Дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иброз намуданд, ки «соли 2023 барои Тоҷикистон бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди ҷумҳурӣ боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмуи маҳсулоти дохилии ҷумҳурӣ нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои ӯҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии ҷумҳурӣ тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд». 

Новобаста аз шароити имрӯзаи ҷаҳонӣ, буҳрони иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсӣ, ки тамоми минтақаҳои ҷаҳонро фаро гирифтааст,  давлати мо тавонист нақшаҳои гуногуни худро дар соҳаҳои мухталиф дар сатҳи устувори инкишоф нигоҳ дорад.

Оид ба натиҷаҳо ва фаъолияти Нозироти андоз дар шаҳри Ваҳдат хабарнигори МТЖТ бо сардори ин ниҳод Алиев Алишер  суҳбат анҷом дод. Дар оғози суҳбат сардори Нозироти андоз  чунин изҳор дошт: «Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади коҳиш додани хароҷотҳои субъектони хоҷагидор ва аз байн бурдани таъсири омилҳои инсонӣ аз соли 2018 оғоз намуда, аз ҷониби Кумитаи андоз шакли нави хизматрасонии электронӣ – Тартиби бо реҷаи электронӣ пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳо барои бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ мавриди истифода қарор дода шудааст. Ҷорӣ намудани тартиби мазкур шароит фароҳам овардааст, ки шаҳрвандон ва андозсупорандагон бо истифода аз “Утоқи шахсии андозсупоранда” ҳуҷҷатҳои заруриро барои бақайдгирии давлатӣ ба барнома дохил карда, ҳуҷҷати тасдиқкунандаи фаъолияти соҳибкории худро дастрас намоянд».

Алишер Алиев афзуд, ки мақомоти андоз имрӯзҳо дар ҳамаи самтҳои фаъолият корҳои назаррас анҷом дод, аз ҷумла барои гузоштани заминаи боэътимод ба рақамикунонии иқтисоди миллӣ ва ҳукумати электронӣ пайваста чораҷӯӣ менамояд. Дар айни замон барои шаҳрвандон ва андозсупорандагон беш аз 70 намуди хизматрасониҳои давлатӣ дар шакли электронӣ ба роҳ монда шудаанд.

Иҷроиши нақша

Дар 12 моҳи соли 2023 нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ бо дарназардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ дар шаҳри Ваҳдат ба андозаи 101,9 фоиз таъмин карда шуда, ба ҷойи 312 миллиону 559,0 ҳазор сомонӣ нақшаи пешбинишуда, ба буҷет 318 миллиону 587,5 ҳазор сомонӣ ворид карда шуд, ки он нисбат ба нишондиҳандаҳои нақшавӣ 6 миллиону 28,5 ҳазор сомонӣ зиёд ва нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3 миллиону 48,7 ҳазор сомонӣ ё худ 100,9 фоиз зиёд мебошад.

Аз ҷумла, нақшаи андозҳои ба зиммаи Нозироти андози шаҳри Ваҳдат вобасташуда бо дарназардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ ба андозаи 102,9 фоиз иҷро гардида, ба ҷойи 192 миллимону 180,2 ҳазор сомонӣ нақшаи пешбинишуда, ба буҷет 197 миллиону 840,3 ҳазор сомонӣ ворид гардидааст, ки нисбат ба нишондиҳандаҳои нақшавӣ 5 миллиону 660,1 ҳазор сомонӣ зиёд ва нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 37 миллиону 256,2 ҳазор сомонӣ ё худ 123,2 фоиз зиёд мебошад.

Семинар – машваратҳо

Сардори Нозирот қайд намуд, ки дар давраи ҳисоботӣ тибқи талаботи сархати 20 қисми 1 моддаи 90-и Кодекси андоз ва талаботҳои Стандарти ягонаи хизматрасонӣ ба андозсупорандагон, аз тарафи кормандони масъули Нозироти андоз дар байни андозсупорандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ бурда шуда, бо ҷалби зиёди соҳибкорону шахсони масъули муассисаву корхонаҳои шаҳр, дар мавзуҳои гуногун, аз қабили тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, тартиби нави пешниҳоди эъломияи андоз аз фоида, тартиби ҳисоби пешниҳоди суди саҳмияҳо ва дигар масъалаҳои ҳалталаб, 35 маротиба семинарҳои омӯзишӣ гузаронида шуд. Оид ба Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31.03.2022 №151, оид ба имтиёзҳои андоз, инчунин пурра ба тариқи электронӣ пешниҳод гардидани ҳисоботҳо ба мақомоти андоз ва дигар масъалаҳо гузаронида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1 адад зиёд мебошад.

Муроҷиатҳои соҳибкорон

Бояд қайд намуд, ки муроҷиатҳои ба суроғаи Нозирот воридгардида дар доираи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ” ба расмият дароварда шуда, инчунин мавриди баррасӣ қарор дода шуда, тибқи муҳлатҳои муқаррарнамудаи ҳамин қонун ба муроҷиаткунандагон ҷавобҳои мушаххас гардонида шудааст. Кормандони Нозироти андоз дар шаҳри Ваҳдат минбаъд низ ҷиҳати беҳтар намудани маъмурикунонии андоз ва сатҳи хизматрасонӣ ба андозсупорандагон, бештар намудани корҳои тавзеҳотию фаҳмондадиҳӣ, кам намудани бақияи қарзи андозҳо, беҳтар намудани сифати корҳои назоратӣ тамоми донишу малакаи худро истифода намуда, бо мақсади таъмини иҷроиши нақшаи пешбинишудаи воридоти андозҳо чораҳои таъхирнопазир андешида, иҷроиши нишондиҳандаҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024»-ро пурра таъмин менамояд.

МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь