Сиёсати андоз ҳамчун яке аз омили рушди муҳими иҷтимоиву иқтисодӣ буда, бояд барои рушди устувори иқтисодии кишвар бо роҳи фароҳам овардани фазои муносиби соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ, ҳавасмандгардонӣ ва рушди фаъолияти соҳибкорӣ, пеш аз ҳама соҳибкории истеҳсолӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ, таҳкими иқтидори саноативу содиротии кишвар, ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ равона шуда, барои зиёд гардидани манбаъҳои нави андозбандӣ ва даромадҳои буҷети давлатӣ мусоидат намояд.

 Андоз пояи асосии давлат аст

Барои шиносоӣ пайдо кардан аз натиҷаҳо ва фаъолияти Нозироти андоз дар ноҳияи Шаҳристон дар ҳафтмоҳаи аввали соли ҷорӣ хабарнигори МТЖТ бо Сардори Нозироти андози ноҳияи мазкур Қосимӣ Назир Хуршедзода суҳбати ихтисосӣ анҷом дод. Дар оғози суҳбат қайд кард, ки роҳбарият ва кормандони Нозироти андоз дар ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати андоз дар вилояти Суғдро роҳнамоӣ кори худ қарор дода, дар ҳамкорӣ ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳристон кӯшиш намудаанд, ки вазифаҳои ба зиммаашон гузошташударо доир ба иҷро намудани нишондиҳандаҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи буҷети давлатӣ барои соли 2023” ва талаботҳои Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъмин созанд ва барои вусъат бахшидан ба рушди соҳибкории хурду миёна, баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ба шаҳрвандон ва андозсупорандагон тадбирҳои мушаххасро амалӣ намоянд.

Андозсупорандагон      

Номбурда ҳамчунин илова кард, ки шумораи андозсупорандагон дар ноҳияи Шаҳристон ба ҳолати  1 августи соли 2023 дар маҷмӯъ 3046 ададро ташкил медиҳад, ки аз ин 221 адад шахсони ҳуқуқӣ, 126 адад соҳибкорони инфиродии бо шаҳодатнома фаъолияткунанда, 2381 адад хоҷагиҳои деҳқонӣ бетаъсиси шахси ҳуқуқӣ, 110 адад шаҳодатнома бо шартҳои махсус ва 208 ададро соҳибкорони инфиродии тибқи патент фаъолияткунандаро дар бар мегирад.

Нақшаҳои барзиёд иҷро шуданд

Қосимӣ Назир Хуршедзода афзуд, ки дар ҳафт моҳи соли 2023 иҷрои нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои хатмӣ бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ ба андозаи 107,2 фоиз таъмин гардида, ба ҷои 11 миллиону 741 ҳазор сомонии пешбинишуда ба буҷет 12 миллиону 586 ҳазору 084 сомонӣ ворид карда шуд, ки ин нисбат ба нишондиҳандаи нақшавӣ 845084 ҳазор  сомонӣ зиёд мебошад.

Иҷрои нақшаи андозҳо бе назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 109,4 фоиз таъмин гардида, ба ҷои 9010000 сомонӣ нақшаи пешбинишуда ба буҷет 9854144 сомонӣ ворид карда шуд, ки нисбат ба нишондиҳандаҳои нақшавӣ 844144 сомонӣ зиёд мебошад.

Нақшаи андози иҷтимоӣ дар маҷмӯъ 106,1 фоиз ё аз нишондиҳандаҳои нақшавӣ 6 миллиону 269 ҳазор сомонӣ пешбинишуда буда, 6 миллиону 652 ҳазору 172 сомонӣ ворид карда шуд, 383 ҳазору 186 сомонӣ зиёд мебошад.

Аз он ҷумла, иҷроиши нақшаи андози иҷтимоӣ буҷетӣ 110,8 фоиз таъмин гардида, ба ҷои 3 миллиону 538 ҳазор сомонӣ нақшаи пешбинишуда ба буҷети Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа 3 миллиону 920 ҳазору 186 сомонӣ ворид карда шуд, ки нисбат ба нақша 382 ҳазору 186 сомонӣ зиёд мебошад.

Бақияпулиҳои андоз  

Масъалаи бақияи қарзи андозҳо яке аз масъалаҳои ташвишовари фаъолияти мақомоти андоз ба ҳисоб рафта, боиси нигаронии роҳбарияти мақомоти андоз гардидааст. Ба ҳолати 1 августи соли 2023 бақияи қарзи андоз дар Нозироти андоз дар маҷмӯъ маблағи 752 ҳазору 853 сомониро ташкил дода, нисбат ба аввали соли ҷорӣ ба маблағи 69 ҳазору 941 сомонӣ кам карда шудааст. Аз ин маблағ, бақияи қарзи андози иҷтимои ғайрибуҷетӣ бошад 125 ҳазору 286 сомониро ташкил дода 16,64 фоизи мабалағи умумии қарзро ташкил медиҳад.

Ба андозсупорандагони қарздор огоҳӣ дода шуд   

Иттилоъ дода шуд, ки бо мақсади кам кардани бақияи қарзи андозҳо ва шумораи андозсупорандагони қарздор дар давраи ҳисоботӣ ба унвони 248 андозсупорандагон огоҳиномаи қарздорӣ ба маблағи 566 ҳазор сомонӣ ирсол гардида, аз ин ҳисоб 387 ҳазор сомонӣ ба буҷет ворид карда шудааст, ки 68,3 фоизи маблағи огоҳиномаҳоро ташкил медиҳад.

Дар ҳафт моҳи аввали соли ҷорӣ нисбати 30 адад андозсупорандагони қарздор 40 адад қарорҳои маҷбуран ситонидани қарзи андозҳо ба маблағи умумии 760,2 ҳазор сомонӣ қабул карда шуда, аз ин ҳисоб ба даромади буҷет маблағи 220,9 ҳазор сомонӣ ворид карда шудааст, ки 29,0 фоизи маблағи қарорҳои қабулгардидаро ташкил медиҳад. Аз шумораи умумии 40 адад қарор, иҷрои 23 адади он пурра таъмин гардидааст, ки 57,5 фоизи шумораи умумии қарорҳои мазкурро дар бар мегирад. Қарорҳои беиҷро 17 адад ва маблағи норуёнидаи ин қарорҳо 539,3 ҳазор сомонӣ ё 70,94 фоизро ташкил медиҳад.

Қарор дар бораи ситонидани маблағи қарзи андоз аз ҳисоби пули нақдии андозсупорандагон 24 адад қарор бо маблағи 521,2 ҳазор сомонӣ, иҷроиши он 188,1 ҳазор сомонӣ буда 36,0 фоиз мебошад.

Қарор дар бораи ситонидани маблағи қарзи андоз аз ҳисоби суратҳисоби бонкии андозсупоранда 16 адад қарор бо маблағи 239,0 ҳазор сомонӣ, иҷроиши он 32,7 ҳазор сомонӣ ё 13,6 фоизро ташкил медиҳад.

Таъмини риояи қонунгузории соҳаи андоз, бахусус ошкор намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, чораҷӯи намудан ва пешгирии онҳо, инчунин татбиқи тартиби судии рӯёнидани маблағи андозҳо омили таъсирбахши ҷорӣ намудани тартиботи ҳуқуқӣ буда, аз ҷониби мақомоти андоз ба самти фаъолият аҳмияти ҷиддӣ дода мешавад. Тибқи қонунгузорӣ мақомоти андоз дар доираи ваколати худ салоҳияти татбиқи ҷаримаҳои маъмуриро дошта, ба ин васила дар самти ҳимояи манфиатҳои буҷети давлат, ҷорӣ намудани интизоми ҳуқуқии андозсупорандагон ва ба низом нақши муассир мебозад.

Дар ҳафтмоҳаи аввали соли ҷорӣ аз тарафи Нозироти андоз дар ноҳияи Шаҳристон барои вайрон намудани қонунгузории соҳаи андоз нисбати 50 ҳуқуқвайронкунандагон 127,5 ҳазор сомонӣ ҷаримаи маъмурӣ татбиқ гардида, аз ин ҳисоб 100,1 ҳазор сомонӣ ё 78,5 фоиз ба даромади буҷет рӯёнида шудааст.

Тадбирҳои зарурӣ   

Ӯ қайд кард, ки  дигар нишондиҳандаи самти фаъолият, ки масъулияти баланди хизматиро аз ҳар як нозири вобасташудаи андоз талаб менамояд,  ки ин таъмин намудани пешниҳоди эъломияҳои андоз аз тарафи андозсупорандагон мебошад. Таҷрибаи ҳаррӯза маъмурикунонии андоз ва муносибатҳои андозӣ бо андозсупорандагон аз он гувоҳӣ медиҳад, ки анҷом додани корҳои фаҳмондадиҳию тавзеҳотӣ бо андозсупорандагон, аз ҷумла гузаронидани семинар-машваратҳо, вохӯриҳо, таҳияи намоишҳо бояд самти афзалиятноки фаъолияти соҳа боқӣ монда, ба он таваҷҷуҳи бештар зоҳир карда мешавад.

Нозироти андоз дар ноҳияи Шаҳристон мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати ноҳияи Шаҳристон боварии комил дорад, ки минбаъд низ ҷиҳати беҳтар намудани сатҳу сифати корҳои тавзеҳотию фаҳмондадиҳӣ, кам намудани бақияи қарзи андозҳо ва роҳ надодан ба ташаккулёбии изофапулиҳо, беҳтар намудани сифати корҳои назоратӣ, ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта ва дар ҳамин замина бо мақсади таъмини иҷрои нақшаҳои пешбинишуда тамоми донишу малакаи кормандонро самаранок истифода намуда, чораҳои иловагӣ меандешад ва дар пешбурди сиёсати андоз ва иҷтимоии давлат саҳми босазои хешро гузоранд.

МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь