Сиёсати андоз ҳамчун яке аз омили муҳими рушди иҷтимоиву иқтисодӣ буда, бояд барои рушди устувори иқтисодии кишвар бо роҳи фароҳам овардани фазои муносиби соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ, ҳавасмандгардонӣ ва рушди фаъолияти соҳибкорӣ, пеш аз ҳама соҳибкории истеҳсолӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ, таҳкими иқтидори саноативу содиротии кишвар, ҷори намудани технологияҳои рақамӣ равона шуда, барои зиёд гардидани манбаъҳои нави андозбандӣ ва даромадҳои буҷети давлатӣ мусоидат намояд.

Аандоз пояи асосии давалат аст

Барои шиносои пайдо кардан аз  натиҷаҳо ва фаъолияти Нозироти андози шаҳри Бохтар дар се моҳаи аввали соли ҷорӣ хабарнигори МТЖТ бо роҳбари Нозироти андози маркази маъмурии вилояти Хатлон-шаҳри Бохтар Назарализода Зуҳуршои Назаралӣ, суҳбати ихтисосӣ анҷом дод.  Дар оғози сӯҳбат ӯ қайд кард, ки  роҳбарият ва кормнадони Нозироти андоз дар шаҳри Бохтар дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати милли-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ ва Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро роҳнамои кори худ қарор дода, дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар кӯшиш намудаанд, ки вазифаҳои ба зиммаашон гузошташударо доир ба иҷро намудани нишондиҳандаҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022” талаботҳои Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъмин созанд ва барои вусъат бахшидан ба рушди соҳибкории хурду миёна, баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ба шаҳрвандон ва андозсупорандагон тадбирҳои мушаххасро амалӣ намоянд.

Пардохти андоз-рушди давлат ва бақои милат аст

Дар идома роҳбари ниҳоди болозикр афзуд, ки   дар 3 моҳи соли 2023 иҷрои нақшаи қисми даромади буҷет бо назардошти андозҳои иҷтимоии буҷети ва ғайрибуҷетӣ ба андозаи 106 % таъмин гардида, ба ҷойи 64,8 млн. сомонӣ нақшаи пешбинишуда, ба буҷет 68,8 млн. сомонӣ ворид карда шуд, ки нисбат ба нақша 4 млн.  сомонӣ зиёд ва нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба маблағи 9,5 млн. сомонӣ зиёд ворид гардидааст.

Иҷроиши нақшаи андозҳо ва андози иҷтимоии ғайрибуҷети (контингент) ба ҷойи 54,8 млн. сомонӣ нақшаи пешбинишуда, ба буҷет 57,5 млн. сомонӣ ворид карда шуд, ки ба андозаи 105 % таъмин гардида, нисбат ба нақша 2,7 млн. сомонӣ зиёд ва нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта бошад ба маблағи 7,8 млн. сомонӣ зиёд ворид гардидааст.

Нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ бе назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷети ба андозаи 102% таъмин гардида ба ҷои 44,5 млн. сомонӣ ба буҷет 45,2 млн. сомонӣ ворид гардид, ки нисбати нақша 730 ҳазор сомонӣ зиёд ва нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5,5 млн. сомонӣ зиёд ворид гардидааст.

Андози иҷтимоии буҷети ва ғайрибуҷетӣ 20,3 млн. сомонӣ ба нақша гирифта шуда, ба буҷет 23,6 млн. сомонӣ ворид гардидааст, ки ба 116 % рост меояд. Нисбати нақшаи пешбинишуда 3,2 млн. сомонӣ зиёд ва нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4 млн. сомонӣ зиёд таъмин гардидааст.

Аз он ҷумла: андози иҷтимоӣ буҷетӣ 10 млн. сомонӣ ба нақша гирифта шуда, ба буҷет 11,3 млн. сомонӣ ворид гардидааст, ки ба 113% рост меояд. Нисбати нақшаи пешбинишуда 1,3 млн. сомонӣ зиёд ва нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба маблағи 1,7 млн. сомонӣ зиёд ворид гардидааст. Андози иҷтимоӣ ғайрибуҷетӣ 10,3 млн. сомонӣ ба нақша гирифта шуда, ба буҷет 12,3 млн. сомонӣ ворид гардидааст, ки ба 119% рост меояд. Нисбати нақшаи пешбинишуда 2 млн. сомонӣ ва нисбати ба ҳамин давраи соли гузашта ба маблағи 2,3 млн. сомонӣ зиёд таъмин  гардидааст.

Ба қарздорҳо огоҳи дода шуд     

Бо мақсади иҷроиши уҳдадориҳои андоз ва кам кардани бақияпулиҳои андоз аз тарафи Нозироти андоз нисбати шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ дар 3 моҳи соли 2023 ба миқдори 177 адад огоҳиномаҳо ба маблағи 3,9 млн. сомонӣ бо мақсади ворид намудани маблағи қарзи андозҳо ба буҷет ба андозсупорандагони қарздор фиристонида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 66 адад зиёд ва тибқи огоҳиномаҳои пешниҳодгардида ба буҷет 2,8 млн. сомонӣ ворид гардидааст, ки 72 фоизи  маблағи огоҳиномаҳои додашударо дар бар мегирад.

Инчунин дар ин давра аз тарафи Нозироти андоз дар шаҳри Бохтар ба миқдори умумии 117-адад қарорҳои маҷбуран ситонидани қарзи андоз ба маблағи 5,5 млн. сомонӣ қабул гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 12 адад зиёд мебошад, ва аз ҳисоби қарорҳои тадбиқгардида дар ин давра ба буҷет 2,4 млн. сомонӣ  ворид гардидааст, ки 44 фоизро дар бар мегирад.

Дар 3 моҳи соли ҷорӣ аз тарафи кормандони Нозироти андоз дар шаҳри Бохтар 137 протоколҳои ҳуқуквайронкунии маъмури тартиб дода шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 16 адад зиёд мебошад. Маблағи умумии протоколҳои тартибдодашуда 345,2 ҳазор сомониро ташкил дода, аз ин ҳисоб ба буҷет 191,7 ҳазор сомонӣ ворид гардидааст, ки маблағи руёнидашуда 56 фоизро дар бар мегирад.

Соҳибкрони инфироди зиёд шуданд

Дар соли 2023 дар Нозироти андоз тибқи маълумотҳои барномаи системаи иттилоотии андоз (СИА) шумораи андозсупорандагони бақайдгирифташуда 5459 ададро ташкил медиҳанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба миқдори 638 адад андозсупоранда кам мебошад: аз он ҷумла шахсони ҳуқуқӣ 1015 адад (1015-1013 нисбат ба 01.04.2022 сол 2 адад зиёд), соҳибкорони инфиродӣ тибқи шаҳодатнома 1074 адад (1074-1030 адад нисбат ба 01.04.2022 сол 44 адад зиёд), шаҳодатнома бо шартҳои махсус 1996 адад ва соҳибкорони инфироди тибқи патент фаъолияткунанда 1374 адад (3370-4054 нисбат ба 01.04.2022 сол 684 адад кам) мебошад.

Дар 3 моҳи соли ҷорӣ дар Нозироти андоз 3 адад ташкилотҳои ҳуқуқӣ, 50 адад соҳибкорони инфиродӣ тибқи шаҳодатнома фаъолияткунанда, 168 адад шаҳодатнома бо шартҳои махсус ва 29 адад соҳибкорони инфиродӣ тибқи патент фаъолияткунанда, ки дар маҷмӯъ 250 адад андозсупоранда ба қайд гузошта шудааст.

Нозироти андоз дар шаҳри Бохтар дар 3 моҳи соли 2023 аз ҳисоби корҳои назоратӣ гузаронидашуда, ки дар натиҷа нисбати 34 адад андозсупоранда ба маблағи 2 млн. сомонӣ маблағҳои иловагӣ ҳисоб карда шуда, ба маблағи 1,7 млн. сомонӣ ба буҷет  пардохт карда шуд, ки 85 фоизи маблағи андози иловагӣ ҳисобшударо ташкил медиҳад. Таъмини андозсупорандагон бо дастгоҳи назорати хазинавӣ ва риояи тартиби истифодаи он таҳти назорати доимии кормандони нозироти андоз қарор дошта, ба ҳолати 01.04.2023 сол ба миқдори 1269 адад ва дар 3 моҳи соли ҷорӣ 36 адад андозсупоранда бо ДНХ таъмин гардидааст.

Нақшаҳо неканд                                

Роҳбарияти Нозироти андоз дар шаҳри Бохтар ва калективи он минбаъд низ ҷиҳати беҳтар намудани маъмурикунонии андоз ва сатҳи хизматрасонӣ ба андозсупорандагон, бештар намудани корҳои тавзеҳотию фаҳмондадиҳӣ, ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта ва дар ҳамин замина бо мақсади таъмини сифатноки иҷрои нақшаҳои пешбинишуда, тамоми имкониятҳоро истифода намуда, дар пешбурди сиёсати андоз ва иҷтимоии давлат саҳми босазои хешро гузоранд.

Раҳмоналӣ Додархӯҷаев, “Фараж”

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь