Қариб тамоми қувваи барқро, ки дар Тоҷикистон истеҳсол мегардад, «энергияи сабз» номидан мумкин аст, зеро 98 фоизи он бо нерӯгоҳҳои барқии обӣ истеҳсол карда мешавад. Ҳоло дар ҷаҳон намудҳои дигари энергияи алтернативӣ пешбарӣ карда мешаванд: офтобӣ ва бодӣ. То чӣ андоза онҳо барои муҳити зист муфид мебошад ва оё дар муқоиса ба нерӯи барқе, ки бо усулҳои анъанавӣ тавлид  мешаванд,  зарари бештаре надоранд?

“Энергияи сабз” ба маънои васеи калима як навъи тавлиди нерӯи барқе мебошад, ки муҳити атрофро олуда ё ифлос намекунад. Ба он тавлиди нерӯи барқ бо истифода аз об, шамол ва офтоб тааллуқ  дорад. Вақтҳои охир истифодаи нерӯгоҳҳои бодӣ ва офтобӣ бисёр маъмул гардидааст.

Энергияи офтоб ва шамол

Вале маълум мешавад, ки сабабҳои пешбурди маҳз ин навъҳои  тавлиди нерӯи барқ – мутаассифона, на танҳо ғамхорӣ ба муҳити зист, балки мақсадҳои сиёсии ғаразноки баъзе кишварҳост. Бахусус тайи чанд соли ахир кишварҳои аврупоӣ талош доранд, аз нафту ангишт ва газ даст кашида ва вобастагии худро аз воридоти ин захираҳои энержӣ коҳиш диҳанд. Воқеан, дар Аврупо нафт, ангишт ё газ  қариб ки истеҳсол нашуда ва  экологияи кишварҳои Аврупоро олуда намекунад. Аз ин рӯ, онҳо мехоҳанд ба саноати нафту газ, ки бештар дар Русия рушд мекунад, зарба зананд.

Нуқтаи дигаре, ки аз пешбурди энергияи шамолӣ ва офтобӣ ба манфиат нигаронида шудааст, аз фурӯши қисмҳои чунин нерӯгоҳҳо фоида гирифтан аст. Бархе аз кишварҳо ба ҷорӣ кардани андози карбон шурӯъ карданд ва  ин маънои онро дорад, давлатҳое, ки бо истифода аз манобеи суннатии энержӣ мол истеҳсол мекунанд, ҳангоми содироти молҳои худ ба кишварҳои аврупоӣ андоз месупоранд. Ин андоз метавонад то 30 фоизи арзиши молро ташкил диҳад.

Фаридун Усмонов, сармуҳаррири маҷаллаи «Иқтисодчӣ» дар ин бора чунин мегӯяд: «Ҳар як қарори муҳим барои манфиати як гурӯҳи муайяни одамон қабул карда мешавад – инҳо ширкатҳои бузург ё кишварҳои алоҳида ҳастанд, ки аз он мушкилоти экологӣ низ истисно нест. Масалан, номи як фаъоли шветсиягӣ – Грета Тунбергро тақрибан ҳама медонанд. Аммо, магар як мактаббачаи оддӣ  метавонад  бе дастгирии шахсони мӯътабар ин қадар овозаву шӯҳрат пайдо кунад? Ин ба ташкилоти «Гринпис» низ дахл дорад, ки бар зидди ширкатҳои энергетикӣ мубориза мебарад. Ин ширкат танҳо бо дастгирии шахсони дар сари қудрат буда метавонад дар миқёси ҷаҳонӣ ин қадар фаъолу озодона амал кунад. Барномаи «энергияи сабз» низ истисно нест – он аз ҷониби корпоратсияҳои инфиродӣ ва кишварҳое, ки аз он баҳра мебаранд, дастгирӣ карда мешавад.

Зимнан, номи Грета Тунберг дар заминаи сафараш ба Украина барои дидор бо Владимир Зеленский садо дод ва ин  маънои онро дорад, ки ӯро фақат барои ҷалб кардани таваҷҷӯҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ  истифода мебаранд.

Гузариш ба тавлиди энергияи офтобӣ ё бодиро истеҳсолкунандагони таҷҳизоти мувофиқ пешбарӣ мекунанд, ки он ба муҳити атроф фоидае намеорад ва баръакс зарари бештаре дорад. Аслан, дар кишварҳои аврупоӣ тавлиди нерӯи барқ бо истифода аз бод мантиқӣ ба назар мерасад, зеро дар ин минтақаҳо ҷараёнҳои сахти бодӣ  вуҷуд доранд.

Дар Тоҷикистон тавлиди энергияи офтобӣ мумкин аст, зеро дар ин ҷо рӯзҳои офтобӣ зиёданд. Вале дар асл дар кишвар ба навъи арзонтари тавлиди нерӯи барқ – гидроэнергетика талабот бештар аст. Тоҷикистон дар масъалаҳои гидроэнергетика мавқеи пешсафро ишғол мекунад, зеро чунин тарзи истеҳсоли энергия яке аз усулҳои аз ҷиҳати экологӣ тозатарин маҳсуб меёбад. 98 фоизи нерӯи барқи Тоҷикистон маҳз бо ёрии нерӯгоҳҳои барқи обӣ истеҳсол мешаванд.

Тоҷикистон нигарони боз як мушкили дигари экологӣ мебошад, ки он ҳифзи пиряхҳо ва оби тоза ба ҳисоб меравад. Ҳоло мо талош дорем, то ин масъаларо дар сатҳи олӣ ва бо кумаки ҷомеаи ҷаҳонӣ  ҳаллу фасл намоем. Зимнан, яке аз роҳҳои имконпазири ҳалли ин масъала – пешниҳоди нақшаҳои технологӣ аз ҷониби ширкатҳои пешрафтаи кишвари мост. Ин ба пешбурди технологияҳои ватанӣ дар бозори ҷаҳонӣ мусоидат мекунад” – мегӯяд Фаридун Усмонов.

Оё ин энергия дар ҳақиқат «сабз» аст?

Тоҷикистон воқеан дар истеҳсоли нерӯи барқ бо истифодаи об яке аз пешсафон маҳсуб меёбад. Дар ин бора донишманди шинохтаи ИДМ Тимур Валаматзода чунин мегӯяд: “Ҳоло дар ҳама ҷо дар бораи «энергияи сабз» ҳарф мезананд, аммо дар асл аксари кишварҳо ҳанӯз аз он дуранд. Созмонҳои байналмилалӣ мегӯянд, ки Тоҷикистон аз лиҳози “энергияи сабз” дар ҷаҳон  ҷои шашумро ишғол  мекунад. Вале онҳо аз чӣ сабаб бошад, пайваста исрор мекунанд, ки онро инкишоф додан лозим. Онҳо ба мо маслиҳат медиҳанд, ки лавҳаҳои офтобӣ ё осиёбҳои бодӣ насб кунем, вале ин барои мо гарон аст. Аз ин рӯ, мо таваҷҷӯҳи худро ба навъи дигари «энергияи сабз» — гидроэнергетика равона кардаем. Аммо сохтмони нерӯгоҳҳои барқии калон дар баробари худ маблағҳои зиёдро талаб мекунад.

Ба ғайр аз ин, онҳо фаромӯш мекунанд, ки вақте бӯҳрони энергетикӣ дар Аврупо ба амал омад, “энергияи сабз” онҳоро наҷот надод. Энергияи сабз метавонад танҳо дар таъмини нерӯи барқ кумак кунад, вале навъи асосии нерӯи барқ шуда наметавонад”.

Камбуди дигари асосии навъҳои алтернативии тавлиди нерӯи барқ вобастагӣ аз шароити обу ҳаво мебошад. Яке аз мисолҳои равшантарин ин вазъи фалокатбор дар штати Техаси ИМА дар соли 2021 аст. Дар фасли зимистон чандин миллион нафар одамон бе гармӣ ва бе барқ монданд, зеро тавлидгоҳҳои барқи шамолӣ ях баста буданд. Тобистони соли 2021 дар Британияи Кабир ҳаво чунон бешамол буд, ки давлат маҷбур шуд, ба тавлиди нерӯи барқи ангиштӣ гузарад.

Муаммои дигар – истеҳсоли қисмҳо, яъне худи парраҳо ва лавҳаҳост. Барои истеҳсоли онҳо металлҳои нодир лозиманд, ки ҳангоми истихроҷи онҳо  ба атмосфера  гази карбонат хориҷ карда мешавад. Набояд фаромӯш кард, ин гуна нерӯгоҳҳои барқӣ майдонҳои калонро ишғол мекунанд, ки онҳоро барои эҳтиёҷоти дигар истифода бурдан мумкин аст. Боз як мушкилоти дигар аз зарурати дубора истифода бурдани партовҳои парраҳо ва лавҳаҳо ба вуҷуд омад, ҳамчун усули аз ҳама  арзонтар онҳоро дар замин гӯр мекунанд, ки ин ҳам ба муҳити атроф  таъсири бад мерасонад. Коршиносон бар ин назаранд, ки даст кашидан аз манбаъҳои анъанавии энержӣ ба фоидаи манбаъҳои таҷдидшаванда дар соли 2050 ба иқтисодиёти ҷаҳонӣ 275 триллион доллар зиён хоҳад овард.

Оё ин ба Тоҷикистон даркор аст?

Потенсиали обии (гидропотенсиали)  Тоҷикистон на бештар аз 10 фоиз  азхуд карда шудааст. Пас оё ба мо истифодаи дигар навъи нерӯи барқ зарур аст? Қобили зикр аст, ки Тоҷикистон дар бозори энергетикии минтақа нақши муҳим мебозад ва ин соҳаро фаъолона рушд медиҳад. Дар моҳҳои январ ва феврали соли 2023 Тоҷикистон ба маблағи 6,8 миллион доллар нерӯи барқ содир кардааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,6 миллион доллар бештар мебошад.

Барои татбиқи иқтидори гидроэнергетикии Тоҷикистон сармоягузории хориҷӣ ва ҳамгироии минтақавӣ лозим аст. Яке аз кишварҳое, ки ба суботи энержии Тоҷикистон манфиатдор аст, Русия мебошад. Ин кишвар барои азнавсозии иншоотҳои бузурги гидроэнергетикии Тоҷикистон маблағгузорӣ карда, дар бунёди нерӯгоҳҳои хурди барқӣ кумак мерасонад. Стратегияи рушди «иқтисодиёти сабз»- и Тоҷикистон то соли 2037 ҳадаф дорад, ки  тавассути бунёди нерӯгоҳҳои бузурги обӣ ва 10 фоиз  коҳиш додани талафот, кишварро ба бузургтарин содиркунандаи нерӯи барқ дар минтақа табдил диҳад. Ҳаҷми сармоягузорӣ дар марҳилаи аввал 2,1 миллиард долларро ташкил медиҳад.

Фаридун Усмонов мегӯяд, ки байни Тоҷикистону Русия дар соҳаи энергетика ҳамкориҳои қавӣ вуҷуд доранд: “Яке аз мисолҳои равшан – Нерӯгоҳи барқи обии “Сангтӯда 1” аст, ки аз ҳисоби маблағҳои Русия бунёд гардид. Сохтмони ин нерӯгоҳи барқи обӣ ба Тоҷикистон имкон дод, ки амнияти энергетикиашро беҳтар созад ва дар натиҷа теъдоди зиёди корхонаҳо имкони тавлиди маҳсулотро пайдо карданд, зеро иқтидори истеҳсолӣ мустақиман аз таъмини устувори нерӯи барқ  вобастагӣ дорад”.

Русия ҳамчунин барои барқарорсозии Нерӯгоҳи барқи обии Норак маблағ ҷудо карда ва мутахассисони ин кишвар дар лоиҳаҳои гуногуни инфрасохторӣ пайваста кумак мекунанд ва бо таҷҳизот ва қисмҳои нерӯгоҳ таъмин менамоянд.

Барои ҳамкорӣ иқтидори кофӣ вуҷуд дорад. Гидроэнергетика калиди рушди иқтисодиёти Тоҷикистон аст.  Русия дар бунёди иншоотҳои бузург таҷрибаи калон дорад ва Тоҷикистон  барои ҷалби ширкатҳои русӣ ба ин соҳа манфиатдор аст.

Ширкати “Росатом” ба Тоҷикистон роҳҳои ҳалро дар соҳаи сохтмони нерӯгоҳҳои хурди барқӣ дар манотиқи кӯҳистонии душворгузари кишвар муаррифӣ кард. Ширкати “Газпром” бошад барои истихроҷи гази табиӣ бо ширкатҳои энержии Тоҷикистон ҳамкориро оғоз намудааст. Конҳои асосӣ дар умқи калон воқеъ гардидаанд ва онҳоро бе таҷҳизотҳое, ки Русия дастрас мекунад, коркард кардан имконнопазир аст.

Тоҷикистон  роҳҳои ҳалли сабзро дар бахши нақлиёт низ пеш мебарад. Масалан, харидани мошинҳои электрикӣ барои хизматрасонии таксӣ. Дар Русия низ мисолҳои муваффақи ҷорӣ кардани мошинҳои барқӣ ва системаҳои пуркунандаи барқ мавҷуданд. Кишварҳо  метавонанд дар ин самт низ ҳамкорӣ кунанд.

«Энергияи сабз» метавонад як роҳи хуби ҳалли ин мушкилот бошад, вале ин корро бояд оқилона ва бо назардошти тамоми хатарҳо анҷом дод. Манбаъҳои барқароршавандаи энергия барои амнияти энергетикии кишвар кумак мешавад, вале бешӯбҳа навъи асосии таъмини нерӯи барқ  шуда наметавонад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь