Таҳдид ё хатари гармшавии замин, ки ҳоло ба мушкилоти галобалии сайёраи мо табдил шудааст, яке аз масъалаҳои муҳими ҳалталаб мебошад, ки кишварҳоро бар он водоштааст, то барномаҳои коҳиши масрафи нерӯи барқро амалӣ намоянд.

Коҳиши истифодаи самарабахши нерӯи барқ на фақат барои кишварҳои рушдкунанда ва саноатӣ, балки барои кишварҳои дар ҳоли рушд низ масъалаи муҳим ба ҳисоб меравад. Бо ин сабаб, созмонҳои ҷаҳонӣ ва кишварҳои боиқтидор на фақат дар фикри энергияи сабз мебошанд, балки талош доранд масрафи нерӯи барқро коҳиш диҳанд. Рушди иқтисодии кишварҳоро бидуни масрафи нерӯи барқ тасаввур кардан ғайриимкон мебошад. Ба маънии дигар гӯем, нерӯи барқ муҳаррики аслии рушди иқтисодӣ, махсусан рушди иқтисодие ба шумор меравад, ки ба саноат вобастагӣ дорад. Бинобар ин, ҳангоми таҳияи рушди иқтисодӣ ҳукуматҳо ин омилро ба назар мегиранд ва равишҳои тозае барои коҳиши масрафи барқ пешниҳод менамоянд. Кишварҳои мутараққии ҷаҳон, аз қабили Чин, Ҷопон, Олмон, Амрико, Фаронса ва ғайра болотарин масрафи нерӯи барқро доранд. Ин кишварҳо талош доранд, ки барномаҳои коҳиши нерӯи барқро амалӣ намоянд ва дар ин замина ба пешрафтҳое ноил шудаанд. Дар ин кишварҳо бештар рӯи нерӯи барқи сабз кор мекунанд, ки ҳам аз назари экологӣ бехатар буда, ва ҳам аз назари истифодабарӣ самабарбахш мебошад. Масалан, Ҷопон дар муқоиса бо кишварҳои саноатии дигар, дар истифодаи иқтисодӣ ва мантиқии нерӯи барқ мақоми аввалро дар ҷаҳон дорад. Ҳукумати Ҷопон баъди ҳодисаи нерӯгоҳи атомӣ, ки чанд сол қабл ба вуқуъ пайваст, рӯ ба нерӯи барқи бехатар овардааст ва бо тарҳи ҷойгузин кардани нерӯгоҳҳои барқии офтобӣ ва бодӣ мехоҳад истифодаи нерӯи барқии атомиро коҳиш диҳад. Албатта, ҳазинаи иҷрои чунин барномаҳо барои кишварҳои дар ҳоли рушд хеле гарон аст ва бинобар ин, кишварҳои дар ҳоли рушд бояд равишҳои нав ва камхарҷро барои коҳиш додани истифодаи нерӯи барқ ба кор баранд.

Рушд ва фаъолиятҳои иқтисодӣ ва беҳбуд бахшидан ба зиндагии мардум ниёз ба масрафи нерӯи барқ дорад, аммо ин ҷо масъалаи дигар ба миён меояд, ки инсон масъули нигоҳдорӣ ва ҳифзи муҳити зист аст. Дар зимн, ин масъаларо низ бояд таъкид кард, ки рушди иқтисодӣ, рушди саноат ва пешрафти технология, ки асоси иқтидори сиёсӣ, истиқлолияти миллӣ ва шукуфоии фарҳангист, ниёзманди истифода ва баҳрабардорӣ аз нерӯи барқ мебошад. Иҷрои барномаҳои мудирияти хуб барои истифода аз нерӯи барқ дар ростои амалӣ намудани стратегияҳои миллӣ, махсусан стратегияҳои рушди иқтисодӣ ва бахусус рӯоварӣ ба саноат вобаста ба он аст, ки нерӯи барқ самабарахш истифода шавад.

Кишвари мо – Тоҷикистон, ки барномаи саноатикунонии кишварро амалӣ мекунад, ба нерӯи барқи бештар ниёз дорад. Имкониятҳои Тоҷикистон барои тавлиди нерӯи барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза васеъ аст. Ба ибораи дигар гӯем, Тоҷикистон аз ҷумлаи кишварҳое ба шумор меравад, ки нерӯи барқаш аз манобеи обӣ тавлид мешавад ва аз назари экологӣ ба муҳити зист хатар эҷод намекунад. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои худ ҳамеша аз ҳифзи муҳити зист ва рӯ овардан ба манобеи нерӯи барқи аз назари экологӣ бехатар ёдоварӣ мекунанд. Барномаҳои ҳукумат дар ин замина натиҷаҳои мусбат овардааст. Тоҷикистон аз ҷумлаи кишварҳоест, ки барои коҳиши масрафи нерӯи барқ барномаи ҷойгузин кардани лампаҳои каммасраф ба ҷойи лампаҳои истеҳсоли замони шӯравиро ба роҳ монд. Ин барнома имкон фароҳам овард, ки нерӯи барқ дар Тоҷикистон самарабахш истифода шавад.

Дар ин замина, Тоҷикистон ду қадами устворро бардошт, ки ба назарам, барои коҳиши истифодаи нерӯи барқи аз назари экологӣ тоза муассир аст: Якум, Тоҷикистон бо сохтани нерӯгоҳҳои обӣ ниёзмандии худро ба тавлиди нерӯи барқи аз назари экологӣ бехатар таъмин мекунад. Дувум, Тоҷикистон бо амалӣ кардани стратегияи рушди саноати миллӣ аз нерӯи барқии обӣ истифода хоҳад кард, ки ин барои нигоҳдории ҳифзи муҳити зист ва амалӣ кардани конвенсияҳои байналмилалӣ оид ба коҳиш додани истифодаи нерӯи барқ иқдоми беназир аст.

Бояд таъкид кард, ки барои амалӣ кардани стратегияи рушди саноат Тоҷикистон ба истифодаи зиёди нерӯи барқ ниёз дорад. Бо ин далел Тоҷикистон дар заминаи сохтани корхонаҳои нави саноатӣ бояд аз технологияи муосире истифода кунад, ки нерӯи барқи камтар масраф мекунанд. Дар ин замина низ ҳукумати Тоҷикистон иқдомҳои заруриро пеш гирифтааст ва воридоти технологияи муосир аз кишварҳои ба мисли Ҷопон, Олмон ва Чин гувоҳ ба он аст, ки Тоҷикистон мехоҳад дар ин замина дар сафи пеш қарор гирад.

Гармшавии кураи замин, тағйирёбии иқлим ва дигар масъалаҳои экологӣ рӯз ба рӯз аҳамияти ҷаҳонӣ пайдо мекунанд. Дар чунин шароит кам кардани раванди коҳиши истифодаи нерӯи барқ барои на фақат Тоҷикистон, балки дигар кишварҳо масъалаи ҳаётӣ мебошад. Бинобар ин, бояд сиёсати сарфакории истифодаи нерӯи барқ дар сархати барномаҳои кории ҳукумати кишварҳо қарор гирад. Ин нуктаро бояд хотирнишон кунем, ки амалӣ намудани равишҳои ҷадиди сарфакории нерӯи барқ бояд бо розигии мардум сурат бигирад ва аҳамияти он барои ҷомеа фаҳмонида шавад. Ба маънии дигар, сиёсати сарфакории истифодаи нерӯи барқ бо тавофуқи аксарияти ҷомеа амалӣ шавад, то дар ҳама сатҳҳо таъсиргузор воқеъ шавад.

Барои фарҳанги истифодабарии самарабахши нерӯи барқ бояд ба дунболи равишҳое буд, ки натиҷаи мусбат дар ҷомеа дошта бошад ва ҷомеаро ба ин хулоса биёварад, ки иқдоми сарфакории нерӯи барқ боиси тавлиди нерӯи барқ тавассути масрафкунандагон мешавад, яъне ба ин шакл, ки онҳо нерӯи барқеро, ки метавонистанд беҳуда масраф кунанд, ба истифодаи оянда нигоҳ доранд. Истифодаи самарабахши нерӯи барқ бояд дар ҳамаи сатҳҳои фаъолияти иқтисодӣ, иҷтимоӣ дар назар гирифта шавад ва набояд фақат ба як бахш марбут бошад.

Лозим аст чанд нуктаро ин ҷо ёдовар шавем, ки барои коҳиши истифодаи нерӯи барқ бояд равишҳои зер ба кор гирифта шаванд:

– Бештар таҷҳизоти каммасрафи истеҳсолӣ барои корхонаҳо ворид шавад;

– Дар бахши кишоварзӣ аз усулҳои нави обёрӣ бояд истифода гардад, то аз истифодаи зиёди нерӯи барқ ҷилавгирӣ шавад;

– Барномаи давлатӣ оид ба коҳиши масрафи нерӯи барқ ва истифода аз равишҳои сарфакорӣ қабул гардад.

Бахши саноат яке аз бахшҳои муҳим барои рушди иқтисод аст ва табиист, ки дар ин бахш аз ҳама бештар нерӯи барқ масраф мешавад. Бинобар ин, мо чанд марҳиларо дар бахши саноат зикр мекунем, ки бояд барои коҳиши истифодаи нерӯи барқ ба он таваҷҷуҳ сурат бигирад. Марҳали аввал – ин мудирияти хуби корхорнаҳо аст, то аз истифодаи ғайрисамарабахши нерӯи барқ ҷилавгирӣ шавад.

Марҳилаи дувум, истифода аз таҷҳизоти каммасрафи барқӣ дар корхонаҳо аст, ки боиси коҳиши истифодаи нерӯи барқ мегардад. Ҳамчунин, навсозӣ ва иваз кардани таҷҳизоти куҳна боиси сарфакории истифодаи нерӯи барқ мешавад.

Марҳилаи севум – ин мудирияти дурусти нерӯи барқ дар корхонаҳое мебошад, ки ба коркарди оҳану тилло ва дигар сарватҳои табиӣ машғуланд. Дар ин корхонаҳо масрафи нерӯи барқ зиёд буда, бояд равишҳои коҳиши он бо истифода аз таҷрибаи Ҷопон ва Олмон сурат бигирад.

Бо вуҷуди ин, ки Тоҷикистон ба сохтани нерӯгоҳҳои барқии бузург машғул аст, ҳоло низ камбуди нерӯи барқ эҳсос мешавад ва барои фаъол нигоҳ доштани корхонаҳои саноатӣ ба нерӯи барқи бештар ниёз дорад. Аз ин ҷост, ки масъалаи истифодаи самарабахши нерӯи барқ ба масъалаи муҳим табдил шудааст. Тоҷикистон дар ин замина барномаҳои амалӣ дорад, вале барои рушди иқтисодӣ, ба амалӣ намудани стратегияи муҳими пешгирифтаи ҳукумат, яъне саноатӣ кардани кишвар нерӯи барқ муҳимтарин асли таъмини ин ҳадафҳо мебошад. Бо дар назар гирифтани ин ҳадафҳо, бояд равишҳои муосири истифдаи нерӯи барқ дар бахши кишоварзӣ ва саноат амалӣ шавад. Ёдовар мешавем, ки дар бахши кишоварзӣ низ Тоҷикистон нерӯи барқи зиёд истифода мекунад. Пойгоҳҳои обкашии барқӣ, ки таъминкунандаи асоси об барои заминҳои кишоварзӣ аст, нерӯи барқи зиёд истифода мекунанд. Бо ин далел, бояд коҳиши истифодаи нерӯи барқ дар ин замина дар назар гирифта шавад. Истгоҳҳои барқии обкашӣ, ки қисми зиёди онҳо дар замони шӯравӣ ва бо таҷҳизоти истеҳсоли шӯравӣ сохта шудаанд, бояд таҷдид шаванд.

Тоҷикистон кишвари дар ҳоли рушд аст ва акнун стратегияи саноатикунониро амалӣ мекунад. Аз назари тавлиди нерӯи барқ низ дар минтақа дар сафи пеш қарор дорад. Инчунин, Тоҷикистон барномаҳои амалишавандаеро дар роҳи коҳиши истифодаи нерӯи барқ пеш мабарад. Бо ин далелҳо, гуфтан мумкин аст, ки Тоҷикистон дар роҳи коҳиши истифодаи нерӯи барқ қадамҳои устуворро мегузорад ва дар оянда мо шоҳид хоҳем буд, ки Тоҷикистон дар ин замина ба натиҷаҳои умедворкунанда даст хоҳад ёфт.

Салмон ПЕШДОДОВ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь