Бо мақсади ошноӣ аз фаъолияти Сарраёсати молия дар вилояти Суғд хабарнигори Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон бо сардори раёсати мазкур Мирзозода Анвар Сайфиддин суҳбати ихтисосӣ анҷом дод.

Мавсуф дар оғози суҳбат зикр намуд, ки бахши молия соҳаи муҳими иқтисодиёти миллиро, ки ба фаъолияти институтҳои молиявӣ алоқаманданд, дар бар мегирад ва дар даврони соҳибистиқлолӣ як силсила қонунҳо қабул гардиданд, ки барои рушди соҳаи молия дар кишвар заминаи ҳуқуқӣ гузоштанд.

Ҳамзамон, Мирзозода Анвар Сайфиддин илова намуд, ки Сарраёсати молия дар вилояти Суғд дар нимсолаи якуми соли 2022 баҳри амалӣ намудани сиёсати хирадмандона ва оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии ҷумҳурӣ” санаи 21-уми декабри соли 2021 баён доштанд, корҳои зиёдеро ба сомон расонд.

Ҳамчунин, ҳамсуҳбати мо афзуд, ки бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат дар солҳои истиқлолият бахши молияи иқтисодиёти миллӣ дар асоси талаботи ислоҳоти бозорӣ ва бо назардошти таҷрибаи давлатҳои мутараққӣ ташаккул ва инкишоф ёфт. Имрӯз соҳаи молия ба бахши муҳими иқтисодиёти миллӣ табдил ёфта, дар рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакат нақши муҳим мебозад.

Муроҷиати шаҳвандон

Мавсуф афзуд, ки давоми марҳилаи ҳисоботӣ ба Сарраёсати молия дар вилояти Суғд ҳамагӣ 64 дархосту муроҷиати шаҳрвандон (бо назардошти муроҷиати шаҳрвандоне, ки дар рӯзҳои қабули Раиси вилояти Суғд ворид шудаанд) ворид гардида, дар муҳлати муқаррарӣ мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор дода шуданд.

Инчунин, дар нимсолаи якуми соли 2022-юм ба Сарраёсати молия дар вилояти Суғд ҳамагӣ 2289 мактубу супоришҳо, аз ҷумла аз Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон – 96 адад, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд – 727 адад, раёсати молия дар шаҳру ноҳияҳо – 917 адад ва дигар ташкилоту муассисаҳо (шахсони ҳуқуқӣ) – 549 адад ворид гардида, дар асоси санадҳои қонунгузорӣ баррасӣ гардиданд. Аз натиҷаи баррасии ҳамаи муросилоти хаттӣ ба сохторҳои дахлдор ва шаҳрвандон маълумоту гузоришҳо пешниҳод гардиданд.

Натиҷагирӣ

Дар рафти суҳбат номбурда изҳор дошт, ки Сарраёсати молия дар вилояти Суғд якҷо бо сохторҳои дигари иқтисодии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар нимсолаи якуми соли 2022 ҷиҳати таъмини иҷрои нишондиҳандаҳои қисми даромад ва хароҷоти буҷети вилоят, маблағгузории саривақтии хароҷоти аввалиндараҷа ва умуман пешбурди сиёсати молияи давлатӣ дар вилоят тадбирҳои мушаххасро амалӣ намуд.

Мувофиқи маълумоти оморӣ дар моҳҳои январ-июни соли 2022-юм нишондиҳандаи кӯтоҳмуҳлати рушди минтақа дар вилоят ба 12 млрд. 506,2 млн. сомонӣ ва суръати афзоиш ба 107,3 фоиз баробар гардида, саҳми он дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 27,1 фоиз баробар шудааст.

Афзоиши нишондиҳандаи мазкур дар ин марҳила асосан аз ҳисоби афзудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 23,8 фоиз, кишоварзӣ 12,1 фоиз, маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ 4,1 фоиз, ба истифодадиҳии фондҳои асосӣ 13,4 фоиз, гардиши савдои чакана 5,0 фоиз, хизматрасониҳои пулакӣ 4,0 фоиз, гардиши савдои хориҷӣ 38,2 фоиз ва ғайра таъмин гардид.

Дар ин замина ва дар натиҷаи андешидани тадбирҳои зарурӣ нақшаи қисми даромади буҷети умумии вилоят (бе назардошти андози иҷтимоӣ) ба андозаи 106,3 фоиз иҷро гардида, ба буҷети давлатӣ 1 млрд. 789 млн. сомонӣ маблағ ворид карда шуд, ки ин нисбат ба нақша 106,3 млн. сомонӣ ва нисбати соли қаблӣ 249,5 млн. сомонӣ ё 16,2 фоиз зиёд мебошад.

Дар ҷамъбасти нимсолаи якум дар вилоят иҷрои нақшаи воридот аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои нақшавии даромади буҷет, ба истиснои андоз аз арзиши иловашуда (79,7 фоиз), пурраю барзиёд таъмин гардид.

Иҷрои буҷет

Ҳамзамон, ҳамсуҳбати мо афзуд, ки дар ин марҳила дар шаҳру ноҳияҳои Панҷакент иҷрои нақшаи 6 намуди даромад, Бобоҷон Ғафуров, Истаравшан, Мастчоҳ ва Спитамен 3 намуд, Бӯстон, Гулистон, Деваштич ва Истиқлол 2 намуд, Айнӣ, Ашт, Зафаробод, Исфара, Конибодом, Кӯҳистони Мастчоҳ, Хуҷанд, Ҷаббор Расулов ва Шаҳристон 1 намуди даромад таъмин нашуда, дар натиҷа ба буҷети давлатӣ 89,2 млн. сомонӣ, аз ҷумла ба буҷетҳои маҳаллӣ 34,1 млн. сомонӣ маблағ ворид нашуд.

Тибқи маълумоти пешакии мақомоти маҳаллии андоз дар нимсолаи якуми соли 2022-юм нақшаи андози иҷтимоӣ дар маҷмӯъ ба андозаи 104,8 фоиз ё ба маблағи 461,8 млн. сомонӣ, аз ҷумла аз ҳисоби андози иҷтимоии буҷетӣ 106,9 фоиз (166,4 млн. сомонӣ) ва ғайрибуҷетӣ 103,7 фоиз (295,3 млн. сомонӣ) таъмин гардидааст.

Дар давраи ҳисоботӣ муносибатҳои байнибуҷетӣ тибқи тартиби муқаррарӣ роҳандозӣ шуда, ба буҷети ҷумҳуриявӣ аз андоз ва даромадҳои умумидавлатие, ки аз андозсупорандагони дар ҳудуди вилоят қарордошта ворид гардид, ба маблағи 561,5 млн. сомонӣ ҳиссаҷудокунӣ гузаронида шуд, ки ин нисбат ба нақшаи тасдиқшуда 53,4 млн. сомонӣ ё 10,5 фоиз ва нисбати ҳамин давраи соли 2022-юм 179,9 млн. сомонӣ ё 47,1 фоиз зиёд мебошад.

Ҳамзамон, номбурда афзуд, ки нақшаи даромадҳо ба буҷети маҳаллӣ дар нимсолаи якуми соли 2022 ба андозаи 104,4 фоиз иҷро гардида, ба ҷойи 1 млрд. 175,5 млн. сомонии нақшавӣ ба буҷетҳои маҳаллӣ 1 млрд. 227,6 млн. сомонӣ ворид шуд, ки нисбат ба нақша 52,0 млн. сомонӣ ва нисбати ҳамин давраи соли сипарӣ 69,7 млн. сомонӣ ё 6,0 фоиз зиёд мебошад.

Дар марҳилаи ҳисоботӣ маблағи бақияи қарзи андозҳо нисбати аввали сол ба маблағи 4,8 млн. сомонӣ кам карда, ҳаҷми бақияпулиҳои андоз (бе назардошти қарзи Нозироти андозсупорандагони калон дар вилоят) дар ҳолати 1 июли соли 2022 дар вилоят ба 61,7 млн. сомонӣ баробар карда шуд. Маблағи бақияи умумии қарзи андозҳо, бо назардошти қарзи корхонаҳои Нозироти андозсупорандагони калон дар вилоят, ба 84,7 млн. сомонӣ баробар аст ва ин рақам нисбат ба аввали сол 3,9 млн. сомонӣ кам мебошад.

Дар идомаи суҳбат мавсуф махсус иттилоъ дод,ки маблағи асосии бақияпулиҳоро бақияи қарзи андози иҷтимоӣ ба маблағи 25,1 млн. сомонӣ (29,7 фоизи маблағи умумии бақияпулиҳо), андоз аз арзиши иловашуда 16,9 млн. сомонӣ (20,0 фоиз), дигар пардохтҳои ҳатмии ҷумҳуриявӣ 10,1 млн. сомонӣ (11,9 фоиз), андоз аз фоида 6,8 млн. сомонӣ (8,0 фоиз) ва ғайра ташкил медиҳанд.

Ҳаҷми бештари маблағи бақияпулиҳо ба Нозироти андозсупорандагони калони вилоят 23,0 млн. сомонӣ (27,1 фоизи маблағи умумии бақияпулиҳо) ва ба шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд 8,9 млн. сомонӣ (14,4 фоизи маблағи умумии бақияпулиҳо), Исфара 8,2 млн. сомонӣ (13,2 фоиз), Истаравшан 8,0 млн. сомонӣ (13,0 фоиз), Мастчоҳ 6,5 млн. сомонӣ (10,5 фоиз), Зафаробод 6,3 млн. сомонӣ (10,2 фоиз), Панҷакент 6,2 млн. сомонӣ (10,0 фоиз) ва боқимонда ба дигар шаҳру ноҳияҳо рост меояд.

Маблағгузорӣ ва хараҷоти он

Ҳамзамон, маълумот дода шуд, ки маблағгузории қисми хароҷоти буҷети вилоят дар нимсолаи якуми соли 2022 тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022» ва дар асоси қарорҳои Маҷлиси вакилони халқи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо ба роҳ монда, дар ин давра мувофиқи ҳисоби пешакӣ ба иқтисодиёту иҷтимоиёти вилоят, дар маҷмӯъ, 1 млрд. 213,5 млн. сомонӣ равона гардид, ки 99,9 фоизи нақшаи аниқшударо ташкил дода, нисбат ба нақша 1,2 млн. сомонӣ кам ва нисбат ба хароҷоти амалии ҳамин давраи соли гузашта 72,9 млн. сомонӣ ё 6,4 фоиз зиёд мебошад.

Дар маблағгузории буҷетҳои маҳаллӣ афзалият, чун ҳарвақта, ба хароҷоти соҳаҳои иҷтимоӣ – маориф, нигоҳдории тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва фарҳангу варзиш дода, барои маблағгузории соҳаҳои зикршуда дар ин марҳила 979,7 млн. сомонӣ масраф гардид, ки ба 80,7 фоизи ҷамъи хароҷоти амалии гузаронидаи буҷетҳои маҳаллӣ баробар мебошад. Дар нимсолаи якум маблағгузорӣ ба соҳаҳои иҷтимоӣ нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ ба андозаи 8,7 фоиз ё ба маблағи 78,2 млн. сомонӣ афзудааст.

Аз ҷумла, дар давраи ҳисоботӣ аз ҳисоби буҷети вилоят ба нигоҳдорӣ ва рушди муассисаҳои соҳаи маориф 590,0 млн. сомонӣ равона гардид, ки 99,9 фоизи нақшаро ташкил дода, нисбат ба нақшаи аниқшуда 0,6 млн. сомонӣ кам аст. Баробари ин, бояд қайд кард, ки маблағгузории буҷетӣ ба соҳаи маориф нисбат ба ҳамин давраи соли 2021-ум 47,6 млн. сомонӣ ё 8,8 фоиз зиёд шуда, хароҷоти соҳа дар хароҷоти умумии буҷети вилоят ба 48,6 фоиз баробар гардид.

Барои маблағгузории соҳаи тандурустӣ дар ин давра 255,3 млн. сомонӣ равона гардид, ки 99,9 фоизи нақшаро ташкил дода, нисбат ба нақшаи аниқшуда 0,2 млн. сомонӣ кам ва нисбат ба ҳамин давраи соли 2021-ум 7,6 млн. сомонӣ ё 3,1 фоиз зиёд мебошад. Дар марҳилаи ҳисоботӣ ҳиссаи хароҷоти соҳаи тандурустии вилоят дар хароҷоти амалии буҷетҳои маҳаллӣ ба 21,0 фоиз баробар шуд.

Мавсуф инчунин, иттилоъ дод, ки дар давраи ҳисоботӣ маблағгузориҳо бо назардошти хароҷоти сохтмони асосӣ ба соҳаҳои ҳокимият ва идораи давлатӣ 41,7 млн. сомонӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 13,2 млн. сомонӣ, хоҷагии манзилию коммуналӣ 105,3 млн. сомонӣ, фарҳанг ва варзиш 121,2 млн. сомонӣ, кишоварзӣ 10,3 млн. сомонӣ, саноат ва сохтмон 0,1 млн. сомонӣ, нақлиёт ва коммуникатсия 28,2 млн. сомонӣ ва хароҷотҳои ғайра 0,9 млн. сомониро ташкил дод.

Сифати иҷрои фаъолият

Дар нимсолаи якуми соли 2022 аз буҷети вилоятӣ ба маблағи умумии 149,9 млн. сомонӣ, аз ҷумла ба шаҳру ноҳияҳои Ашт 29,6 млн. сомонӣ, Деваштич 33,6 млн. сомонӣ, Зафаробод 9,0 млн. сомонӣ, Истиқлол 0,1 млн. сомонӣ, Исфара 21,4 млн. сомонӣ, Конибодом 14,0 млн. сомонӣ, Кӯҳистони Мастчоҳ 12,8 млн. сомонӣ, Мастчоҳ 0,8 млн. сомонӣ, Спитамен 5,9 млн. сомонӣ, Ҷаббор Расулов 11,2 млн. сомонӣ ва Шаҳристон 11,4 млн. сомонӣ субвенсия ҷудо гардид. Тазаккур бояд дод, ки маблағи мусоидати молиявии (субвенсияи) буҷети вилоятӣ 16,2 фоизи хароҷоти ҳақиқии буҷетҳои маҳаллии шаҳру ноҳияҳои вилоятро дар ин давра дар бар мегирад.

Дар давраи ҳисоботӣ ба суратҳисобҳои ягонаи хазинадорӣ оид ба маблағҳои махсуси ташкилоту муассисаҳои буҷети маҳаллӣ, дар маҷмӯъ, 97,3 млн. сомонӣ ворид ва 86,6 млн. сомонӣ харҷ гардид. Дар давраи ҳисоботӣ аз ҳисоби маблағҳои махсуси ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ аз рӯи меъёрҳои муқаррарӣ ба даромади буҷетҳои маҳаллӣ ҳамагӣ 4,5 млн. сомонӣ ворид карда шуд.

Дар ин марҳила ба буҷети маҳаллии вилоят аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ бо роҳи ҳисоббаробаркунии байнибуҷетӣ барои пардохти кӯмакпулии давлатӣ ба кӯдакони маъюби то синни 16-сола, ки мубталои вируси норасоии масунияти одам мебошанд, 129,0 ҳазор сомонӣ ворид гардида, мувофиқи мақсад масраф карда шуд. Инчунин, дар нимсолаи якум аз буҷети вилоятӣ ба буҷети маҳаллии шаҳру ноҳияҳо маблағҳои мақсаднок, дар ҳаҷми 3,0 млн. сомонӣ ҷудо ва интиқол дода шуд.

Дар моҳҳои январ-июни соли равон аз ҷониби шуъбаи аудити дохилӣ ва назорати Сарраёсати молия ва мутахассисони аудити дохилии раёсати молия дар шаҳру ноҳияҳои вилоят дар 186 ташкилоту муассиса аудиту таҳлил гузаронда, ба  маблағи умумии 6 млн. 352,9 ҳазор сомонӣ зарари молиявӣ ошкор гардид, ки аз он хароҷоти ғайриқонунии пулию молӣ 2 млн. 288,0 ҳазор сомонӣ, камомад ва тасарруфи воситаҳои пулию молӣ 674,1 ҳазор сомонӣ, зарар аз фурӯш ва иҷораи амволи давлатӣ 8,6 ҳазор сомонӣ, изофанависӣ дар корҳои таъмиру сохтмон 353,3 ҳазор сомонӣ, талафи воситаҳои пулию молӣ аз бесарусомонӣ 2 млн. 774,0 ҳазор сомонӣ ва маблағи кам ҳисобгардида ва рӯйпӯшнамудаи андозҳо 255,0 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Аз маблағи умумии зарари молиявӣ 2 млн. 220,9 ҳазор сомонӣ (35,0 фоиз), аз ҷумла ба буҷет 1 млн. 792,9 ҳазор сомонӣ ва ба ҳисоби корхонаҳо 428,1 ҳазор сомонӣ барқарор карда шуд.

Таҳлили фаъолият

Дар рафти суҳбат номбурда тазаккур дод, ки ғайр аз ин, дар ҷараёни аудиту таҳлилҳо камбудӣ ва норасоиҳое, ки ба зарари молиявӣ дохил намешаванд, ба маблағи умумии 388,5 ҳазор сомонӣ ошкор ва аз ин ҳисоб 386,6 ҳазор сомонӣ барқарор карда шуд. Ҳамзамон дар давраи ҳисоботӣ 59 маводи аудит, ба маблағи умумии 5 млн. 771,1 ҳазор сомонӣ, ҷиҳати баррасии минбаъда ва қабули қарори дахлдор ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурда шуд.

Дар фароварди суҳбат мавсуф қайд кард, ки мекӯшем фаъолияти худро беш аз пеш пурзур намоем ва баҳри давлату миллати худ содиқона хизмат намоем. Чунончи, Пешвои муаззами миллат аз кормандони давлатӣ тақозо менамоянд, ки бо дилу нияти пок ба давлату миллат хизмат намоед ва ин панди Пешвои миллат шиори мо аст ва албатта, тамоми донишу малакаи худро баҳри пешрафти давлату миллат сарф хоҳем намуд.

МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь