Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон,  дар яке аз  Паёмҳои худ  ба Мачлиси Олӣ таъкид карда буданд, ки  Истифодаи самарабахши ҳамаи имкониятҳо ҷиҳати рушди соҳаи сохтмон, риояи лоиҳа ва санъати меъморӣ дар бунёди иншоотҳои ҳаётанмуҳим, таҷдиди роҳҳои мошингард дарҷ гашт ва сарвари кишварамон илова намуданд: «Сохтмон яке аз соҳаҳои муҳими иҷтимоиву иктисодӣ, инъикоскунандаи рушди кишвар ва сатҳу сифати зиндагии мардум мебошад…»

Супоришҳои роҳбари давлат сарвиақт амалӣ мешаванд

Ҷиҳати шиносои аз фаъолияти Раёсати сохтмони асосии мақомити иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хабарнигори МТЖТ бо роҳбари Раёсати сохтмони асосии вилояти Хатлон Саъдуллозода Абудлвоҳид,  суҳбати ихтисоси анҷом дод.

Мавсуф дар оғози суҳбат иброз дошт, ки Раёсати сохтмони асосии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар асоси дастуру супориҳшои роҳбарияти олии мамлакат ва Мақомоти иҷроияи ҳокимяти давалтии вилояти Хатлон фаъолияташро  ба роҳ монда, талош доранд, ки сохтмонҳое, ки аз ҷониби ин Раёсат сохта мешаванд, бо сифати баланди меъморӣ ва стандартҳои байналмилалӣ ҷавогу бошанд.

Дар идома номбурда илова кард, ки Раёсати сохтмони асосии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба ҳайси фармоишгари асосии иншооти бунёдшавандаи соҳаи коммуналӣ, маданию маишӣ, маориф, тандурустӣ, манзилӣ, таҷлилу тармими иншоотҳо дар вилояти Хатлон мебошад.

Зимни суҳбат мавсуф қайд дошт, ки назорати техникии доимӣ дар иншоотӣ  бунёдшаванда аз ҷониби фармоишгар Раёсати сохтмони асосии вилояти Хатлон аз оғоз то анҷоми он сурат мегирад. “Дар иншоотҳо корҳои сохтмонӣ аз рӯи лоиҳаҳо, қоида ва меъморӣ сохтмонӣ ба роҳ монда мешаванд.  Бо ташкилотҳои дахлдор дар  раванди корҳои сохтмонӣ, барои бурдани назорати муаллифӣ шартномаҳо баста мешаванд. Ҳамаи лоиҳаҳо сари вақт аз ташхиси давлатӣ гузаронида мешаванд,-гуфт С.Абдулвоҳид.

Иншоотҳо замонавӣ сохта шудаанд

Ба гуфти мусоҳиби мо манбаъи ҳамаи иншооти ба нақша гирифташуда аз ҳисоби  буҷети маҳаллӣ буда, иншоотҳое, ки аз ҷониби Раёсати сохтмони асосии мақомоти иҷрои ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар шаҳру ноҳияҳои  вилоят сохта ба истифода додашудаанд, бо сифтаи хуби меъморӣ ва ҷолибу назаррас бунёд ёфтаанд.

Ба иттилоъи Саъдуллозода Абудлвоҳид, тули  чанд соли охир бо дасгирии ҳукумати кишвар ва мақомоти иҷроияи  ҳокимияти давалтии вилояти Хатлон аз ҷониби Раёст бо маблағгузории ҳукумати вилояти Хатлон даҳо иншооти ҳаётан муҳим аз ҷумла китобхонаи миллии ба номи Ш.Шоҳин дар шаҳри Бохтар,  осорхонаи кишваршиносии “Авасто” дар шаҳри Бохтар, Театрӣ музсиқӣ-мазҳакавии вилоятии ба номи Ато Муҳаммадҷонов дар шаҳри Бохтар, Маркази стоматологии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давалтии  вилояти Хатлон дар шаҳри Бохтар, мактаб барои 320 хонанда дар хоҷагии Ф.Садов, ноҳияи Кӯшониён мавриди истифода қарор дода шуда, дар  марҳилаи  дуюм  сохтмони толори варзишӣ идома дорад.

Ҳамчунин дар вилояти Хатлон ҳоло сохтмони мактаб барои 370 хонанда дар ҷамоати деҳоти Ғаллаободи ноҳияи Хуросон марҳилаи аввали иншоот бинои мактаб мавриди истифода карор дошта, марҳилаи дуюми сохтмони толори варзишӣ идома дорад.  Навбати дуюми сохтмони бинои маъмурии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Панч (толор ва гузаргоҳ) дар арафаи анҷомёби қарор дорад.

Инчунин сохтмони мактаб барои 624 хонанда дар маркизи ноҳияи Ҷайҳун идома дошта, дар арафаи ҷашни 35-солагии Истиҷлолияти давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди истифода карор дода мешавад. Ҳамчунин дар доираи ин санаи таърихи сохтмони бинои маъмурии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Леваканд  сохта мешавад, ки ҳоло корҳои сохтмони дар он  идома дорад.  Номбурад қайд кард, ки айни замон сохтмони бинои маъмурии Раёсати хадамоти давлатии оташнишонии вилояти Хатлон дар шаҳри Бохтар бо тарҳи хело зебо  барои 58 корман оғоз гардиааст.

Назорат ва сифати иншооти бунёшаванда вазифаи авалиндараҷаи мост

Роҳбари Раёсати сохтмони асосии вилояти Хатлон Саъдуллозода Абудлвоҳид, дар фарҷоми суҳбат илова кард, ки дар оянда мо ҳама талошҳои худро баҳри саривақт иҷро намдуани дастуру супоришҳои ҳукумтаи кишвар ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон равона карда, бунёди иншооти сохташаванда аз ҷониби Раёстро бо сифтаи аъло ба аноҷом хоҳем расонд. Кормандони Раёсати сохтмони асосии вилояти Хатлон ҳама талошҳои худро баҳри хуб истиқбол гирфитани   ҷашни 35-солагии Истиқлолияти далватии кишвар равона карда ва ният доранд ин санаи муҳими таърихиро бо дастовардҳои назарас истиқбол гиранд.

Раҳмоналӣ Додархӯҷае, МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь