Тоҷикистон аз кадом сарватҳо бой аст? Дар қаъри замини ин сарзамин захираҳои калони тило, нуқра, алюминий, сурб, руҳ, оҳан, уран ва дигар маъданҳои фоиданок  мавҷуданд. Тоҷикистон шароити мусоиди иқлимӣ ва барои парвариши зироатҳои кишоварзӣ заминҳои ҳосилхез дорад. Тоҷикистон ба шарофати ҷуғрофияи худ ба як нуқтаи муҳимми транзитӣ барои тиҷорат ва ҳамлу нақли мол табдил меёбад. Ҷойҳои нодири табиӣ – кӯҳҳо ва кӯлҳои кишвари мо диққати ҳазорҳо сайёҳро ба  худ ҷалб мекунанд. Аммо, дар баробари ин, аз ҳама муҳим, ба шарофати дарёҳои кӯҳӣ ва кӯлҳо  кишвари мо дорои иқтидори бузурги захираҳои гидроэнергетикӣ мебошад. Дар матлаб тарзи беҳтари истифодаи сарватҳои Тоҷикистон баррасӣ карда мешавад.

Тараққиёти соҳаи гидроэнергетикаи Тоҷикистон ҳанӯз дар замони Шӯравӣ аз сохтмони комплексҳои гидротехникӣ дар дарёи Варзоб оғоз ёфт. Аввалин нерӯгоҳи барқии обӣ соли 1936 ба кор даромад ва то соли 1950 дар дарёи Варзоб се агрегат ба кор дароварда шуд.

Аз оғози солҳои 70-уми асри гузашта роҳбарияти ИҶШС ба бунёди нерӯгоҳҳои бузурги обӣ дар Тоҷикистон  шурӯъ карданд – Нерӯгоҳи барқи обии “Норак» (калонтарин нерӯгоҳи барқӣ дар Осиёи Миёна), нерӯгоҳҳои барқи обии «Байгазин», «Сангтӯда-1» ва «Сангтӯда-2» сохта шуданд ва сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» ҳоло идома дорад. Аз солҳои ҳафтодум барои рушди гидроэнергетика дар Тоҷикистон ва имкони содироти минбаъдаи он замина гузошта шуда буд.

Дар гузашта сарбанди Нерӯгоҳи барқи обии Норак бо баландии 300 метр сарбанди аз ҳама баландтарини ҷаҳон маҳсуб меёфт. Имрӯз – аз соли 2013 инҷониб аз рӯйи баландӣ дар ҷаҳон дувумин сарбанд ба ҳисоб меравад.

Аммо бо пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ва бо таҳаввулоти мухталифи иқтисодӣ, сиёсӣ ва низомӣ рушди гидроэнергетика дар кишвар ба таври назаррас коҳиш ёфт. Солҳои 2000-ум Ҳукумати Тоҷикистон дар назди худ вазифа гузошт, ки сохтмони иншоотҳои банақшагирифтаи гидроэнергетикиро идома дода, бунёди иншоотҳои нав ва азнавсозии агрегатҳои фарсударо ба роҳ мемонад. Дар тӯли 30 соли истиқлолияти ҷумҳурӣ 287 нерӯгоҳҳои барқи обии хурду калон ва 50 зеристгоҳҳо сохта шуда, 75 фоизи инфрасохтори энергетикии Тоҷикистон таҷдид карда шуд.

Имрӯз ҳудуди 98 дарсади нерӯи барқ дар Тоҷикистон тавассути нерӯгоҳҳои обӣ тавлид карда мешавад. Ҳаҷми умумии захираҳои обӣ дар Тоҷикистон 527 миллиард киловатт-соат арзёбӣ карда мешавад (аз ҷумла аз ҷиҳати техникӣ барои истифодаи имконпазир 202 миллиард киловатт-соат ва аз ҷиҳати иқтисодӣ барои сохтмон 172 миллиард киловатт-соат). Бо вуҷуди ин, имрӯзҳо танҳо 4-5 фоизи иқтидори гидроэнергетикии ҷумҳурӣ истифода бурда мешаваду халос.

Бояд гуфт, ки роҳбарияти Тоҷикистон рушди соҳаи гидроэнергетикаро яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи худ мешуморад.  «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» дар баробари азнавсозии техникии иншоотҳои гидроэнергетикӣ,  беҳтаркунии фазои соҳибкориро пешбинӣ мекунад. Масалан, онҳое, ки ба соҳаи гидроэнергетикӣ сармоягузорӣ мекунанд, барои муддати муайян аз пардохти андоз аз даромад озод мебошанд.

Коршиноси масоили Осиёи Марказӣ, сармуҳаррири маҷаллаи «Иқтисодчӣ» Фаридун Усмонов чунин мегӯяд: “Тӯли чандин даҳсолаҳост, ки мо дар бораи энергетика ҳамчун як соҳаи калидӣ барои Тоҷикистон ҳадс мезанем. Яъне бидуни рушди гидроэнергетика ва умуман соҳаи энергетика барои Тоҷикистон барқарор кардани иқтидори иқтисодӣ ва саноат хеле душвор хоҳад буд. Аз ин рӯ, ҳукумати кишвар тамоми чораҳоро меандешад, то сармоягузории бештар маҳз ба соҳаи гидроэнергетика ҷалб карда шавад.

Аз рӯйи иқтидори гидроэнергетикиаш Тоҷикистон дар байни кишварҳои ҷаҳон пас аз Чин, Русия, ИМА, Бразилия, Заир, Ҳиндустон ва Канада ҷойи ҳаштум  ва дар Осиёи Миёна ҷойи якумро ишғол мекунад.

Бинобар ин, дар қатори аввалин лоиҳаҳои сармоягузории мо, ки аз ҷониби кишвари мо пешниҳод гардида, сипас аз тарафи давлатҳои дигар дастгирӣ ёфтаанд, лоиҳаҳои энергетикӣ мебошанд – сохтмони НБО “Сангтӯда-1”, “Сангтӯда-2” ва “Роғун”. Ҳукумат ва Вазорати энергетикаи Тоҷикистон дар соҳаи энергетика як қатор лоиҳаҳои дигар, аз ҷумла сохтмони нерӯгоҳҳои хурди обӣ дар баъзе минтақаҳои ҷумҳурӣ таҳия кардаанд, аммо барои ин ҷалби сармояҳои хориҷӣ зарур аст.

Бо итминон таъкид менамоям, ки энергетика бояд самти асосии ҳамкориҳои Тоҷикистону Федератсияи Русия бошад. Русия  ба сохтмони нерӯгоҳҳои барқи атомӣ машғул аст (чунин лоиҳаҳо дар Қазоқистон ва Ӯзбекистон низ амалӣ карда мешаванд). Кишвари мо аз захираҳои обӣ-энергетикӣ бой аст ва ман бисёр мехостам, ки  Русия ба ин соҳа диққати махсус бидиҳад ва ҳамкории кишварҳо дар ин самт тақвият ёбанд”.

Русия лоиҳаҳои гидроэнергетикиро дар Тоҷикистон бомуваффақият амалӣ менамояд. Маскав аллакай ба бунёди Нерӯгоҳи барқи обии “Сангтӯда”  16 миллиард рубл сармоягузорӣ кардааст. Инчунин, лоиҳаи Фонди субот ва рушди Авруосиёро оид ба барқарорсозии Нерӯгоҳи барқи обии “Норак” ба маблағи 40 миллион доллар (таҳвили автотрансформаторҳо) амалӣ мегардонад. Умуман, рушди соҳаи гидроэнергетика на танҳо бо ниёз ба маблағгузорӣ, балки бо як қатор мушкилотҳои дигар  рӯ ба рӯ аст.

Нерӯгоҳи “Сангтӯда-1” тақрибан 12 фоизи ҳаҷми умумии тавлиди нерӯи барқро дар Тоҷикистон таъмин мекунад, ки ин дар фасли зимистон норасоии нерӯи барқро тақрибан сеяк дар сад коҳиш медиҳад.

Ҳамин тариқ, аз 300 адад нерӯгоҳҳои хурди дар Тоҷикистон сохташуда, аксараш кор намекунад, зеро онҳо бидуни гузаронидани таҳқиқотҳои  гидрологӣ сохта шудаанд, ки барои ошкор кардани мушкилотҳои эҳтимолии кори нерӯгоҳҳо дар ин мавзеъҳо  заруранд. Дар ҳамин ҳол, барои Тоҷикистон – кишвари кӯҳсор, ки бештари сокинонаш дар манотиқи душворгузар зиндагӣ мекунанд, нерӯгоҳҳои хурди обӣ беҳтарин ва муносибтарин роҳи тавлиди нерӯи барқ маҳсуб меёбад. Аз ин рӯ, зарурати ҷалби ширкатҳои Русия ба сохтмони нерӯгоҳҳои хурд, ки дар ин бора Ҳукумати Тоҷикистон борҳо таъкид кардааст, хеле муҳим аст. Зеро Русия, ки аз минтақаҳои кӯҳистонӣ бой аст, дар ин соҳа таҷрибаи хеле муваффақ дорад (Дар ин кишвар беш аз 130 нерӯгоҳҳои барқии хурд мавҷуданд). Ҳамчунин, соли оянда  боз якчанд нерӯгоҳҳои хурди барқи обӣ дар Қафқози Шимолӣ бояд ба истифода дода шаванд.

Мушкилоти дигар ин ки Тоҷикистон худро тақрибан пурра ба нерӯи барқ аз ҳисоби захираҳои обӣ таъмин менамояд, ки ин маънои вобаста будани нерӯи барқ аз омилҳои табиӣ (ки аксар вақт идоранашавандаанд) мебошад. Яъне норасоии мавсимии нерӯи барқ бо сабаби камчинии об дар обанборҳои нерӯгоҳ  дар фасли зимистон ба чашм мехӯрад. Бинобар ин, дар бораи аҳаммияти тағйирдиҳии соҳаи энергетикаи кишвар сухан рондан бомаврид аст. Дар ин росто, чунин ҷанбаи ҳамкориҳои Тоҷикистону Русия, ба монанди ҷалби ширкати «Газпром» ба иктишоф ва истихроҷи гази табиӣ дар ҷумҳурӣ муҳим мебошад. Конҳои асосии гази Тоҷикистон дар қаъри замин (8—9 километр) ҷойгиранд ва аз ин рӯ, азхудкунии онҳо бе таҷҳизот ва технологияи махсуси Русия имконнопазир аст.

Стратегияи Ҳукумати Тоҷикистон оид ба рушди босуботи соҳаи энергетика натиҷаовар аст: ҳаҷми тавлиди нерӯи барқ  дар Тоҷикистон дар соли 2022 21,4 миллиард кВт/соатро ташкил дод, ки ин баландтарин нишондод дар замони истиқлолияти кишвар ба ҳисоб меравад.

Русия дар қатори панҷ кишвари пешсаф дар истеҳсоли нерӯгоҳҳои барқи обӣ қарор дорад ва аксари нерӯгоҳҳо  ҳанӯз дар асри ХХ сохта шудаанд.

Ҳамаи ин имкон медиҳад, ки ҳаҷми содирот аз Тоҷикистон афзоиш ёбад (ҳаҷми умумии нерӯи барқи дар як соли охир ба кишварҳои дигар фурӯхташуда беш аз 3,4 миллиард кВт/соатро ташкил медиҳад). Дар шаш моҳи соли 2023 Тоҷикистон ба хориҷи кишвар 974 миллион кВт/соат нерӯи барқ  ба маблағи 383 миллион сомонӣ содир кардааст. Истифодабарандагони асосии нерӯи барқи Тоҷикистон кишварҳои Афғонистон ва Ӯзбекистон мебошанд. Фурӯши нерӯи барқ ба буҷаи кишвар 106 миллион доллар даромад овардааст. Аммо бояд гуфт, ки ба далели таҳримҳои Амрико алайҳи Афғонистон ва баста шудани суратҳисобҳои бонки марказии ин кишвар Тоҷикистон наметавонад, аз содироти нерӯи барқ  ба Афғонистон пурра фоида ба даст орад.

Ҳамгироӣ бо кишварҳои ҳамсоя ба тавсеаи имкониятҳои содиротии Тоҷикистон мусоидат мекунад. Аз нисф зиёди захираҳои обӣ-энергетикии Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон ҷойгир аст ва рушди комплекси хоҷагии об дар ҷумҳурӣ имкон медиҳад, ки кишвар ба содиркунандаи пешсафи нерӯи барқ  дар минтақа табдил ёбад. Илова бар ин, пайвастан ба Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё соҳаи энергетикаи Тоҷикистонро ба сатҳи куллан дигар бароварда, амнияти обу энержии онро таъмин ва фазои сармоягузориро беҳтар мегардонад.

 Дар нимаи аввали соли 2023 дар Тоҷикистон тавлиди умумии нерӯи барқ 10,6 миллиард кВт/соатро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3,3 фоиз зиёд аст.

Коршинос Фаридун Усмонов мегӯяд: «Ҳамкории кишварҳои ҳамсоя дар ҳама соҳа, аз ҷумла энергетика муҳим аст. Он нархи захираҳои энергетикиро барои истеъмолкунандагони кишварҳои мо ба таври назаррас кам карда, барои содири захираҳои энергетикӣ ба минтақаҳои ҳамсоя, аз ҷумла ба кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ имконият медиҳад. Аз ин рӯ, бунёди як ҳалқаи ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ барои кишвари мо ва дигар кишварҳои минтақа хеле муҳим ба ҳисоб меравад (Дар мавсиме, ки дар яке аз кишварҳои минтақа камбуди нерӯи барқ  вуҷуд дорад, аз ҳисоби интиқоли барқ аз кишварҳои ҳамсоя метавон бартараф кард).  Ҳангоме ки дар кишвар нерӯи барқи зиёдатӣ ба вуҷуд меояд, метавон онро ба кишварҳои ҳамсоя фурӯхт. Чунин ҳалқаи энергетикӣ аз замони Иттиҳоди Шӯравӣ вуҷуд дошт, ки он ба ҷумҳуриҳо бартарии рақобатӣ ба вуҷуд меовард. Аз ин рӯ, имрӯз низ зарурати чунин ҳамкорӣ вуҷуд дорад.

Тоҷикистон ва дигар кишварҳои минтақа бояд иқдомоти ҳамгироиро анҷом диҳанд ва дар доираи иттиҳод (блокҳои) ягонаи энергетикӣ ҳамкорӣ кунанд. Фикр мекунам, роҳбарияти кишварҳои мо инро хуб дарк мекунанд ва ҳар сол ҳамкориҳои байни кишварҳо густариш пайдо мекунад».

То моҳи апрели соли 2024 пайвастани Тоҷикистон ба системаи энергетикии Осиёи Марказӣ ба анҷом расонида мешавад.

Масъалаи дигари рушди соҳаи гидроэнергетикаи Тоҷикистон НБО “Роғун” аст, ки сохтмони он тӯли чандин даҳсолаҳо идома дорад ва азбаски барои амалигардонии пурраи лоиҳаи мазкур  маблағҳои ҳангуфт лозим аст, сохтмони он боздорӣ карда мешавад. Қобили зикр аст, ки ин масъалаи ҳалталаб ба як абзори сиёсати хориҷии Ғарб табдил ёфтааст. Яъне ҳанӯз тобистони соли 2022 Иттиҳоди Аврупо эълом кард, ки ният дорад, сармоягузори асосӣ дар сохтмони ин иншооти бузургтарин бошад. Вале дар давоми як соли охир  Аврупо дар ин нияти худ пеш нарафт: дигар дар мавриди сармоягузорӣ ягон сухане нагуфт. Маълум аст, ки ин танҳо як абзори таъсиррасонӣ  буду халос. Зеро Аврупо дар зоҳир хост, ки худро дар масоили ҳамкорӣ бо Тоҷикистон дар бахши энержӣ алтернативаи Русия нишон диҳад.

Изҳороти Иттиҳоди Аврупо дар мавриди сармоягузорӣ ба сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» соли 2022 дар пасманзари авҷи таниш дар муносибатҳои Федератсияи Русия ва Аврупо ва  дар ин замина ба ҷониби худ ҷалб кардани Тоҷикистон садо дод. Қаблан Иттиҳоди Аврупо ба НБО «Роғун» ҳеч гоҳ таваҷҷӯҳ зоҳир накард: Тоҷикистон тақрибан 30 сол аст, ки дар талоши пайдо кардани сармоягузорон аст, вале на аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо ва на аз ҷониби ИМА таваҷҷӯҳе сурат нагирифт. Дар ин хусус, танҳо ягона чизе, ки муяссар гардид, ин ҷалби маблағҳои қарзӣ аз фондҳои аврупоӣ бо шартҳои хеле вазнин (то 2 агрегати НБО «Роғун» ба кор андохта шавад, ки ин маблағ барои анҷоми кор кофӣ нест) сурат гирифт.

Дар сурати ба анҷом расидани лоиҳаи сарбанди НБО  “Роғун” бо баландии 335 метр аз ҳама сарбанди баландтарини ҷаҳон ба ҳисоб меравад.

Ташаббусҳои Бонки рушди АвруОсиё, ки барои рушди маҷмааи обу энержии кишварҳои Осиёи Марказӣ 400 миллион доллар ҷудо кардааст, дар ин соҳа умедбахш мебошад. Дар Стратегияи Бонк барои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026 масъалаҳои тағйирдиҳии манбаъҳои тавлиди нерӯи барқ дар кишвар ва мусоидат ба ҳамгироии кишвар ба шабакаи минтақавии тақсимоти нерӯи барқ дар авлавият қарор дорад.  Рушди гидроэнергетикаи хурд ва азнавсозии иншоотҳои мавҷудаи энергетикӣ ҳамчун самти афзалиятнок нишон дода шудааст. Масъалаи маблағгузории НБО “Роғун”  низ аз ҷониби коршиносони Бонки рушди АвруОсиё баррасӣ гардида истодааст. Иҷрои ин вазифаҳо амнияти энергетикии Тоҷикистонро таъмин намуда, равобити ҳамгироӣ бо кишварҳои ҳамсояро тақвият мебахшад.

Матлубаи Қ.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь