Ширкати Tcell дар бораи роҳандозии тарофаи нақшавии ҷадиди «Даркор», ки воқеъан ҳам барои муоиширати ҳаррӯза “даркору зарурист”,  хабар медиҳад. Ҳамчунин, навгонии хубе дар ростои рушди техникӣ дар минтақаҳо: Интернети баландсуръати стандарти 4G аз Tcell ба сокинони Данғараву Роғун дастрас шуд!

Ширкати Tcell аз рӯзҳои аввали роҳандозӣ ва пайдоиши алоқаи мобилӣ дар Тоҷикистон, аз пешоҳангони таъмини муштариён бо алоқаи стандарти 2G ва 3G маҳсуб меёфт. Аммо рушди технология дар як ҷо намеистад ва дар ин робита хостаҳои корбарони шабакаҳо низ тағйир меёбад. Агар қаблан барои муштариён дидани лентаи хабарҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва месенҷер-паёмрасонҳо кофӣ буд, ҳоло бештари корбарон ба мӯҳтаво (контент)-и “вазнин” таваҷҷуҳ доранд. Истифодабарандагони шабакаҳо ба боргирии босуръат ва калонҳаҷми наворҳо, гӯш кардани мусиқӣ, тамошои филму телевизион дар шакли мустақим (он-лайн) афзалият медиҳанд.

Барои онҳое, ки ҳисобу китоби трафик ва мегабайтҳои интернетро одат накардаанд ва аз ҳама имкониятҳои шабакаи ҷаҳонии интернет истифода бурданӣ ҳастанд, ширкати Тсеll тарофаи нави нақшавӣ бо номи “Даркор”-ро таҳия ва роҳандозӣ кард. Ба ин ҷадвал, тарофаҳои нақшавии «Даркор 19», «Даркор 35», «Даркор 59», «Даркор 159» ва «Даркор 199» шомил мебошанд. Ададҳо дар тарофаи нав ҳаҷми маблағи моҳонаи муштариро нишон медиҳанд. Бо истифода аз ин тарофа, корбар ҳаҷми бештари интернет ва мегабайтҳоро дарёфт карда, маблағи начандон зиёд сарф мекунад. Ҳамчунин, ҳар як тарофа дақиқаҳо барои занги баромад (ирсол)-ро дар Тоҷикистон, бастаи SMS (паёмакҳо)-ро дошта, зангҳо дар дохили шабакаи Tcell комилан ройгон мебошанд! Ҳамин тавр, «Даркор» – дар ҳақиқат «Зарурӣ ва Даркор» дар тамоми тарофаҳо аст.  

Тафсилоти бештарро дар бораи тарофаи нав аз сомонаи расмии ширкат пайдо карда метавонед.

Ширкати Tcell дар доираи стратегияи рушди техникии манотиқ сокинони Роғун ва Данғараро бо Интернети баландсуръати стандарти 4G таъмин кард! Мутахассисони ширкат дар маркази ин шаҳрҳо пойгоҳи вижаро васл карданд, ки он аҳолиро бо интернети 4G таъмин менамояд.

Ҳоло шаҳрҳои Данғара ва Роғун аз ҷумлаи шаҳрҳои рӯ ба рушд ва тезрушдкунандаи кишвари мо мебошанд.  Дар Данғара Минтақаи озоди иқтисодӣ (МОИ), ки инфрасохтори он дар ҳоли ташаккул ва таҳаввули ҳамарӯза қарор дорад, мавҷуд аст. Зимнан, дар ин ҷо корхонаҳои зиёди саноатӣ, заводу фабрикаҳо, идораҳои мухталиф, 2 донишгоҳ, коллеҷу литсейҳо ва иншооти муҳим қомат афрохта, фаъолият доранд. Дар Роғун бошад, бунёди неругоҳи бузурги тавлиди барқ (НБО-и Роғун) босуръат идома дорад.

«Рушди бонизоми корхонаҳои иқтисодиро имрӯз бе таъмини алоқаи боэътимод, аз ҷумла технологияҳои муосир дар бахши телекомуникатсия тасаввур кардан номумкин, ҳатто ғайриимкон аст. Фанновариҳои ҷадид аз қабили M2M, Internet of things  (манзур- абзорҳои мухталифи Интернет барои иртиботу табодулу ҳамкорӣ) сифати истеҳсолотро боло бурда, дар амри татбиқи ислоҳоту тағйироти иқтисодӣ мавқеъи аввалиндараҷа доранд. Барои ҳамин ҳам, имрӯз дар Роғун ва Данғараи рӯ ба рушд зарурати роҳандозии 4G аз Tcell пеш омадааст», – мегӯяд директори генералии ширкати Tcell Озодхон Давлатшоев.

Имконият ва дастоварди ҷадиди технологӣ имрӯз барои 25000 сокини ноҳияи Данғара ва 15000 сокини Роғун дастрас аст: онҳо метавонанд аз интернети баландсуръати 4G, ки суръаташ то 50Mbit/s истифода баранд!

Қаблан, дар моҳи сентябр Tcell шабакаи стандарти 4G-ро дар наздикии Боғи марказии шаҳри Хоруғ фаъол кард. Ин навгонии иноватсионӣ барои сокинони Хоруғ имкон фароҳам овард, ки ба барномаҳои таълимӣ, иттилоотӣ ва тафреҳии шабакаи ҷаҳонии интернет бо суръати 20 Мбит/с дастрасӣ пайдо намоянд! 

Бар пояи рушди техникӣ ва дурнамо, ширкати Tcell тасмим дорад шабакаи 4G-ро дар тамоми қаламрави Тоҷикистон роҳандозӣ намояд.    

___________________

Tcell – бузургтарин ширкати мухобиротӣ дар Тоҷикистон аст, ки саҳмдори ягонаи он Хазинаи Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) мебошад. AKFED – Агентии рушди байналмилалии пешбурди соҳибкорӣ ва таъсиси корхонаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ қобил. AKFED яке аз оҷонсиҳои системаи AKDN аст, ки барои беҳтар намудани имкониятҳо ва шароити зиндагии мардумони кишварҳои рӯ ба рушд тарҳрезӣ шудаааст. Оҷонсии AKDN барои некӯаҳволии ҳамаи шаҳрвандон, сарфи назар аз миллат, ҷинс ва ё дин фаъолият мекунад. Ҳадафи оҷонсии AKDN мусоидат ба рушди иқтисоди фаъол, сиёсӣ устувор, гуногунандешӣ ва фарҳангӣ таҳаммулпазирӣ дар Тоҷикистон аст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь