Бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар солҳои соҳибистиқлолии мамлакат бахши молияи иқтисодиёти миллӣ дар асоси талаботи ислоҳоти бозорӣ ва бо назардошти таҷрибаи давлатҳои мутараққӣ ташаккул ва инкишоф ёфт. Имрӯз соҳаи молия ба бахши муҳими иқтисодиёти миллӣ табдил ёфта, дар рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакат нақши муҳим мебозад. 

Молияи сутуни давлат аст

Бо мақсади ошноӣ аз фаъолияти Раёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон хабарнигори Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон бо сардори раёсати мазкур Фармонқул Гуляев сӯҳбати ихтисосӣ анҷом дод. Мавсуф дар оғози суҳбат зикр намуд, ки бахши молия соҳаи муҳими иқтисодиёти миллиро, ки ба фаъолияти институтҳои молиявӣ алоқаманданд, дар бар мегирад ва дар даврони соҳибистиқлолӣ як силсила қонунҳо қабул гардидаанд, ки барои рушди соҳаи молия дар кишвар заминаи ҳуқуқӣ гузоштаанд.

Номбурда афзуд, ки дар соли 2023 Раёсати молияи ноҳияи Ёвон баҳри амалӣ намудани сиёсати хирадмандона ва оқилонаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳое, ки дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии ҷумҳурӣ” баён доштанд, инчунин дастуру супоришҳои Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои зиёдеро ба сомон расонидааст.

Иҷроиши барзиёди нақшаи буҷети ноҳия

Заҳматҳои шабонарӯзии блоки иқтисодии ноҳияи Ёвон буд, ки дар соли 2023 буҷети ноҳия бо назардошти тағйироту иловаҳо аз ҳисоби маблағҳои худӣ ба миқдори 102 фоиз, яъне ба ҷойи 349247,5 ҳазор сомонӣ ба буҷет 354777,2 ҳазор сомонӣ ворид гардид, ки аз ин маблағ 181734,6 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби се намуди андоз, андоз аз даромад 77894,8 ҳазор сомонӣ ва андоз аз фоида 43255,3 ҳазор сомонӣ ва андоз аз арзиши иловашуда 60584,5 ҳазор сомонӣ ҳиссаҷудокунӣ ба буҷети вилоят гузаронида шудааст.

Музди меҳнати кормандон саривақт пардохт мегардад

Гуфта шуд, ки тибқи нақша-чорабиниҳои Раёсати молияи ноҳия ҷиҳати саривақт пардохт намудани музди меҳнат ва баланд бардоштани вазъи иҷтимоии хизматчиёни давлатӣ ва дигар кормандони ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ, ки дар давраи ҳисоботӣ ҷиҳати иҷрои ӯҳдадориҳои иҷтимоии ноҳия, аз ҷумла пардохти музди меҳнат, фонди ҳифзи иҷтимоӣ, пардохт гардидааст. Мусоҳиби мо ҳамчунин илова кард, ки музди меҳнат ва маблағҷудокуниҳо ба фондӣ ҳифзи иҷтимоӣ пурра пардохт гардида, қарздорӣ аз рӯйи он вуҷуд надорад.

Бақияи қарзи андоз кам карда шуд

Иттилоъ дода шуд, ки заҳматҳои шабонарӯзии блоки иқтисодии ноҳияи Ёвон буд, ки бақияпулиҳои андоз низ дар соли гузашта кам гардид. Кормандони Нозироти андози ноҳия ва Раёсати молияи ноҳия талош доранд, ки дар оянда боз ҳам бақияи қарзи андозро кам карда, иҷрои нақшаи қисми даромади буҷетро барзиёд таъмин созанд.

Таваҷҷуҳ ба соҳаи маорифу тандурустӣ

Дар ноҳияи Ёвон ба соҳаи маорифу тандурустӣ таваҷҷуҳи зиёд равона шуда, барои таъмиру бозсозии муассисаҳо ва омодагии онҳо ба зимистони имсола маблағҳое, ки аз ҳисоби буҷети ноҳия ба нақша гирифта шуда буд, пурра пардохт шуда, ин соҳаҳо ба зимистон пурра омода карда шуд, – илова кард ӯ

Ҳамчунин, баҳри иҷрои Қарори 639-и Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 629 дар бораи маблағгузорӣ барои таъмиру нигоҳдории роҳҳои маҳаллӣ дар ин давра аз ҳисоби буҷети ноҳия 350 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шудааст, ки ин барои беҳ кардани ҳолати роҳҳо ва рафтуомади воситаҳои нақлиёт мусоидат мекунанд.

Дастуру супоришҳо саривақт амалӣ мешаванд

Сарвари давлат дар яке аз баромадҳои худ таъкид намудаанд, ки ҷиҳати татбиқи босамари низоми молиявӣ, мақсаднок истифода бурдани маблағҳои буҷетӣ, роҳандозии дақиқу дурусти ҳисоботи молиявӣ, омӯзиши густурдаи технологияи муосири низоми молиявӣ, сарфакорона равона сохтани маблағҳои буҷети давлатӣ ба хотири рушди соҳаҳои иқтисоди миллии мамлакат мебошад.

Мусоҳиби мо дар фароварди суҳбат чунин қайд кард: “Мо мекӯшем фаъолияти худро беш аз пеш пурзӯр намуда, баҳри давлату миллати худ содиқона хизмат намоем. Президенти кишвар аз кормандони давлатӣ тақозо менамоянд, ки бо дилу нияти пок ба давлату миллат хизмат намоянд ва ин панди Пешвои миллат шиори мо аст. Мо тамоми донишу малакаи худро баҳри пешрафти давлату миллат ва сарфакоронаву мақсаднок истифода бурдани маблағҳои буҷет сарф хоҳем намуд.”

Масъулиятшиносӣ ва нақшагирӣ

Кормандони Раёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон ҳамаи талошҳои худро баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Роҳбари давлат, роҳбарияти Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарраёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон вобаста ба татбиқи пешбурди фаъолияти молиявӣ дар самти буҷету андоз, самаранок истифода намудани маблағҳои буҷетӣ, назорати ҳисоби дуруст, пурра ва саривақт ба буҷети давлатӣ ва фондҳои давлатӣ ворид кардани андозҳо, боҷҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмии давлатӣ равона кардаанд. Масъулони Раёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия барои сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба корҳои ободонию созандагӣ вусъати тоза бахшида, ин санаи муҳими таърихиро бо дастовардҳои назаррас пешвоз хоҳанд гирифт.

Раҳмоналӣ ДОДАРХӮҶАЕВ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь