Бо мақсади ошноӣ аз фаъолияти Раёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор хабарнигори Маркази тадқиқотии журналистии Тоҷикистон бо сардори раёсати мазкур Арабов Миралӣ Сайвалиевич суҳбати ихтисосӣ анҷом дода, фишурдаи онро пешкашӣ хонандагон мегардад.

Мавсуф дар оғози суҳбат қайд кард, ки соҳаи молия дар пешрафти кишвар ва зиндагии мардуми он нақши калидӣ дорад, аз ин рӯ, мо талош мекунем, ки хидмати шоиста намоем. Ва албатта, Раёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор бо ҳамкорӣ бо Нозироти андоз ва муассисаю ташкилотҳои шаҳр баҳри дар амал татбиқ намудани Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи молияи давлатӣ”, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷиҳати таъмини иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои 2024” ва супоришҳои  Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди баланд бардоштани некуаҳолии шаҳрвандон, паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар шаҳр як қатор тадбирҳои заруриро ҳадафи асосӣ қарор доданд.

Дар идомаи суҳбат гуфта шуд, ки маоши кормандони тамоми соҳаҳо саривақт пардохт гардида, иҷрои нақша аз рӯи талабот ба пуррагӣ иҷро гардида истодааст.

Иҷрои буҷет

Номбурда тазаккур дод, ки иҷрои нақшаи даромади буҷети шаҳри Ҳисор дар семоҳаи якуми соли 2024 бо назардошти андози иҷтимоӣ 71608747 сомониро ташкил дода, иҷроиши он 73327503 сомонӣ, ки нисбати нақшаи пешбинигардида 1718756 сомонӣ зиёд мебошад.

Иҷрои нақшаи аниқшудаи даромади буҷети маҳаллии шаҳри Ҳисор дар семоҳаи якуми соли 2024 аз рӯи даромадҳои андозӣ ва ғайри андозӣ ба пуррагӣ таъмин гардидааст, аз ҷумла, андоз аз даромад 100 фоиз, андоз аз молу мулк 123,8 фоиз, андоз аз арзиши иловашудаи дохилӣ 100 фоиз, андоз тибқи низоми содакардашудаи 100,2 фоиз, аксозҳои дохилӣ 102,4 фоиз, андози захираҳои табиӣ 100 фоиз, боҷи давлатӣ 117, 0 фоиз, воридоти дигари ғайриандозӣ 100,4 фоиз гардидааст.

Баррасиву таҳлил

Инчунин, мавсуф изҳор дошт, ки таҳлили иҷроиши қисми хароҷоти буҷети маҳаллӣ аз рӯи гурӯҳбандии иқтисодии буҷетӣ нишон медиҳад, ки дар семоҳаи якуми соли 2024 дар назди муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ аз ҳисоби моддаҳои ҳимояшаванда (музди меҳнат, маблағҷудокунии андозӣ) пурра пардохт гардида, қафомонӣ ва қарздорӣ мавҷуд намебошад.

Маблағҳои Фонди захирашавии раиси шаҳр дар семоҳаи якуми соли 2024 аз рӯи нақша 273500 сомониро ташкил дода, 80 фоиз хароҷот гардидааст, ки асосан хароҷоти он ба мақсади ҷиҳати гузаронидани чорабинии 35 солагии рӯзи интернатсионалистон, гузаштан аз қайди ибтидоии ҳарбӣ шаҳрвандон ва дигар чорабиниҳои МИҲД шаҳри Ҳисор равона гардидааст. Бақияи озоди шаҳр ба январи соли 2024  маблағи 826871 сомониро ташкил дода, дар ин давра ба маблағи 548527 сомонӣ хароҷот гардидааст.

Оиди таҳлили шумораи воҳидҳои кории хизматчиёни давлатии мансабҳои маъмурии хизмати давлатӣ, кормандони ҳайати техникӣ ва хизматрасонӣ ва шумораи воҳидҳои кории кормандони муассисаю ташкилотҳои буҷети Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор дар семоҳаи соли ҷорӣ 9811 воҳиди кориро ташкил дода, аз он амалкунанда 9489 воҳиди корӣ, 342 воҳиди кории холӣ, аз ин дар соҳаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллӣ ва идораи давлатӣ 62 воҳиди корӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 2 воҳиди корӣ, соҳаи маориф 109 воҳиди корӣ, соҳаи тандурустӣ 117, воҳиди корӣ ва дар дигар соҳаҳо 52 воҳиди кориро ташкил медиҳад.

Инчунин, ҷиҳати иҷрои модддаи 16 ва 20-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023” аз ҳисоби барзиёди даромади буҷети маҳаллии шаҳр дар семоҳаи аввали соли 2024 ҳиссагузорӣ ба фонди стабилизатсионӣ оид ба рушди иқтисодиёт ба маблағи 249 828 сомонӣ ва суратҳисоби мухсусӣ захираҳои иловагии молиявӣ барои маблағгузории сохтмони иншооти муҳими давлатӣ 35000 сомонӣ гузаронида шуд.

Ҳамзамон, ҷиҳати иҷрои банди 7 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2020,№232 “Дар бораи тасдиқи тартиби таъин ва пардохти кумакпулии давлатӣ ба кӯдакони то синни 16 сола, ки мубталои вируси норасоии маснунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масъуният мебошанд ва мутобиқи банди 12 Низомномаи Вазорати молия, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон аз 2-уми  апрели соли соли 2015, №187 тасдиқ шудааст, аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ба Раёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор 61992 сомонӣ ҷудо гардида, ба нафарони гирифтори мубталои вируси масъунияти одам мебошанд, пардохт гардид.

Дар фароварди суҳбат номбурда қайд кард, ки Раёсати молия дар асоси қарору супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор фаъолияти худро ба роҳ монда, кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки дар доираи даромадҳои маблағҳои андозӣ маблағгузории нақшаҳои пешбинигардида дар соли 2024-ро амалӣ намояд.

Талош мекунем хидматрасониро боз ҳам беҳтар намуда, сатҳу сифати фаъолияти кориро болотар барем.

Нигора САИДБЕКОВА,

МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь