Долони «Шимол-Ҷануб» ба роҳи асосии нақлиётии Авруосиё ва калиди масирҳои нави логистикӣ табдил хоҳад ёфт. Ин андеша дар ҷомеаи ҷаҳонӣ дар шароити тағйирёбии низоми сиёсии ҷаҳон зуд-зуд садо медиҳад. Биёед, муайян кунем, ки долони «Шимол-Ҷануб» аз кадом ҷиҳат муҳим буда ва рушди он ба Тоҷикистон чӣ суде дорад?

«Шимол-Ҷануб» назар ба масири Суэтс 30 фоиз арзон ва 40 фоиз кӯтоҳтар аст ва вақти транзит низ назар ба 45-60 рӯз ба ҳисоби миёна 23 рӯз камтар хоҳад гашт.

«Шимол-Ҷануб»?

Масири «Шимол-Ҷануб» аз бандари Уст-Луга дар наздикии Санкт-Петербург оғоз шуда, ба тарафи ҷануби Русия ҳаракат карда, ба сӯи Астрахан меравад. Дар он ҷо долон ба се шоха тақсим шудааст, ки ҳамаи онҳо ба сӯи Эрон мераванд: шохаи транскаспий, ки қад-қади баҳри Хазар аз бандарҳои Русия то ба бандарҳои Эрон мегузарад; шохаи ғарбӣ – инҳо роҳҳои оҳан ва автомобилгарде, ки аз Озарбойҷон ва Гурҷистон мегузаранд; инчунин, шохаи шарқӣ — ин алоқаи роҳи оҳанест, ки тавассути Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Туркманистон ба Эрон мегузарад. Пас аз он, масир тавассути Эрон то шаҳри Бандар Аббоси Халиҷи Форс меравад ва аз он ҷо ба Мумбайи Ҳиндустон ва ҳамчунин, ба Арабистони Саудӣ, Қатар, Имороти Муттаҳидаи Араб, Покистон ва дигар кишварҳо роҳ кушода мешавад.

Канали киштиронии Баҳри Каспий — Халиҷи Форс метавонад асоси долони нақлиётии «Шимол—Ҷануб»  гардад. Ҷолиби диққат аст, ки пешомадҳои он ҳанӯз дар ибтидои асри гузашта равшан буд — ҳокимони Империяи Русия ва баъдтар роҳбарияти ИҶШС бо Эрон имконияти сохтани канали киштиронӣ ба масофаи 700-километрро муҳокима карда буданд.

Фаъолгардонии лоиҳаи долони нақлиётӣ аллакай бонатиҷа аст. Масалан, танҳо дар шохаи ғарбӣ ҳаҷми ҳамлу нақли бор дар соли ҷорӣ 55 фоиз афзоиш ёфт.

Соли 1998 дар Санкт-Петербург  конфронси байналмилалии Авруосиё бахшида ба нақлиёт баргузор гардид, ки иштирокчиёни он оиди тезонидани раванди бунёди долонҳои нақлиётии Авруосиё ба мувофиқа расиданд. Соли 1999 байни ширкатҳои нақлиётии Русия, Ҳиндустон ва Эрон созишномаи генералӣ оид ба ҳамлу нақли контейнерҳо дар долони байналмилалии нақлиётии Шри-Ланка – Ҳиндустон – Эрон – Баҳри Хазар – Федератсияи Русия ба тасвиб расид ва пас аз як сол байни Русия, Ҳиндустон ва Эрон Созишномаи байниҳукуматӣ дар бораи бунёди долони «Шимол – Ҷануб» қабул гардид, ки он моҳи майи соли 2002 роҳандозӣ карда шуд. Баъдан Озарбойҷон, Арманистон, Белорус, Булғористон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Уммон ва Сурия низ ба ин созишнома ҳамроҳ шуданд. Украина ва кишварҳои соҳили Балтик низ ба ин масир таваҷҷуҳ зоҳир карданд, вале нуфузи ҷиддии Ғарб, ки ба ҳар гуна равобити кишварҳои ҳампаймон бо (иттифоқчии) Русия муносибати манфӣ дорад, нагузошт, ки онҳо ба созишнома бипайванданд. Илова бар ин, лоиҳаи мазкур ҳатто дар охири садаи гузашта ба бастаи таҳримҳои зидди Эрон дохил карда шуда буд.

Долони байналмилалии нақлиётӣ на танҳо логистикаро беҳтар мегардонад, балки механизмҳои табодули дониш ва иттилоотро дар бозорҳои анъанавӣ фароҳам меоварад, ки он бахусус ба ташаккули қарорҳои логистикӣ барои савдои кишварҳои Осиёи Марказӣ бо Ҳиндустон мусоидат мекунад.

Масири нави дарозиаш 7200 километр ҳамчун алтернатива бо роҳи анъанавӣ тавассути канали Суэтс сохта шудааст, ки он нисбатан кӯтоҳтар буда, мӯҳлат ва хароҷоти ҳамлу нақли камтар дорад. Илова бар ин, аз нақлиёти баҳрӣ ба нақлиёти роҳи оҳан гузаронидани ҳамлу нақли контейнерҳо дар дохили долони «Шимол-Ҷануб» имкон медиҳад, ки ҳаҷми партовҳои газҳои гулхонаиро ҳадди ақал то ба 25 фоиз коҳиш диҳем.

Имкониятҳо боз мешаванд

Дар тӯли 20 соли аввали мавҷудияти худ  долони нақлиётии «Шимол-Ҷануб» бо суръати нисбатан мӯътадил рушд ёфта,  ҳалли мушкилоти гуногунро, аз ҷумла сармоягузории калонро тақозо мекард. Вале ҳодисаҳои солҳои охир, бахусус, таҳримҳои зидди Русия, ин кишварро (Русияро) водор кардааст, ки масирҳои алтернативии нақлиётиро ташкил кунад ва ба ин масир, ки имрӯз аҳамияти стратегӣ пайдо кардааст,  боз ҳам таваҷҷуҳи бештар намояд. Президенти Русия Владимир Путин дар Паёми худ ба Маҷлиси федералӣ оид ба таъмини инфрасохтории таҷдиди муносибатҳои иқтисодии беруна чунин гуфт: «Мо ба долони байналмилалии «Шимол-Ҷануб» таваҷҷӯҳи хоса зоҳир хоҳем кард».

Соли гузашта Русия барои рушди ин лоиҳа чанд иқдоми муҳимро анҷом дод, бахусус, Вазири рушди иқтисоди Федератсияи Русия Максим Решетников дастур дод, ки тарифҳои роҳи оҳан дар ин долони байналмилалии нақлиётӣ таҳия шуда ва аз ҷониби Русия ба Эрон ва Озарбойҷон пешниҳод гарданд, ки оператори ягона барои шохаи транскаспийи масир интихоб шавад. Моҳи ноябри соли гузашта нахуствазирони Русия ва Озарбойҷон Михаил Мишустин ва Алӣ Асадов нақшаҳои рушди долони байналмилалии нақлиётиро баррасӣ намуда, дар аввали соли 2023 дар масъалаи сохтмони роҳи оҳани Рашт-Астара (ягона қитъаи нотамом дар қаламрави Эрон) ба мувофиқа омаданд. Русия барои сохтмон ва барқарорсозии ин хат 1,5 миллиард доллар қарз ҷудо мекунад.

«Созишномаҳои минтақавӣ, бахусус бо шарикони муҳимми минтақавӣ, аз қабили СҲШ ва БРИКС даҳсолаҳои оянда вобаста хоҳад буд» Эҳсони Хандузӣ, вазири иқтисоди Эрон.

Қобили зикр аст, ки омили пешбарандаи рушди долони «Шимол-Ҷануб» на  таҳримҳои зидди Русия, балки ҷойивазкунии фаъолияти иқтисодӣ ба самти Чин, кишварҳои Халиҷи Форс ва Осиёи Ҷанубу Шарқӣ мебошад. Сарфи назар аз он, ки Русия имрӯз сармоягузори асосии долони байналмилалии нақлиётӣ мебошад, «Шимол-Ҷануб» қодир аст, иқтидори шарикони иқтисодии худро пурра амалӣ созад. Дар ин бора дар гузориши Бонки рушди АвруОсиё чунин қайд шудааст: «Долони байналмилалии нақлиёт бо мурури  вақт метавонад ба як ҷузъи (унсури) калидии фаъолияти нақлиётии Авруосиё  ҳамчун нуқтаи пайвасткунанда дар координатҳои Шимол-Ҷануб ва Шарқ-Ғарб, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ, Аврупо, Осиё ва Шарқи Миёнаро дар бар мегирад, табдил ёбад».

Афзоиши ҳаҷми ҳамлу нақли бор на танҳо рушди савдои мутақобилаи байни кишварҳои минтақаи Авруосиёро, балки рушди инфрасохтори тамоми масирро дар назар дорад. Долони байналмилалии нақлиётӣ рушд ва соддагардонии хизматрасонии нақлиётӣ, аз ҷумла ҳамлу нақли борҳо ва мусофиронро пешбинӣ мекунад. Кишварҳои узв метавонанд ҳамчун марказҳои логистикӣ ва транзитӣ рушд карда, инчунин, ба пешрафти нуқтаҳои асосии истеҳсолӣ тавассути рушди инфрасохтори моддӣ ва ҳуқуқӣ, бо назардошти бехатарии роҳ ва ҳифзи муҳити атроф таваҷҷӯҳ кунанд. Тибқи гузориши Бонки рушди Авруосиё дар ояндаи наздик сармоягузориҳо ба бунёди роҳҳо ва барқарорсозии хатҳо дар Озарбойҷон, Эрон, Қазоқистон, Туркманистон; сохтмони роҳҳои давродаври атрофи шаҳрҳо, навсозии роҳҳои обии дохилӣ ва каналҳо, рушди терминалҳо дар бандарҳо, сохтмони марказҳои  логистикӣ ва иншоотҳои хизматрасонии канори роҳ  ба нақша гирифта шудаанд.

Ҳамгироии ҳамаҷониба

Коршиносон қайд мекунанд, ки кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ба иқтидори ҳамлу нақли контейнерӣ таваҷҷуҳи хоса доранд, зеро маҳсулоти асосии содиротии онҳо маҳз барои ин навъи ҳамлу нақл мувофиқ аст ва ин кишварҳо метавонанд аз тамоми имтиёзҳои долони байналмилалии нақлиётӣ бархурдор бошанд. Иштирок дар созмонҳои минтақавӣ имкон медиҳад, ки иқтидори ҳамкориҳои иқтисодӣ бо кишварҳои минтақа пурра амалӣ карда шавад ва имкониятҳои лоиҳаҳои пешниҳодкардаи онҳо истифода гарданд. Ҳамин тавр, тирамоҳи соли гузашта Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ва СҲШ 8 долони нақлиётиро, ки бо долонҳои байналмилалии нақлиётии «Шимол-Ҷануб», «Ғарб-Шарқ» ва «Як камарбанд, як роҳ» алоқаманданд, тасдиқ карданд. Рақамикунонии ин долонҳо, инчунин, созишнома дар бораи транзити гумрукӣ ба нақша гирифта шудааст.

«Тоҷикистон, албатта, дар созмонҳои гуногуни минтақавӣ, аз қабили ИДМ, СҲШ манфиатдор аст ва барои кишвари мо ҳамкориҳо бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Русия омили асосии рушди устувор мебошанд. Иштирок дар лоиҳаҳои нақлиётию логистикии минтақавӣ ба кишвари мо имкон медиҳад, ки бо давлатҳои минтақа боз ҳам наздиктар шавем ва ҳамкории мутақобила дошта бошем» – мегӯяд донишманд, муассиси Фонди ҷамъиятии «Гуфтугӯи тамаддунҳо» профессор Иброҳим Усмонов.

Бо истифодаи дурусти долони «Шимол-Ҷануб» Тоҷикистон метавонад аз транзити бор аз вилоятҳои Чин ва Афғонистон ба қаламрави Покистону Русия ва кишварҳои минтақаи Қафқоз даромади зиёде ба даст орад.

Вазири иқтисоди Эрон Эҳсони Хандузӣ низ ба зарурати ҳамкориҳо бо созмонҳои минтақавӣ мувофиқ аст. Дар оғози сол Эрон расмиёти дарёфти мақоми узви СҲШ-ро анҷом дод.

«Шимолу Ҷануб» барои Тоҷикистон

Логистикаи нақлиётӣ яке аз омилҳои муайянкунандаи рушди иқтисодиёти кишвар буда, аз солҳои аввали истиқлолият роҳбарияти Тоҷикистон дар назди худ барои баровардани ҷумҳурӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ бо роҳи таъсиси шабакаи ягонаи нақлиётӣ дар  кишвар  ва пайвастани он бо долонҳои байналмилалии  нақлиётӣ вазифаи асосӣ гузоштааст.

Профессор Иброҳим Усмонов дар ин бора чунин мегӯяд: “Тоҷикистон ҷанубтарин ҷумҳурии Иттиҳоди Шӯравӣ буд ва аксари роҳҳо дар қаламрави ҷумҳурии мо ба охир мерасиданд. Масалан, роҳи оҳане, ки то ҳол вуҷуд дошта, Маскаву Душанберо бо ҳам мепайвандад.  Дар солҳои истиқлолият Тоҷикистон тавонист як низоми ягонаи нақлиётиро дар дохили кишвар бунёд кунад. Роҳҳое пайдо шуданд, ки минтақаҳои қаблан аз ҳам ҷудои кишварро пайвастанд. Вале барои баромадан аз бунбасти нақлиётию логистикӣ  ба Тоҷикистон солҳои зиёде лозим шуд. Қайд мекунам, ки ба туфайли беҳбудии робитаҳо бо Афғонистон ҳамлу нақли бор ривоҷ ёфт. Илова бар ин, дар рушди иртиботи заминии Тоҷикистону Чин қадами муҳимме гузошта шуд ва ба ин васила миқдори зиёди молҳо аз Чин ба Тоҷикистон таҳвил карда мешаванд”.

Рушди долони байналмилалии нақлиётии «Шимол-Ҷануб» имкон медиҳад, ки Тоҷикистон ба Уқёнуси ҷаҳонӣ на дар ҷануби Эрон ё Покистон, балки дар ғарби Туркманистон ё Қазоқистон роҳ ёбад. Ва фоидаи ин маълум аст, зеро ҳамлу нақли баҳрӣ роҳи аз ҳама арзонтарини интиқоли мол мебошад.

Яке аз қадамҳои аввалин барои иштирок дар долони «Шимол-Ҷануб» бояд эҳёи иртиботи роҳи оҳан бо Туркманистон бошад, ки соли 2019 мутаваққиф шуда буд. Дар охири моҳи январи соли 2023 дар парлумони Тоҷикистон созишномаи байни ҳукуматҳои Тоҷикистон ва Туркманистон дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи иртиботи роҳи оҳан ба тасвиб расид. Дар он сухан дар бораи барқарор кардани ҳамлу нақли роҳи оҳан байни ду кишвар то бандари байналмилалии Туркманбошӣ дар баҳри Хазар меравад.

Рушди долони «Шимол-Ҷануб» барои Тоҷикистон имкониятҳои нави содироти захираҳои энергетикиро боз мекунад. Масалан, Хиндустон аз ҷиҳати истеъмоли энергия дар ҷаҳон ҷойи панҷумро ишғол мекунад (4,4 фоиз аз ҳаҷми умумии ҷаҳон).

Профессор Иброҳим Усмонов мегӯяд: “Шаҳрҳое, ки дар қаламрави Туркманистон ҷойгир буданд, як қисми роҳҳои анъанавии савдои минтақа ба ҳисоб мерафтанд.  Ва имрӯз Туркманистон барои Тоҷикистон як роҳи баромад ба уқёнусҳои ҷаҳонӣ мебошад – тавассути ин кишвар молҳои мо ҳам ба Эрон ва ҳам тавассути Озарбойҷон ба Туркия ва ба бозори Аврупо таҳвил карда мешаванд. Бандарҳои туркманӣ барои Тоҷикистон дар баҳри Хазар аз ҳама дастрастарин ба шумор мераванд ва албатта, барқарор шудани иртиботи роҳи оҳан байни кишварҳои мо ба афзоиши ҳаҷми ҳамлу нақли бор мусоидат мекунад”.

Ба ғайр аз афзоиши имкониятҳои тиҷоратӣ, Тоҷикистон метавонад фоидаи ғайримустақим низ ба даст орад – рушди долони «Шимол-Ҷануб» боиси афзоиши иқтидори саноатии кишварҳои транзитӣ мегардад. Ин талабот ба нерӯи барқро зиёд мекунад ва Тоҷикистон метавонад ба яке аз содиркунандагони асосии он табдил ёбад, зеро кишвар дорои иқтидори бузурги тавлиди барқ аст.

Дар бораи манфиатҳои рушди долони байналмилалии нақлиётӣ барои Тоҷикистон сухан ронда, набояд дар бораи иштирокчии асосии лоиҳа – Русия, аниқтараш дар бораи сатҳи кунунии ҳамкориҳо  байни кишварҳои мо фаромӯш кард.

Иброҳим Усмонов мегӯяд: “Барои Тоҷикистон равобити фаъоли тиҷоративу иқтисодӣ бо Русия самти афзалиятноки   ҳамкорӣ аст.  Кишварҳои мо солҳои тӯлонӣ бо ҳам робита доранд. Аз ин рӯ, бунёди долонҳои нақлиётӣ ва логистикӣ зарур аст ва лоиҳаи Русия, ки дар якҷоягӣ бо Эрон ва Ҳиндустон амалӣ мешавад, дар баробари лоиҳаи чинии «Як камарбанд, як роҳ» барои кишварҳои минтақа хеле ҷолиб мебошад. Бешӯбҳа, аз татбиқи ҳардуи ин лоиҳа кишварҳои Осиёи Марказӣ метавонанд на танҳо фоидаи иқтисодӣ ба даст оранд, балки ба гусариши робитаҳои фарҳангии халқҳо мусоидат кунанд. Ҳамчунин, муҳим будани он нуқтаро қайд кардан мехоҳам, Русия Тоҷикистонро ҳамчун кишваре медонад, ки бояд ба лоиҳаи «Шимол-Ҷануб» ҷалб карда шавад ва аз транзит баҳра барад ва ин  ба истеҳсолкунандагони мо имкон медиҳад, ки бо истифода аз ин долон молҳои худро ба кишварҳои сеюм таҳвил намоянд».

Ҳаҷми гардиши мол миёни Тоҷикистон ва Русия дар охири соли 2022  1,674 миллиард долларро ташкил дод, ки он нисбат ба ҳамин нишондиҳандаи соли 2021 қариб 24 фоиз зиёд аст. Натиҷаи мазкур, аз ҷумла ба шарофати имкониятҳои транзитии Тоҷикистон ба даст омадааст.

Хулоса, бояд қайд кард, ки дар баробари манфиатҳои ҷорӣ аз афзудани имкониятҳои тиҷоратӣ долони «Шимол-Ҷануб»  дар ояндаи дарозмуддат иқтидори бештаре дорад: пайвастан бо лоиҳаи шабеҳи «Шарқ-Ғарб» инчунин, бунёди робитаҳои нақлиётии нав байни Аврупои Шимолу Шарқӣ ва Осиёи Ҷанубӣ имконият медиҳад, ки вай  як қисми шабакаи  долонҳои ба ҳам алоқаманди нақлиётӣ гардад. Ин як фазои бузурги Авруосиёиро ба вуҷуд меорад, ки кафили субот ва шукуфоии тамоми минтақа мегардад.

Матлубаи Қ.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь