Дар қаламрави Тоҷикистон дарёҳои Вахш, Сирдарё, Амударё, Зарафшон ва ҳамчунин даҳҳо дарёҳои хурду бузург мавҷуд аст, ки асоси системаи гидрографии Осиёи Марказиро ташкил медиҳанд. Инчунин, аз миёни Тоҷикистон ва Афғонистон Амударё мегузарад ва он дар ҳалли масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ дар оянда метавонад, мавқеъи муҳимро ишғол намояд. Оби ин дарё асосан аз борон, барф ва пиряхҳо сарчашма мегирад. Амударё 60% заҳираҳои обӣ ва 70% захираҳои гидроэнергетикии минтақаро дар ихтиёр дорад. Дар ҳудуди Тоҷикистон 69,2 км2 (80,17%) оби Амударё ҳосил мегардад. Ин ду кишвар ҳарчанд захираҳои зиёди обиро доранд, вале  миқдори ками обро аз Амударё истифода мебаранд.

Дар ҷаҳон зиёда аз 150 ҳавзаи дарёи фаросарҳадӣ мавҷуд аст. Аз ин рӯ, ҳамкории байнидавлатӣ дар соҳаи об ва дипломатияи об барои таъмини идоракунии адолатнок ва устувори захираҳои об аҳамияти калон дорад. Талаботҳои татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор низ ҳамин аст. Баҳри татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор манбаъҳои бузурги захираи об дар Осиёи Марказӣ нақши муҳим мебозад. Дар ин минтақа ҳаҷми маҷрои солонаи барқароршавандаи дарёҳо ба 115 км3/ баробар аст. Дар баробари ин захираи обҳои зеризаминӣ низ хело зиёданд. Ба Тоҷикистон зиёда аз 51,0% аз ҳаҷми умумии захираҳои об дар минтақа рост меояд.

Тибқи маълумоти охирин, шумораи пиряхҳои бузург дар минтақа на камтар аз 2500 ададро ташкил медиҳад. Майдони умумии онҳо тахминан ба 1600 км2 баробар аст. Майдони бо пиряхҳо бандбуда дар Осиёи Марказӣ аз майдони пиряхҳои Кавкази Калон 8,5 маротиба, аз майдони пиряхҳои Олтой 28 маротиба зиёдтар аст.

Дар куҳҳои Осиёи Марказӣ дар як сол қариб 170 км3 об ташаккул меёбад. Аз ин ҳаҷм ҳиссаи Тоҷикистон ба бештар аз 60 км3 баробар аст. Ин тахминан 52,0%-и ҳаҷми умумии захираи обҳои динамикии ҳавзаи баҳри Аралро ташкил медиҳад.

Дипломатияи об – воситаи калидӣ байни кишварҳо

Дар Барномаи ислоҳоти соҳаи об барои солҳои 2016-2025 ба ҳамкориҳои байналмиллалӣ дар соҳаи об таваҷҷуҳи махсус дода шудааст. Истифодаи беҳтари захираи обҳои дарёҳои фаромарзӣ ба ҳамкории зичи байни кишварҳои ҳамсоя ниёз дорад. Аз ин лиҳоз, ҳамкорӣ ва ҳамгироии байни кишварҳо дар таъмини истифодаи босуботи об барои наслҳои оянда нақши муҳим мебозад. Тоҷикистон ҳамеша кӯшиш мекунад, ки захираҳои оби дар ихтиёр доштаашро оқилона бо назардошти манофеи кишварҳои поёноб истифода намояд. Ҳадафҳои асосии ислоҳоти соҳаи об, пеш аз ҳама, таъмини кафолатноки ҳамаи истеъмолкунандагони об, тавассути татбиқи пурраи схемаҳои идоракунии ҳавзавӣ ва ҳамгироёнаи захираҳои об дар минтақа ба ҳисоб мераванд.

Дар моддаи 91-и Кодекси об оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи муносибатҳо вобаста ба об омадааст: “Асосҳои иқтисодии муносибатҳо вобаста ба об бо дигар давлатҳо дар заминаи созишномаҳои байнидавлатӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, муқаррар карда мешавад”.

Ҳарчанд Тоҷикистон имконоти зиёди истифодабари аз ин дарё ва ба ин васила маблағҳои зиёде ба даст оварданро дошта бошад ҳам, аммо баъзе мушкилотҳо айни ҳол садди ин корҳост. Ба вазъи сиёсии кишвари ҳамсоя Афғронистон нигоҳ накарда, дар истифода аз Амударё аллакай байни ин ду кишвар чанд қадами чиддӣ гузошта шудааст. Қадамҳои баъдӣ бояд бо истифода аз заминаҳои мавҷуда ба монанди RECCA, барномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид барои иқтисодҳои Осиёи Марказӣ сурат бигирад. Идоракунии захираҳои об бояд ба таври систематикӣ дар миён гузошта шавад. Конвенсия оид ба оби Комиссияи иқтисодии Созмони Милал Муттаҳид бояд аз ҷониби ҳар ду кишвар мавриди омӯзиш ва истифода қарор бигирад.

Дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ истифодабарии об дар минтақа дар марказ, яъне аз Москва идора мегардид. Баъд аз пошхӯрии ин кишвари абарқудрат кишварҳои Тоҷикистон, Кирғизистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Туркманистон акнун бояд тарзе захираҳои обро истифода баранд, ки байнашон нофаҳмиҳо сурат нагирад. Агар солҳои шӯравӣ захираҳои табиӣ байни ин кишварҳо баробар тақсим мегардид, яъне аз як кишвар обу аз кишвари дигар нафту барқу газ доду гирифт мешуд, ҳоло ин гуна нест. Акнун аз захираҳои табиӣ дар минтақа ба ҷуз об дигар ҳама чиз фурӯхта шуда, пул мешаванд. Тоҷикистону Қирғизистон вазифадоранд, ки кишварҳои поёнобро дар фасли тобистон пурра бо об таъмин кунанд. Дорои захираҳои об будан низ мушкилоти зиёдеро ба бор меорад. Аз 10 намуди офатҳои табиии маъмул дар Тоҷикистон 70%-и онҳо вобаста ба об мебошанд. Танҳо барои соҳилмустаҳкамкунӣ ҳама сол маблағҳои зиёде барои Тоҷикистон лозим аст. Ҳангоми қабули Кодекси об дар Маҷлиси намояндагон вакил Ғаффоров Абдуҳалим масъалаи пардохти истифодаи обро аз ҷониби кишварҳои поёноб ба миён гузошт. Шоимзода Ҷамшед Шодӣ изҳор намуд, ки дар даврони шӯравӣ мо маблағ не, балки бар ивази об газ, бензин ва дигар мавод мегирифтем. Мутаассифона, ҳоло чунин механизм вуҷуд надорад. Солҳои 2000-ум ҳукумати Қирғизистон шиори “об ҳамчун мол”-ро ба миён гузошта буд. Кишварҳои дорои захираҳои бузурги нафту газ дар минтақа ин пешниҳодро на танҳо дастгирӣ накарданд, ҳатто шунидан нахостанд. Ба қавли онҳо об ин сарвати табиат аст ва он бояд бепул бошад. Имрӯз фурӯши об ба кишварҳои ҳамсоя ба Тоҷикистон метавонад даромади хубе биёрад. Ин маблағҳоро метавон дар  азнавсозии шабакаҳои муосири обрасонӣ барои кишварҳои поёноб истифода кард.

Агар тайи 30 соли соҳибистиқлолии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар тақсим ва истифодабарии захираҳои об баҳсҳои ҷиддӣ сурат нагирифта бошад ҳам, аммо чанд проблемаҳо бояд ҳалли хешро пайдо кунад. Ин пеш аз ҳама, ҳифзи баҳри Арал, ки бо вайроншавии тавозуни иқлим ва фазо барои 35 млн. нафар аҳолии минтақа таҳдид мекунад. Мушкилоти дигар ин тақсимоти об дар ҳавзаҳои дарёҳои сарҳадгузар, ки аз он 6 давлат истифода мекунанд. Инчунин, бояд як муносибат ва додугирифти хуб байни давлатҳои обдиҳанда ва обгиранда ба роҳ монда шавад. Аз ҳама асосӣ, кишварҳои обгиранда дар масъалаи пардохти хароҷотҳои танзими мавсимии об бояд саҳмгузор бошанд. Умед дорем, ки бо беҳтар шудани робитаҳои ҳамсоягӣ дар ин самт пешравиҳо ба даст меояд.

Таъсири тағйирёбии иқлим ба захираҳои об

Тибқи таҳлили коршиносон то соли 2025 наздики 3 млрд. сокинони сайёра қурбонии норасоии оби ошомиданӣ мешаванд. Аз ин рӯ, таъминоти аҳолии ҷаҳон бо об яке аз ҳадафҳои асосии инсоният мебошад. Дар тамоми дунё 145 кишвар аз дарёҳои сарҳадгузар истифода бурда, 21 кишвар дар ҳавзаи дарёҳои сарҳадгузар қарор доранд. Тоҷикистон ба кишварҳое шомил аст, ки дорои захираҳои бузурги обӣ ва пиряхҳо мебошад. Шумораи пиряхҳои Тоҷикистон 14 ҳазору  509 адад буда, он 8 дарсади ҳудуди ҷумҳуриро ташкил медиҳад. Дар Барномаи ислоҳоти соҳаи об  барои солҳои 2016-2025 низ қайд гардидааст, ки тағйирот ва тағйирпазирии иқлим ба захираҳои оби ҶумҳурииТоҷикистон таъсири зиёд дорад. Тибқи маълумоти мавҷуда, дар даҳсолаҳои охир ҳарорати миёнаи ҳаво дар Тоҷикистон 0,7-1,9оС  боло рафта, тақрибан ҳазор адад пиряхҳои хурд аллакай об шудаанд. Сарчашмаи асосии дарёҳои Тоҷикистон пиряхҳо мебошанд ва ин ба кам шудани оби онҳо оварда мерасонад. Баландшавии ҳарорати ҳаво дар солҳои охир боиси аз байн рафтани пиряхҳо мегардад. Даҳсолаҳои солҳои охир то 30% пиряхҳои Тоҷикистон об гардиданд ва ин раванд то ҳол идома дорад. Федченко- бузургтарин пиряхи куҳӣ дар Тоҷикистон мебошад, ки имрӯз масоҳаташ ба андозаи то 2 км коҳиш ёфтааст. Имрӯз 60 дарсади обҳои Осиёи Марказӣ аз ин пиряхҳо сарчашма мегиранд.

Дар ҳақиқат тағирёбии иқлим ва обшавии пиряхҳо дар тамоми дунё мушкилоти зиёди глобалиро пеши инсоният гузоштааст. Яке аз ин проблемахо кам гаштани захираҳои об дар сайёра мебошад. Ин мушкилот дар оянда метавонад, ба бархурди баҳсҳои шадиди сиёсиву иҷтимоӣ, ҳамзамон номӯътадил гаштани дипломатия дар соҳаи об оварда расонад. Хушбахтона, Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз ба қатори 10 кишвари пилотӣ оид ба беҳтар намудани ҳолати пиряхҳо шомил гардидааст.

Тағйирпазирии иқлим андешидани тадбирҳои фавриро дар такмили идоракунии болооби ҳавзаҳоро тақозо менамояд. Ҳамчунин, рушди дипломатияи об барои ҳалли масъалаҳои байнидавлатӣ дар соҳаи об воситаи калидӣ мебошад.

Сурайёи ШУҶОАТ,

хабарнигор

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь