагон ва узви кумитаи иқтисод ва молияи он дар суҳбат бо радиои «Озодӣ» рӯзи 24-уми январи соли 2013 изҳор дошта буд, ки бо натиҷаҳои ин таҳқиқот дар мавриди Тоҷикистон розӣ нест. Ӯ дар ин иртибот гуфта буд: «Дар Тоҷикистон барои қабул шудани буҷаи давлатӣ як комиссияи махсус амал мекунад, ки қариб як сол дархосту хоҳишҳои шаҳрвандонро омӯхта, сипас дар таҳияи лоиҳаи буҷа онро ба назар мегирад. Ҳамчунин натиҷаи самаранокии ҳар лоиҳаи инвеститсионӣ низ ва барномаҳои ҳукуматиро таҳлил намуда, баъд буҷаи соли навро таҳия карда, ба вакилони парлумон пешниҳод мекунад» (https://www.ozodi.org/a/budget- tajikistan/29009776.html?fbclid=IwAR10YeHdCeCn5aTD90P3HzdRSs3AKBrCPD2Uv3sVqY8LT70ldNrRY3H3abg).

Аммо Ӯктам Ҷӯраев, намояндаи Open budjet дар Тоҷикистон, ки масъули баргузории таҳқиқоти мазкур буд, дар як ҳамоиши байналмилалӣ дар шаҳри Бишкек, ки охири моҳи марти ҳамон сол баргузор гардид, изҳор дошт, ки ҳарчанд Тоҷикистон бо 17 хол ҷои пасттаринро дар таҳқиқоти мазкур ишғол карда бошад ҳам, ӯ итминон дорад, ки соли дигар вазъ тағйир меёбад. Ӯ дар ин иртибот изҳор дошт: “Гап сари ин аст, ки Тоҷикистон солҳои пеш ягон бор доир ба шохиси (индекс) ошкори буҷет таҳқиқот нагузаронида буд. Аз 8 ҳуҷҷате, ки дар саволномаҳо зикр мешаванд, якеаш тамоман тартиб дода намешавад. Ин буҷаи шаҳрвандӣ (гражданӣ) мебошад. Ҳуҷҷатҳои боқимонда вуҷуд доранд, аммо барои ҷомеа дастрас намебошанд”.

Номбурда ҳамчунин зикр кард, ки бархе кишварҳо 6 сол боз ба проблемаи шаффофияти буҷет машғуланд, аммо Тоҷикистон бори аввал аст, ки ба ин масъала рӯ овардааст.

“Кам касоне ба ниҳодҳои давлатӣ доир ба дархости буҷавӣ ва баррасии пешакии буҷет муроҷиат мекунанд. Давлат ҳозир аст, ки иттилоотро пешниҳод кунад, агар таваҷҷуҳ бештар шавад”,- иброз медорад Ӯ. Ҷумъаев.

Дар ҳамоиши мазкур сардори Сарраёсати департаменти буҷаи Вазорати молияи Тоҷикистон Нарзулло Абибуллоев изҳор дошт, ки буҷа ҳоло нисбат ба солҳои пештар дастрасттар аст, бинобар ин, вазорат метавонад дар ин маврид иттилооти заруриро ҳам ба парламент ва ҳам ба ҷомеа пешниҳод кунад.

– Вақте ки намояндагони парламент дар оғози таҳияи буҷа ширкат мекунанд, ҳангоми баррасии он дар Маҷлиси намояндагон саволҳо камтар мешаванд (В Бишкеке проходит евразийский региональный круглый стол \”исследование прозрачности бюджета: гражданское участие в бюджетном процессе\”. Евгения Лим, \”Озодагон\”, 25 марта 2013 г.).

Аммо Валентина Қосимбекова, ки наздики 15 сол боз ба баррасии масъалаи мазкур дар ВАО машғул аст, миёнаҳои моҳи октябри соли 2013 дар як мақолаи муфассали худ навишт, ки воқеият ин тавр нест, ки масъулони расмӣ дар мавриди шаффофияти буҷа изҳор медоранд. Ӯ дар ин маврид ба чанд нукта ишора мекунад. Аз ҷумла:

– дар сайти Вазорати молия ва ВАО “Қонун дар бораи буҷа” дастрас аст, аммо иттилоот он қадар ночиз аст, ки аз он амалан чизеро гирифтан имкон надорад, масалан, 2-3 соҳаи хоҷагии халқ бо сабабҳои номаълум дар як банд муттаҳид карда шудаанд;

– бархе бандҳои Буҷаи давлатӣ махфӣ шудаанд, аз ин рӯ, ба ғайр аз рақами модда шумо ягон чизи дигарро намебинед. Дар бештари моддаҳо маблағҳо бо рақам зикр нагардида, танҳо навишта шудааст, ки “барои чоп нест”, аз ҷумла, маблағгузории соҳаи мудофиа, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, судҳо ва прокуратура;

– масъулони Вазорати молия нотарсона пеш рафтанд ва се сол қабл иттиллотро дар бораи тамоми вазоратҳо, ҳарду палатаи парламент, Дастгоҳи иҷроияи назди Президент, суди иқтисодӣ “махфӣ” карданд, ҳарчанд то ин вақт ин маълумот ошкор буд.

Дар мақолаи мазкур В. Қосимбекова таъкид мекунад, ки дар ибтидои соли 2013 ҳафтаномаи “Азия-плюс” хост ба матни пурраи Буҷаи давлатӣ дастрасӣ ёфта, дар бораи мундариҷаи он ба хонандагон иттилоъ диҳад, аммо корманди масъули Вазорати молия гуфтааст, ки ин ҳуҷҷати махфӣ аст, бинобар ин, матни пурраи онро намедиҳад (Секретные траты госбюджета Таджикистана: Ты знаешь, как правительство распорядилось твоими деньгами? (http://www.toptj.com/News/2013/10/10/sekretnye_traty_gosbyudzheta).

Нуралӣ ДАВЛАТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь