«Пешбурди сиёсати оқилона ва устувори молиявӣ дар тамоми давру замон омили асосии суботи давлат мебошад».
Эмомалӣ Раҳмон
Тӯҳфаи арзанда ба кормандони молияи шаҳр
Дар доираи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии кишвар бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Вазорати молияи кишвар ва МИҲД-и шаҳри Левакант барои кормандони Раёсати Вазорати молия дар шаҳри Левакант бинои хуштарзу замонавӣ бо тамоми шароити кори мавриди истифода қарор дода шуд. Ифтитоҳи чунин як бинои замонавӣ барои кормандони ин Раёсат руҳияи онҳоро баланд карда, ҳама донишу малакаи касбии худро барои таъмини саривақтии қисми даромади буҷети шаҳр равона карда, маблағҳои буҷетро сарфакорона истифода намуда, саривақт музди меҳнати кормандони соҳаи буҷетиро пардохт намоянд.
Дастуру супоришҳо саривақт амалӣ мешаванд
Сайдаҳмадзода Шуҳрат сардори Раёсати Вазорати молия дар шаҳри Левакант иттилоъ дод, ки бахши молия соҳаи муҳими иқтисодиёти миллиро, ки ба фаъолияти институтҳои молиявӣ алоқаманданд, дарбар мегирад ва дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат як силсила қонунҳо қабул гардиданд, ки барои рушди соҳаи молия дар кишвар заминаи ҳуқуқӣ гузоштанд.
Номбурда илова намуд, ки Раёсати Вазорати молия дар шаҳри Левакант дар семоҳаи аввали соли 2024 баҳри амалӣ намудани сиёсати хирадмандона ва оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми солонаашон баён доштанд, корҳои зиёдеро ба сомон расонидаанд.
Ҳамчунин, ҳамсуҳбати мо афзуд, ки бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат дар солҳои Истиқлолият бахши молияи иқтисодиёти миллӣ дар асоси талаботи ислоҳоти бозорӣ ва бо назардошти таҷрибаи давлатҳои мутараққӣ ташаккул ва инкишоф ёфт. Имрӯз соҳаи молия ба бахши муҳими иқтисодиёти миллӣ табдил ёфта, дар рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакат нақши муҳим мебозад.
Тасдиқи буҷет
Ӯ қайд кард, ки ҳаҷми умумии буҷети шаҳри Левакант дар соли 2024-ум дар асоси қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Левакант аз 26-уми декабри соли 2023-юм таҳти №293 аз ҳисоби ҳама манбаъҳои маблағгузоришаванда ба маблағи зиёда аз 70 миллион сомонӣ, аз он ҳиссаҷудокунӣ ба буҷети вилояти Хатлон ба маблағи бештар аз 16 миллион сомонӣ қабул карда шуда, хароҷоти буҷети маҳаллӣ ба маблағи 53 млн 956,8 ҳазор сомонӣ тасдиқ карда шудааст.
Гуфта шуд, ки буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар соли 2024-ум ҳамагӣ ба маблағи 22 млн 578,6 ҳазор сомонӣ, аз ҷумла аз ҳисоби ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ ба маблағи 9 млн 895,1 ҳазор сомонӣ ва аз ҳисоби корхонаҳои ғайрибуҷетӣ ба маблағи 12 млн 683,5 ҳазор сомонӣ тасдиқ карда шудааст.
Талошҳо баҳри иҷрои пурраи қисми даромади буҷети шаҳр
Мавсуф ҳамчунин афзуд, ки заҳматҳои шабонарӯзии блоки иқтисодии шаҳри Левакант буд, ки дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллӣ шаҳри Левакант дар умум бо назардошти нақшаи вилоят ва аз рӯйи контингенти умумӣ бо дарназардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ ба андозаи 98 дарсад таъмин гардида, ба буҷет 21 млн 750,1 ҳазор сомонӣ ворид гардидааст.
– Нақшаи даромади андозҳои буҷети маҳаллӣ бошад, бе назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ ба андозаи 102 фоиз таъмин гардида, ба ҷойи 18 миллиону 472,2 миллион сомонии пешбинишуда, ба маблағи 18 млн 871,9 ҳазор сомонӣ ба буҷет ворид гардидааст, ки нисбат ба нишондиҳандаҳои нақшавӣ ба маблағи 399,7 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад, -илова кард ӯ ва гуфт, ки нақшаи қисми хароҷоти буҷети маҳаллӣ дар семоҳаи соли 2024-ум ба андозаи 100 дарсад таъмин гардида, ба ҷойи 13 млн 537,9 ҳазор сомонии пешбинишуда 13 млн 439,1 ҳазор сомонӣ ба соҳаҳои буҷетӣ равона карда шудааст.
Қарздорӣ ва қафомонии музди меҳнат ҷой надорад
Зикр карда шуд, ки маблағҳои равонагардида барои пардохти моддаҳои ҳимояшаванда ба маблағи 13 млн 539,1 ҳазор сомонӣ 100 фоизро ташкил дода, аз ҷумла пардохти фонди ҳифзи меҳнати ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ ба маблағи 11 млн 827,3 ҳазор сомонӣ ё 87,3 фоизи нақшаи қисми хароҷотро ташкил медиҳад, пардохтҳо барои хизмати коммуналӣ ва алоқа 78 ҳазор сомонӣ, кӯмакпулиҳо 72,1 ҳазор сомонӣ ба соҳаҳо равона карда шудааст.
Ба соҳаҳои иҷтимоӣ, маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва варзиш 11 млн 969,4 ҳазор сомонӣ равона гардидааст, ки ин 88,4 фоизи нақшаи умуми қисми хароҷотро ташкил медиҳад.
Сардори Раёсати Вазорати молия дар шаҳри Левакант илова кард, ки ҳиссаҷудокуниҳо ба буҷети вилоятӣ аз андозҳои танзимшаванда дар се моҳи соли равон ба малағи 3 млн 246,4 ҳазор сомонӣ равона карда шудааст.
Дар давраи ҳисоботӣ фонди музди меҳнати ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ пурра пардохт гардида, қарздорӣ аз ҳисоби музди меҳнат ва фонди нафақа дар ташкилоту муассисаҳои буҷети маҳаллӣ вуҷуд надорад.
Бақияи андоз кам карда шуд
Роҳбарияти Нозироти андози шаҳри Левакант ва Раёсати Вазорати молия дар шаҳри Левакант баҳри кам кардани бақияпулиҳои андоз аз ҳама имкониятҳо истифода карда кӯшиш доранд, ки бақияи қарзро дар шаҳр кам ва пурра аз байн баранд.
Сайдаҳмадзода Шуҳрат афзуд, ки бақияи қарзи андозҳо ба ҳолати якуми январи соли 2024-ум дар маҷмуъ 2 млн 240,9 ҳазор сомониро ташкил медод, ки он ба ҳолати якуми марти соли ҷорӣ 2 млн 190,3 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки ин нисбат ба аввали соли ҷорӣ 50,7 ҳазор сомонӣ кам аст.
Нақшаҳо баҳри пешрафт аст
Дар фарҷоми суҳбат сардори Раёсати Вазорати молия дар шаҳри Левакант қайд кард, ки дар оянда низ фаъолияти худро боз ҳам пурзӯр намуда, баҳри давлату миллати худ содиқона хизмат хоҳанд кард. Дар ин баробар аҳли кормандони Раёсати Вазорати молия дар шаҳр барои хуб истиқбол гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ ҳама талошҳои худро равона намуда, ният доранд ин санаи фархундаро бо дастовардҳои хуб истиқбол гиранд.
МТЖТ