Нозироти андоз дар шаҳри Норак ҷиҳати татбиқ намудани сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри иҷрои дастуру супоришҳояшон, ки аз Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намуда, дар давраи ҳисоботӣ таъмини рушди устувори иқтисодиёт, баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум, ҳамаҷониба таъмин намудани дастгирии давлатии соҳибкорӣ, бахусус дар самти истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридотӣ ва афзунгардонии потенсиали содиротии шаҳр, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандонро ҳамчун самтҳои афзалиятноки фаъолияти худ қарор додаанд. Оид ба натиҷаҳо ва фаъолияти Нозироти андоз дар шаҳри Норак хабарнигори МТЖТ бо сардори ин ниҳод Халифаев Ф. сӯҳбат анҷом дод.
Дар оғози сӯҳбат сардори Нозироти андоз дар шаҳри Норак, изҳор дошт: Дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, талаботҳои Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарору фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастуру фармоишҳои раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак ва Раёсати андоз дар вилояти Хатлонро оид ба баланд бардоштани самаранокии кори соҳа, ба роҳбарӣ гирифта, кушиш ба харҷ медиҳанд, ки вазифа ва уҳдадориҳои ба зиммаашон гузошташударо иҷро намоянд.
Иҷроиши нақша
Нозироти андоз дар шаҳри Норак, бо мақсади таъмини иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023» чораҳои таъхирнопазир андешида, фаъолияти Нозиротро дар 5 моҳи сипаригардидаи соли 2023 бо нишондиҳандаҳои зерин ҷамъбаст намудаанд: Нақшаи андозҳо бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ дар маҷмуъ бо назардошти андозсупорандагони калон дар 5 моҳи сипаригардидаи соли 2023, дар шаҳри Норак ба андозаи 103 фоиз таъмин гардида, ба ҷоӣ 44002092 сомонии дар нақша пешбинигардида, ба буҷет 45210639 сомонӣ ворид карда шудааст, ки ин нисбат ба нишондиҳандаҳои нақшавӣ, 1208547 сомонӣ зиёд мебошад.
Ба санаи 31-уми майи соли 2023 дар бахши бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ дар шаҳри Норак, 1315 нафар андозсупорандагон, аз ҷумла, 165 адад шахсони ҳуқуқӣ, 319 нафар соҳибкорони инфиродии тибқи шаҳодатнома фаъолияткунанда, 265 нафар соҳибкорони инфиродии тибқи патент фаъолияткунанда, 330 нафар соҳибкорони инфиродии тибқи шаҳодатномаи махсус фаъолияткунанда, ва 236 адад хоҷагиҳои деҳқонӣ ба қайд гирифта шудаанд. Дар давоми 5 моҳи соли ҷорӣ, дар натиҷаи андешидани чораҳои зарурӣ бо мақсади дарёфти манбаҳои нави андозбандӣ, 65 нафар андозсупорандагон, аз ҷумла соҳибкорони инфиродии тибқи патент фаъолияткунанда 26 нафар, хоҷагиҳои деҳқонӣ 6 адад, соҳибкорони инфиродии тибқи шаҳодатнома фаъолияткунанда 11 нафар, соҳибкорони инфиродии тибқи шаҳодатномаи махсус фаъолияткунанда 18 нафар ва шахсони ҳуқуқӣ 4 адад ба қайд гирифта шуданд. Тибқи Фармоиши раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №61 аз 27 – уми январи соли 2023 «Оиди баҳисобгирии (инвентаризатсия) – и объектҳои молу мулки ғайриманқул, қитъаҳои замин ва воситаҳои нақлёти шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ» аз ҷониби кормандони Нозироти андоз оиди иҷрои фармоиши дар боло зикршуда корҳо идома дошта, иҷрои фармоиши мазкур ба ҳолати 01-уми майи соли ҷорӣ 35,5 фоиз таъмин карда шуд. Дар давраи таҳти баҳисобгирӣ қарор дошта, аз ҷониби кормандони Нозироти андоз 90 адад андозсупорандаи шахсони воқеӣ бақайд гирифташуда ва манбаи иловагӣ ошкор кардашуда, маблағи 42000 сомонӣ ба буҷет ворид карда шуд. Шумораи иҷорадиҳандагони молу мулки шахсони воқеӣ дар Нозироти андоз ба ҳолати 31.05.2023, дар маҷмуъ 170 нафарро ташкил медиҳад. Дар натиҷаи пурзур намудани назорат ва андешидани чораҳои зарурӣ, дар 5 моҳи соли 2023, аз тарафи нозироти номбурда 21 нафар иҷорадиҳандагони амвол ба қайд гирифта шудааст, ки ба як иҷорадиҳанда 1576 сомонӣ рост меояд. Анҷом додани корҳои назоратӣ яке аз самтҳои муҳим ва назарраси фаъолияти мақомоти андоз буда, ҳамеша дар мадди назари роҳбарияти Кумитаи андоз ва Нозироти андоз қарор дорад. Барои ба ин мақсад ноил шудан аз тарафи Нозироти андоз манбаъҳои нави иловагӣ бо роҳи гузаронида корои назоратӣ дар давоми соли 2023 аз ҳисоби шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ 41 нафар коргари кироя ба қайд гирифта шудааст, ки фонди музди меҳнати онҳо 32800 сомониро дар бар мегирад.
Назорат ва корбарӣ
Назорати камералӣ шакли назорати андоз буда, аз ҷониби мақомоти андоз дар асоси омӯзиш ва таҳлили ҳисоботи андози пешниҳоднамудаи андозсупоранда, маълумоти мақоми ваколатдор ва дигар ҳуҷҷатҳо дар маҳалли ҷойгиршавии мақомоти андоз анҷом дода мешавад. Бо ин мақсад, дар давоми 5 моҳи сипаригардидаи соли 2023, аз тарафи кормандони Нозироти андоз дар шаҳри Норак, дар асоси моддаи 42- и Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар фаъолияти 16 нафар андозсупорандагон – шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ назорати комералӣ гузаронида шуда, ба маблағи умумии 116933 сомонӣ андози иловагӣ ҳисоб карда шуд, ки аз маблағи умумии иловагӣ ҳисобкардашуда 70185 сомонӣ ба буҷет ворид карда шуд. Муоинаи хронометражӣ – шакли назорати андоз буда, аз ҷониби мақомоти андоз бо мақсади муқаррар намудани даромад ва хароҷоти воқеии андозсупоранда вобаста ба фаъолияти барои гирифтани даромад равоншуда, дар даврае, ки мавриди муоина қарор мегирад, гузаронида мешавад. Бо ин мақсад дар давраи ҳисоботӣ аз тарафи кормандон ва нозирони муттасадии Нозирот дар фаъолияти 9 нафар андозсупорандагон муоинаи хронометражӣ гузаронида шуда, даромади умумии моҳонаи андозсупорандагони таҳти муоина қарордодашуда, аз 155019 сомонӣ ба маблағи 381498 сомонӣ расонида шуд, ки фарқияти он ба маблағи 226479 сомонӣ зиёд карда шуд. Бақияи қарзи андозҳо дар Нозироти андоз дар шаҳри Норак ба ҳолати 31 майи соли 2023 маблағи умумии 2032,5 ҳазор сомониро ташкил намуда, нисбат ба аввали соли ҷорӣ бошад, ба маблағи 342,5 ҳазор сомонӣ кам гардидааст.
Андозро бояд супурд!
Теъдоди андозсупорандагони қарздор бошад, ба санаи 31 майи соли 2022, дар умум шумораи 47 нафарро ташкил мекунад. Гарчанде, бақияи қарзи андозҳо дар умум нисбат ба аввали сол кам гардида бошад ҳам, вале дар алоҳидагӣ ин нишондиҳанда аз ҳисоби баъзе аз андозсупорандагон зиёд гардидааст. Аз ҷумла, ҶДММ БИТ Сервис Плюс – 71112 сомонӣ, ҶДММ “УКСТРОЙИНТЕГРАЛ”- 38552 сомонӣ, ҶСК “Агроинвестбонк” – 30209 сомонӣ, ШМКХ (ЖКУ) -568339 сомонӣ, ҶСК “Бофандаи Норак” – 61784 сомонӣ, ҶДММ Нуруллои Ш – 181358 сомонӣ ҶДММ “Рост” – 18540 сомонӣ, Тоҷиктелеком – 326173 сомонӣ, ҶДММ “Фарухруз М” – 35445 сомонӣ, 3 Бақияи қарзи андозҳои ташкилоту муассисаҳои дар болозикршуда дар маҷмӯъ маблағи 1331,5 ҳазор сомониро ташкил намуда, барои кам намудани бақияи қарзи андозҳо таъсири манфии худро мерасонад. Маблағи қарзи андозҳои андозсупорандагони дар болозикршуда, дар маҷмӯъ маблағи 1331,5 ҳазор сомониро ташкил намуда, 78,0 фоизи маблағи умумии бақияи қарзи андозҳои мавҷударо дар бар мегирад. Инчунин, дар давоми 5 моҳи соли 2023, бо мақсади ситонидан ва кам кардани бақияи қарзи андозҳо ва шумораи андозсупорандагони қарздор, бо пешниҳоди Нозироти андоз дар шаҳри Норак 18 адад қарорҳои Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати андоз дар вилояти Хатлон «Дар бораи маҷбуран ситонидани қарзи андозҳо» ба маблағи умумии 397,8 ҳазор сомонӣ қабул карда шудааст. Дар ин давра, дар натиҷаи андешидани чораҳои зарурӣ, иҷроиши қарорҳо таъмин гардида, аз ин ҳисоб ва аз ҳисоби қарорҳое, ки дар марҳилаи иҷроиш қарор доранд, дар маҷмуъ ба буҷет маблағи 216,2 ҳазор сомонӣ ворид карда шудааст, ки ин 54%-ро ташкил менамояд. Дар баробари ин, дар давраи сипаригардида, аз ҷониби кормандони Нозироти андоз дар шаҳри Норак, барои дар муҳлати муқарраргардида пешниҳод накардани ҳисобот ва саривақт пардохт накардани андози иҷтимоӣ бо аломатҳои қисми 1 моддаи 620 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, нисбати 6 нафар андозсупорандагон протоколҳо дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда шудааст. Дар натиҷаи мавриди баррасӣ қарор додани парвандаҳои зикршуда, нисбати ҳуқуқвайронкунандагон дар маҷмӯъ ба маблағи умумии 16,3 ҳазор сомонӣ ҷарима таъин гардида, 9,7 ҳазор сомонии он руёнида ба буҷет ворид карда шудааст. Вобаста ба бақияпӯлиҳои солҳои пешин, аниқтараш қарзи андозҳои андозсупорандагоне, ки муддатҳои тулонӣ бидуни пардохт боқӣ мондаанд, ҳаминро қайд менамоям, ки ба котегорияи чунин андозсупорандагон, андозсупорандагони зерин дохил мешаванд, аз ҷумла ҶДММ БИТ Сервис Плюс – 71112 сомонӣ, ҶДММ “УКСТРОЙИНТЕГРАЛ”- 38552 сомонӣ, ҶСК “Агроинвестбонк” – 30209 сомонӣ, ШМКХ (ЖКУ) -568339 сомонӣ, ҶСК ҶДММ Нуруллои Ш. – 181358 сомонӣ, ҶДММ “Рост” – 18540 сомонӣ, Тоҷиктелеком – 326173 сомонӣ, ҶДММ “Фарухруз М” – 35445 сомонӣ, Гарчанде нисбати корхонаҳои болозикр ҷиҳати руёнидани бақияи қарзи андозҳо чораҳои маҷбуран ситонидани қарзи андозҳо тадбиқ гардида бошад ҳам, вале бинобар сабаби надоштани суратҳисобҳои бонкӣ, набудани маблағ дар суратҳисобҳои бонкӣ, дар тавозуни ташкилоту муассисаҳои болозикр мавҷуд набудани молу мулк ва ё воситаҳои асосӣ ё ин, ки бинобар сабаби аз фаъолият боз монданашон, мутаассифона, чораҳои андешидашуда натиҷаи дилхоҳ надода, қарзи андозҳои ин андозсупорандагон то ин ҷониб бидуни пардохт боқӣ мондааст.
Семинармашварат
Дар фароварди сӯҳбат Халифаев Ф. қайд намуд, ки дар давраи ҳисоботӣ тибқи талаботи сархати 20 қисми 1 моддаи 90 – и Кодекси андоз ва талаботҳои Стандарти ягонаи хизматрасонӣ ба андозсупорандагон, аз тарафи кормандони масъули Нозироти андоз дар байни андозсупорандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ бурда шуда, бо ҷалби зиёди соҳибкорону шахсони масъули муассисаву корхонаҳои шаҳр, дар мавзуҳои гуногун, аз қабили тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, тартиби нави пешниҳоди эъломияи андоз аз фоида, тартиби ҳисоби пешниҳоди суди саҳмияҳо ва дигар масъалаҳои ҳалталаб, 35 маротиба семинарҳои омӯзишӣ гузаронида шуд. Бояд қайд намуд, ки муроҷиатҳои ба суроғаи Нозирот воридгардида, дар доираи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ” ба расмият дароварда шуда, инчунин мавриди баррасӣ қарор дода шуда, тибқи муҳлатҳои муқаррарнамудаи ҳамин қонун ба муроҷиаткунандагон ҷавобҳои мушаххас гардонида шудааст. Кормандони Нозироти андоз дар шаҳри Норак, Шуморо бовар мекунонанд, ки минбаъд низ ҷиҳати беҳтар намудани маъмурикунонии андоз ва сатҳи хизматрасонӣ ба андозсупорандагон, бештар намудани корҳои тавзеҳотию фаҳмондадиҳӣ, кам намудани бақияи қарзи андозҳо, беҳтар намудани сифати корҳои назоратӣ ва ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта тамоми донишу малакаи худро истифода намуда, бо мақсади таъмини иҷроиши нақшаи пешбинишудаи воридоти андозҳо чораҳои таъхирнопазир андешида, иҷроиши нишондиҳандаҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023» -ро пурра таъмин менамояд.
МТЖТ