Имсол аз ноҳияи Ҷалолиддини Балхии вилояти Хатлон ба хориҷи кишвар беш аз 330 тонна тарбузи зард ва сиёҳи бедона  содирот карда шудааст.

Сардори Сарраёсати кишоварзии ноҳияи Ҷалолиддини Балхи Ҷамолиддин Ғуломов  ба “Фараж” иттилоъ дод, ки кишоварзони ҷамоати деҳоти Золи Зари ноҳия, имсол дар майдони 18 гектар тарбузи зард ва сиёҳи  бедона кишт карда, 330 тоннаи онро ба хориҷи кишвар, аз ҷумла ба Федератсияи Русия, содирот карданд. Ҳамчунин, ин намуди тарбузро дар бозорҳои кишвар низ ба фуруш баровардаанд, илова кард ӯ.

Номбурда афзуд, кишварзони ин ҷамоат  соли дуюм аст, ки ба кишту парвариши ин намуд тарбуз машғул буда, соли гузашта онҳо дар майдони 20 гектар тарбузи зард ва сиёҳи бедона кишт карда будаанд ва 445 тонна ба хориҷи кишвар аз ҷумла ба Русия ва Белорус, содирот гардида буд.

Гуфта шуд, ки тарбузи зард истеҳсоли олимони Кореяи Ҷанубӣ буда, дар хориҷи кишвар талаботи зиёд дорад. Тарбузи зард аз тарбузи муқаррараи фарқ надорад, аммо дохили он зард буда таъм ва лаззати хуб дошта, маззаи ананасро дорад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь