Соҳибкорони рус имрӯз на танҳо ба рушди тиҷорат бо Тоҷикистон, балки ба таъсиси корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ дар қаламрави ин кишвар манфиатдоранд. Ба шарофати лоиҳаҳои дуҷониба дар кишвар ҳазорҳо ҷойҳои нави корӣ таъсис дода мешаванд, ки ин, дар навбати худ, ба афзоиши даромади аҳолии ҷумҳурӣ ва пешрафти давлат мусоидат мекунад. Дар мавриди ташаббусҳои ояндадор бо Евгений Коренков, роҳбари Намояндагии тиҷоратии Русия дар Тоҷикистон суҳбат кардем.

Тоҷикистон бо кумаки Русия истеҳсолоти муосирро тараққӣ дода, кӯшиш мекунад, соҳибихтиёрии иқтисодию технологии кишварро таъмин намояд.

Сармоягузорӣ ба иқтисодиёт

Ҳамкории кишварҳои мо дар соҳаи иқтисодиёт аз марҳилаи афзоиш додани ҳаҷми савдои мутақобила ба марҳилаи нав – ташкили корхонаҳои муштарак гузаштааст. Русия шарики иқтисодӣ ва сармоягузори асосии Тоҷикистон аст. Тавре муовини вазири корҳои хориҷаи Русия Михаил Галузин изҳор дошт, ҳаҷми умумии сармоягузории ҷамъшуда дар минтақаи Осиёи Марказӣ аз соли 2015 зиёда аз 25 миллиард долларро ташкил медиҳад.

“Ҳаҷми сармоягузории мустақими Русия ба иқтисодиёти минтақа дар соли гузашта беш аз 3,6 миллиард долларро ташкил дод”, – гуфт ӯ. Қобили зикр аст, ки ҳаҷми маблағгузориҳо ба иқтисодиёти Тоҷикистон аз ҷониби Русия 1,7 миллиард долларро ташкил додааст. Ширкатҳои хусусии Русия низ ба ҳамин миқдор сармоягузорӣ кардаанд.

Зиёд шудани ҳаҷми сармоягузорӣ нишондиҳандаи хубест, ки аз ҷумла ба шарофати форумҳои муштарак ва дигар чорабиниҳо меафзояд. Ба ҳамин тариқ, пас аз баргузор гардидани форуми сармоягузорӣ дар тирамоҳи соли 2022 дар Душанбе  тасмими амалӣ гардонидани 3 лоиҳаи ояндадор  гирифта шуд: маркази суръатбахшии электронҳо барои коркарди фитосанитарӣ, коркарди мева бо мақсади истеҳсоли пектин ва бунёди иқтидори истеҳсолӣ барои истеҳсоли пойафзол.

Тоҷикистон ва Русия аз имкониятҳои бозшуда истифода карда, лоиҳаҳои навро, аз ҷумла дар соҳаи нақлиёту логистика, бахши истихроҷи маъдани кӯҳӣ ва саноати сабук пеш мебаранд. Маблағгузории лоиҳаҳо аз ҷониби Бонки рушди АвруОсиё, ширкатҳои хусусии Русия ё бевосита аз ҷониби ҳукумати Русия ба амал бароварда мешавад.

Ширкатҳои рушдкунанда

Соҳибкорони рус ба Тоҷикистон ҳамчун ба як платформаи ояндадор барои ҳамкориҳои саноатӣ таваҷҷӯҳ мекунанд. Ширкатҳои Русия дар бахшҳои муҳимми иқтисодиёти ҷумҳурӣ фаъолият мебаранд. Шомилшавӣ ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё барои ба сатҳи нав баровардани ҳамкориҳои сармоягузорӣ мусоидат мекунад.

Моҳи ноябри соли 2023 муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Аҳлиддин Нуриддинзод ба Вазорати рушди иқтисоди Русия нома ирсол карда, соҳибкорони русро барои иштирок дар 100 лоиҳаи ояндадор дар Тоҷикистон даъват намуд. Дар ин ҳуҷҷат дар бораи ҷустуҷӯи сармоягузорон барои корхонаҳои саноати кӯҳӣ, хӯрокворӣ ва сабук, бахши хизматрасонӣ, хоҷагии қишлоқ ва истеҳсолоти баландтехнологӣ сухан меравад. Инчунин, барои ворид шудан ба бозори нав минтақаҳои озоди иқтисодии дар Тоҷикистон фаъолияткунанда – «Суғд», «Панҷ», “Данғара», «Ишкошим» ва «Кӯлоб», ки барои корхонаҳо имтиёзҳо пешниҳод мекунанд, мусоидат менамояд.

Дар Тоҷикистон дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» эҳтимол як корхонаи муштараки Русияву Тоҷикистон оид ба тавлиди сӯзишворӣ ва равғани молиданӣ таъсис дода шавад. Ширкати «Форсаж» аз Липетск ба ин лоиҳа манфиатдор будани худро тасдиқ кард.

Евгений Коренков ширкатҳои Русияро, ки дар Тоҷикистон фаъолият доранд, чунин ном мебарад: “Дар ҳақиқат бо иштироки Федератсияи Русия лоиҳаҳои зиёде амалӣ карда мешаванд. Тибқи маълумотҳои намояндагии тиҷоратӣ дар Тоҷикистон 320 ширкат бо сармояи Русия фаъолият мебаранд, ки дар байни онҳо калонтаринаш инҳоянд:

ҶСП «TT Moбайл». Самти афзалиятноки фаъолияти ширкат рушди инфрасохтори коммуникатсионӣ (алоқа) дар минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, он тамоми кишварро фаро мегирад. Ширкат беш аз 70% сокинони кишварро бо Интернети баландсуръати 4G таъмин мекунад ва ба тамоми аҳолии ҷумҳурӣ хизматрасонии алоқа пешниҳод мекунад. Дар оянда тавсеаи фаъолияти ширкат дар Тоҷикистон дар нақша аст.

Хадамоти федералии гумруки Федератсияи Русия хабар дод, ки Русия содироти пастилкаҳои мевагӣ ва мармалодро аз Сибир ба Тоҷикистон оғоз кардааст.

ҶДММ «Газпром нафт – Тоҷикистон». Ин ширкат дар бозори Тоҷикистон беш аз 18 сол фаъол аст, кори асосиашро дар соҳаи савдои яклухт ва чаканаи маҳсулоти нафтӣ ва гази моеъ ба роҳ мондааст. Ширкат нақша дорад, ки дар минтақа фаъолияти худро дар бахши савдои чакана бо роҳи ба иҷора гирифтани нуқтаҳои нави сӯзишворӣ ва баргузории як қатор чорабиниҳо тавсеа диҳад.

ҶСК «Сангтӯда–1» – яке аз калонтарин лоиҳаҳои Федератсияи Русия дар қаламрави ҷумҳурӣ мебошад. Тавассути ин НБО зиёда аз 15 сол аст, ки тавлиди барқ ба роҳ монда шудааст. НБО “Сангтӯда-1” тақрибан 15% аз ҳаҷми умумии тавлиди нерӯи барқро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамояд.

“Гардиши мол байни кишварҳои мо сол то сол меафзояд, бояд гуфт, ки дар як соли охир содирот аз Тоҷикистон ба 52,7 фоиз афзудааст, ки ин нишондиҳандаи хеле умедбахш аст. Асосан содироти пахта ва ресмонро, ки аз ҳаҷми умумии содироти Тоҷикистон ба Русия 22,8 фоизро, маҳсулоти нассоҷӣ ва пойафзол – 15,2 фоиз ва маҳсулоти хӯрокворӣ (хусусан меваю чормағз) – 12,9 фоизро ташкил медиҳад, қайд кардан лозим аст. Мо дар оянда афзоиши ҳаҷми содирот аз Тоҷикистон ба Русияро дар дигар самтҳо низ интизорем” – намояндаи тиҷоратии Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Евгений Коренков.

ҶДММ «ГЕМОТЕСТ ТҶ». Озмоишгоҳи русии «ГЕМОТЕСТ» зиёда аз 3 сол аст, ки дар қаламрави Тоҷикистон фаъолият мебарад. Айни ҳол дар шаҳри Душанбе шумори зиёди шуъбаҳои озмоишгоҳ, инчунин, озмоишгоҳи марказии клиникию ташхисӣ фаъолият мекунанд. Ширкат номгӯи васеъи ташхисҳоро шурӯъ аз санҷишҳои клиникии хун то муайян кардани патологияҳои генетикӣ дар заминаи технологии худ, пешниҳод мекунад. Дар оянда зиёд кардани шумори шуъбаҳо ва намояндагии онҳо дар тамоми ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст.

ҶДММ «Исфара Саманд».     Корхона бештар аз 4 сол дар шаҳри Исфара ба кор дароварда, ба истеҳсоли навъҳои гуногуни пойафзоли бачагона ва калонсолон махсус гардонда шудааст. Яке аз нақшаҳояш тавсеаи ҳузури худ дар вилояти Суғд мебошад.

Соҳибкорони рус солҳои охир ба лоиҳаҳои муштарак бо Тоҷикистон дар бахшҳои ояндадор, аз қабили мошинсозӣ, энергетика, саноат ва рақамикунонӣ 131 миллиард рубл сармоягузорӣ кардаанд – яъне 14,5% аз ҳаҷми умумии сармоягузории хориҷӣ.

Ин танҳо якчанд ширкатҳои калонтарин мебошанд. Солҳои охир даҳҳо ширкатҳои тоҷик ба соҳибкорони рус пешниҳоди таъсис додани корхонаҳои муштаракро карданд. Аз ҷумла: корхонаҳои «Taмохуш», комбинати маъдантозакунии Адрасмон, комбинати металлҳои нодир дар Хуҷанд, «Роҳи Сомон», «Садаф», «Нури Ховар», «Зинат», «Пойафзоли Хуҷанд», «Нику Хуҷанд», «Вигано» ва комбинати консервбарории Хуҷанд. Дар ин бора соли 2023 дар даҳумин конфронси ҳамкориҳои байниминтақавии «Шарикии тиҷоратӣ ва сармоягузории Русия ва Тоҷикистон»  хабар дода шуд.

Русия ва Тоҷикистон созишномаи сармоягузориро ба маблағи тақрибан 60 миллион доллар барои бо кумаки соҳибкорони рус дар саросари Душанбе насб кардани дурбинҳои назоратии роҳҳои нақлиётгард ба имзо расониданд. Илова бар ин, масъалаи иштироки минбаъдаи ширкатҳои технологии Русия дар рақамикунонии шаҳри Душанбе мавриди баррасӣ қарор дорад. Сухан дар бораи агрегаторҳои таксӣ, хидматрасониҳои самараноки хаткашонӣ ва дигар намуди хидматрасониҳои электронӣ меравад, ки сифати хизматрасониро беҳтар мегардонанд. Ба ҳамин тариқ, Русия  барои рушди технологияҳои нав низ сармоягузорӣ карда, соҳибихтиёрии технологии ҷумҳурии моро таъмин менамояд.

Дастгирии тиҷорати хурду миёна

“Тоҷикистон, ки шарики Русия аст, солҳои охир таваҷҷуҳи бештари соҳибкорони русро ба худ ҷалб мекунад ва бо назардошти имкониятҳои таҳлилии платформаи соҳибкории хурду миёна, ки ба соҳибкорон дар пайдо кардани тасаввуроти умумӣ дар бораи таҳвили мол ба ин ё он кишвар, тартиб додани стратегияи оптималии содирот ва пайдо кардани харидорон кумак мекунад, хеле муфид хоҳад буд”, – намояндаи тиҷоратии Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Евгений Коренков.

Дар Русия платформаи рақамии дастгирии соҳибкории хурду миёна бомуваффақият амалӣ мешавад, ки ба шарофати он соҳибкорони хурду миёнаи Русия метавонанд ба корхонаҳои бузурги Тоҷикистон  ҷузъҳои (қисмҳои) таҷҳизотҳоро дастрас намоянд. Дар ҳоли ҳозир дар ин платформа беш аз 1,4 ҳазор дархост аз ҷониби беш аз 60 корхонаҳои хориҷӣ, аз ҷумла аз Тоҷикистон низ ҷой дода (ворид) шудааст.

Евгений Коренков аз ҷумла чунин қайд мекунад: “Платформаи рақамии соҳибкории хурду миёна — ин  платформаи давлатиест барои дастгирии соҳибкорони Русия, шахсони худкор (худмашғул) ва онҳое, ки мехоҳанд тиҷорати худро оғоз кунанд. Платформа аз ҷониби Корпоратсияи соҳибкории хурду миёна дар якҷоягӣ бо Вазорати рушди иқтисоди Русия таҳия гардидааст. Ҳадафи он — фароҳам овардани дастрасӣ ба ҳама намуди хидматрасониҳо ва чораҳои дастгирӣ барои тиҷорат дар як платформа мебошад.

Вақте дар бораи ин платформа ҳарф мезанем, бояд дарк кунем, ки платформа абзорҳои барои тиҷорат воқеан муҳимро (зиёда аз 20 намуди хидматрасониҳо) пешниҳод мекунад, аз ҷумла чораҳои маҷмӯии дастгирӣ дар сатҳи федералӣ ва минтақавӣ, санҷиши шарики эҳтимолӣ, омӯзиши тиҷорат, дастрасӣ ба хариди ширкатҳои бузурги давлатӣ, бақайдгирии тиҷорат ба тариқи онлайн, гирифтани имзои электронӣ ва ғайраҳо.

Вобаста ба фаъолияти содиротӣ, бояд дар бораи Платформаи рақамии «Содироти ман» ёдовар шуд, ки  ба хидматрасониҳои давлатӣ ва тиҷоратие, ки содироти ширкатҳоро дар реҷаи «Як равзана» ҳамроҳӣ мекунанд, дастрасӣ фароҳам месозад. Хидматрасониҳои платформа ҳалли мушкилотҳои асосиро дар ҳар як марҳилаи давраи содиротӣ таъмин менамоянд. Платформаи «Содироти ман» ба чораҳои маъмултарини дастгирӣ бидуни ворид шудан ба мушкилотҳои бюрократӣ дастрасӣ фароҳам месозад. Дар мавриди манфиатҳо барои соҳибкори рус бояд гуфт, ки дар ин платформа ҳамаи воситаҳои барои содироти самаранок лозимро – шурӯъ аз омӯзиши фаъолияти иқтисодии хориҷӣ ва дарёфти таъминкунандагон то ташкили таҳвил, гирифтани иҷозатномаҳо ва чораҳои дастгирии давлатӣ, пайдо кардан мумкин аст.

Дар доираи рушди ҳамкориҳои тиҷоратии Русия ва Тоҷикистон мо дарк мекунем, ки ин платформа самараи мусбат хоҳад дошт, бо назардошти тағйири самти бисёре аз соҳибкорони рус аз як бозор ба бозорҳои дигар. Бо назардошти он ки теъдоди чунин ширкатҳо зиёд шуда, рақобат низ афзоиш меёбад, соҳибкорони тоҷик метавонанд беҳтарин маҳсулоти соҳибкорони русро аз рӯйи нарх/сифат  интихоб кунанд.

Дастгирии соҳибкории хурд ва рушди худмашғулият як қисми лоиҳаи миллии «Соҳибкории хурду миёна ва дастгирии ташаббуси соҳибкорӣ» мебошад, ки дар Федератсияи Русия бо мақсади бартараф кардани оқибатҳои COVID-19 амалӣ карда мешавад. Дар ин самт ҳукумат маҷбур шудааст, ки барои дастгирии тиҷорати хурд боз иловатан миллиардҳо доллар ҷудо кунад. Русия бо Тоҷикистон дар самти рушди соҳибкорӣ мубодилаи таҳаввулот ва лоиҳаҳои тайёр  анҷом медиҳад ва муҳимтар аз ҳама, ба пешбурди тиҷорати муштарак мусоидат мекунад. Таъсис додани корхонаҳо ва лоиҳаҳои нав боварӣ ва дӯстии байни ду кишвари бародарро мустаҳкам мегардонад, ки ин боиси хурсандии ҳардуи тараф аст.

Матлубаи Қ.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь