Ё лимӯи тоҷик давои Русия?
Чигунагии вазъи саноати кишвар ҳамеша мавриди назар ва таваҷҷӯҳи омма қарор дорад, чун ҳамагон медонанд, ки рушди иқтисодиёт бешак ба роҳандозии корхонаҳои ватаниву густариши истеҳсолоти дохилӣ вобаста аст. Аммо то ба кай ҳатто ҷӯробро (таассуф, ки зиёда аз ҳама синтетика) аз Чину Туркия ворид мекунем, дар ҳоле аълотарин абрешиму пахта дар кишвари мо тавлид мешавад?
Чунин менамояд, гӯиё соҳибкорону тоҷирони мо бо ҳам танҳо дар ин бахш рақобат доранд, ки кӣ моли бештар аз кадом давлати дуртар – Дубай, Туркия, Чин ё кишваре дигар ворид месозаду маҳсулоти ба ном «импортный»-яшро бо ҳазор шева реклом намуда, бозоргир карданӣ мешавад. Дар ҳоле мардуми давр гӯлу гаранг нестанду хубро аз бад фарқ мекунанд ва шинохти асл ҳазорон нафарро боз ҳам сари он ақида меораду дигарбора мутамин месозад, ки читу гулии пахтагини мо садҳо бор беҳ аст аз синтетикаи хориҷиҳо. Инро раиси Палатаи савдо ва саноати кишвар Шариф Саид низ дар ҳузури рӯзноманигон иқрор кард.
Ҳадафҳои ҳукумат
Дар як нишаст бо рӯзноманигорон раиси Палатаи савдо ва саноат Шариф Саид дар мавриди рушди саноати кишвар сухан кушода, аввалан зикр намуд, ки Тоҷикистон сиёсати «дарҳои боз»-ро пеш гирифта, дар муносибат бо кишварҳои хориҷӣ қарор дорад ва дар ин бора Пешвои миллат, Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ таъкид доштанд. Ба изҳори ӯ, ҳадафи асосии сиёсати хориҷӣ ба таъсиси бозори иқтисодии муосир, рушди соҳибкорӣ, суди ҳакамӣ, арбитражи байналмилалии тиҷоратӣ, баланд бардоштани молҳои рақобатпазири Тоҷикистон дар ҳама самтҳо нигаронида шудааст.
Таъкид гашт, ки дар стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 гузариш аз кишвари аграрию саноатӣ ба саноатию аграрӣ пешбинӣ шудааст. Нуқтаи хело муҳим барои расидан ба ин ҳадафҳо таҳкими захираҳои давлатӣ ва хусусӣ, гузариш аз истиқлолияти энергетикии кишвар ба истифодаи сарфакоронаи нурӯи барқ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ба кишвари транзитӣ табдил ёфтан, инчунин таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ бо сифати баланди ғизо мебошад. Ба изҳори Шариф Саид, Президенти кишвар дастгирии давлатии соҳибкориро самти афзалиятноки сиёсати иқтисодӣ эълон доштанд ва як қатор воситаҳоро барои мусоидат ба рушди бахши хусусӣ таъсис доданд. Ӯ гуфт, вазифаи Палата ҳамчун пайвандгари сармоягузорон бо соҳибкорон, шарикии давлат ва бахши хусусӣ бо назардошти пешниҳодот аз ҳисоби тиҷорат ва мусоидат дар ин самт мебошад. Аммо натиҷаҳо то куҷо амалишавии ин ҳадафҳоро нишон медиҳанд?
Аз куҷо то ба куҷо?
Чун сиёсати хориҷӣ ва ҳамоҳангиҳои муштарак зикр гашт, қайд гардид, ки барои густариши равобити хориҷӣ муроҷиатномаи раиси ПСС ҶТ Шариф Саид «Дар бораи ҳамкорӣ», «Оид ба таҳвили маҳсулоти хоҷагии қишлоқ», «Оид ба мусоидат ба масоили муҳоҷирати меҳнатӣ» ба зиёда аз 200 кишвари дунё фиристода шуд. ПСС фаъолона бо намояндаҳои СММ, Иттиҳоди Аврупо, Бонки байналмилалӣ, АБР, МВФ, EБPP, GIZ, JIСA, ACDN, ITC ва ғайра ҳамкорӣ менамояд. Ҳамзамон, аз қавли роҳбарияти ин сохтор, ПСС ҶТ узви комилҳуқуқи Федератсияи ҷаҳонии палатаҳои савдо, Палатаи савдои байналмилалӣ, Шӯрои сарони Палатаҳои савдои давлатҳои иштирокчии ИДМ, Шӯрои байнидавлатии намоишгоҳӣ ва тиҷоратии ИДМ, Бюрои байналмилалии намоишгоҳӣ, Палатаи савдои байналмилалии Роҳи Абрешим, Палатаи савдо ва саноати исломӣ, ПСС ЭКО, ПСС Конфедератсияи Уқёнуси Ором, Конгреси байналмилалии саноатчиён ва соҳибкорон аст. Гуфта мешавад, ин равобити густурда имкон медиҳад, то Тоҷикистон барои муаррифӣ ва содироти маҳсулоти саноатии худ дар хориҷ имкони мусоид дошта бошад ва ҳамзамон мудавом намоишгоҳҳои корхонаҳои давлатҳои хориҷро дар кишвар роҳандозӣ созад.
Ба изҳори роҳбарияти ПСС ҶТ, роҳандозӣ гардидани Павилиони ҶТ-ро дар Остона яке аз чораҳои муҳими соҳа метавон унвон кард. Тавре Шариф Саид изҳор кард, дар қатори дигар чорабиниҳои муҳим 10-уми июн дар Остона роҳбарияти ПСС дар кушодашавии расмии Намоишгоҳи байналмилалии махсусгардонидашудаи ЭКСПО-2017 бо шиори «Энергияи оянда» ширкат варзид. Ҳамчунин, 12-уми июн дар Остона дар чорчӯбаи ЭКСПО-2017 намояндагии Тоҷикистон дар шахси роҳбари ПСС дар кушодашавии расмии Павилиони Тоҷикистон ва рӯзи миллии ҶТ дар ЭКСПО-2017 ширкат дошт. Муҳимияти асосии ин гуна чорабинӣ ва намоишгоҳҳову ярмаркаҳо боз ҳам рушди соҳаи соҳибкорӣ ва дарёфти василаҳои пешрафти соҳа аст. Тавре зикр гашт, баргузории намоишгоҳҳо, ярмаркаҳо ва ҳамоишҳо ба эҷоди равобити қавӣ бо истеҳсолкунандагон, баланд бардоштани фаъолияти соҳибкорӣ, бастани шартномаҳои ҳамкорӣ ба ҷалби сармоягузорон ва соҳибкорон барои истеҳсоли молҳои ба рақобат ва ба содирот нигаронидашуда мусоидат мекунад.
Ба гунаи мисол, дар баробари чандин ҳамоишу намоишгоҳҳо, ки дар ҳамкорӣ бо соҳибкорони Қазоқистон, Британияи Кабир ва чанд давлати дигар доир шуд, моҳи феврали соли ҷорӣ ширкатҳои Тоҷикистон дар 24-умин намоишгоҳи маҳсулоти хӯрока, нӯшокиҳо ва ашёи хом барои истеҳсоли онҳо «ПРОДЭКСПО-2017» иштирок намуданд. Зикр гардид, ки дар экспозитсия меваҳо, асал, меваҳои хушк, ки хело сифати баланд доштанд, ба намоиш бароварда шуд.
Ҳамчунин, моҳи апрели соли равон дар Маркази савдои «Пойтахт-90» намоишгоҳи саноатии Ӯзбекистон доир шуд, ки дар он 160 корхона маҳсулоти худро ба намоиш бароварданд. Ҳамзамон, моҳи июн бо иштироки намояндагони ширкати «Тоҷиагролизинг» ва зиёда аз 50 хоҷагиҳои деҳқониву фермерӣ дар ноҳияи Ҳисор ҳамоиш доир шуд. Дар ин баробар, ҳамон шабу рӯзҳо дар шаҳри Хуҷанд 4-умин Ярмаркаи байналмилалии тиҷоратӣ – «Суғд-2017» бо иштироки зиёда аз 270 ширкаткунанда аз 10 кишвари дуру наздик ва 23 ташкилоти байналмилалӣ доир гашт. Дар чорчӯбаи ярмарка рӯнамоии технологияи пешрафтаи ширкатҳо аз Русия, Қазоқистон, Белорус, Қирғизистон, ҶМЧ, Лаҳистон, Ӯзбекистон ва Ливия баргузор гардид. Тавре зикр шуд, мақсад аз роҳандозии ин гуна намоишгоҳу ярмаркаҳо пеш аз ҳама ба маъраз баровардани маҳсулоти босифати ватанӣ ва дар ин баробар дидор бо шарикони хориҷиву роҳандозии шартномаҳои ҳамкорист.
Ба қавли Шариф Саид, дар ҳама ҳолат, пеш аз ҳама дар дохили кишвар онҳо талош меварзанд, то манфиатҳои давлат, мардум ва соҳибкорони тоҷик дар мадди аввал гузошта шавад.
Лимӯи давогии мо доруи Русия?
Чун дар мавриди ҳифзи манфиатҳои мардум сухан рафт, бояд гуфт, ки барои фароҳам сохтани зиндагии шоистаи омма имконоти таббиии мо зиёд аст. Аммо он то куҷо истифода мешавад? Мисоли оддӣ, дар ҳоле мо кишвари аграриву пахтаву пиллапарвар ҳастем, анвои матоъу маҳсулоти пастсифати фаровон ва ҳатто ҷӯробҳои арзон, аммо синтетикаи зиёнрасон аз хориҷ хеле зиёд ворид мегардад. Суоли мо низ аз роҳбарияти ПСС ҶТ Шариф Саид ҳамин буд, ки оё намешавад ҷойи маблағи зиёд сарф карда, ҳатто ҷӯроби синтетикиро аз хориҷ овардан корхонаҳои истеҳсоли нахи ватаниро фаъол гардонему худро аз вобастагӣ раҳонем?
Шариф Саид бо тасдиқи ин авзоъ гуфт: «Шахсан ман тарафдори он нестам, ки мардуми мо синтетика пӯшанд. Чун он ҳаворо намегузаронад ва ба ҳеҷ ваҷҳ ҷойи нахи пахтаву пиллаи таббиии моро намегирад. Вале, дуруст аст, ки маҳсулоти мо бештар чун ашёи хом содирот мешаваду дар ҳақиқат ҳеҷ зарурат нест, ки мо ҳатто ҷӯробро аз хориҷа ворид намоем. Барои ин бояд соҳибкорони ватании мо фаъол бошанд ва ҳарчи бештар истеҳсолоти дохилиро ба роҳ монанд. Аммо, чун аксарият ҳарчи зудтар мехоҳанд даромад ба даст оранд, истеҳсолот не, тиҷоратро дар аввал мегузоранд». Ба изҳори ӯ, дар асл ҳам нахи аълои мо беҳ аз моли Чину Туркия аст ва соҳибкоронро мебояд фикри ҳарчи зудтар даромади осон ба даст овардан накарда, ҷойи ин қадар маҳсулоти сифаташ паст ба кишвар технологияи замонавӣ ворид созанд ва корхонаҳои хурди истеҳсолиро ба роҳ монанд. Он гоҳ ҳам нерӯи кории мардум истифода мешавад ва ҳам ашёи хоми мо дар дохил коркард гашта, беҳтарин молу маҳсулоти табиӣ пешниҳоди омма мегардад. Ин манфиат ба халқи худ мешуду даромад ба буҷаи давлат, на ба кисаи кадом як хориҷӣ.
Вақте дар баробари дигар имконоти таббииву ашёи хоми ватанӣ оид ба гиёҳҳои нодири шифобахшамону ҳолати дорусозӣ сухан рафт, Шариф Саид як ҳодисаи ҷолиби диққатро ёд овард. Мавсуф гуфт: «Чанде пеш дарди гӯлу азобам доду дар шифохонаи ҳукуматӣ бистарӣ шудам. Табиб барои даво як дору фармуд ва хостам онро аз доруфурӯшии назди бемористон харидорӣ намоям. Доруи нархаш арзон ҳам не. Аммо чӣ мегӯед, ки таркибаш лимӯву истеҳсолаш Русия. Бинед, аз Белорусияву Русия ва дигар давлатҳо ба кишвари мо чӣ қадар доруҳои ҳархеле ворид мешавад. Аммо, бигӯед, ки беҳтарин лимӯ, табиитарин меваву гиёҳ дар куҷо мерӯяд? Дар Тоҷикистон, дар кишвари мо. Пас, мо бояд худ коркарди ин номгӯ маҳсулотамонро ба даст бигирем, на ин ки он ба хориҷ содирот гашта, баъд коркард ва бо нархи гарон ба худамон фурӯхта шавад».
Дар асл ҳам бигирем, солҳои ахир гарчи рӯз ба рӯз нархи меваҷоту ҳатто хушкмеваи табииямон боло меравад, ҷониби Русия сӯи ангурзору дигар боғот ва полизи Тоҷикистон даҳони во дораду дер боз баъзе роҳбарони аз хушкмеваҳоямон айбҷӯ ба вассофӣ гузаштаанд. Шояд ин ҳам василаест барои комгорӣ аз неъмати бебаҳо?
Молҳои Ҳиндустону асали тоҷикии босифаттар аз ҳамаи он
Аз зиёд намоишгоҳҳои дар кишвар доиршуда намоиши молҳои Покистон ва Ҳиндустон ҳар дафъа нисбатан серодам менамояд, чун сифат ва номгӯи маҳсулоти пешниҳодмекардаашон то ҷое хуб аст. Ин навбат низ дар намоишгоҳи молҳои Ҳиндустон таваҷҷӯҳ зиёд буд, зеро фарҳангашон ба мо наздикӣ дораду номгӯи маҳсулоти ороишӣ, заргариву либосворӣ ва зиёда аз ин, масолеҳи чӯбкориву технологӣ ва доруворияшон мувофиқи талабот буда метавонад. Чун ҳамешагӣ ғурфаҳои либосвориву сарбанду заргарияшон серодам ба назар мерасид. Аммо, бо вуҷуди ҷавоҳироти хуб оро додашудаи пешниҳодкардаашон, буданд нафароне, ки мегуфтанд: «Ба ростӣ, ки аз ин ҳама зебу зиннат дида сангҳои пурбаҳои кӯҳистонамону бирӯзаи Бадахшон аълосту ороишоти «Рухом» дар ҷойи аввал». Ин андеша баҷой ҳам ҳасту ба назар мерасид, ки зиёд нафарон баъди наззора аз ҷавоҳироти заргарони ватанӣ харидорӣ менамуданд. Дуруст аст, ки чойҳои омодамекардаи ширкатҳои ин кишвар хуштамъанду талабгори зиёд ҳам доранд. Аммо, бо дидани ин ҳама таваҷҷӯҳ як нафар ҷавонмарди кишоварз, ки бо ҳамсараш дар намоишгоҳ давр мегашт, иддао кард: «Гуфта метавонед, ки чӣ қадар зиёд аст дар табиати мо гиёҳҳои хушбӯйи табииву давобахш, ки аз онҳо мешавад чойи хуштамъ омода кард? Хеле зиёд. Танҳо ҳисси диёрдорӣ мебояду кору масъулият. Ана, дар пеши дари даромадгоҳ чанд нафар асали тозаи кӯҳӣ ва чанд номгӯ баргу гули гиёҳҳои давоиву шаҳди гулҳои таскинбахш ба маъраз баровардаанд. Шоҳидам, ки чанд нафар намоишгоҳ надаромада, аввал аз асали табиии диёрамон харидорӣ карданд. Худ, ки занбӯрпараварам, ин ҳолат диққати маро ҷалб кард. Борҳо бо асали тозаи кӯҳистонамон хориҷи кишвар ба намоишгоҳ баромадаем ва ҳар замон шаҳди гулҳои мо ҳамчун асали табиии аз ҷиҳатӣ экологӣ тоза баҳои баландтаринро мегираду ҳуҷҷати тасдиқкунанда низ».
Воқеан ҳам, моро месазад барои тарғиби истеҳсолоти худӣ на камтар аз дигарон талош варзем.
Намоишгоҳи корхонаҳои ватанӣ – роҳкушоӣ барои худ
Бо ташаббуси Палатаи савдо ва саноати ҶТ рӯзҳои 27-29-уми июл дар маҷмааи «Кохи Борбад» намоиши истеҳсолоти корхонаҳои ватанӣ доир гардид, ки дар он ҳамзамон намояндагии 14 давлати дигар ва дар маҷмӯъ 88 корхонаи истеҳсолӣ бо шумули ширкатҳои бонуфуз аз Федератсияи Россия, Ҷумҳуриҳои Белорус, Ӯзбекистон, Лаҳистон, Олмон, Корея, Индонезия, Ҳиндустон, Чин, Афғонистон, Покистон, Аморати Муттаҳидаи Араб ва Тоҷикистон иштирокдор буданд. Тавре рафти намоишгоҳ нишон дод, корхонаҳои иштирокчӣ онҳое буданд, ки молу маҳсулоташон мутобиқи талаботи замон ва дорои сатҳу сифати хуб аст. Баъд аз ифтитоҳи намоишгоҳ ва муаррифии корхонаҳои ширкаткунанда худи ҳамон рӯз дар Кохи «Борбад» Бизнес-форуми доираҳои соҳибкорони ватанӣ ва хориҷи кишвар баргузор гашт. Дар оғози Бизнес-форум муовини раиси ПСС Манзура Рустамова изҳори назар карда, гуфт: «Ҳадаф аз ташкил намудани намоишгоҳ кӯмак намудан ба ширкатҳои ватанӣ дар масъалаи ёфтани мавқеи худ дар бозор, шинос ва муаррифӣ намудани харидорон бо молу маҳсулоти корхонаҳо ва ширкатҳои ватаниву хориҷӣ мебошад».
Раиси ПСС Шариф Саид ҳангоми суханронӣ самтҳои афзалиятноки ҳамкориро ном бурд, ки аз ҷониби намояндагони давлатҳо ва ширкатҳои иштирокдор мавриди таваҷҷӯҳ қарор дода мешаванд. Аз ҷумла, гидроэнергетика, кӯҳканӣ, коркарди сангҳои қиматбаҳо, нимқиматбаҳо ва металҳои ранга, саноати сабук, хӯрокворӣ, соҳаи кишоварзӣ (чорводорӣ, моҳипарварӣ, парандапарварӣ, занбӯри асалпарварӣ, тухмипарварӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ), сохтмони роҳҳо, пулҳо, нақбҳо ва хонаҳои баландошёна, истеҳсоли маводи сохтмон, соҳаи тандурустӣ (гиёҳҳои шифобахш), соҳаи маориф, инфраструктураи сайёҳӣ, ҳунарҳои мардумӣ, ҷалби устодони бофтани қолинҳои дастӣ ва пайдо намудани бозор барои онҳо. Ба қавли ӯ, ин гуна намоишгоҳҳо дари боз ва роҳи фарозест барои соҳибкорони ватанӣ, ки баробари ба маъраз баровардани маҳсулоти худӣ ҳамзамон аз доираи соҳибкорону ширкатҳои иштирокдор шарикони боэътимоди хешро пайдо намоянд.
Дар ин баробар, намояндагони палатиҳои савдо ва саноату ширкатҳои Белорус, Афғонистон, Корея ва чанди дигар сухан гуфта, аз рушди ҳамкориҳои минбаъда изҳори умедворӣ намуданд.
Бояд гуфт, дар намоишгоҳи мазкур боз ҳам истеҳсолоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, соҳаи тандурустӣ, заргариву чӯбкорӣ ва амсоли он мавриди таваҷҷӯҳи ҳозирон қарор дошт. Чашмрас ва хушҳолкунанда буд, ки якчанд корхонаи навбунёди дорусозии ватанӣ маводи дорувории истеҳсолнамудаи хешро ба намоиш гузошта буданд. Доруворе, ки ҳамагӣ аз гиёҳҳои шифобахши диёр таркиб ёфтаанд. Ҳамзамон, дар баробари наззораи ғурфаҳои молу колои Афғонистону Қазоқистону Белорус ва ғайра таваҷҷӯҳ ба растаи заргарони мо зиёд буд. Хушоянд буд, вақте яке аз бонувони фаъол, ҳунарманди мардумӣ Покизамо Руҳуллоева гуфт: «Ороишоти заргариву сангҳои қиматноки таббиии мо якҷо бо ҳунарҳои мардумӣ дар Намоишгоҳи Ҳиндустон, ки аз 1-ум то 26-уми феврал дар ин кишвар гузашт, ҷойи аввалро соҳиб гашт. Ин нишони ҳунари воло ва шинохти ҳама ганҷи гаронбаҳои мост».
Дар қатори дигар корхонаҳои ватанӣ растаи ширкатҳои кабелбарории мо таваҷҷӯҳи меҳмонони хориҷиро зиёд ҷалб кард. Таври маълум, корхонаи «Талко» яке аз беҳтарину пуриқтидортарин корхонаҳои ватании мост ва пешниҳодоти ин гуна ширкатҳо нуфузи саноати ватаниро чӣ дар намоишгоҳҳои дохиливу чӣ дар хориҷ боло мебарад. Хуб аст, ки намояндаи расмии «Мотороллер» дар Тоҷикистон амал мекунад ва натиҷаи ҳамкории дуҷониба – мотороллерҳои сечархаи боркаш ба маъраз бароварда шуда буд. Дар намоишгоҳ ҳамзамон корхонаҳои хоси мошинбарории Русия ва бахусус Белорус ширкат доштанд. Итминон аст, ки ҳамкорӣ бо ширкатҳои мошинсозӣ ин бахшро низ дар Тоҷикистон фаъол мегардонад. Бино ба хабарҳо, дар Тоҷикистон кушодани намояндагии автозаводи Ravon (истеҳсоли автомобилҳо) ба нақша гирифта шуда, тасмим сари роҳандозии он ҷиддӣ мавриди назар аст.
Аз ҳама ҷолиби диққат маҳсулоти корхонаи навбунёди «Адл» буд, ки хос барои кӯдакону наврасон молу ашё истеҳсол месозад. Таври маълум, таваҷҷӯҳ ба рушди саноат дар кишвар ва пешбурди фаъолияти корхонаҳои ватанӣ имкон медиҳад, то соҳибкорони мо раванди фаъолияти хешро вусъат бахшанд. Тавре масъули коргоҳи «Адл» Файзулло Маҷидов изҳори назар кард, маҳз талаботи мардум ба навъи маҳсулоти истеҳсолмекардаи онҳо заминаи роҳандозии ин коргоҳ гардидааст. Ӯ мегӯяд, фаъолияти корхона аслан ба барориши алвонҷакҳои махсус барои кӯдакони навзод ва навъҳои гуногуни бозичаҳо равона шуда, ин ҷо 40 нафар кормандон кор мекунанд. Ба изҳораш, фаъолияти коргоҳи онҳо як сол муқаддам роҳандозӣ гардида, дар он 15 номгӯ маҳсулот коркард мешавад.
Файзулло Маҷидов мегӯяд: «Корхонаи мо дар кишвар ягона коргоҳест, ки ба истеҳсоли чунин навъи маҳсулот машғул аст. Ашёи хомро мо аз Русия ва Эрон ворид намуда, маҳсулоти босифати ниёзи мардум омода менамоем. Муҳимаш он аст, ки маҳсулоти омодамекардаи мо аз ҷиҳати экологӣ тоза буда, нархаш барои мардум дастрас аст. Мо ният дорем ҳаҷми истеҳсолотро беш гардонида, сафи кормандони сехро дар мӯҳлати наздик ба 100 нафар бирасонем».
Дарвоқеъ, дар ҳоле мардум аз маҳсулоти пастсифати Чину дигар давлатҳо гила доранду рафҳои бозорҳои моро бозичаҳои резиниву пластмасии хориҷӣ пур кардааст, чаро маҳсулоти ниёзи мардум – хос барои кӯдаконамон бо истеҳсолоти ватаниву ҷавобгӯи стандарт набошад? Чаро ҷойи ба кисаи тоҷирони хориҷӣ рехтани маблағи ҳангуфт пули мардум дар рушди маҳсулоти ватанӣ кор надиҳад?
Мардуми кишвар талабгори истеҳсолоти ватанӣ ҳастанд ва соҳибкорони моро лозим меояд барои рушди иқтисоди кишвар, роҳандозии корхонаҳои беши ватанӣ ва саҳм гузоштан дар беҳбуди рӯзгори мардум талош варзанд.
Нияти фардо
Тавре аз ПСС маълумот ироа медоранд, 24-28-уми августи соли 2017 соҳибкорони мо дар Урумчӣ, дар намоишгоҳи байналимилалии «ЕХРО Чин-АвруОсиё» дар соли 2017» иштирок хоҳанд кард. Ҳамчунин, моҳи сентябри соли равон дар Тошканд – пойтахти Ӯзбекистон якумин Намоишгоҳи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад. Моҳи ноябри соли 2017 бошад, намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалии махсуси Покистон ЭКСПО-2017 дар шаҳри Карочӣ иштирок хоҳанд кард, ки ин намоишгоҳҳо албатта ба манфиати соҳибкорони мо ва корхонаҳои ватанист.
Ногуфта намонад, ки вақте паёпай дар «Кохи Борбад», «Пойтахт-90» ва Филармонияи давлатӣ намоишгоҳҳо доир мешуд, Манзура Рустамова он масъаларо дар миён гузошт, ки барои гузаронидани чунин чорабиниҳо макони хос зарур аст. Гарчанде, ба гунаи мисол, «Кохи Борбад» хеле барҳавосту макони «Меҳргон» қулайтар аз он, ба изҳори аксари соҳибкорони ватанӣ, барояшон доштани макони хоси гузаронидани намоишгоҳҳо хеле судманд мебуд.
Ҳамакнун, ба қавли Манзура Рустамова, ин мушкил дар сатҳи роҳбарияти ҳукумат ҳаллу фасл шуда, интизор меравад беҳтарин иншооту макон барои соҳибкорон омодаву пешниҳод гардад. Шояд дар он сурат соҳибкорони мо бештар аз пештар дар андешаи рушди саноати ватанӣ шаванд.
Зулолаи НУР