Дар ноҳияи Ҷайҳуни вилоят Хатлон кишоварзон ба парвариши меваҳои тропикии банан ва папайя машғул буда, аз он ҳосили хуб ба даст оварда, бо нархи арзон дар бозорҳо ба фурӯш мебароранд.

Маъруф Қаймов, як сокини ноҳияи Ҷайҳун, се сол пеш  дарахтони банан ва папайяро аз Ӯзбекистон оварда, дар гармхонаи худ парвариш кард ва аз он ҳосили хуб гирифт. Ӯ афзуд, ки дарахтони банан дар як сол то се-чор  ҳосил медиҳанд, дарахти банан ҳавои гармро дуст медорад ва дар зимистон гармиашро таъмин намоед, ҳосил медиҳад.  “Ду намуд банан ва ду намуд папайя дорем, қадбаланд ва қатпст.  Як хушаи банан аз 200 то 250 донна банан медиҳад, агар се-чор  маротиба ҳосил диҳад,  600 то 800 дона банан метавонел аз он руёнд”, – илова кард ӯ.

Номбурда афзуд, ки талаботи мардум барои харидории кучати банан ва папайя зиёд шудааст ва дар баробари парвариши онҳо дар гармхона ниҳолҳои онро месабзонаду ба фуруш мебарорад. Ин сокини маҳаллӣ аз ҳисоби парвариши банан ва папайя ва фуруши он маблағи хуб ба даст оварда, барои таъмини  зиндагиаш сарф мекунад ва нақша дорад, шумораи ниҳолҳои банан ва папайяро дар гармхонаи худ зиёд кунад.

Бояд гуфт, ки парваршиши меваҳои тропикӣ дар кишвар камнзир буда, он заҳмати зиёдро талаб мекунад. Айни замон дар бозорҳои вилояти Хатлон нархи як дона банан 4-6 сомонӣ арзиш дорад, аммо маҳсули ин кишоварз аз 2 сомонӣ сар мешавад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь