Нозироти андоз дар шаҳри Леваканд  ҷиҳати татбиқ намудани сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри иҷрои дастуру супоришҳояшон, ки аз Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намуда, дар давраи ҳисоботӣ таъмини рушди устувори иқтисодиёт, баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум, ҳамаҷониба таъмин намудани дастгирии давлатии соҳибкорӣ, бахусус дар самти истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот ва афзунгардонии потенсиалӣ содиротии ноҳия, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандонро ҳамчун самтҳои афзалиятноки фаъолияти худ қарор додаанд. Оид ба натиҷаҳо ва фаъолияти Нозироти андоз дар шаҳри Леваканд хабарнигори МТЖТ бо масъулин суҳбат орост.

Нозироти андоз дар шаҳри Левакант вобаста ба натиҷаи ҷамбасти нақша-чорабиниҳои Шурои шаҳрии мутобиқсозию методӣ ва таълиму тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон ба маълумоти шумо мерасонад, ки кормандони Нозирот бо истифода аз дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант ва Раёсати андоз дар вилояти Хатлон кӯшиш намуданд, ки барои баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ба шаҳрвандону андозсупорандагон ва беҳтар намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ  тадбирҳои  мушаххас  андешида, бо андозсупорандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ ба роҳ монда, семинар-машваратҳо гузаронида иҷроиши нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатми буҷети ҷумҳуриявӣ ва маҳалиро  бо назардошти андози иҷтимоии ғарибуҷетӣ давоми 6-моҳаи аввали соли ҷорӣ дар қисмати Нозироти андоз  ба андозаи 107 % таъмин гардида, ба ҷои 17 156 205 сомонии дар нақша пешбинишуда ба буҷет 18 311 879 сомонӣ ворид карда шуд, ки ба андозаи 1 155 674 сомонӣ зиёд мебошад.

Андозҳои ҳисобшуда давоми шаш моҳи аввали соли 2023, маблағи 12 759 842 сомониро ташкил медиҳад, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта  1 200 984 сомонӣ зиёд мебошад.(11 558 857-12 759 842=+1 200 985), пардохти андозҳо низ дар ин давра афзоиш ёфта маблағи 13 070 637–ро ташкил дода ва  маблағи 1 951 508 сомони нисбати ҳамин давраи соли гузашта  зиёд мебошад.

Андозҳои ҳисобшудаи  соҳибкорони инфиродӣ (хоҷагиҳои деҳқонӣ), ки  119 адад мебошад, давоми шашмоҳи соли ҷорӣ маблағи  432 236 сомониро ташкил медиҳад, ки аз ин маблағи 216 236 сомонӣ андозҳо ва маблағи 216 000 сомонӣ андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ ба ҳисоб меравад. Пардохти андозҳо дар ин давра бошад дар маҷмӯъ маблағи 492 686 сомониро ташкил медиҳад, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта ба маблағи 76 397 сомонӣ  (492 686-416 289=76 397) зиёд мебошад. Дар натиҷаи гузаронидани корҳои назорати аз ҳисоби  соҳибкорони инфиродӣ (хоҷагиҳои деҳқонӣ), ба буҷет ба маблағи 19 270  сомонӣ пардохт карда шуд.

Нақшаи андозҳои соҳибкорон, тибқи патент ва шаҳодатномаи шартҳои махсус фаъолияткунанда давоми шаш моҳи соли ҷорӣ 286 122 сомониро ташкил медиҳад, ки дар ин давра маблағи 330 750 сомонӣ ворид гардида ба миқдори 116 % таъмин карда шудааст.

Андозҳои ҳисобшуда аз ҳисоби соҳибкорони инфиродӣ, тибқи патент фаъолияткунанда, ки 95 ададро ташкил медиҳад, ва аз ин 17- адад бефаъолият буда маблағи  104 322 сомонӣ ва маблағи  пардохт 95 711 ҳазор сомонӣ ва иҷроиши нақшаи патент 92 %-ро ташкил медиҳад. Андозҳои ҳисобшуда аз ҳисоби соҳибкорони инфиродӣ тибқи шартномаи махсус фаъолияткунанда, маблағи 181 800 сомонӣ буда 140 ададро ташкил дода, маблағи  пардохт 235 039 сомонӣ ва иҷроиши нақшаи шаҳодатномаи шартҳои махсус 129 %-ро ташкил медиҳад.

Нисбати 40-адад соҳибкорони тибқи патент фаъолияткунанда ва нисбати 45- адад соҳибкорони тибқи шаҳодатномаи махсус фаъолияткунанда огоҳнома оиди қарздорӣ ба маблағи  32 500 сомонӣ  дода шуда  ва аз ин ҳисоб ба буҷет дар маҷмӯъ 17 500 сомонӣ маблағ ворид карда шудааст.

Дар натиҷаи гузаронидани корҳои назоратӣ, инвентаризатсияи патент ва шаҳодатномаи шартҳои махсус нисбати 8-адад масоҳати 221 метри мурабба  ошкор карда шуд, ки  масоҳати 163 метри мурабба зиёд гардид. Инчунин аз ин ҳисоб 17 нафар коргари кироя ошкор карда шуда дар маҷмӯъ ба маблағи 4 732 сомонӣ маблағ барзиёдати ба буҷет ворид карда шуд. Аз ҳисоби патент бошад 5- адад ба қайд гирифта шуда маблағи ҳисобшудаи андозҳо 1 125 сомониро ташкил дода ва ин маблағ ба буҷет пардохт карда шуд.

Дар  давраи зикргадида бо мақсади дарёфти  манбаҳои нави андозбандӣ ва ташкили кор аз тарафи кормандони Нозироти андоз дар асоси фармоиши Сардори Нозироти андоз нисбати чор нуқтаи фуруши маҳсулотҳои доруворӣ ва хурокворӣ хариди назорати гузаронида шуда дар натиҷа 5-адад протоколҳои маъмурӣ бо моддаҳои 614 ва 615 КҲМ ҶТ ба маблағи умумии 26 316 сомонӣ тартиб дода шуда ва аз ин ҳисоб маблағи 10 132 сомонӣ ба буҷет пардохт карда шудааст. Ҳамзамон нисбати 11 адад субъекти андозсупор  дар асоси маълумотҳои дастрасшуда назорати камералӣ гузаронида шудааст, ки дар натиҷа  маблағи 223 630 сомонӣ маблағҳои эҳтимоли барилова  ҳисоб карда шуда, ва аз ин ҳисоб аз тарафи  андозсупорандагон  ба маблағи 184 253 сомони  эъломияҳои иловагӣ, пешниҳод карда шуда,  ва аз ин ҳисоб маблағи 11 380 сомонӣ ба буҷет  пардохт гардида, маблағи 13 100 сомонӣ ҳамчун бақия дар эъломияҳо ҷой дорад. Нисбати як адад муоинаи хронометражи гузаронида шуда манбаи андозбандӣ ҳармоҳа ба 3 000 сомонӣ баланд бардошта шуд. Дар ин давра нисбати 4- адад санҷиши сайёри андоз гузаронида шуд, ки аз ин 3- адад санҷиши барҳамдиҳии андоз ба ҳисоб рафта, маблағи 14 094 сомонӣ ошкор ва ба буҷет пардохт гардид.

Бақияи қарзи андозҳои андозсупорандагони  тобеъи Нозироти андоз дар шаҳри Левакант ба ҳолати 1-июли соли 2023 маблағи 2 218 543  сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба аввали соли ҷорӣ 63 357 сомонӣ (2 281 900-2 218 543=63 357) кам гардидааст.

Дар ин давра шумораи андозсупорандагони қарздор ба 100 адад (шахсони ҳуқуқӣ 66 адад ва соҳибкорони инфиродӣ (хоҷагиҳои деҳқонӣ)-34 адад) расидааст.

Новобаста аз мушкилиҳои ҷойдошта кормандони Нозирот бо истифода аз ваколатҳои худ дар асоси талаботҳои Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, бақияи қарзи андозҳоро ҳар моҳа  кам намоянд ҳам, аз ҳисоби рӯз аз рӯз ҳисоби шудани фоизҳо дар ҳаҷми 0,04 фоиз барои ҳар рӯзи тақвимии мавҷуд будани бақияпулӣ ва инчунин дар ҳисобварақаи андозсупорандагон ба таври автоматӣ ҳисоби шудани андоз аз молу мулк нисбати андозсупорандагони бемасъулияте, ки солҳои тулонӣ фаъолият надоранд, ва дарёфт намудани шахсони масъули корхонаҳо мушкили ба вуҷуд оварда ба зиёдшавии маблағи қарзи андозҳо ва  шумораи қарздорон таъсири манфии  худро расонида истодааст, аз он ҷумла; ҶСК «Истҳсоли маҳсулоти оҳану бетони Сарбанд» РМА 390000089, К/Т «Кучар Азизов» РМА 390001827, ҶДММ «Универсалстрой» РМА 390000661, ҶДММ «Хонасоз 2010» РМА 390001546,  ҶДММ «Мирзо К»  РМА 390003297, ҶДММ “Бахтиёр 77”, ҶДММ “Промонтаж”,  ҶДММ «Умайсо» РМА 390003654, ҶДММ «Нури»  РМА 390000068 , ҶДММ “Баракати Сарбанд” РМА 390002016, ФҶФ “Рамз”- ҶДММ “Амнҷон”  РМА 390002651 ва ғайра, ба ҳисоб меравад.

Вобаста ба қарзҳои мушкилситон корхонаву ташкилотҳо, ки солҳои тулонӣ фаъолият накарда шахсони масъули онҳо дар маҳбас қарор доранд, ё ин ки маблағи қарзи пайдогаштаи онҳо аз ҳисоби гузаронидани санҷиши сайёри андоз ва назорати камералӣ ба вуҷуд омада ва таҳти баҳс қарор доранд ва ё муҳлати даъвои онҳо гузаштааст, ба ҳолати 01.06.2023, маблағи 28 974,3  сомониро ташкил медиҳад, ки танҳо маблағи 16 854,8 сомонии он фоизҳоро ташкил медиҳад. Аз ҳисоби хоҷагии ёрирасон  “Зағерти”, ки маблағи қарзи андозҳо таҳти баҳс қарор дошт, дар асоси созишнома нисбати аввали  сол ба миқдори  394 000 ҳазор сомонӣ кам карда шуда ва ҳамзамон К/Т “Навруз 2018”- бинобар  гузаронидани санҷиши барҳамдиҳии андоз аз руйхати қарзҳои мушкилситон”  бароварда шуданд.

Новобаста аз ин гуруҳҳои кори Кумитаи андоз ва Раёсати андоз таъсис дода шуда вобаста ба ҳалли маблағҳои мушкилситон, баҳси  ва инчунин шахсони дар маҳбас қарор дошта мавриди корбари қарор дода шуда ҳар моҳа маълумот ҷамъовари карда мешавад.

Ҷиҳати дастгирӣ ва  мусоидат намудан вобаста ба ситонидани маблағи қарзи андозҳо аз ҳисоби андозсупорандагони қарздор ба Прокуратураи шаҳри Левакант ҳар моҳа руихати андозсупорандагони қарздор ирсол карда мешавад.

Кормандони Нозироти андоз баҳри давра ба давра кам  намудани бақияи қарзи андозҳо, пардохти маблағҳои ҳисобишуда бо андозсупорандагон суҳбатҳо гузаронида, уҳдадориҳои андозсупорандагон  оиди пурра пардохт намудани бақияпулиҳои андозҳо ва маблағи андозҳои ҳисобишуда гирифта  мешаванд. Чораҷӯиҳои мазкур дар маҷмӯъ  бақияи  қарзи  андозҳоро ба пуррагӣ нест карда натавонад ҳам, дар якҷоягӣ кормандони шӯъбаи хизматрасонӣ ва  бахши  баҳисобгирии даромадҳо кӯшиш намуда истодаанд, ки тамоми чораҳои қонунгузории андоз  нисбати андозсупорандагон саривақт андешида шуда барои пайдо  нашудани  бақияи  қарзи  андозҳои нав ва давра ба давра кам намудани он равона карда шавад.

Инчунин бо мақсади дар амал татбиқ намудани Фармоиши Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 08.02.2021, №80 «Оиди баҳисобгирӣ (инвентаризатсияи) абъектҳои молу мулки ғайриманқул, қитъаҳои замин ва воситаҳои нақлиёти шахсони воқеӣ» ва мактубҳои ирсолнамудаи Кумитаи андоз дар ҳудуди шаҳр ва ҷамоатҳои деҳот аз навбаҳисобгири объектҳои молу мулки ғайриманқул гузаронида шуда, дар натиҷа фоизнокии баҳисобгирӣ дар барномаи системаи мутаҳидаи марказидонишудаи иттилоотии андоз (СММИА) ба ҳолати 01.07.2023-ум сол амвол ва замин 44,5 %-ро ташкил медиҳад. Давоми шаш моҳаи аввали соли 2023 нақшаи андозҳо аз ҳисоби объектҳои ғайриманқул ва андози замин дар маҷмӯъ ба маблағи 978 510  сомонӣ тасдиқ карда шуда  ва аз ин ҳисоб ба буҷет ба маблағи 1 167 169 сомонӣ ворид шуд, ки ин 119,2%-и иҷроиши нақшаи вобасташударо ташкил дода, нақшаи андозҳо аз ҳисоби объектҳои ғайриманқул маблағи 800 970 сомонӣ тасдиқ гардида нисбати нақшаи пешбинишуда 15 671 сомонӣ зиёд пардохт гардидааст. Нақшаи андози замин аз шахсони воқеӣ бошад 177 540 сомонӣ тасдиқ гардида аз ин ҳисоб ба буҷет маблағи 350 528 сомонӣ пардохт карда шуд, ки нисбати нақшаи пешбинишуда 172 988 сомонӣ зиёд мебошад.

Мутобиқи маълумотҳои шӯъбаи бозрасии автомобили ШВКД дар шаҳри Левакант  шумораи  воситаҳои нақлиёт дар  қайд  буда 1422 ададро ташкил медиҳад ва нақшаи пешбинишудаи ин намуди андоз 425 553 сомониро ташкил дода, иҷроиши он 466 847 сомониро ташкил додааст, ки ин нишондиҳанда 110%-и иҷроиши нақшаро дар бар гирифта 41 294 сомонӣ зиёда аз нақша мебошад.

Иҷорадиҳандагони молу мулки шахсони воқеӣ бошад, 147 нафарро ташкил додааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 5 нафар зиёд мебошад. Пардохти маблағи ин намуди андоз ба буҷет дар ин давра 76 062  сомониро ташкил додааст.

Дар давраи азнавбаҳисобгирӣ (инвентаризатсия) яъне ба ҳолати 01.07.2023 шумораи умумии объектҳои ғайриманқул дар ҳудуди шаҳри Левакант  8 519  ададро ташкил дода, аз ин давоми 6 моҳи соли ҷорӣ нисбати 3795 адад баҳисобгирӣ (инвентаризатсия) гузаронида шудааст. 94 адад объекти бидуни қайд дар масоҳати 10764 метри мурабба ошкор карда шуда ба барномаи системаи мутаҳидаи марказидонишудаи иттилоотии андоз (СМИИА) ворид карда шудааст, ки аз ин 357 метри мурабба объекти молу мулк ва 97,3 метри мурабба қитъаи замин ба ҳисоб рафта маблағҳои иловагии ошкоршуда 34,4 сомониро ташкил медиҳад, ки аз ин ба буҷет маблағи 31,3 сомонӣ пардохт карда шуд.

Дар ин давра бо андозсупорандагони зертоъбеи Нозирот 10  маротиба семинар машварат дар мавзуҳои тағиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №151 дар бораи қоидаҳои андозбандӣ фаъолияти соҳибкорони тибқи патент, шаҳодатнома ва шартҳои махсус фаъолияткунанда ва дигар талаботҳои Кодекси андоз гузаронида шудааст.

Дар  давраи ҳисоботи кормандони Нозироти андоз дар маҷмӯъ 47-адад протоколҳои ҳуқувайронкунии  маъмурӣ ба маблағи 64 394  ҳазор сомонӣ тартиб дода ва аз ин ҳисоб ба буҷет 38 355 ҳазор сомонӣ ворид карда шудааст, ки 61 %-и иҷроиши онро ташкил медиҳад. Протоколҳои аз ҷониби кормандон тартиб додашуда бо моддаҳои  599 қисми 1-адад, 600 қисми 1 -4 адад, 603 қ 1-2  адад, 603 қ 2-20 адад, 606 қисми 2-1 адад, 614-4 адад, 615 қ 1-1 адад,617 қисми 1- 1 адад ва 620 қ 1-6 адад, ба ҳисоб рафта, аз ин 27-адад нисбати шахсони воқеӣ, 7-адад нисбати шахсони ҳуқуқӣ, 8-адад нисбати  соҳибкорони инфиродӣ ва 4-адад нисбати шахси мансабдор ва 1- нафар шаҳрванди хориҷӣ ба ҳисоб меравад.

МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь