Дар пайи паҳншавии COVID-19 ва баста шудани марзҳо тайи бештар аз як соли охир сокинон аз гаронии арзиши маҳсулот шикоят доранд. Мақомот ҳам инро рад намекунанд, вале то ҳол омили онро расман шарҳ надодаанд. Вале баъзе ишораҳо дар мавриди муътадил нигоҳ доштани нархи маҳсулот дар бозор мекунанд. Ин дастбакориҳо то куҷо ба нархи маҳсулот дар бозор таъсир мерасонанд, саволест, ки дар ин мавод ба баҳс кашидем.

31-уми марти соли равон вакилони порлумони Тоҷикистон барои муътадил нигоҳ доштани арзиши маҳсулоти ғизоӣ ва сӯзишворӣ ба Агентии захираҳои моддии давлатӣ имтиёз доданд. Рarlament.tj хабар медиҳад, воридоти маҳсулоти озуқа, сӯзишвории дизелӣ ва бензин аз ҷониби Агентии захираҳои моддии давлатӣ дар ҳаҷми тасдиқнамудаи Ҳукумат аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда, аксиз ва боҷи гумрукӣ озод карда мешавад.

Муовини вазири молия Карим Гулмуродзода зимни муаррифии қарори мазкур гуфтааст, он тарҳро бо ҳадафи беҳтар кардани вазъи “таъминоти бозори истеъмолӣ ва зарурати муътадил нигоҳ доштани нархҳо” таҳия кардаанд.

Бино ба маълумоти Вазорати молия, Агентӣ бо Корпоратсияи байналмилалии исломӣ созишнома дар бораи маблағгузорӣ ба савдо ба имзо расонидааст, ки дар он барои воридоти маҳсулоти ниёзи аввал, аз қабили бензину сӯзишвории дизелӣ, инчунин, гандуму шакар, биринҷ ва ғайра додани қарзи имтиёзнок пешбинӣ шудааст.

Тавре Радиои «Озодӣ» менависад, ин масъала дар рӯзномаи ҷаласаи парлумон, ки дастраси хабарнигорон шуд, ворид нагардида буд, вале дар оғоз онро бе баҳсу баррасии ҷиддӣ қабул карданд. Мувоини раиси Кумитаи иқтисод ва молияи Маҷлиси намояндагон Гулбаҳор Назирӣ лоиҳаро муаррифӣ кардааст, вале баъди ҷаласа ба суолҳои хабарнигорон посух надодааст. Ӯ ҳамчунин, нагуфтааст, ки Агентии захираҳои моддии давлатӣ барои овардани чӣ миқдор маҳсулот ҳақ дорад. Танҳо таъкид кардааст, ки “ин лоиҳа бо қонуҳои дигар мухолифат надорад”.

Ҳамин тавр, дар бораи ҳаҷми қарзе, ки дар доираи ин қарордод пешниҳод мегардад, маълумот дода нашудааст. Ҳамчунин, саҳеҳ нест, ки Агентӣ имтиёзро танҳо дар доираи қарзи Корпоратсияи байналмилалии исломӣ мегирад, ё тағйирот инчунин ба маҳсулоти аз ҷониби маблағи худи Агенти воридшуда низ дахл дорад.

Вале, ҳоло саволи асосӣ ин аст: имтиёзе, ки ҳоло ба як идораи давлатӣ доданд, арзиши маҳсулотро дар бозор то куҷо поин меорад ва ё ҳадди ақал дар як сатҳ нигоҳ медорад? Ҳарчанд, дар Вазорати молия ва бархе вакилони Маҷлиси намояндагон бар ин назаранд, ки имтиёзҳои ба Агентӣ додашуда, ба беҳбуди таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти дар боло зикршуда, инчунин ҷиҳати ба эътидол омадани вазъи нархҳо мусоидат мекунад, вале иқтисодшиносон ба ин масъала назари дигар доранд.

Иқтисодшинос: «Ин ҳама имтиёздиҳӣ кори беҳуда аст…»

Ба гуфтаи иқтисодшиноси тоҷик Масъуд Собиров ин ниҳод танҳо бозорро бо маҳсулоти ниёзи аввалияи мардум таъмин карда наметавонад ва ҳамин тавр аз уҳдаи танзими бозор ҳам намебарояд. Ба таъкиди ӯ, корхонаҳои дигаре ҳам ҳастанд, ки ба ворид кардани маҳсулоти ниёзи мардум ба бозори дохилӣ машғуланд ва дар ин сурат ба онҳо низ бояд имтиёз дод.

– Ҳоло масъала сари он нест, ки ин кор байни корхонаҳое, ки ба воридоти чунин маҳсулот машғуланд, рақобати носолимро ба вуҷуд меорад. Гап сари ин аст, ки оё ин ниҳод тани танҳо аз уҳдаи таъмини бозор бо маводи ниёзи аввалия ва сӯзишворӣ буромада метавонад, ё не? Ба фикри ман, не, – гуфт М. Собиров.

Мавсуф мегӯяд, бояд барои ширкатҳо ва корхонаҳое, ки дар дохил молҳои ниёзи мардумро истеҳсол мекунанд, имтиёз дод.

Номбурда барои паст кардани нархи бозор, ё ақалан дар як сатҳ нигоҳ доштани он, пешниҳод кард, ки бояд иқтисоди Тоҷикистон мақоми истеҳсолиро касб кунад ва қурби пули миллӣ устувор нигоҳ дошта шавад.

– Бояд корхонаҳои саноатӣ сохта шаванд, корхонаҳои истеҳсоли маҳсулоти бозоргирро ба роҳ бояд монд. Дар ин сурат, метавонем, нархи маҳсулотро дар бозор ақалан дар як сатҳ нигоҳ дорем. Дар акси ҳол, ин ҳама имтиёздиҳиву реформаҳо корҳои беҳудаанд, – хулоса кард иқтисодшинос.

Муқобилони имтиёз: Ба ҳама баробар имтиёз дода шавад

Додани имтиёз ба як ниҳоди давлатӣ дар ҳолест, ки тайи як соли охир нархи маҳсулоти хӯроковрӣ ва сӯзишворӣ дар бозорҳои Тоҷикистон ба таври чашмрас боло рафтааст. Аз ҷумла, тибқи маълумоти расмӣ, дар зарфи 2 моҳи соли ҷорӣ нархи маҳсулоти хӯрокворӣ ба андозаи 3% афзудааст.

Раиси Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон Абдумаҷид Муъминзод имсол дар нишасти матбуотӣ омили беруниро аз сабабҳои аслии гарон шудани нархи баъзе маҳсулот дар кишвар дониста, гуфт, “нархҳо дар бозори кишварҳое, ки ба Тоҷикистон маҳсулот ворид мекунанд, низ гарон шудааст, ки ин ба вазъи бозори дохилӣ таъсир мегузорад”.

Айни суханро мақомот дар гузашта ба расонаҳо ва вакилони парлумони Тоҷикистон гуфтаанд. Ва ҳар гоҳ ки “омили берунӣ” ҳамчун далели гаронии нархҳо пешниҳод мешавад, иқтисоддонҳо мегӯянд, ки бояд чораҳои дигареро ёфт.

Шореҳи иқтисодӣ ва журналист Пайрав Чоршанбиев, ки зидди додани имтиёз ба ин Агентӣ аст, мегӯяд, имтиёзе, ки барои Агентӣ дода шуд, ба хотири надоштани маблағҳои зарурӣ барои ворид кардани захираҳои кофии давлатӣ аст.

Ӯ дар идома гуфт, агар ният паст кардани нархи молу мавод бошад, чунин сабукиҳоро ба тамоми воридкунандагон диҳанд.

– Барои мисол, Агентӣ яке аз се воридкунандаи асосии маҳсулоти нафтӣ ба кишвар аст, лекин ғайр аз он зиёда аз 50 ширкати дигар дар ин бозор фаъолият доранд. Чун дигарон аз ин сабукӣ бархурдор нестанд, нархи асосии маводи воридотӣ монанди пешина мемонад, – гуфт Чоршанбиев.

Аммо иқтисодшинос Фирӯз Саидов бо ишора ба вазъи иқтисодии ҷаҳон ва таъсири он ба бозори Тоҷикистон гуфт, иқдоми мазкур дуруст аст ва он имкон медиҳад, ки ақалан нархи бозор дар як сатҳи муайян нигоҳ дошта шавад. Вале, ӯ гуфт, ба ин роҳ намешавад, нархро дар бозор «контрол» кард.

Вай аз Русия мисол овард, ки вақте нархи маҳсулотро дар бозори дохилӣ контрол карданд, мушкилоти ворид ва истеҳсоли маҳсулот пайдо шуд. Ӯ гуфт, имкон дорад, ки дар Тоҷикистон низ ҳамин ҳолат такрор шавад.

Пайрав Чоршанбиев мегӯяд, дар шароити иқтисоди бозоргонӣ нархро бозор муайян мекунад. Яъне, вақте талабот зиёд шуд, нарх боло меравад ва баракс.

– Вақте давлат пофишорӣ карда нархи муйянеро ба гардани фурӯшанда бор мекунад, мол камчин мешавад ва дар сурати камчин шудани мол нархи он боз дучанд гарон мешавад, – мегӯяд Чоршанбиев.

Фирӯз Саидов пешниҳод кард, ки барои паст кардани нархи маҳсулот ва ё ақалан дар як сатҳи муайян нигоҳ доштани он бояд давлат ба секторҳои хусусӣ имтиёз ва имконият диҳад, ки рушд ёбанд. Ӯ аз истеҳсоли пахта мисол овард, ки бояд онро бештар кард, чунки рӯз аз рӯз нархи пахта дар бозори ҷаҳонӣ афзоиш меёбад.

– Бояд на танҳо бозори дохилӣ, балки бозори берунаро ҳам омӯхта як нақшаи эҳтимолии мубориза бо баланд шудани нархи маҳсулот дар бозорро тартиб диҳем, – гуфт Ф. Саидов.

Имтиёз танҳо ба худиҳо?!

Вакилони порлумон дар ҳоле барои муътадил кардани нархҳо ба як ниҳоди давлатӣ имтиёз доданд, ки дар гузашта баъзе аз соҳибкорон аз бархурди дугонаи мақомот бо субъектҳои соҳибкорӣ нигаронӣ карда буданд. Онҳо иддао доранд, ки имтиёзҳо ба таври интихобӣ ба идораву ширкатҳо ва бахусус ширкатҳои наздик ба мансабдорони баландпоя дода мешаванд. Мақомот инро инкор мекунанд.

Ба гуфтаи Масъуд Собиров воқеан, дар Тоҷикистон ба ширкатҳои наздик ба мансабдорони баландпоя имтиёзҳо дода мешавад ва ин барои ҷомеа пӯшида нест. Вале, ӯ дар мавриди додани имтиёз ба ин ниҳоди давлатӣ, гуфт, ки то ҳол ташхис карда наметавонад, чаро ба он имтиёз доданд, ин ҳам дар ҳоле ки ин ниҳод наметавонад, талаботи бозори дохилиро пурра қонеъ кунад.

Пайрав Чоршанбиев мегӯяд, имтиёз ба ширкату корхонаҳои алоҳида роҳи кутоҳтарин барои эҷод кардани рақобати носолим дар ин ё он бозор аст. Ӯ гуфт, агар давлат хоҳад ин ё он соҳаро дастгирии молиявӣ кунад, беҳтар аст ба он маблағгузорӣ кунад.

 Имтиёзи мазкур барои коҳиш додани уҳдадориҳои андоз

Дар баробари гаронии нархи маҳсулоти хӯрокворӣ афзоиши нархи сӯзишворӣ низ аз аввали сол ба мушоҳида мерасад. Масалан, аз 1 январ то имрӯз нархи бензини тамғаи АИ-92 дар Душанбе қариб зиёда аз 30% (аз 6,5 то 8,5 сомонӣ барои 1 литр), АИ-95 – 27% (аз 6,90 то 8,80 сомонӣ, сӯзишвории дизелӣ (солярка) – 13% (аз 6,80 – 7,70 сомонӣ) ва гази моеъ – 9% (аз 4,25 то 4,60 сомонӣ) боло рафт.

Агар иддае гаронии нархи сӯзишвориро кори дасти монополистони соҳа медонанд, масъулони Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон гуфтанд, “болоравии нарх бесабаб нест” ва ба як тасмими Қазоқистон рабт доданд. Нашрияҳои қазоқӣ навиштанд, корхонаи тавлиди гази моеъ дар шаҳри Атирауи Қазоқистон, бо далели бозсозии таҷҳизот, фаъолияташро муваққатан боздоштааст. Тоҷикистон 90 дарсад аз гази моеи мавриди ниёзи худро аз Қазоқистон меорад.

Коршиносон мегӯянд, дар ҳоле, ки дар бозори воридоти маҳсулоти сӯзишвории кишвар ба ҷуз ин Агентӣ, зиёда аз 50 дигар ширкати таҳвилкунанда кор мекунанд, ки имтиёз нагирифтаанд, изҳорот дар мавриди ба эътидол омадани вазъи арзиши маҳсулоти сӯхт баъди додани имтиёз баҳснок ба назар мерасад.

Шореҳи иқтисодӣ Нур Сафаров мегӯяд, қарори додани имтиёз ба Агентии захираҳои моддии давлатӣ, дар маҷмӯъ, наметавонад ба нархи сӯзишворӣ таъсир расонад, зеро Агентии мазкур таъминкунанда азими сӯзишворӣ дар бозори Тоҷикистон нест ва аз ҷониби дигар, он ширкати тиҷоратӣ ҳам нест.

Ба гуфтаи ин иқтисоддони тоҷик, имтиёзҳои мазкур қарори муваққатӣ барои сохтори давлатӣ ва коҳиш додани уҳдадориҳои он дар назди андоз аст.

– Беш аз 90% тамоми маҳсулоти нафтӣ аз ФР ва ширкатҳое, ки сӯзишвориро бо ҳаҷми пуррааш аз ин кишвар ворид мекунанд, андозу боҷҳоро пардохт намуда, соҳиби ягон хел имтиёз нестанд. Мушкили дигар низ барои давлат вуҷуд дорад, ки ин ғайриқонунӣ ворид кардани сӯзишворӣ, алалхусус ба вилояти Суғд аз Қирғизистон аст. Гап сари ин аст, ки киҳо ин мавҷро назорат мекунанд ва то кадом андоза онҳо бо соҳибмансабони бонуфуз иртибот доранд, – мегӯяд Сафаров.

Мавсуф дар идома қайд кард, ки ба нархи сӯзишворӣ нархҳои ҷаҳонии нафт, таъмину таъхири истеҳсоли сӯзишворӣ дар корхонаҳои коркарди он, нархи интиқол, сиёсати андозиву гумрукӣ, қурби табодули арз ва дастрасӣ ба конвертатсия дар бонк тасъир мерасонанд.

– Бораи паст шудани  нархи сӯзишворӣ, на дар ояндаи наздик ва на дар миёнамӯҳлат ҳатто фикр кардан ҳам лозим нест, – хулоса кард Сафаров.

Бояд гуфт, ки Агентии захираҳои моддии давлатӣ дар баробари ҶСК “Газпромнефт-Тоҷикистон” ва ҶДММ “Сеганҷ” дар бозор мавқеи ҳукмрон доранд, лекин ҳиссаи умумии ин ду ширкат беш аз 70%-ро ташкил дода, ҳиссаи Агентӣ  ҳамагӣ ба 10% аз ҳаҷми умумии воридоти маҳсулоти нафтӣ баробар аст.

Боҷи гумрукии воридотӣ барои ширкатҳои воридкунандаи маҳсулоти нафтӣ 0,25% ва ААИ – 18% аз арзиши маҳсулотро ташкил медиҳад. Меъёри аксиз барои ҳар тонна бензин $65 ва сӯзишвории дизелӣ $10-ро ташкил медиҳад.

Роҳи ҳал кадом аст?

Тавре сомонаи “Азия плюс” бо такя ба Агентии омор иттилоъ медиҳад, дар зарфи 2 моҳи соли равон маҳсулоти хӯрокворӣ дар ҷумҳурӣ ба андозаи 3% гарон шуд.

Болоравии нархи маҳсулоти ғизоӣ давоми моҳҳои январ-феврали соли ҷорӣ 1%-ро ташкил дод, ки 0,35% зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 аст. Имсол нархҳо ба картошка (29,4%), тухм (5,0%), мева (1,8%), шир ва маҳсулоти ширӣ (1,4%), шакар (қанд) (1,3%), гӯшт (1,1%), равған ва чарбҳо (0,7%) нисбатан бештар боло рафтанд.

Тӯли 2 моҳи соли ҷорӣ нархҳо ба маҳсулоти ғайриозуқа ба андозаи 1,2% афзуданд. Байни маҳсулоти ғайриозуқа давоми моҳҳои январ-феврали соли равон бештар бензин (16,4%), сӯзишвории дизелӣ (6,5%), гази моеъ (3,1%), масолеҳи сохтмон (1,7%), сарулибос (0,8%), пойафзол (0,7%), матоъ (0,5%), маҳсулоти дорусозӣ (0,4%) гарон шуданд.

Тавре коршиносон гуфтанд, Агентии захираҳои моддии давлатии Тоҷикистон аз уҳдаи танзими бозори дохилӣ намебарояд ва ҳамчунин, он аз воридкунандаи асосии маҳсулоти хӯроковрӣ ва сӯзишворӣ дар кишвар ба ҳисоб намеравад. Аз ин рӯ, интизор меравад, ки додани имтиёз ба ин ниҳод ба нархи маҳсулоти аввалия дар бозор таъсир расонида наметавонад.

Бо ин вуҷуд, коршиносон мегӯянд, роҳи ҳалли масъала беҳтар кардани шароити соҳибкорон ва афзоишу дуруст ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ аст. Иқдоме, ки ҳамеша ҳукумат аз ҷой доштани он таъкид мекунад, вале зоҳиран дар амал иқдоме накардаанд.

Пас, дар ин росто, беҳтар аст, ки масъулин на танҳо вазъи бозори дохилӣ, балки берунаро ҳам таҳлил карда, як нақшаи эҳтимолии танзими нархи маҳсулот дар бозорро тартиб диҳанд ва дар асосӣ он амал кунанд.

Мазҳаб Ҷумъа

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь