Моҳи ноябри соли 2023 пас аз сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маскав 8 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид. Яке аз онҳо ба лоиҳаҳои нав дар соҳаи нақлиёт марбут буд. Кадом созишномаҳо ба даст омаданд ва онҳо  ба рушди тиҷорат дар Тоҷикистон чӣ гуна мусоидат мекунанд?

Санади ҳамкорӣ

Дар байни санадҳои имзошуда  Санади  рушди ҳамкорӣ байни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати нақлиёти Федератсияи Русия дар самти омодасозӣ ва бозомӯзии мутахассисони соҳаи нақлиёт қобили қайд  аст. Ҳамчунин, Нақшаи чорабиниҳои амалӣ («Харитаи роҳ») оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт барои солҳои 2023-2025 мувофиқа карда шуд.

Русия шарики  иқтисодӣ ва сармоягузори асосӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон мебошад. Ин кишвар дар омодасозии кадрҳои баландихтисос барои иқтисодиёти ҷумҳурии мо кумаки самарабахш мерасонад.

Ҷонибҳо ҷиҳати гузаронидани семинарҳои таълимии нақлиётӣ дар самтҳои зерин  тасмим гирифтаанд: ҳамлу нақли мултимодалӣ, шарикии давлат бо бахши хусусӣ дар соҳаи нақлиёт, рушди шабакаҳои нақлиётии минтақавӣ ва шаҳрӣ, сохтмон ва идораи инфрасохтори нақлиётӣ.

Дар рафти семинарҳо чунин мавзӯҳо, аз қабили амнияти нақлиётӣ, экологияи нақлиётӣ, рақамикунонии соҳаи нақлиёт, ҳамкорӣ дар доираи иттиҳодияҳои байнидавлатӣ, соҳаи нақлиёту логистика ва ғайраҳо  баррасӣ хоҳанд шуд.

Дар ин самтҳо ҳамкориҳо байни Муассисаи давлатии «Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ», Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази рақамисозии соҳаи роҳу нақлиёт» бо «Муассисаи давлатии мустақили давлатии таҳсилоти олии Русия» ва Донишгоҳи нақлиёти Федератсияи Русия пешбинӣ шудааст.

Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим ва вазири нақлиёти Русия Виталий Савелев  дар ҳузури сарони ду кишвар санадҳои  ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиётро ба имзо расониданд.

Баъдтар, дар охири соли 2023 барои таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи кишоварзӣ байни вазоратҳои кишоварзии ду кишвар “харитаи роҳ” ба тасвиб расид. Масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба  дар соҳаи кишоварзӣ баррасӣ гардида, изҳори омодагӣ ҷиҳати таҳкими ҳамкориҳо оид ба воридоти тухми офтобпараст, лаблабуи қанд ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва содироти гулмоҳӣ ба Федератсияи Русия баён карда шуд.

Ҳардуи ин соҳаҳо бо ҳам зич алоқаманданд, зеро бидуни шабакаи мураттабшудаи нақлиётӣ интиқоли маҳсулот барои содирот аз Тоҷикистон ва воридоти молҳои зарурӣ ғайриимкон аст. Барои беҳсозии  логистика Тоҷикистон бояд ба лоиҳаи “Агроэкспресс” ҳамроҳ  шавад.

Агроэкспресс

Дар соли 2022 Русия ва Тоҷикистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи роҳи оҳан созишнома имзо карданд. Истифодаи роҳи оҳани транзитӣ ва бандари Туркменбошии Туркманистон тавассути баҳри Каспий барои Тоҷикистон дастрасӣ ба роҳҳои оҳани дигар кишварҳо ва баромадан аз бумбасти коммуникатсиониро  осонтар мегардонад.

Мувофиқи “Харитаи роҳ” оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия барои солҳои 2023-2025, имконияти пайвастани Тоҷикистон ба лоиҳаи “Агроэкспресс” баррасӣ карда мешавад. Ин як хизматрасонии махсусгардонидашуда барои ташкили ҳамлу нақли бошитоби контейнерӣ тавассути роҳи оҳан мебошад. Лоиҳа аз ҷониби ҶСК «Роҳи оҳани Русия» ва Маркази содиротии Русия амалӣ карда мешавад. Ин хизматрасонӣ барои таҳвили  маҳсулоти кишоварзӣ ба Туркия, кишварҳои ИДМ ва Чин имконият фароҳам меоварад. Тавассути  долонҳои транзитӣ ва масирҳои мултимодалӣ, ки аз Тоҷикистон мегузаранд, алоқаи байни кишварҳои ИДМ ва  Афғонистони Шимолӣ, Покистон, Ҳиндустон, кишварҳои халиҷи Форс, Чин ва дигар  шарикон ба роҳ монда  мешавад.

Раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон Саидҷаъфар Усмонзода бартариҳои зерини ин санадро (Номаи дипломатиро) қайд мекунад: “Ин санад барои рушди соҳаи кишоварзӣ ва арсаи сиёсӣ имконоти нав боз мекунад, зеро ҳама гуна сиёсат бар асоси иқтисодиёт ба роҳ монда мешавад.

Саидҷаъфар Усмонзода, раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон: «Ин Санад оғози рушди  тиҷоратии иқтисодиёти кишварҳои мо мебошад, ки боиси зиёд шудани  теъдоди мулоқотҳо ва созишномаҳои тиҷоратӣ, инчунин,  афзоиши ҳаҷми даромад ва гардиши мол мегардад.

Лоиҳа барои истеҳсолкунандагони Тоҷикистон имкониятҳои калон фароҳам меорад, чун дар кишвари мо молҳои зиёде истеҳсол карда мешаванд, ки ҳанӯз ба бозори ҷаҳонӣ роҳ наёфтаанд. Бояд гуфт, ки сифати молҳои Тоҷикистон ва бастабандии онҳо дар сатҳи хуб қарор дошта, ба талаботҳои бозори Русия  ҷавобгӯ мебошанд. Дар мавриди бозори аврупоӣ бояд гуфт, ки дар  Аврупо аз рӯи стандартҳои дигар кор мекунанд. Бо Русия мо ҳамкориҳои чандинасраро дар соҳаҳои тиҷорат, сиёсат, фарҳанг ба роҳ мондаем – ин заминаест барои Тоҷикистону Русия, то тавонанд ба осонӣ ва бидуни ҳаргуна шартҳо,  созишҳо  дар бораи фоидаи мутақобила  ба даст оранд (дар мавриди ба даст овардани фоидаи мутақобила ба созиш расанд), зеро мо аллакай таҷрибаи кофии амалӣ   дар ҳамкорӣ  бо ин кишварро дорем.

Пайвастани Тоҷикистон ба «Агроэкспресс” метавонад муҳлати таҳвили маҳсулоти зудвайроншавандаро суръат бахшад ва хавфҳои омилҳои ба сифати мол таъсиррасонандаро  коҳиш диҳад.

Тоҷикистон иқтидори фурӯши на танҳо маҳсулоти хоҷагии қишлоқ, балки металл, санг ва дигар сарватҳои зеризаминиро дорад. Аз ҳама муҳимаш он аст, ки мо захираҳои калони меҳнатӣ  дорем. Вақте  талабот  ба содироти молҳои кишоварзӣ  бештар мешавад, истеҳсоли молҳо меафзояд  ва  мардум ба ҷои муҳоҷират дар дохили кишвар кор хоҳанд кард. Мо водию даштҳои зиёде надорем, вале қариб дар ҳама ҷои минтақаи кӯҳӣ боғдорӣ ва дигар соҳаҳои хоҷагии қишлоқу саноатро  тараққӣ додан мумкин аст. Ҳамаи ин дар баробари роҳандозии муносибатҳои мо густариш ёфта, Санади мазкур барои рушди иқтисодиёти Тоҷикистон имкониятҳои васеъ фароҳам меоварад».

Бо ба роҳ мондани муносибати дуруст  ба истифодаи долони “Шимол-Ҷануб”, Тоҷикистон метавонад  аз транзити молҳо аз вилоятҳои Чин ва Афғонистон ба қаламрави Покистон, Русия ва кишварҳои минтақаи Қафқоз даромад ба даст орад. Дар сурати пайвастани Тоҷикистон ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё самаранокии долон ба маротиб афзоиш хоҳад ёфт. Тоҷикистон бо кумаки Русия ба занҷирҳои нақлиётию логистикӣ, ки кишварҳои Осиё, Ховари Миёна ва Африқоро бо Русия ва Беларус мепайванданд, ворид мешавад. Ин  барои дастрасӣ ёфтани ҷумҳурии мо ба роҳҳои савдои баҳрӣ имконият фароҳам оварда, афзоиши гардиши мол ва боло рафтани сатҳи некӯаҳволии халқро таъмин мекунад.

Тибқи  натиҷаҳои  се семоҳаи соли 2023,  Русия аз рӯи  нишондиҳандаҳои ҳаҷми гардиши мол бо Тоҷикистон ҳанӯзам дар мавқеи пешсаф қарор дорад, ки он 1,2 миллиард долларро ташкил дод. Ин натиҷа  аз ҷумла ба шарофати имконоти транзитӣ ва нақлиётии Тоҷикистон ба даст омадааст.

Пайвастани Тоҷикистон ба лоиҳаи “Агроэкспресс” метавонад ба тезонидани муҳлати таҳвили маҳсулоти зудвайроншаванда мусоидат кунад. Ба туфайли лоиҳаи «Агроэкспресс» Русия ният дорад таҳвили гӯшт, моҳӣ, маҳсулоти ширӣ, сабзавоти тару тоза, меваҷот ва дигар маҳсулоти зудвайроншавандаро  ба Чин,  Осиёи Марказӣ ва дигар кишварҳои ҷаҳон  ба роҳ монад. Муҳлати интиқоли мол аз 5 то 7 рӯзро ташкил медиҳад.

Ҳамин тариқ, тасвиби Санад дар соҳаи нақлиёт барои барқарор намудани роҳҳои нави тиҷорат, омӯзонидани мутахассисони тоҷик, афзоиши гардиши мол ва дар ниҳоят ба рушди иқтисодиёти Тоҷикистон мусоидат мекунад.

Матлубаи Қ.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь