Дар оинаи бунёди роҳҳои кишварамон мо чиро хоҳем дид?

 ҲИКМАТИ РОҲИ КАЛОН

Роҳ танҳо василае нест, ки одамонро ба ҳам наздик ва дурҳоро қариб мегардонад. Роҳ одамонро ба зиндагии беҳтар умедвор месозад ва барои ин кӯмак хоҳад кард. Роҳ чандин ҳикматҳои дигар ҳам дорад. Аз ин ҷост, ки сохтани роҳро дар қатори арзишҳои волои зиндагӣ мегузоранд ва аз корҳои хайру савоб ҳисобида, дар адабиёти шаръӣ “хайри ҷория” меноманд.

Ҳамин ду соли ахир, ки COVID – 19 тамоми дунёро фаро гирифт, пеш аз ҳама роҳҳо баста шуданд. Дар натиҷа, чӣ қадар мушкилот пеш омад?! Ин ки арзиши маҳсулот боло рафт, иқтисодиёти кишварҳо зарари ҳангуфт дид, як паҳлӯи масъала буд. Бештар аз ин рафту омади одамон коҳиш ёфт, муҳаббати байни одамон кам шуд. Зимнан, бо аввалин имкон одамони диндору мазҳабӣ, ки имкони сафари Ҳаҷ надоштанд, тасмим гирифтанд, ки роҳи кӯчаи худ, деҳаи худро ҳамвор намоянд, барои дигарон роҳ кушоянд. Шукр, дар Тоҷикистони азиз ҳам чандин ҳамватанони мо дар ин муддат пули барои сафари Макка ҷамъкардаи худро ба кори хайр – бунёди роҳҳо сарф намуданд.Аммо роҳ дар сатҳи давлатдорӣ маъниву мантиқи дигар дорад. Мушаххасан роҳҳо пешрафт ва тараққиёти давлатро таъмин менамояд. Бинобар ин роҳҳоро ба рагҳои хунгузарро шабоҳат медиҳанд, ки фаъолияти мӯътадили давлатро пиёда намуда, қисматҳои гуногуни давлатро ба ҳам пайваст менамояд. Ба таври рамзӣ ифода намоем агар, рагҳои хунгузар дар ҷисми инсон вазифаи бо оксиген таъмин намудани баданро иҷро намояд, пас роҳҳо вазифаи таъмини пешрафти иқтисодию иҷтимоии давлатро ба ӯҳда доранд.

Ин буд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чандин соли пеш, вақте мамлакат нав аз ҷанги шаҳрвандӣ берун мегардид, қотеъона изҳор намуданд: «Бо бунёди шоҳроҳҳо ва нақбу пулҳои замонавӣ мо ният дорем, ки дар ояндаи наздик фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва бозорҳои наздисарҳадиро васеъ ба роҳ монда, бо ин восита низ иқтидори иқтисодӣ ва беҳтар шудани сатҳу сифати зиндагии мардуми Тоҷикистонро таъмин намоем».

Ин замоне буд, ки сарвари давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон дар назди худ вазифа гузоштанд: бо бунёду навсозӣ, сохтмони нақбу пулҳо аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо кардани Тоҷикистон ва ба ин васила дар байни тамоми минтақаҳои кишвар фароҳам овардани робитаҳои нақлиётӣ! Бино бар ин, роҳбарияти кишвар масъалаи ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистонро яке аз авлавиятҳои рушд муайян намуда, онро дар доираи Стратегияи аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани Тоҷикистонро яке аз ҳадафҳои асосӣ муайян намуд. Стратегияи мазкур ду самти асосии фаъолияти соҳаро дар бар мегирад:

якум,  ташаккули  шабакаи ягонаи роҳҳои автомобилгарди дохили кишвар ва пайваст намудани он ба шоҳроҳҳои байналмилалӣ;

дуюм, ҳамроҳ шудани Тоҷикистон ба Конвенсия ва Созишномаҳои байналмилалӣ оид ба равобити нақлиётӣ.

Ҳоло роҳу шоҳроҳҳои зиёди бунёдшударо мебинему шояд ба гӯшаи хаёламон намеояд, ки онҳо бо чӣ мушкилиҳое дар як кишвари пас аз ҷангӣ ба ин зудӣ пайдо шудаанд. Воқеан, аксарияти роҳҳои Тоҷикистон хусусияти минтақавӣ ва байналмилалӣ дошта, дастрасии мамлакатро имрӯзу оянда ба бандарҳои баҳрӣ ва шоҳроҳҳои транзитии дигар кишварҳо таъмин хоҳанд кард. Барои ҳамин, сохтмони онҳо мутобиқ ба меъёрҳои роҳсозии ҷаҳонӣ сурат гирифта, аз ҷониби ташкилоту коршиносони байналмилалӣ баҳои баландро сазовор гардидаанд. Тибқи арзёбии рейтинги Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ дар доираи нишондиҳандаи қобилияти рақобати байналмилалӣ Тоҷикистон аз ҷиҳати сифати роҳҳо ва рушди инфрасохтор мавқеи хубро ишғол намуда, дар ин ҷода ба ҳайси кишвари пешқадам дар минтақа шинохта шудааст.

Ҳамчунин Тоҷикистон чанд сол пеш дар раддабандии сифати роҳҳо, ки Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ (WEF) таҳия карда буд, аз миёни 144 кишвари дунё дар мақоми 98 ҷой гирифт. Мақомоти ин созмон гуфтанд, ки роҳҳои Тоҷикистон бо дарёфти 3,2 хол миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ пештар аз Қазоқистон (ҷойи 117‒ум бо 2,7 хол) ва Қирғизистон (133‒юм бо 2,5 хол) қарор дорад.

Ин ҳам дар ҳоле, ки роҳсозии Тоҷикистон як махсусияти дигар ҳам дорад, ки ба релефи кишвари кӯҳсори мо иртибот мегирад. Зимнан, 70 дарсади роҳҳои Тоҷикистон аз минтақаҳои кӯҳӣ мегузарад ва сохтану ҳифзи онҳо осон нест, махсусияту мушкилот дорад…

Новобаста аз ин, ҳоло Ҳукумати Тоҷикистон дар соҳаи нақлиёт 12 лоиҳаи сармоягузории давлатиро татбиқ карда истодааст, ки дар доираи онҳо зиёда аз 1500 километр роҳҳои байналмилалӣ бунёд карда мешаванд. Дар маҷмӯъ, аз аввали соҳибистиқлолӣ то ба имрӯз бошад, дар соҳаи нақлиёти кишвар 53 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии беш аз 20,3 миллиард сомонӣ татбиқ мегардад.

Соли 2021 лоиҳаҳои сохтмону таҷдиди роҳҳои мошингарди Обигарм -Нуробод; Ҳулбук – Темурмалик – Кангурт; Данғара – Левакант – Бохтар; қитъаҳои Қалъаихумб – Ванҷи шоҳроҳи Душанбе – Кулма; Қизилқалъа -Бохтари шоҳроҳи Душанбе – Бохтар; Бекобод – Бобоҷон Ғафуров – Конибодом; сохтмони пул аз болои дарёи Панҷ дар мавзеи Кокули ноҳияи Фархор ва дарёи Ғунд дар шаҳри Хоруғ, таҷдиди роҳи мошингард ва бунёди долонҳои зидди тарма дар мавзеи Барсеми ноҳияи Шуғнон шурӯъ шуданд.

Дар панҷ соли оянда, яъне солҳои 2022-2026 боз сохтмону таҷдиди роҳҳои мошингарди Гулистон – Фархор; Ҷалолиддини Балхӣ – Қубодиён – Шаҳритус; Данғара – Гулистон – Кӯлоб; Рӯшон – Хоруғ – Кулма; Хуҷанд – Конибодом ва Хуҷанд – Ашт оғоз мегардад.

Дар давоми солҳои 2022–2026 зиёда аз 1000 километр роҳҳои мошингард, 53 пул, 7 нақб ва 5 долони зидди тарма бунёд карда мешаванд, ки қисми зиёди онҳо дорои сатҳи байналмилалӣ мебошанд.

АЗ ДИДАВУ ШУНИДАҲО

Бобои Сафар, сокини шаҳраки Обигарм нақл мекунад:

– Пеш аз таъмир шудани роҳи ҳамворе, ки ҳоло мебинед, одамон бисёр кам ба пойтахт ё шаҳру навоҳии дигари Тоҷикистон мерафтанд. Зеро рафтан осон набуд. Ҳоло ҳама вақт мераванд, чунки мушкиле дар миён нест.

Ҷамшед, ронандаи таксии самти Душанбе – Рашт:

– Солҳои зиёд аст, ки аз ҳисоби мусофиркашонӣ ризқу рӯзии худу фарзандонро пайдо мекунам. Хуб дар хотир дорам, солҳои аввал роҳ то Файзобод бунёд шуд ва мошин ҳам хеле роҳат ҳаракат мекард. Аммо баъд роҳи ҳамвори бетонӣ якбора ба мавзеи санглоху ноҳамвор табдил меёфт. Маҷбур мешудем суръати мошинро ба 30 – 40 км/соат поён барем. Барои аз Душанбе ба Рашти ҳозира расидан 7 – 8 соат зарур мешуд. Дар ҷои ободтар мерасидему аввалин коре, ки мекардем, шустани мошинҳоямон буд, чун роҳи вайрону хоколуд ба мошинҳо “ранги нав” медод. Ҳоло шукр, ин мушкил аз байн рафт…

Ҳаким, тоҷир:

– Ман аз Душанбе ба навоҳии минтақаи Рашт маҳсулот мебарам. Солҳои пеш, чун роҳҳо вайрону валангор буданд, ронандаҳои мошин, ки бори моро мебурданд, аз мо пули зиёд мегирифтанд ва ҳатман ин ба нархи молу маҳсулот изофа мешуд. Ҳоло, ки роҳҳо тахту ҳамворанд, акнун мардум низ бо нархи дастрас, ҳатто ба нархи анқариб ба Душанбе баробар, аз мо маҳсулоти зарурии худро харид мекунанд…

Салим, кишоварз:

Навоҳии Рашт минтақаи калони кишоварзӣ мебошад ва бисёр маҳсулоти дар ин минтақа истеҳсолшаванда зуд вайрон мешавад. Роҳҳои бунёдшуда кӯмак менамоянд, ки меваю сабзавот ба бозори Душанбе ва берун аз он  зудтар расанд ва арзиши онҳо низ бо ҳамин восита паст мешавад.

РУШДИ МИНТАҚА БО БУНЁДИ РОҲҲОИ АЛТЕРНАТИВӢ

7 июни соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ‒Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои татбиқи лоиҳаи «Сохтмони роҳи автомобилгарди Обигарм – Нуробод» санги асос гузоштанд, ки яке аз қисмҳои муҳими нақшаҳои созандаи Ҳукумати мамлакат доир ба рушди ноҳияҳои водии Рашт мебошад.

Ин лоиҳа, ки ба 3 марҳила ҷудо карда шудааст, идомаи ҳадафи ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон аст.

Марҳилаи якуми он роҳи асосии Обигарм – Таги Камар масофаи 30,217 километрро дар бар мегирад. Зимни муаррифии лоиҳа иттилоъ дода шуд, ки дар ин марҳила сохтмони нақбҳои «Қандак» бо дарозии 1,61 километр ва «Қарағоч» бо 1,7 километр, бунёди 5 пули нав, таҷдиди 1 пул, 28 истгоҳ, пиёдароҳ бо масоҳати 14 ҳазору 860 метри мураббаъ ва гузоштани аломатҳои роҳ бо дарозии 102,5 километр пешбинӣ шудааст.

Марҳилаи дуюми лоиҳа аз 45,7 километр роҳи асосии Таги Камар -Нуробод ва аз 45 километр роҳи байнидеҳавӣ иборат буда, ба роҳи нави асосӣ пайваст мешавад.

Дар доираи ин марҳила низ сохтмони нақби «Таги Камар» бо дарозии 2,6 километр, 6 пули нав, таъмир ва таҷдиди 1 пули мавҷуда, 1 пули муваққатӣ, 54 истгоҳ, пиёдароҳ бо масоҳати 27 ҳазору 312 метри мураббаъ ва нишонагузории 107,2 километр роҳ дар назар дошта шудааст.

Марҳилаи сеюми лоиҳаи мазкур сохтмони пули бузург буда, бо дарозии 760 метр бунёд карда мешавад.

То имрӯз тамоми воситаҳои техникии роҳсозӣ, ки иборат аз мошинолоти пешрафта мебошанд, ба маҳали сохтмони асосӣ дастрас гардиданд ва феълан машғули коранд. Зимни суханронии худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намуд, ки ҳадафи давлату Ҳукумати Тоҷикистон аз бунёди зерсохтори нақлиётӣ дар минтақаи Рашт аз он иборат аст, ки рушди соҳаҳои мухталифи ноҳияҳои водӣ ва ВМКБ‒ро аз тариқи роҳи алтернативӣ таъмин ва дар ин замина даҳҳо ҳазор ҷойи кории нав таъсис ва сатҳу сифати зиндагии мардум боз ҳам баланд бардошта шавад. Таъкид гардид, ки бунёди роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун – Нуробод – Рашт – Лахш бо дастгирии шарикони рушд ҳанӯз соли 2005 оғоз ёфта, дар доираи лоиҳаҳои сармоягузорӣ беш аз 310 километр роҳҳои дорои аҳамияти байналмилаливу ҷумҳуриявӣ ва 138 километр роҳҳои маҳаллӣ сохта, ба истифода дода шудааст.

Пешвои муаззами миллат зимни суханронӣ дар оғози сохтмон чунин таъкид намуданд: «Дар назар бояд дошт, ки ин роҳ барои садсолаҳо бунёд мешавад». Бинобар ин, зарур аст, ки сифати иҷрои корҳо ба таври ҷиддӣ назорат карда шавад.

Гуфта мешавад, маблағи умумии лоиҳаи Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки осиёии рушд ва Созишномаи қарзӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд вобаста ба лоиҳаи «Роҳрави ҲИМОМ 2, 3 ва 5 (Сохтмони роҳи автомобилгарди Обигарм – Нуробод)» мебошад. Татбиқи лоиҳа соли 2021 оғоз гардида, анҷоми он соли 2025 ба нақша гирифта шудааст.

Мақсади асосии лоиҳа беҳтар намудани ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар роҳи автомобилгарди Обигарм – Нуробод буда, дар маҷмӯъ, рушди роҳравҳои нақлиёт ва сода намудани тартиби тиҷоратро дар минтақаҳои «Роҳрави ҲИМОМ 2, 3 ва 5» дастгирӣ менамояд. Таъсири лоиҳа барои суръат бахшидан ба рушди савдо дар ин минтақаҳо мусбат арзёбӣ мегардад. Ҳамчунин, роҳи мазкур бо мақсади иваз намудани роҳи мавҷудаи дар доираи сохтмони НБО «Роғун» зериобшаванда бунёд хоҳад шуд.

ТАДАО ЧИНО АГАР ЗИНДА МЕБУД …

Яке аз шарикони асосии Тоҷикистон, аз ҷумла дар сохтмони роҳҳо Бонки осиёии рушд аст. Кишвари мо аз соли 1998, пас аз як соли имзои Созишномаи умумии сулҳ узви Бонки осиёии рушд шуд ва тайи солҳои ҳамкорӣ даҳҳо барнома ва тарҳҳои мухталифи бонки мазкур дар бахшҳои гуногуни иқтисодиёти кишвар мисли нақлиёт, тандурустӣ, энергетика, кишоварзӣ, тиҷорату гумрук, иртиботот ва ғайра иҷро ва ё дар ҳоли амалишавист.

Воқеан, соли 2003, вақте намояндагии бонки мазкурро дар Душанбе ифтитоҳ мекарданд, раҳбари собиқи БОР марҳум Тадао Чино ба Тоҷикистон омад ва зимни суханронии худ таъкид намуд, ки  ҳамкорӣ ва кӯмакҳои Бонки осиёи рушд ба кишвари мо дар ҳоли афзоиш аст. Ба гуфтаи ӯ далели ҳамкории тӯлонӣ ва доимии Бонки осиёии рушд бо Тоҷикистон ифтитоҳи намояндагии доимии бонки мазкур дар  кишвари мо як амри табиӣ мебошад:

– Намояндагии доимии Бонки осиёии рушд тавонмандии барномарезии ин ниҳоди молиявиро ҷиҳати ҳамоҳангсозии расонидани кӯмакҳои рӯзафзун ба Тоҷикистон бештар мекунад. Намояндагӣ имконот ва шароитро ҷиҳати иҷрои беҳтари барномаҳои бонки мо ва талаботи кишвари Тоҷикистон мусоид месозад.

Махсус таъкид бояд намуд, ки дар замони раҳбарии худ ҷаноби Чино се маротиба ба Тоҷикистон омада буд, ки маънии бовариву эътимод ба сиёсати Ҳукумати Тоҷикистонро дошт. Дар суханронии худ Тадао Чино боре қотеона гуфт:

– Барои кишваре, ки дорои сарватҳои фаровони табиӣ ва нерӯи инсонист, чунин сатҳи ниҳоят поини фақр таҳаммулнопазир аст. Сатҳи камбизоатиро бояд ва имкон дорад коҳиш дод. Ҳадафи аслӣ ва умдаи кӯмаки мо бо Тоҷикистон ба ҳамин нигаронида шудааст.

Аз он замон ҳоло 19 сол сипарӣ гардид. Агар роҳбари собиқи БОР дар қайди ҳаёт мебуд, ҳатман шоҳид мегашт, ки ин умедвориҳояш таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гаштаву ҳоло мо на танҳо роҳҳои обод, балки мардуми сарҷамъу аз лиҳози иқтисодӣ тавонмандро соҳибем ва ояндаамон низ иншоаллоҳ дурахшонтар аст…

Махсус барои “ФАРАЖ”

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь