Бо мақсади ошноӣ аз фаъолияти Раёсати молияи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин хабарнигори МТЖТ бо сардори он Салимзода Бахтовар суҳбати ихтисосӣ анҷом дод.

Мавсуф дар оғози суҳбат зикр намуд, ки бахши молия соҳаи муҳими иқтисодиёти миллиро, ки ба фаъолияти институтҳои молиявӣ алоқаманданд, дар бар мегирад ва дар даврони соҳибистиқлолӣ як силсила қонунҳо қабул гардиданд, ки барои рушди соҳаи молия дар кишвар заминаи ҳуқуқӣ гузоштанд.

Чӣ тавре, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфтаанд: “Бояд таъкид намоям, ки ҷиҳати ноил шудан ба ҳадафи олии давлат, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мо бояд пешрафти бахшҳои воқеии иқтисодиёт, такмили низоми идораи давлатӣ, суботи молиявӣ, беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ ва дастгирии соҳибкорӣ, хулоса рушди муназзаму устувори иқтисодиёти мамлакатро таъмин намоем”.

Раёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин фаъолияти худро дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи молияи давлатӣ, қонун дар бораи  буҷҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастуру супоришҳои Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда, баҳри иҷрои он як қатор корҳоро ба анҷом расонид.

Иҷрои буҷет

Чунончи, мавсуф изҳор дошт, Раёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин оиди иҷроиши қисми даромад ва хароҷотии буҷетии маҳаллӣ ба Шумо маълум менамоем, ки дар семоҳҳаи якуми соли 2024 нақшаи қисми даромади худии буҷети маҳаллии ноҳия ба ҷои 4937400 сомонӣ, 5388585 сомонӣ (109%) ё ин, ки 451185 сомонӣ зиёд мебошад.

Маблағҳои мақсаднок мусоидати молиявӣ аз ҷумҳурӣ дар семоҳаи якум пурра маблағгузорӣ кардашудааст, ки мувофиқи нақшаи пешбини гардида 12792000 сомонӣ иҷро гардида, 12 792000 ё ин, ки 100 фоизро ташкил медиҳад. Аз буҷети вилоят дар семоҳаи якум пурра маблағгузорӣ карда шудааст, ки мувофиқи нақшаи пешбини гардида 300 ҳазор сомонӣ иҷро гардид, ки ин 100 фоизро ташкил медиҳад, касри буҷет бошад дар семоҳаи якуми соли 2024, маблағи 584047 сомонӣ ташкил медиҳад аз ҳисоби барзиёдии даромадҳои худӣ 451185 сомонӣ пушонида шуд, боқимондаи маблағ 132862 сомониро ташкил медиҳад, ки бо назардошти қисми даромад буҷети маҳаллӣ аз ҳисоби манбаҳои бақияпулии андозҳо дар семоҳаи дуюми соли ҷорӣ бо пуррагӣ пушонида мешавад.

Аз намудҳои андозҳо дар ноҳия амаликунанда пурра ё ин ки сифатнок иҷро гардидааст. Аз ҷумла, андоз аз даромади шахсони воқеӣ 100 фоиз, андози фоида аз шахсони ҳуқуқӣ 120 фоиз, андоз аз молу мулки ғайриманқул 139 фоиз, андоз аз арзиши иловашуда 203 фоиз, андозҳо тибқи низоми соддакардашуда пардохтшаванда 128 фоиз, андоз барои захираҳои табиӣ 100 фоиз, боҷи давлатӣ 235 фоиз, пардохтҳои дигари маҳаллӣ 726 фоизро ташкил медиҳанд.

Қарзситонӣ

Номбурда тазаккур дод, ки қарзҳои бақияпулии андозҳои ташкилоту муассисаҳо дар назди буҷет ба ҳолати 01.01.2024 ба маблағи 2557769 сомониро ташкил дода маблағҳои бақияпулии андозҳо  асосан аз каперативи истеҳсоли ва хоҷагиҳои деҳқонӣ мебошанд.

Инчунин, дар семоҳаи якуми соли 2024 бақияпулии андозҳо ба маблағи 11498 сомонӣ кам карда шуда, маблағи бақияпулии андозҳо ба ҳолати 01.04.2024 ба 2546271 сомонӣ боқӣ монда аст.

Қисми хароҷоти буҷети маҳаллии ноҳия дар семоҳаи якуми соли 2024 ба ҷои 19433797 сомонӣ ба маблағи 17764645 сомонӣ азхуд карда шудааст ё ин, ки 91 фоизро ташкил медиҳад.

Фаъолияти пурсамар

Ҳамзамон, мавсуф афзуд, ки барои коркарди тиллои пошхурда мувофиқи қарори 600 ба раёсати молия 252 шаҳрванд муроҷиат намудаанд, аз ин шуморо ба 245 нафар иҷозат ворид гардид, ки 158 нафар иҷозатҳояшонро гирифтанд, 17 иҷозат дар раёсати молия боқӣ мондааст. Ҳуҷҷати 5 нафар хато мебошад, маблағи муаянгардида аз ҳисоби нишондиҳанда 1728 сомонӣ дар соли ҷорӣ ба суратҳисоби Вазора молия ворид гардидааст.

Шумораи умумии бастҳои кори холӣ дар ташкилоту муассисаҳои буҷети маҳаллӣ ба 01.04.2024 ба 175 шумора бо музди маоши моҳона 231769 сомонӣ баробар буда, аз он ҷумла мақомоти роҳбарикунанда 8 нафар, ҳифзи ҳуқуқ 2 нафар, маориф 13 нафар, тандурустӣ 152 нафар аст.

Номбурда дар фароварди суҳбат изҳор дошт, ки кормандони Раёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар якҷоягӣ бо кормандони мақомоти андоз дар самти банақшагирии буҷет, дарёфти сарчашмаҳои нави даромад ва иҷрои сифатноки намудҳои андоз чораҳои судманд андешида, ҳамаҷониба кӯшиш менамоянд, ки нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллии ноҳияро дар нимсолаи аввали соли 2024 таъмин намоянд. Инчунин, дар самти таъмини уҳдадориҳои давлатӣ, таъмини хароҷотҳои ҳимояшавандаи буҷети давлатӣ масъулияти ҷиддӣ зоҳир намуда, назорати доимиро дар самти мақсаднок ва самаранок хароҷот гардидани маблағҳои буҷетӣ тибқи талаботи имрӯза ба роҳ монда, нишондиҳандаҳои молиявиро дар оянда ҳам хуб ҷамъбаст менамоянд.

Нигора САИДБЕКОВА,

МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь