Стратегияи идоракунии молияи давлатӣ барои давраи то соли 2030 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 январи соли 2020, №1446 тасдиқ гардида, дар доираи он қабули барномаҳои амали миёнамӯҳлат пешбинӣ шудааст. Ҳадафи асосии Барнома амалӣ намудани тадбирҳои мушаххас оид ба тақвияти унсурҳои заминавии ислоҳоти идоракунии молияи давлатӣ дар ҷумҳурӣ, аз ҷумла таҳкими интизоми маҷмӯии молиявӣ, иқтидорҳои муассисаву идораҳои калидӣ ва таъмини равобити самтҳои афзалиятноки миллӣ бо захираҳои молиявии давлатӣ, иҷрои босифати нишондиҳандаҳои буҷети давлатӣ ва истифодаи босамари он, такмили ҳуҷҷатҳои марбута, баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ, таъмини шаффофияти молиявӣ ва ҳисоботдиҳӣ, инчунин идоракунии хавфҳо дар бахши давлатӣ мебошад.

Сарраёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустамӣ Эмомалӣ, қарору фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастуру супоришҳои Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба роҳбарӣ гирифта, дар семоҳаи якуми соли 2024 корҳои назаррасеро ба анҷом расонид. Дар давраи ҳисоботӣ нишондиҳандаҳои макроиқтисодии шаҳри Душанбе мусбӣ арзёбӣ гардида, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 13,3 фоиз, гардиши савдо 12,4 фоиз ва хизматрасонии пулакӣ 24,8 фоиз нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд гардида, гардиши савдои хориҷӣ ба 287,3 млн. доллари ИМА баробар гардидааст.

Дар натиҷаи андешидани чораҳои зарурӣ иҷроиши нақшаи қисми даромади буҷет аз рӯи контингенти умумӣ бе назардошти андози иҷтимоӣ 110,4 фоиз таъмин гардида, ба ҷойи 938,2 млн. сомонии нақша ба буҷет 1036,1 млн. сомонӣ ворид гардид, ки нисбат ба нақша 97,9 млн. сомонӣ ва нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 ба маблағи 140,2 млн. сомонӣ зиёд мебошад.

Иҷрои нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллии шаҳри Душанбе ба андозаи 110,5 фоиз таъмин гардида, ба ҷойи 656,7 млн. сомонии нақша ба буҷет 725,5 млн. сомонӣ ворид гардид, ки нисбат ба нақша 68,8 млн. сомонӣ ва нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 ба маблағи 102,2 млн. сомонӣ зиёд мебошад.

Дар ин давра ҳамаи ноҳияҳои шаҳри Душанбе нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллии худро пурра таъмин намудаанд, ки он дар ноҳияи Шоҳмансур 105,5 фоиз, И.Сомонӣ 119,6 фоиз, Фирдавсӣ 108,5 фоиз ва Сино 100,9 фоиз иҷро гардидааст. Бақияи қарзи андозҳо дар шаҳри Душанбе ба ҳолати 1-уми марти соли 2024 маблағи 39,7 млн. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба аввали соли равон (40,5 млн. сомонӣ) ба маблағи 0,8 млн. сомонӣ кам гардидааст. Дар давраи ҳисоботӣ тибқи моддаи 13-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024” ба буҷети ҷумҳуриявӣ аз ҳисоби андозҳои танзимшаванда ба маблағи 307,4 млн. сомонӣ гузаронида шудааст. Ҳамзамон, аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ба буҷети шаҳри Душанбе барои иҷрои вазифаҳои пойтахт маблағи 8,8 млн. сомонӣ ворид гардид.

Тибқи моддаҳои 16 ва 20-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024” аз ҳисоби иҷрои барзиёди қисми даромади буҷети шаҳри Душанбе дар семоҳаи якуми соли ҷорӣ ба Фонди стабилизатсионӣ оид ба рушди иқтисодиёт ва ба суратҳисоби махсуси захираҳои иловагии молиявӣ барои маблағгузории сохтмони иншоотҳои муҳими давлатӣ мутаносибан 9,6 млн сомонӣ ва 1,2 млн. сомонӣ гузаронида шудааст. Хароҷоти буҷети шаҳри Душанбе дар доираи нақшаи пешбинигардида ва даромадҳои воқеии буҷетӣ ба роҳ монда шуда, ба соҳаҳои иқтисодиёти хоҷагии пойтахт зиёда аз 699,4 млн. сомонӣ, пеш аз ҳама, барои рушди иқтисодиёти пойтахт, таъмини ӯҳдадориҳои иҷтимоии давлат, мустаҳкам намудани базаи моддию техникии муассисаҳои соҳаи иҷтимоӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, сифати таълиму тарбия, солимии аҳолӣ ва сохтмони иншоотҳои муҳим равона карда шудааст, ки 97,9 фоизи нақшаро ташкил медиҳад. Инчунин аз ҳисоби маблағҳои махсус ба эҳтиёҷоти ташкилоту уассисаҳои буҷетӣ 81,0 млн. сомонӣ равона гардидааст. Соҳаҳои иҷтимоии буҷет афзалиятнок мансуб ёфта, дар давраи ҳисоботи барои таъмини пурраи ӯҳдадориҳои давлатӣ дар самти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, пардохти идрорпулӣ, ҷубронпулӣ, кӯмакпулиҳои иҷтимоӣ ва мустаҳкам намудани базаи моддию техникии муассисаю ташкилотҳои соҳаи иҷтимоӣ 339,7 млн. сомонӣ маблағгузорӣ карда шудааст.

Дар семоҳаи якуми соли 2024 дар ташкилоту муассисаҳои аз буҷети шаҳри Душанбе маблағгузоришаванда қарзи музди меҳнат вуҷуд надошта, ин масъала зери назорати доимӣ қарор дорад. Дар давраи ҳисоботӣ барои сохтмони иншоотҳои соҳаи маориф 24,9 млн сомонӣ, соҳаи тандурустӣ 10.0 млн сомонӣ, соҳаи фарҳанг 20,1 млн. сомонӣ ва соҳаи коммуналӣ 59.7 млн. сомонӣ, дар умум барои сохтмон, таҷдиду азнавсозии иншоотҳои сохтмонӣ 114.7 млн. сомонӣ, инчунин барои ҷуброни амволи иншоотҳои бартарафшавандаи соҳибмулкон 60,8 млн. сомонӣ равона карда шудааст. Барои сохтмон, таҷдид ва таъмири роҳҳои пойтахт маблағи 25.1 млн. сомонӣ равона карда шудааст. Дар семоҳаи якуми соли 2024 мувофиқи нақшаи кории назоратию иқтисодии Сарраёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе аз ҷониби шуъбаи аудити дохилӣ ва назорати сарраёсат дар 40 ташкилоту муассиса санҷишу таҳлилҳо гузаронида шуда, ба маблағи 318,4 ҳазор сомонӣ зарари молиявӣ ошкор гардидааст, ки маблағи мазкур дар давраи ҳисоботи пурра ба буҷетҳои дахлдор барқарор карда шудааст. Бояд қайд кард, ки дар семоҳаи якуми соли 2024 ба сарраёсат 262 ҳуҷҷат, аз ҷумла 17 адад қарору амрҳо аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 233 адад мактуб ва варақаҳои назорати аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва 12 адад аз вазорату идораҳо ва дигар муассисаҳои давлатӣ ворид гардида, тибқи тартиби муқарраргардида аз ҷониби кормандони сарраёсат мавриди баррасӣ қарор дода шудаанд. Сарраёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дар якҷоягӣ бо кормандони мақомоти андоз ҷиҳати босифат иҷро намудани қисми даромади буҷети маҳаллӣ, самараноку мақсаднок истифода бурдани маблағҳои буҷетӣ ва бо нишондиҳандаҳои хуби молиявӣ ҷамъбаст намудани нимсолаи якуми соли 2024 тамоми чораҳои заруриро меандешанд.

МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь