Бо мақсади ошноӣ аз фаъолияти Маркази стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои вилояти Хатлон хабарнигори Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон бо директори он Саъдуллозода Исматулло Наим суҳбати ихтисосӣ анҷом дод.

Азму иродаи қавӣ баҳри рушди соҳа

Мавсуф дар оғози сӯҳбат иброз дошт, ки боиси ифтихор ва фараҳмандист, ки дар баробари мардуми шарафманди Ҷумҳурии Тоҷикистон мутахассисони Маркази Тоҷикстандарт дар вилояти Хатлон дар фазои ободу ороми кишвар бо ҳидояту раҳнамоии Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кору фаъолият намуда, баҳри таъмини ҳуқуқи истеъмолкунанда ва дастуру супоришҳои Роҳбари давлат ба ватану милати худ содиқона хизмат карда истодаанд.

Ӯ афзуд, ки аз солҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар мутахассисони Маркази Тоҷикстандарт дар вилояти Хатлон бо дастгирии Агентии Тоҷикстандарти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон вобаста ба татбиқи дастуру супоришҳои Сарвари давлат ва ҳукумати кишвар даҳҳо чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ, минтақавӣ, ҷумҳуриявӣ ва вилоятиро баргузор намуданд, ки дар пешрафти соҳаи стандартонӣ, метрология ва сертификатсия мусоидат намуд.

Инчунин тӯли солҳои соҳибистиқлолии кишвар мутахассисони Марказ дар чандин семинарҳо ва ҷаласаҳои созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ иштирок намуда, дар муҳокима ва қабули стандартҳо ва санадҳои меъёрӣ-техникӣ саҳми назаррас гузоштанд.

Номбурда илова кард, ки дар замони соҳибистиқлолии кишвар сохтори Маркази Тоҷикстандарт дар вилояти Хатлон рушд ёфта, бинои марказ ва тамоми шӯъбаҳо таъмири асосӣ гардида бо муосиртарин таҷҳизот муҷаҳҳаз гардонида шуданд, ки имрӯз дар онҳо кадрҳои ҷавону боистеъдод ва мутахасисони соҳибтахасус фаъолият доранд.

Ҳамчунин аз ҷониби кормандони марказ дар асоси қонуну санадҳои меъёрии соҳа корҳои тарғиботӣ оид ба воридоти маҳсулоти хӯрокворӣ ва бо кормандони нуқтаҳои хизматрасонии техникиву директорони бозорҳо семинар-машварат ва корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешавад, -илова кард Саъдуллозода Исматулло Наим.

Натиҷаҳои назарас дар панҷ моҳи  соли 2023

 Маркази вилоятии Тоҷикстандарт ҳамчун мақомоти марказии ваколатдори идоракунии масъалаҳои сифат ва бехатарии молу маҳсулоту кору хизматрасонӣ  ба рушди бемайлони соҳибкории хурду миёна, баланд бардоштани сифати маҳсулот, ҳифзи бозори истеъмолӣ, риояи қоидаҳои савдо ва системаи ченаки ягона дар вилоят фаъолият  намуда, дар шароити имрӯзаи пешрафти тараққиёти илму техника  ва баландшавии сатҳи иқтисодиву маънавӣ ва фарҳангии башарият, истеҳсоли маҳсулоти босифати ватании бозоргир ва ба рақобат тобовар мавқеи муҳим дорад.

Ҷиҳати татбиқи супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оиди дастгирии истеҳсолоти ватанӣ ки дар Паёми навбатиашон  таъкид намудаанд, мо ҳамагон бояд пешниҳоди Пешвои милатро сармашқи кори худ намуда, дар ин самт фаъолиятро боз ҳам тақвият диҳем.

Саниҷшҳо

Аз тарафи мутахассисони шуъбаи риояи талаботҳои регламентҳои техникӣ ва ҳуҷҷатҳои меъёри дар маҷмааи агросаноатӣ  ҷиҳати  дастгирии истеҳсолоти ватанӣ ва мусоидат ба истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазиру воридотивазкунандаи ватанӣ дар   панҷ моҳи  аввали  соли 2023 дар маҷмӯъ  47 санҷиши нақшавӣ  гузаронида шудааст.

Дар ин давра дар 150 ҳолат ба молу маҳсулоти корхонаву сеҳҳои истеҳсолӣ ва мағозаҳову нуқтаҳои савдо сертификати мутобиқат ба малағи  154 354 сомонӣ дода шуд.

Ҷиҳати санҷиши сифат ва бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ аз тарафи мутахассисони шуъба аз  корхона, сехҳо, мағозаву нуқтаҳои савдо 319 намунаи маҳсулоти хӯрокворӣ ба озмоишгоҳи санҷиши маҳсулоти хӯрокворӣ ва кишоварзии  Марказ ворид карда шудааст, ки ин  дар як ҳолат ҷарима ба маблағи 272 сомонӣ  бо моддаи 625 – и  КҲМҶТ татбиқ карда шудааст.

Аз тарафи мутахассисони шуъбаи риояи талаботи регламентҳои техникӣ ва ҳуҷҷатҳои меъёрӣ  дар корхонаи саноати  вазнин дар панҷ моҳи аввали  соли 2023 дар корхонаву сехҳои истеҳсолӣ дар маҷмӯъ 48 санҷиши нақшавӣ  гузаронида шуда аст.

Инчунин дар ин давра дар 193 ҳолат ба молу маҳсулоти корхонаву сехҳои истеҳсолӣ сертификати мутобиқат ба маблағи 577 509 сомонӣ дода шудааст.

Ҷиҳати санҷиши сифат аз тарафи мутахассисони шуъба аз корхона, сехҳо, мағозаву нуқтаҳои савдо 205 намунаи маҳсулоти сохтмонӣ  ба озмоишгоҳи санҷиши маҳсулоти сохтмонӣ Марказ ворид карда шудааст, ки аз ин дар як ҳолат маҳсулоти  ғайристандартӣ ошкор гардидааст.

Аз тарафи мутахассисони шуъбаи риояи талаботҳои регламентҳои техникӣ ва ҳуҷҷатҳои меъёрӣ дар корхонаҳои саноати сабук дар 5 моҳи аввали  соли ҷорӣ 21 санҷиши нақшавӣ гузаронида шуда, дар 148 ҳолат ба молу маҳсулоти корхонаву сехҳои истеҳсолӣ сертификати мутобиқат ба маблағи 228 556 сомонӣ дода шудааст.

Ҷиҳати санҷиши сифат аз тарафи мутахассисони шуъба аз  корхона, сехҳо, мағозаву нуқтаҳои савдо 56 намуна ба озмоишгоҳи Марказ ворид карда шудааст.

Инчунин  дар  ин давра аз тарафи мутахассисони шуъба ба маблағи 1088 сомонӣ дар 4  ҳолат ҷаримабанди карда шудааст.  1420 адад сертификати мутобиқат дар 5 моҳ

Дар панҷ моҳи аввали  соли 2023 аз тарафи шуъбаи баҳодиҳии мутобиқати Марказ ба маҳсулоти корхонаву ташкилот ва соҳибкорони алоҳида 1420 адад сертификати мутобиқат ба маблағи   2 254547 сомонӣ дода шудааст, ки аз ин 886 адад ба маблағи 1 451947  сомонӣ воридотӣ, 43 адад ба маблағи 145635 сомонӣ содиротӣ ва 491 адад ба маблағи 656966 сомонӣ сертификати мутобиқат барои маҳсулоти дар бозори дохилии вилоят фурӯхташавандаро  ташкил медиҳад. Дар ин давра аз тарафи мутахассисони шуъба аз ҳисоби маҳсулотҳои воридотӣ дар 3 ҳолат 29840 кг маҳсулотхои қаннодӣ ва иловагиҳои ғизо аз ҳисоби ба талаботи регламенти техники ҶТ “Дар бораи тамғагузории маҳсулоти хӯрокворӣ” ҷавобгӯ набуда дарёфт карда, нисбати соҳибкорон чораҳои маъмурӣ андешидашуда, маҳсулоти мазкур ба талаботи регламент мутобиқ гардонида шуд.

Ҳамазамон тариқи ҳуҷҷатгузории электронӣ бо воситаи Барномаи  равзанаи ягона дар ин давра 689 дархости соҳибкорон, ки аз онҳо 656 воридотӣ, 34 ададашро маҳсулоти содиротӣ ташкил медиҳад  ба  расмият  дароварда  шуд.

Мутахассисони шуъбаи нозироти савдо дар 5 моҳи соли ҷорӣ ҳамагӣ 270 санҷиш гузаронида шудааст, ки аз ин миқдор 163 санҷиши нақшавӣ ва 7 санҷиши ғайринақшавӣ  мебошад. Аз ин миқдор санҷишҳои гузаронидашуда  162 санҷиш ба нуқтаҳои савдо, 33 санҷиш ба хӯроки умумӣ, 55 санҷиш ба НФС ва НФГМ, 6 санҷиши анборҳо ва 14 санҷиш ба бозорҳо рост меояд.

Аз муомилот гирифтани маҳсулоти пасифат

Дар маҷмӯъ аз тарафи мутахассисони шуъбаи нозироти савдо дар панҷ моҳи  соли 2023 нисбати 243 нафар соҳибкорон ва масъулини субъектҳои хоҷагидорӣ барои ба фурӯш баровардани молу маҳсулоти ғайристандартӣ, муҳлати истеъмолашон гузашта (хатарнок), фиреби истеъмолкунандагон, риоя накардани қоидаҳои хӯроки умумӣ, савдо ва хизматрасонӣ ба маблағи 81 396 сомонӣ ҷарима татбиқ карда шуд.

Ҷиҳати санҷиши сифат ва бехатарии маҳсулотҳо аз тарафи мутахассисони шуъбаи нозироти савдо аз  мағозаву нуқтаҳои савдо 424 намунаи маҳсулот ба озмоишгоҳои Марказ  ворид карда шудаст, ки аз ин дар 253 ҳолат аз ҷумла 6000 кг меваи хуш, 16253 кг маҳсулотҳои қаннодӣ, 12 кг маҳсулотҳои шири, 73 кг маҳсулоти гуштӣ, 193 кг равғани растанӣ, 3030 кг намаки ошӣ, 5967 далл нушокиҳои ташнашикан,  635 далл нушокиҳои машруботӣ, 101 кг чой, кофе, 9936 адад қандакҳои хитоӣ, 235 кг маҳсулоти нонӣ, 6 кг маҳсулоти консерва, 21 кг рангҳои сохтмонӣ, 5150 литр бензини автомобилӣ, 1669 моеъи зиди сардӣ (антифриз), 2600 адад бозичаҳои кудакона,   8200 кг соддаи каустикӣ ғайристандартӣ,  аз руи тамғагузорӣ ва аз руи сифат ва бехатари дониста шуданд.

Аз тарафи шуъбаи шаҳодатномадиҳии кору хизматрасонӣ дар панҷ моҳи соли ҷори ба 10 номгӯи хизматрасониҳо 1498 шаҳодатномаҳо ба иҷозати фаъолияти хизматрасонӣ ба маблағи 830481 сомонӣ дода шудаст, ки аз ин миқдор шаҳодатномаҳо, 1204 адад ба нуқтаҳои савдо, 107 адад хӯроки умумӣ, 34 адад таъмири мошинҳо, 8 адад сартарошхона, 59 адад НФС, 55 адад НФГМ, 8 адад меҳмонхонаҳо, 4 адад табъу нашр, 17 адад хизматрасонии ихтиёрӣ  ва  2 адад ба бозорҳо  рост меояд.

Шуъбаи назорати давлатии воситаҳои ченак фаъолияти хешро тибқи нақшаи санҷишҳо, ки бо назардошти талаботи Қонуни ҶТ “Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор” таҳия ва тасдиқ гардидааст, ба роҳ монда  аз тарафи мутахассисони шуъбаи назорати давлатии воситаҳои ченак дар панҷ моҳи  соли ҷорӣ 90 санҷиш дар  корхонаву ташкилот ва соҳибкорони алоҳида, назорати 8409 адад воситаҳои ченак гузаронида шуда, ки аз ин миқдор воситаҳои ченак, 533 адад бо муҳлати санҷиши мутобиқатӣ ва 7876 адад воситаҳои ченаки корношояму таъмирталаб ошкор гардид.

Воситаҳои ченак аз санҷиш гузаронида шуданд

Дар давраи ҳисоботӣ аз тарафи мутахассисони шуъбаи санҷиш ва андозагирии воситаҳои ченак дар маҷмӯъ 14808 адад воситаҳои ченак аз санҷиши давлатӣ гузаронида шуда, аз инҳо: 9618 адад воситаҳои ченаки радиоэлектромагнитӣ, 2508 адад ҳарорату-техникӣ, 1765  адад механикӣ ва 887 адад геометрӣ ташкил менамояд. (аз ҷумла 8305 адад ҳисобкунакҳои барқӣ – (ҳисобкунакҳои 1 ноқила : 7875 адад, ҳисобкунакҳои 3 ноқила : 430 адад), 2143 адад ҳисобкунакҳои обӣ, – (1978 адад обченкунаки маишӣ, 7 адад обченкунаки саноати, 149 адад сутунҳои тақсимоти гази моеъ ва 162 адад сутунҳои тақсимоти сузишвории нафти , 4 адад резервуарҳо ва 5 адад автосистерна) мебошад.

Инчунин истифодаи голограмма ва муомилоти электронии ҳуҷҷатҳои метрологӣ дар шуъбаи санҷиш ва андозагирии воситаҳои ченаки Марказ таҷҳизотҳои компютерӣ ба интернет ва сайти интернетии “metrolog.tj” таъмин гардида, муомилоти электронии ҳуҷҷатҳои метрологӣ пурра фаъолият дорад.

Ҳамзамон дар ин давра дар озмоишгоҳҳои Марказ ҳамагӣ  1801 намунаи молу маҳсулот мавриди ташхис қарор дода шуд, ки аз ин миқдор 1221 ташхиси маҳсулоти хӯрокворӣ ва кишоварзӣ, 313 ташхиси маҳсулоти сохтмонӣ, 50  ҳолат  нуриҳои  минералӣ  ва маҳсулотҳои кимиёвӣ,  217  ташхиси маҳсулоти нафтиро ташкил медиҳад.

Тибқи ҳисоботи  шуъбаи озмоишгоҳи маҳсулоти хӯрокворӣ   ва кишоварзии Марказ   дар  панҷ моҳи соли сипаришуда 1221 ҳолат   маҳсулотҳоро  мавриди  ташхис  қарор  дода,  дар 293 ҳолат ба миқдори 168140кг маҳсулоти хӯроквории ғайристандартӣ ошкор карда шудааст, ки аз ин миқдор 102855 кг маҳсулот аз руи тамғагузорӣ  ва  65285 кг  маҳсулот аз руи сифат ва бехатарӣ ошкор гирдидааст. Аз ҷумла 31 ҳолат 180 кг равғани растанӣ, 55 /16190 кг маҳсулоти қаннодӣ, 13 / 197 кг маҳсулотҳои гуштӣ, 17/1906 кг маҳсулоти ширӣ, 49/6669  дал маҳсулотҳои ташнашикан, 8/51 кг чой ва қаҳва, 3 / 6000 кг меваи хушк, 5/136 кг маҳсулоти нонӣ, 6/10 кг консерва, 55/2996  дал нушокиҳои машруботӣ, 2/15001 иловагиҳои ғизо, 9/562 қутти тамокӯ, 2/3030 кг намаки ошӣ, 1/21 кг (3040 адад) бозичаҳои кӯдакона, 3/36 кг (9530 адад)  қандакҳои хитоиро ташкил медиҳад.

Назорати нуриҳои менералӣ

Инчунин дар озмоишгоҳи санҷиши нуриҳои минералии Марказ дар панҷ моҳи соли ҷорӣ  50 ташхис гузаронида шуд,  аз  ҷумла 35 / 3857тн 033 кг карбамид, 4/ 821,96 тонна  слитри аммиакдор, 1 / 1954тн 500кг  Аммафос , 3 / 219,225 тонна ишкори натрӣ, 1 / 7,8 тонна гипохлориди натрӣ, 5 / 84 тонна оҳаки сохтмонӣ  ва  1 / 50 адад зарфҳои фарфорӣ  гузаронида шудааст.

Аз тарафи озмоишгоҳи санҷиши маҳсулоти сохтмонӣ бошад дар  панҷ моҳи соли ҷорӣ дар маҷмӯъ 313 ташхис гузаронида шуд, аз ҷумла  21 / 1722 м3 қум,  21 / 3623 м3  шағал, 113/2390 тонна семент, 91 / 17638 дона хишти сементӣ,    8 / 150200 дона хишти сафоли, 12 / 41  арматура, 10 / 650м2  тахтасанг ва 34 / 100 м3    бетон,  1 / 20тн омехтаи қум  санҷида шуд.

Дар ин давра аз тарафи озмоишгоҳи мазкур дар 1/135 адад хиштҳои сементӣ аз ҳисоби тоб наовардан ба мустаҳкамӣ ғайристандартӣ дониста шуд.

Озмоишгоҳи маводи сӯхт ва равғанҳои молиданӣ дар 5 моҳи соли ҷорӣ  214 ташхиси маводҳои нафтӣ ва моеъи хунукунанда гузаронида шуда, аз ҷумла дар 74 ҳолат  ба миқдори 4877тн 404кг бензини автомобилӣ санҷида шуда, ки аз ин миқдор бензини автомобили дар 1 ҳолат ба миқдори 5150 кг ғайристандартӣ ошкор карда шуд.

Инчунин  дар 42 ҳолат ба миқдори 3231тн 867кг сӯзишвории дизелӣ, дар 44 ҳолат ба миқдори 220тн 590кг равғанҳои молидани, дар 4 ҳолат ба миқдори 981 тонна муми моеъ, 1 ҳолат ба миқдори 100 тонна мазут, 1 ҳолат ба миқдори 100 тонна нафти хом ва дар 50 ҳолат ба миқдори 2266 кг моеъи хунуккунанда санҷида  шуда, ки аз ин дар 21 холат моеъи хунуккунанда ба миқдори  1368 кг  аз рӯи ҳарорати яхкуни ғайристандартӣ дониста шуда, маҳсулотҳои мазкур  аз  фурӯш  боздошта  шуда, нисбати шахсони масъул тибқи талабот чора андешида шудааст.

Дар давоми панҷ моҳи соли ҷорӣ аз тарафи мутахассисони бахши «Тасдиқи мутобиқати системаи идоракунии сифат»-и Маркази Тоҷикстандарт дар вилояти Хатлон дар ҶДММ «Деҳаи ман»-и ш.Бохтар, ШБИ ҶДММ “Чжунгтсай Моҳир Семент”, ҶДММ “Хуаксин Ғаюр Семент”-и н.Ёвон корҳои омӯзишӣ оид ба талаботи стандартӣ ИСО 9001:2018 «Низоми идоракунии сифат» гузаронида шуд.

Дар ин давра дар ҶДММ «Трансформатор»-и ш.Бохтар низоми идоракунии сифат тибқи талаботи стандарти байналмилалӣ ИСО 9001:2015 ҷорӣ карда шуд.

Муроҷиат ва ҷавобҳо

Дар ин давра ба шуъбаи умумӣ ва назорати Марказ 334 ҳуҷҷат ворид гардид, ки дар муҳлати муқарраркардаи қонун ба онҳо ҷавоб гардонида шуда аз Марказ дар ин давра 405 мактуб ба дигар мақомот ирсол гардидааст. Инчунин дар панҷ моҳи  соли 2023 ба Марказ 8 адад аризаҳои шикоятӣ ворид гардид, ки мавриди баррасӣ қарор дода шуда, дар муҳлати муқарраршуда тариқи мусбӣ ҳал карда шуд.

Иҷрои дастуру супоришҳо дар мадди аввал  

Дар Марказ риояи талаботи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хизмати давлатӣ” таҳти назорати роҳбарият ва шуъбаи кадрҳо ва ташкилӣ қарор дошта, ҳар ҳафта рӯзҳои душанбе маҷлиси пагоҳирӯзии кӯтоҳмудат гузаронда мешавад, ки дар он оид ба одоби хизматчии давлатӣ, тарзи либоспушию суханронӣ ва даст назадан ба амалҳои хусусияти коррупсионидошта, аз тарафи роҳбарият таъкид карда мешавад. Дар Марказ оид ба омӯзиши қонунҳо ва дигар ҳуҷҷатҳои меъёрӣ-техникии соҳавӣ тибқи нақшаи тасдиқгардида пайваста хонишҳои техникӣ ва омӯзиши дастаҷамъонаи китоби «Тоҷикон»-и Қаҳрамони Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров  ба роҳ монда шуда, гузаронида мешавад.

Талошҳо баҳри ободист

Баҳри иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар Марказ комиссияи доимоамалкунанда таъсис додашуда, тамоми чорабиниҳои дар ин самт гузаронидашудаи кормандон бо назардошти тағйиротҳои навин зери назорат қарор доранд.

Марказ фаъолиятро дар оянда дар тамоми самтҳо пурзӯр намуда, тибқи дастуру супоришҳои болозикри  Пешвои миллат – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарияти Агентии Тоҷикстандарт, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон назорати  сифати тамоми молу маҳсулот, аз ҷумла воридоти маҳсулоти хӯроквориро дар дидбонгоҳҳои гумрукӣ, ҷойҳои нигоҳдорӣ ва фурӯши онро дар бозори дохилӣ, тибқи талаботи регламентҳои теникии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳуҷҷатҳои меъёрӣ-техникӣ ва қонунҳои амалкунанда  ба роҳ монда, бозори истеъмолиро аз воридот ва фурӯши молу маҳсулоти пастсифату ғайристандартӣ ва барои саломатии шаҳрвандон хатарнок эмин нигоҳ дошта, вазифаву масъулияти бар души мақомот вогузоргардидаро дар сатҳи зарурӣ  таъмин менамояд.                              

Дар оянда низ  кормандони “Тоҷикстандарт”-и вилояти Хатлон  тамому ҷидду ҷаҳдро ба он равона месозем, то дар тоза нигоҳ доштани бозори истеъмоли молу маҳсулоти дар минтақаҳои дар ихтиёр дошта гузошта, ҳуқуқи истеъмолкунандагонро ба пурагӣ таъмин созанд.

Ҳамчунин барои хуб истиқбол гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ободониро аввалан аз бинои худи марказ вусъат бахшида,   дар корҳои созандагиву бунёдкории   шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон саҳми арзанда доранд.

Раҳмоналӣ Додархӯҷаев, “Фараж”

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь